Skip to main content

Ҳамватанони азиз!

Сокинони шарафманди пойтахт!

Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ аз бузургтарин дастовардҳои давлатдории навини мо маҳсуб меёбад, ки ҳамасола ҳамчун ҷашни умумимиллӣ 27-уми июн бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил мешавад.

Ба ин муносибат тамоми сокинони ватандӯсти кишварамонро самимона табрик менамоям!

Маврид ба зикри хос аст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таъмини сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ бо талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва барои миллати мо рӯйдоди муҳимми таърихӣ мебошад.

Маҳз ваҳдати миллӣ Тоҷикистони азизамонро ҳамчун кишвари амну осоишта дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишвари ташаббускору созанда ва пешоҳанги сулҳ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра саҳмгузор аст.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки самараи дипломатияи сулҳофарии Пешвои миллат мебошад, на танҳо омили наҷоти миллати тоҷик, балки ҳамчун таҷрибаи нодири ҳалли мухолифату низоъҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Хотирнишон месозам, ки ваҳдати миллӣ барои кишвари ҷавони мо ба як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз табдил ёфта, моро зарур аст, ки баҳри таҳкиму устувории минбаъдаи он дар ҳамбастагӣ тамоми нерӯи зеҳнии хешро равона созем.

Бори дигар, Рӯзи Ваҳдати миллиро ба тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, саодати рӯзгор ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона ва ояндаи дурахшонро орзу менамоям!

Ҷашни Ваҳдати миллӣ фархунда бод, ҳамдиёрони азиз!