Skip to main content

ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик буда, яке аз пояҳои асосии ҳувияти миллӣ ва худшиносии ҷомеа маҳсуб мешавад. 16 декабр дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» масъалаи ҳифз, омӯзиш ва муаррифии арзишҳои моддию ғайримоддии халқ бо равиши фарогир ва стратегӣ матраҳ гардида, нақши давлат дар идоракунии ин раванд ҳамчун авлавияти сиёсати миллӣ таъкид карда шуд.

— Сарвари давлат бо зикри он ки беш аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии ҷумҳуриро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд, ба мушкили ҷиддии соҳа- набудани қонуни махсуси бостоншиносӣ ишора намуда, таҳияи ҳарчи зудтари он ва пешниҳодаш ба Ҳукумати мамлакатро ҳамчун вазифаи муҳим барои мақомоти дахлдор муайян намуданд. Ин нукта гувоҳи он аст, ки Президенти Тоҷикистон масъалаи ҳифзи мероси бостониро на танҳо ҳамчун арзиши фарҳангӣ, балки ҳамчун самти муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ менамоянд.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ бо ифтихор иброз гардиданд. Аз ҷумла, ворид гардидани 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО натиҷаи сиёсати пайгирона ва талошҳои ҳадафманди давлат дар самти ҳифз ва муаррифии арзишҳои миллӣ мебошад.

Ҳамзамон эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва қабули қатънома оид ба бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар сатҳи ЮНЕСКО мавқеи шоистаи фарҳанги тоҷиконро дар тамаддуни умумибашарӣ боз ҳам мустаҳкам месозад.

Роҳбари давлат ҳамчунин ба масъалаи арзишҳои умумиинсонӣ ва нақши таърихии тоҷикон дар ташаккули онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ташкили ҳамоишҳо таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» ҳамчун рамзи пешқадами андешаҳои инсондӯстона ва таҳаммулгароии фарҳанги ориёӣ арзёбӣ гардид. Ин иқдом нишон медиҳанд, ки сиёсати фарҳангии давлат ба пайванди таърих, арзишҳои ахлоқӣ ва муосирсозии шуури миллӣ равона шудааст.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зарурати муаррифии шоистаи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ низ таъкид гардида, аз ҷумла масъалаи ворид намудани номи Борбади Марвазӣ ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО матраҳ шуд. Ин пешниҳод бори дигар собит месозад, ки Пешвои миллат ба эҳёи номҳои бузурги тамаддуни ориёӣ ва ҷойгоҳи онҳо дар фарҳанги ҷаҳонӣ аҳамияти хос медиҳанд.

Бо таъкиди он ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангию тамаддунсози дунё мебошанд, Сарвари давлат масъулияти наслҳои имрӯзаро дар соҳибӣ, омӯзиш ва идомаи мероси аҷдодӣ махсус таъкид намуданд. Арзишҳое, чун Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ ва шиори ҷовидонаи «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» ҳамчун асоси ҳувият ва асолати тоҷикон муаррифӣ гардиданд.

Дар ҳамин замина пешниҳоди бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ҳамчун ташаббусҳои бузурги фарҳангӣ ва ҳувиятофар баромад мекунад. Супоридани таҳияи консепсияи ин марказҳо ба Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмӣ бо ҷалби олимону донишмандон далели он аст, ки Президенти Тоҷикистон илм, фарҳанг ва меъмориро ҳамчун бахшҳои ба ҳам пайвастаи сиёсати фарҳангии давлат мешиносанд.

Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2025 ҳамчун санади роҳнамо ва барномавӣ дар соҳаи ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ аҳамияти вижа дорад. Он на танҳо самтҳои асосии сиёсати давлатро муайян менамояд, балки масъулияти ҷомеа, олимон ва муассисаҳои фарҳангиро дар ҳифзи ганҷинаи ҳувиятофар ва таърихи беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон равшан баён мекунад.

Абдураҳмон ПӮЛОТОВ, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон