Skip to main content

Имрӯз, 16 декабр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илму маориф, амнияту суботи сиёсӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян намуда, барои фаъолияти минбаъдаи ниҳодҳои илмӣ роҳнамо ва барномаи амалӣ ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки дар Паёми имсола ба масъалаҳои рушди илм, татбиқи инноватсия, тақвияти иқтидори кадрӣ ва истифодаи самараноки дастовардҳои илмӣ дар иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки зимни ироаи Паёми хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси ду маркази бузург — Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро пешниҳод намуда, барои омода намудани консепсияи ин ду маркази муҳим ба масъулин ва олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Инчунин, таъкид гардид, ки масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар замони муосир ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати экологӣ ва рушди устувор аҳамияти хоса дошта, бо дарназардошти тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои обӣ ва таъсири он ба амнияти иҷтимоию иқтисодӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва чораҳои таъхирнопазирро талаб менамояд.

Вобаста ба ин аҳамият ва зарурияти ин масъаларо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дарк намуда, зимни ироаи Паёми хеш пешниҳод намуданд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки санаи 12 декабри соли равон ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва криосфера аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ ёфта, дар доираи ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун иқдоми муҳим ва саривақтӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти обӣ пазируфта шуд.

Маҳз ин ташаббус мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва криосфера боз ҳам таҳким бахшида, саҳми назарраси кишварро дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои обӣ ва таъмини рушди устувор собит менамояд.

Гуфта шуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боло бурдани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои ҷиддӣ андешида, аз ҷумла баланд бардоштани маоши тамоми кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, илм, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои калидиро ҳамчун омили муҳими беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ амалӣ намуданд.

Дар маҷмуъ Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамо ва дастури муҳими рушди кишвар буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, афзалиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро муайян менамояд ва барои таъмини ояндаи устувор ва дурахшони Тоҷикистон роҳ нишон медиҳад.

Дар идомаи ҳамоиш олимону муҳаққиқон бо маърӯзаҳо баромад намуда, нуктаҳои калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил карданд. Аз ҷумла, масъалаҳои рушди иқтисоди “сабз”, ҳифзи муҳити зист, амнияти об, рақамикунонии соҳаҳо, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва нақши илм дар таъмини рушди устувори кишвар мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки ҷомеаи илмӣ бояд дар татбиқи ҳадафҳои стратегие, ки дар Паём муайян гардидаанд, саҳми фаъол гузорад.