ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ - КАЛИДИ МУЗАФФАРИЯТҲОИ ҶОМЕАИ МУТАМАДДИН
(дар радифи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. 28.12.2024, ш.Душанбе)
Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Паём барномаи махсуси дохилидавлатӣ буда, барои як соли дар пешистода нақшаҳои муҳимми стратегӣ тарҳрезӣ гардида, ба мардуми кишвар ироа мегардад. Паём самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳанг, сиёсат, амният, маориф, илм, ҳуқуқ, техника, технология, рушди технологияи рақамӣ, забономузӣ, таълиму тарбия ва ғайраҳоро бо мақсади фароҳам овардани зиндагии шоистаи шаҳрвандон дар бар мегирад.
Боиси ифтихори мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони бинои наву пуршукӯҳи Парлумони кишвар зимниҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Дар Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қувваю бозуи созандаю ҷавонмардонаи ҷавонон такя намуда, аз ҷумла иброз намуданд, ки “мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем.Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.”
Дар воқеъ, мо ҷавонони соҳибхиради кишвар ҷавобан ба ин боварию эътимоду ғамхориҳои оқилонаю хирадмандонаи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ буда, хешро вазифадор мешуморем, ки минбаъд низ барои пешрафту ободонии диёри азизамон саҳми боризи хешро гузорем. Бе шубҳа, мо ҷавонон дарк менамоем, ки идомадиҳандаи кору пайкори насли бузургсолон мебошем. Чуноне, ки дар Паём ироа гардид: “Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.”Аз ин рӯ қавл медиҳем, ки мо ҷавонони кишвар бо хониши хубу аъло, рафтору кирдори намунавӣ ва бо меҳру садоқат ба Ватани азизамон Тоҷикистон аз самими дилу ҷон хизмат намуда, масъулияти ояндаи кишварро ба дӯш мегирем. Барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромии кишвар аз имрӯз омодагии ҷиддӣ мебинем. Якчанд забонҳои хориҷӣ ва техникаву технологияи замонавиро омӯхта, ба манфиати кишварамон Тоҷикистони азиз хизмат менамоем.
Чуноне, ки Пешвои миллат иброз намуданд: “Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.” Шукр мекунем, ки дар чунин сарзамини амн ба сар мебарем. Фикр мекунам, модоме, ки мо ҷавонони замони соҳибистиқлоли Ватан донишҳои замони муосирро аз худ мекунем, соҳиби ақлу хирад ва тафаккури созанда ҳастем, ҳеҷ гоҳ рӯ ба фарҳанги бегонаю бегонапарастӣ намениҳем. Аз тоҷику тоҷикистонӣ будани худ ифтихор менамоем. Барои он, ки истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро ёфта, дар сафи кишварҳои тараққикарда ҷой гирад, бояд мо гузаштаи худро хуб дарк карда, бо неруи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оварем.
Камолова Шукрона Аҳмадҷоновна, корманди Маркази Синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
ХОНИШИ СИЁСӢ. БО ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТИ ОСИЁ ВА АВРУПО ДАР ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панчакент бо иштироки олимону кормандони Иститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хониши сиёсӣ бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ва ҷашни 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷура, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панчакент Ансорӣ Муаззамхон Қудратзода олимону кормандони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани хонишҳои сиёсӣ байни ҷавонону донишҷӯён ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифат, шуур ва фарҳангии ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намудани онҳо мебошад. Бояд гуфт, ки ин иқдом бо ибтикори президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт байни тамоми ҷавонон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монда мешаванд.
Дар суханронии хеш директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷура таъкид дошт, ки Тоҷикистони азизи мо имсол 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷанш мегирад. Соли 1994 бо ибтикор ва ташаббуси Қаҳрамони миллат, эҳёгари Тоҷикистони бузург, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади сарнавиштсози миллат ,яъне Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид ва дар раъйпурсии мардумӣ қабул гашт.
Инчунин, таъкид гардид, Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рузи қабули Сарқонуни миллат ба эъмори Тоҷикистони Бузург шурӯъ намуд ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому мавқеъи арзандаи худро ишғол кард.Меъмори Тоҷикистони Бузург муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси санади тақдирсоз, дар пайравии Куруши Кабир ному шаҳомати мардуми ориенажод,яъне Тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон зинда кард.
Дар идома олимони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва устодони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар маърузаҳои хеш доир ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ва ҷашни 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
МАШВАРАТИ КОРӢ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР НАМУДАНИ ФОРУМИ V ОЛИМОНИ АЪЗОИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ
Имрӯз (17.10.2024) таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми V олимони аъзои давлатҳои ИДМ машварати корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок дар самти ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2023-2024, ки дар ҷаласа Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ 28 октябри соли 2022 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон қабул гашта буд, баргузории Форуми V олимони аъзои давлатҳои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 23-24 октябри соли 2024 дар назар дошта шудааст.
Таъкид гардид, ки дар ҳошияи ин чорабинӣ ҳамзамон баргузории ҷаласаи XII Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ ва ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавони назди Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ нақшбандӣ шудааст. Ёдовар мешавем, ки ташкилкунандагони чорабинӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои олимони ҷавони АМИТ, Кумитаи иҷроияи давлатҳои аъзои ИДМ, Фонди байнидавлатии ҳамкориҳоии бунёдии ИДМ ва вазорату идораҳои дахлдор мебошанд.
Қобили зикр аст, ки вобаста ба гузаронидани Форуми Ѵ олимон давлатҳои аъзои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки моҳи октябр соли 2023 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуда буд қайд намуда буданд.
Дар чорабинӣ иштироки зиёда 70 нафар олимону муҳақикони варзида, роҳбарияти муассисаҳои илмии кишварҳои ИДМ дар назар аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусиро ифтитоҳ намуданд Октябр 17, 2024
17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода як қатор иншоот, аз ҷумла бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, китобхона, майдончаи варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва бунгоҳи тиббиро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур дар заминаи таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон сохта шудаанд.
Бинои иловагии таълимӣ тарҳи замонавӣ дорад ва дар 8 синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш барои 240 хонанда имкони омӯзиши илмҳои муосир фароҳам оварда шудааст.
Раванди таҳсил дар кабинетҳои фаннӣ бо истифода аз 40 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет ба омӯзиши бештари илмҳои дақиқ мусоидат менамояд.
Бинои хобгоҳ бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, дорои 48 ҳуҷраи барҳаво бо 400 рахти хоб мебошад.
Хобгоҳ бо шароити мусоид барои бо ҷойи хоб таъмин намудани хонандагони дурдаст, аз ҷумла шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав пешбинӣ шудааст.
Маҷлисгоҳи Литсей-интернати шаҳри Турсунзода бо 140 ҷойи нишаст ва ошхона бо 200 ҷойи нишаст сохта шудааст.
Раванди таҳсил аз ҷониби 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус ба зиёда аз 1000 хонанда бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.
Китобхонаи электронии пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет метавонад барои дастрасии таълимгирандагон ба маълумоти зарурӣ мусоидат намояд.
Иловатан хоҳишмандон имкони истифода аз 1600 номгӯи адабиётро доранд.
Вақтҳои холигии хонандагон бо машғулиятҳои варзишӣ дар шароити сатҳи баланд сурат мегирад.
Бунёди майдончаи варзишӣ метавонад дар тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба бозиҳои волейбол ва футбол нақши муассир гузорад.
Таъсиси бунгоҳи тиббӣ ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони соҳа фаврияти муоина ва кӯмаки аввалияи тиббӣ ба хонандагонро таъмин месозад.
Волидоне, ки ба хотири шиносоӣ аз ҷараёни таҳсил ва огоҳ будан аз сатҳи донишу малакаи фарзандони худ ба Литсей-интернат ташриф меоранд, метавонанд аз хизматрасонии сатҳи баланд дар меҳмонхонаи назди муассиса истифода намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити таҳсил ва буду бош дар Литсей-интренати шаҳри Турсунзодаро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, аз хонандагон омӯзиши илму ҳунар ва аз омӯзгорон омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро тақозо карданд.
Иншооти мазкур, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Листей-интернати шаҳри Турсунзода ифтитоҳ карда шуд, ба таъсиси 14 ҷойи нави корӣ замина фароҳам овард.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусиро ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Танҳо ҳамин рӯз дар шаҳри Турсунзода дар 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3500 хонанда дар ду баст ва дар 3 муассисаи нави томактабӣ барои 650 кӯдак шароити муосири таълиму тарбия ба истифода дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки барои фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар шаҳр сохтмони боз 8 муассисаи томактабӣ барои 1200 кӯдак идома дорад.
Дар деҳоти Қаратоғи деҳаи Зарнисори шаҳри Турсунзода бинои дуошёнаи иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №103 ифтитоҳ гардид.
Бинои иловагӣ иборат аз 8 синфхона барои 384 хонанда дар ду баст бо харҷи беш аз 3 миллиону 455 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Дар деҳаи Неъматбачаи деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Массисаи мазкур аз 14 синфхонаи барҳаво, китобхона, ҳуҷраи омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, бо саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.
Дар муассисаи тозабунёд барои 240 хонанда дар ду баст шароиту имконоти муосири таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.
Дар деҳаи Меҳргони деҳоти “10-солагии Истиқлолият” бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80, ки барои 450 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои тозабунёд аз ду ошёна ва 8 синфхонаи таълимӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳа бунёд гардидааст.
Дар деҳаи “Шодиёна”-и деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои иловагии навбунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷурабек Муҳибов бунёд гардидааст.
Мактаби навбунёд дуошёна буда, аз 16 синфхона, аз ҷумла синхонаҳои компютерӣ, физика, химия, забони англисӣ, китобхона ва 7 ҳуҷраи корӣ, ки ҳамагӣ бо аёниятҳои дарсиву корӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, иборат мебошад.
Дар бинои навтаъсис барои 1000 хонанда дар ду баст шароити хуби таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.
Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони шаҳри Турсунзода азм доранд, ки чунин тадбирҳои бунёдкориро дар дигар деҳаҳо идома диҳанд.
Дар кӯчаи Охун Бобоеви шаҳри Турсунзода, бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии “Лола” мавриди истифода қарор гирифт.
Ин муассисаи наву зебои муосир бо маблағи 1 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардид.
Ҳамакнун дар ин ҷо 200 кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Ба ин хотир 8 мураббии кордону ботаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.
Дар деҳаи Иттифоқи деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии “Гулсум” ба истифода дода шуд.
Дар муассиса 180 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Барои тарбияи онҳо 7 нафар мураббиёни соҳибмалака ба кор ҷалб гардидаанд.
Муассисаи таҳсилоти томактабии “Гулсум” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Атохоҷа Лутфулло Баракатулло бо маблағи 4 миллиону 730 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
БАРРАСИИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲО АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР ИНСТИТУТ
Имрӯз (16.10.2024) дар маҷлисгоҳи Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, ҷаласаи назди директори Институт, вобаста ба дастуру супоришҳое, ки дар ҷаласаи назоратии назди Президенти АМИТ ироа шуд, баргузор гардид.
Ҷаласаро директори Институти математика, н.и.ф.-м. Раҳимзода А.О ҳусни оғоз бахшид. Дар кори ҷаласаи мазкур, масъалаҳои зерин:
• фаъолияти илмии кормандони Институт;
• омода намудани мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ;
• омодагӣ барои гузаронидани даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат";
• дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатнигории магистрон, докторантон (PhD);
• интизоми меҳнати кормандон ва гузаронидани шанбегиҳо
ва боз якчанд масаълаҳои ҷорӣ, дида баромада шуданд.
16 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абунасри Форобӣ дар илм ва тамаддуни ҷаҳон», бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар суханронии муқаддимавии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки воқен Симпозиум ва тадбирҳои дигари илмӣ-таҳқиқотие, ки дар кишварамон мегузаранд, як ҷузъи самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Дар ин давра бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат арзишҳои фарҳангии ниёгон эҳё ва вобаста ба талаботи ҷомеаи муосир такмил ва густариш ёфтанд, балки ҳамзамон, барои миллати бузурги тоҷик муяссар гашт, ки он дастовардҳои ғании таърихиро, аз як тараф, ҳамчун арзишҳои гузаштаи худ соҳибӣ намояд ва аз тарафи дигар, онҳоро барои рушди ҷомеаи умумибашарӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти глобалӣ пешкаш созанд. Ин дастовардҳо ҷанбаҳои гуногун дошта, дар шароити тезутунди замони муосир пазируфта ва мавриди истифода қарор доранд.
Инчунин, ташаббусҳои пешниҳодкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, таҳкими фарҳанги сулҳ, ки аз ҷониби аъзои Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид эътироф ёфтанд, имрӯз дар асоси қатъномаҳои қабулшуда мавриди татбиқи амалӣ қарор доранд. Дар баробари ин, дар кишварамон дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи хосса ба фарҳанги маънавӣ ва рушди он дода мешавад. Ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият дохил кардани дастовардҳои бузургӣ миллӣ - Шашмақом (соли 2008), ҷашни Наврӯз (соли 2010), ҳунари гулдӯзии «Чакан» (2018), мусиқии «Фалак» (2021), ҷашни «Сада» (2023), эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва гиромидошти мероси таъриху тамаддуни гузаштаи тоҷикон самти дигари фаъолияти Ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои марбутаи он мебошанд.
Аз ҷумла, бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои ЮНЕСКО баргузор карда шудани ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ бахшида ба таҷлили 680-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (соли 1995), 675-солагии Камоли Хуҷандӣ (соли 1996), 960-солагии Умари Хайём (соли 2000), 1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ (соли 2003), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (соли 2007), 1150-солагии асосгузори адабиёти классики тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 2008) ва ғайра ин суханонро тасдиқ мекунанд.
Симпозиуми байналмилалие, ки имрӯз бо иштироки бевоситаи Шумо дар мавзуи «Саҳми Абунасри Форобӣ дар илм ва тамаддуни ҷаҳон» баргузор карда мешавад, идомаи мантиқии татбиқи сиёсати маорифпарварона ва маънавиятгустаронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки Абунасри Форобӣ, ки Симпозиуми имрӯза ба ҳаёт, фаъолият ва таълимоти фалсафии ӯ бахшида шудааст, аз бузургони фалсафа ва донишмандони асримиёнагӣ, намояндаи мактаби машшоияи шарқӣ мебошад. Муҳаммад Ғаззолӣ ҳамчун рақиби Форобӣ ва Ибни Сино, ки мехост ба инкори фалсафа иқдом занад, дар ибтидои китоби «Таҳофут-ул-фалосифа» мегӯяд: «Ман дар миёни фалсафаи ислом, чуноне ки ҳамагон ақида доранд, аз Абу Насри Форобӣ ва Абу Алӣ касеро бартар намешиносам. Аз ин рӯ, дар мабоҳиси илмӣ фақат бар ин ду эътироз мекунам. Зеро агар хатои ин ду чун шуд, хатои дигарон ба тариқи аввалӣ собит аст». Дар идома олимони дохил ва хориҷи кишвар баромад намуда, доир ба ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти Абунасри Форобӣ маъруза намуданд.
ДАР ТОҶИКИСТОН ВОХУРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНОРҲО БАХШИДА БА СОХТМОНИ МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМИ ОМУ ВА ХБРЯ БАРГУЗОР ШУД
Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ 15 октябри соли 2024 дар меҳмонхонаи Ҳаят Редженси Душанбе чорабинии байналмилалии сатҳи баландро баргузор намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ пешниҳодҳои лоиҳаҳо барои таъсиси Маркази байналмилалии омӯзишӣ оид ба муқовимат бо терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом (ОМУ) ва маводи химиявӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ядроӣ (ХБРЯ) муаррифӣ шуданд. Илова бар ин лоиҳа, зиёда аз 30 пешниҳоди дигари лоиҳаҳо дар соҳаи ХБРЯ низ пешниҳод гардиданд.
Чорабиниро профессор Илҳом Мирсаидзода ҳусни оғоз бахшида, сипас президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аҳамияти ҳамкории илмӣ ва техникиро дар ҳалли масъалаҳои амнияти марбут ба таҳдидҳои ОМУ ва ХБРЯ таъкид намуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки дар тақвияти амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо таъсиси ин маркази пешрафтаи омӯзишӣ нақши пешсаф дошта бошад.
Дар суханронии худ профессор Илҳом Мирсаидзода, Директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, ба рисолати марказ, ки барои омӯзиши босифати донишҷӯён, мактаббачагон, низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва кишварҳои дигар хизмат мекунад, диққат дод. "Ин марказ на танҳо иқтидори миллии моро тақвият мебахшад, балки платформа барои ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм хоҳад шуд", – изҳор дошт профессор Мирсаидзода.
Дар чорабинӣ намояндагони 14 сафорат, аз ҷумла сафоратҳои Русия, ИМА, Арабистони Саудӣ, Иттиҳоди Аврупо ва дигарон иштирок карданд. Илова бар ин, 16 ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Идораи Мухобироти СММ оид ба Маводи Мухаддир ва Ҷинояткорӣ (UNODC), Агентии байналмилалии нерўи атомї (АБНА) ва дигарон, ки дастгирии байналмилалии васеъ аз ташаббуси Тоҷикистонро нишон медиҳад, ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ зиёда аз 30 лоиҳа низ муаррифӣ гардид, ки гуногунии ҷанбаҳои ХБРЯ-ро дар бар мегиранд. Ин лоиҳаҳо ба соҳаҳои афзоиши иқтидор, рушди инфрасохтор, инноватсияҳои технологӣ ва ҳамкории байналмилалӣ равона шудаанд. Интизор меравад, ки лоиҳаҳои пешниҳодшуда қобилияти минтақа барои пешгирии паҳншавии маводи ХБРЯ ва вокуниши самаранок ба таҳдидҳои марбут ба терроризмро ба таври назаррас такмил бахшанд.
Сатҳи баланди иштироки дипломатӣ хислати ҷаҳонии таҳдидҳои ОМУ ва ХБРЯ ва аҳамияти ҳамкории бисёрҷонибаро дар рафъи онҳо таъкид мекунад. Чорабинӣ платформае барои муҳокимаи имкониятҳои шарикӣ ва дастгирии кишварҳои донор ва ташкилотҳои байналмилалӣ фароҳам овард.
Аз номи шарикони байналмилалӣ, намояндаи Идораи Мухобироти СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дастгирии қавии худро ба кӯшишҳои Тоҷикистон изҳор намуда, маркази пешниҳодшударо "усули муҳим барои тақвияти амнияти ҷаҳонӣ" номид.
Маркази байналмилалии омӯзишӣ оид ба муқовимат бо терроризми ОМУ ва ХБРЯ унсури асосии ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ хоҳад шуд, ки барномаҳои омӯзишии фарогирро барои донишҷӯён, мактаббачагон, низомиён, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва мутахассисони ҳолатҳои фавқулодда пешниҳод менамояд.
Чорабинӣ бо тасдиқи ӯҳдадориҳои якчанд иштирокчиён барои идомаи муҳокимаи масъалаҳои маблағгузорӣ ва моделҳои шарикӣ ба анҷом расид, бо нақшаҳо барои оғози татбиқи лоиҳаҳои аввал дар ояндаи наздик.
Дар Китобхонаи миллии Точикистон Конференсияи байналмилалии хифзи экосистемахои бабри барфи "Бабри барфи - ифтихори миллии Точикистон" бо иштироки коршиносон ва олимони ватанию хоричи баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур олимони АМИТ ширкат варзида, ноиби президенти АМИТ, раиси Шубаи илмхои биологияи АМИТ Мирзорахимзода Акобир Карим баромад намуда, хамзамон узви вобастаи АМИТ, Саидов Абдусаттор Самадович дар мавзуи "Холати популятсия ва масъалаи хифзу нигохдории бабри барфи дар Точикистон" маърузаи илми намуд.
Махсусан кайд карда шуд, ки Точикистон дар худуди Осиёи Маркази минтакаи калидии пахншавии бабри барфи мебошад, ки худуди 20 каторкухро дар бар гирифта, такрибан 3%-и масохати умумии пахншавии намудро дар дунё ташкил медихад.
Бо ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт миёни олимони ҷавон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон силсила семинарҳои илмӣ ва мизҳои мудаввар ба роҳ монда шудааст.
Дар заминаи нақша-чорабиниҳои Шурои олимони ҷавони АМИТ дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи М. Баҳоваддинов имрӯз 15-уми октябри соли 2024 мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар Раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ н.и.ф Зиёев Субҳиддин Насриевич, Раиси Шурои олимони ҷавони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи М. Баҳоваддинов Юсуфзода Шодоб, номзади илмҳои педагогӣ Абдумуминзода Ситора, докторантон ва магистрантони Иниститут иштирок ва бо гузоришҳои илмии худ баромад намуданд.
Баромадкунандагон дар маърӯзаҳои худ доир ба аҳамияти Конститутсия, рисолати ҳар як шаҳрванд дар риояи он ва доир ба "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ибрози андеша намуданд.
Дар хотимаи мизи мудаввар миёни иштирокчиёни чорабинӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳозирин фикру ақидаҳои худро доир ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ баён намуда, онҳоро бо конститутсияҳои дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муқоиса намуданд.
