
Имруз мо дар арафаи тачлили иди пуршукуҳ, яъне рузи Қабули яке аз рамзҳои давлати, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор дорем. Воқеан ҳам давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлати аз ҷумла Парчами давлати тасавур кардан ғайриимкон аст.
Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст. Барои таҳияву пешниҳод намудан ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуи сарф шудааст.
Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шурои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд. Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлати комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда доштанд. Аз муалифон ва коллективҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳури зиёда аз дусад адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлати ворид гардида буд.
Вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Точикистон, ҳамчунин аз тарафи Донишкадаи таърих, Донишкадаи астрофизика ва кумитаи Ҷумҳурияви оид ба терминология лоиҳаҳои рамзҳои давлатии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд. Дар охири озумн аз байни санъатшиносон ва рассомон вобаста ба таҳияи рамзҳои давлати гурӯҳ интихоб карда шуд, ки аз он ҷумла рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев-ро роҳбар ва лоиҳакаш, Лариса Додхудоева-рассом ва санъатшинос номзади илмҳои санъатшиноси, Анатолий Заневсий – президенти иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон ва Ирина Игнатушина – санъатшинос ходими хизматнишондодаи санъати Точикистон шомил буданд.
Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи се рахаи рангаи уфуқи, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард. Дар аввал ба сифати ангораҳои асоси муаллифон дар Парчами давлати нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигори намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу-тоҷик сарчашма гирифта ҳамчун рамзи боақли, часури ва адолатро ифода менамояд. Баъд аз ин гуруҳи кори дар
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро ҷой намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахти маънидод карда шуд. Дар аввал ба ақидаи муаллифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу точик маънидод шуда буд.
Ҳоло бошад ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон. Дар давраи кори комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатии, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 – сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангии халқамонро ба назар гирифта ранги сурхро, ки дар Парчами давлати чой дода шудааст, ҳамчун ифодагари- мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз- саъю кушиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хурам мешавад маънидод карда шуд.
Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи кори оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд. Ҳамон лоиҳаи Парчами давлати, ки таҷҷасумгари, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имруз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессия 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии чумҳурии Точикистон овоз дода шуд.
Рузи дигар, яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон- Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шурои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуд. Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.
Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихи ба ҳисоб меравад. Вазифаи мо насли имрузаи миллат, барои дар руҳияи эҳтиром доштану ру овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.
Бояд қайд намоям, ки вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11-декабри соли 1992 «Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12-майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қабул карда шуд. Бо мақсади боз ҳам зиёдтар эҳтиром доштани арзишҳои миллӣ ва ру овардан ба ин арзишҳо 19 – ноябри соли 2009 – ум аз ҷониби Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид» ба имзо расид, ки мувофиқи он ҳар сол 24-ноябр ҳамчун рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ҳамин ҳам ҳамаи мардуми Тоҷикистонро ба ин иди муқаддаси миллӣ, рузи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегуям.
Ходими калони илми Акрамзода Рустами Ҷурахон МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Имрӯз, 15 июл президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо як зумра олимони хориҷӣ, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ дар пиряхи Ванҷях (Федченко) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд вохурӣ анҷом дод.
Таъкид гардид, ки дар доираи лоиҳаи байналмилалии RECAP, корҳои саҳроӣ барои соли 2025 дар назар дошта шудаанд. Соли гузашта (2024), мо ду истгоҳи автоматии метеорологиро дар пиряхи Ванҷях (Федченко) насб намудем. Бояд қайд кард, ки таҳқиқотҳои мо дар якҷояги бо Академия миллии илмҳои Тоҷикистон аз соли 2022 оғоз шуда буданд.
Соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, ки насби таҷҳизоти иловагӣ ба анҷом расонида шуда, низоми мукаммали мониторинги параметрҳои метеорологӣ ва глятсиологӣ дар бузургтарин пиряхи Тоҷикистон – Ванҷях (Федченко) - роҳандозӣ гардад.
Корҳои илмӣ дар шароити мушкили баландкӯҳ сурат мегиранд, ки барои он талаботи шадид — мисли қабати пасти барф ва ҳарорати қобили қабул — заруранд. Аз ҳамин хотир, муҳлати баргузории корҳои саҳроӣ ба моҳҳои июл ва август маҳдуд мешавад, ки шароити устувори иқлимӣ дар ин давра имкон медиҳад.
Ба далели обшавии шадиди ях ва барф, роҳ ба пирях аз водии Танимас (қисми рости пирях)дар нимаи тобистон ғайримумкин мешавад. Ягона роҳ — тавассути водии Ванҷ ва деҳаи Поймазор аст. Ин роҳ танҳо барои кӯҳнавардони касбӣ дастрас буда, интиқоли таҷҳизоти вазнин имконнопазир аст. Гурӯҳ бояд дорои таҷрибаи васеи сафар дар шароити пиряхӣ ва кӯҳӣ, ҳамчунин қобилияти интиқоли бори вазнин дар релефи душворгузар бошад. Илова бар ин, зарурати иқомат бо худтаъминкунӣ дар баландиҳои аз 4000 то 6000 метр вуҷуд дорад.
Дар ҳоли ҳозир, қисми зиёди таҷҳизоти илмӣ аллакай дар минтақа ҷойгир карда шудаанд. Истигоҳҳои автоматии фаъол ва таҷҳизоти захиравӣ дар наздикии кӯли Танимас нигаҳдорӣ мешаванд. Ба пирях асосан лавозимоти зиндагӣ, ғизо ва таҷҳизоти иловагӣ бояд бурда шаванд.
Имрӯз, 10 июл президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Сафирони кишварҳои Фаронса, Япония ва Шветсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинол, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Фурута Кейко, Сафири Фавқулода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагон иштирок намуданд.
Мақсад аз мулоқот ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти илмҳои яхшиносӣ (криосфера) мебошад. Дар ин робита зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз доштанд, ки ҳифзи пиряхҳо яке аз ҳадафҳои асосии ташаббусҳои байналмилалии илмӣ ба шумор меравад, ки ба муҳофизати хотираи иқлим ва муҳити зисти сайёра равона шудааст. Яке аз чунин ташаббусҳо Ісе Метогу мебошад, ки моҳи сентябри соли 2015 бо ибтикори марказҳои таҳқиқотии Фаронса, Италия ва Швейтсария оғоз ёфта, аз ҷониби ЮНЕСКО ва аз он ҷумла Бунёди шоҳи Монако дастгирӣ дорад.
Таъкид гардид, ки соли 2023 дар ҳамоиши One Planet-One Summit дар шаҳри Париж Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ташаббуси Ісе Метогу-ро ҳамчун «унсури калидии Даҳсолаи криосфера» тавсиф намуд. Ин иқдом дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид низ дастгирӣ ёфт ва қатъномаи дахлдор рӯзи 13 августи соли 2024 бо пешниҳоди муштараки Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардид.
Гуфта шуд, ки ҳадафи лоиҳа дар давоми 20 сол ҷамъоварӣ ва нигоҳдории кернҳои ях аз 20 пиряхи зери хатари обшавӣ бо мақсади таъсиси як бойгонии яхӣ дар Антарктида мебошад. Ин бойгонӣ дар пойгоҳи ягонаи байналмилалии "Конкордия" воқеъ буда аз ҷониби Фаронса ва Италия дар платои Антарктида идора мешавад ва имкони нигоҳдории доимии намунаҳоро дар ҳарорати 50°С фароҳам меоварад. Дар ин ҷо маълумоти иқлимӣ ва экологии 300 000 соли охир нигоҳ дошта мешавад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки барои идомаи ҷамъоварии ин намунаҳо, гурӯҳи байналмилалии олимон бо номи Рamir Project ният дорад моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Парки миллии Помир корҳои саҳрой анҷом диҳад. Ҳадафи ин иқдом илова намудани хотираи экологӣ аз минтақаи Қутби сеюм ба маҷмӯаи Ісе Метогу мебошад. Ҷойи интихобшуда кӯҳи Кон-Чуқурбошӣ дар баландии 5800 метр воқеъ дар ноҳияи Мурғоб аст. Нияти олимон гирифтани ду керни яхии 100-метра аз ин кӯҳ мебошад. Яке аз ин намунаҳо барои нигоҳдории дарозмуддат ба Антарктида интиқол дода мешавад. Бунёди Ісе Метогу ва кумитаи илмии он саҳми Тоҷикистон ва Олимонро аз лоиҳаи Раmir Project-po 60 хушнудӣ истиқбол менамояд. Ин ташаббус асосан бо дастгирии Пажӯҳишгоҳи қутбии Швейтсария маблағгузорӣ шуда, ба шарофати ҳамкории илмии байналмилалӣ байни Точикистон, Ҷопон, Италия, Швейтсария, Олмон ва Фаронса амалӣ мегардад.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо барои таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар ин самт ва барои ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан изҳори қаноатмандӣ намуданд.
9 июли соли равон ба Ганҷинаи дастнависҳои Маркази мероси хатии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз 100 нусхаи нодир аз китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳои қадим, ки дорои аҳамияти илмиву таърихӣ мебошанд, эҳдо гардид. Ин коллексияи беназир аз ҷониби Очилова Меҳриннисо, д.и.ф., профессор, мудири кафедраи забонҳои шарқии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ба Марказ тақдим шуд.
Дар маросими эҳдои китобҳои мазкур, ки дар толори Маркази мероси хаттӣ баргузор гардид, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт маъмурияти Марказ ва бону Меҳринисо Очилова ширкат намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо қадрдонӣ аз иқдоми мазкур гуфт, ки кори анҷомдодаи профессор Меҳринисо Очилова бисёр арзишманд, омӯзанда ва қобили таҳсин мебошад. Чунин иқдом дар ҳифзу нигаҳдорӣ ва бақои мероси гаронбаҳои хаттии халқи тоҷик нақши муассир мегузорад. Президенти Академияи миллии илмҳо афзуд, ки ин иқдоми волои хонум Очилова Меҳриннисо ва эҳсоси баланди масъулияти фарҳангии эшонро намунаи арзандаи эҳё ва нигаҳдории мероси хаттии миллӣ медонад. Эҳдои чунин коллексияи арзишманд на танҳо барои ғанӣ сохтани ганҷинаҳои илмии кишвар, балки барои рушди таҳқиқотҳои хатшиносӣ, матншиносӣ ва таърихи илм дар Тоҷикистон мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.
Директори Марказ н.и.т. Раҳматкарими Давлат иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои Маркази мероси хаттӣ тибқи салоҳиятҳои оинномавӣ ва таъкиду супоришҳои Пешвои муаззами миллат мабни бар “Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, ки ба нашри феҳристи нусхаҳои хаттӣ машғул аст, бояд номгӯй ва миқдори нусхаҳои нодири хаттиеро, ки дар дигар китобхонаву муассисаҳо мавҷуданд, зери назорат бигирад”, ҳамин ҷамъоварӣ ва тармиму ҳифзи мероси хаттӣ мебошад.
Ин нусхаҳо, ки дар давоми чанд насл аз ҷониби падарону бобоёни ин хонум гиромӣ дошта ва бо эҳтиром нигаҳдорӣ шудаанд, акнун бо ирода ва эҳсоси баланди фарҳангии профессор Очилова ба Ганҷинаи дастхатҳои ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоев вогузор гардиданд, то дар хазинаи мероси хаттии миллат сабт ёфта, аз онҳо барои омӯзиши таърихи илм, забон, адабиёт ва фарҳанг вориди феҳристи умумӣ шаванд ва истифода гардад.
Коллексияи эҳдошуда аз китобҳо ва дастнависҳое иборат аст, ки аксаран ба асрҳои XIX ва аввали асри XX мансубанд. Дар байни онҳо нусхаҳои чопи сангии китобҳои адабӣ ва ахлоқӣ, тибб, фиқҳӣ, дарсӣ, луғатномаҳо дучор мешаванд, ки дар марказҳову нашриётҳои маъруфи чопи сангӣ, ба монанди Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Қазон, Лоҳур, Ҳинд ва Теҳрон нашр гардидаанд.
Аз ҷумла, “Махзан-ул-адвия”, аз китобҳои муҳим дар мавриди доруҳо ва вожагони пизишкии суннатӣ ба забони тоҷикӣ аст, ки дар қарни 12 ҳиҷрӣ навишта шуда ва муаллифи он Муҳаммад Ҳусайн Ақилӣ Хуросонӣ пизишки номдор аст. “Ғиёс-ул-луғот” навиштаи Ғиёсуддин Муҳаммад ибни Ҷалолуддини Роҳпурӣ ва “Мунтахаб-ул-луғот”-и Абдуррашид Ҳусайнӣ аз зумраи ин нусхаҳои нодир мебошад. Бархе аз ин нусхаҳо бо зеботарин намунаҳои хаттотӣ, ҳошиянависӣ ва истифодаи муҳаррароти анъанавӣ оро ёфтаанд.
Нусхаҳои дастхат, ки шумораи онҳо низ қобили таваҷҷуҳ аст, дорои арзиши хосанд. Аксари онҳо бо хатти настаълиқ, шикаста ва насх ба зебоии хос сабт шудаанд. Мавзуоти онҳо гуногун буда, аз адабиёти классикӣ то илмҳои динӣ ва луғату шеърро фаро мегиранд. Дар баъзе нусхаҳо ёддоштҳои соҳибони нусха, муҳаррир ё омӯзгори гузашта дида мешавад, ки ба арзиши таърихии онҳо меафзояд.
Марказ ният дорад, ки коллексияи эҳдошударо пурра рӯйхат ва тавсиф намуда, дар феҳристҳои махсус ворид намояд ва ба муҳаққиқон муаррифӣ кунад. Ҳамзамон, дар оянда як намоиши вижаи китобҳои эҳдошудаи хонум Очилова М. дар доираи як чорабинии фарҳангӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Ин иқдоми фарҳангии д.и.ф. профессор Очилова Меҳриннисо намунаи равшани иртиботи наслҳо, ҳифзи мероси аҷдодӣ ва эҳёи арзишҳои милливу маънавии мост. Маркази мероси хаттӣ бо камоли эҳтиром изҳори сипос намуда, умедвор аст, ки чунин ибтикор дар ҷомеа фарҳанги эҳдо ва ҳифзи меросро бештар густариш хоҳад дод.
4 июли соли равон ҷиҳати иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Муродзода Зафар бо интихобкунандагон - сокинони маҳаллаи Каротегин баргузор гардид.
Дар вохурӣ Қобилҷон Хушвахтзода зимни баромад вобаста ба пешгирии ҳолатҳои гаравидани ҷавонон ва ҷарёнҳои терористию экстремистӣ ва дар ин замина тарғиби истифодаи дуруст ва мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавон, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи қувваи барқ ва пайваста ташкил намудани суҳбат-вохӯриҳои раисони маҳалла ва бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ оид ба оқибатҳои роҳ додани қоидавайронкунӣ дар ин самт, бо азму иродаи қавӣ барои хизмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб намудани ҷавонони маҳалла ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳавасмадгардонии ҷавонон барои ихтиёрона ба сафи қувваҳои мусаллаҳ рафтани ҷавонон ва доир ба дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуданд.
Дар идомаи мулоқот вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Муродзода Зафар дар баромади хеш вобаста ба ҷалби фарзандон барои омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз ҷумла ба самти технологияҳои информатсионӣ ва омӯзиши пайвастаи забонҳои хориҷӣ (забони русӣ ва англисӣ), ҳамчунин таъмини иштироки фаъоли фарзандон дар Озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ (ёдоварӣ аз ибтикороти Пешвои миллат ҷиҳати қадрдонии пулии ғолибони озмунҳо) ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуд.
Дар фарҷом, сокинони маҳалла фикру андешаҳои худро баён сохта, барои таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ҷиҳати рушду бунёдкориҳои созанда дар кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт миннатдории самимии худро изҳор доштанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ танҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 8 озмоишгоҳи замонавӣ бо техникаву технологияҳои муосир дар заминаи муасссисаҳои - илмӣ таҳқиқотӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
ОЗМОИШГОҲҲОИ ЗАМОНАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ ЗЕРИН БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДААНД:
Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 3- адад.
Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 1- адад.
Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- адад
Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- адад.
Бояд гуфт, ки пас аз ба истифода додани 3 озмоишгоҳ Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурра бо базаи модиву техникӣ таъмин гардид.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳама иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳз аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олимон мебошад.
#Ҳисобот. БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025
Имрӯз, 4 июл дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми 2025 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷлиси умумӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, аъзои раёсат, олимону академикон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия иштирок доштанд.
Баъд аз суханронии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳисориев Ҳикмат ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 мавриди муҳокима қарор гирифт, ки он бо мақсади дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 ба роҳ монда шуд.
Зимни ироаи ҳисоботи худ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар бораи ҳар як бахши фаъолияти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ба тафсил сухан ронд.
Таъкид гардид, дар нимсолаи якуми соли 2025 олимони АМИТ таҳқиқотро аз рӯйи 110-мавзуъ, аз ҷумла 68-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Ҳамзамон аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ беш аз 1130-кори илмӣ ба нашр расонида шуд, аз ҷумла 40-монография, беш аз 75-китобу маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас, каталог, беш аз 1015-мақолаи илмӣ, аз онҳо беш аз 830-мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз 185-мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур (аз ҷумла, 14-мақола – дар SCOPUS).
Бояд зикр намуд, ки тавассути Муассисаи нашриявии “Дониш”-и АМИТ дар ин давра 73-номгӯй китобу монографияҳои кормандони илмии АМИТ бо теъдоди 8000-нусха ба нашр расонида шуд. Мавриди зикр аст, ки АМИТ дар нимсолаи якуми соли 2025 дар раддабандии байналмилалӣ байни муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (яъне РИНЦ) мавқеи худро мустаҳкамтар намуд. Айни замон 524-нафар ходимони илмии АМИТ номи худро дар китобхонаи электронӣ (e-library) ба қайд гирифтаанд. Айни замон ХИРШ-и олимони АМИТ аз рӯйи ҳамаи нашрияҳои e-library - 52, аз рӯйи РИНЦ - 50 ва аз рӯйи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда - 43-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи кормандони илмии АМИТ беш аз 1000-мақолаи илмию оммавӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва сомонаҳои интернетӣ ба нашр расонида шуд. Дар ин давра аз тарафи олимони АМИТ ҳамагӣ 9-патент, аз ҷумла 8-патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1-патенти АвроОсиё барои ихтироъ, ҳамчунин 4-қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 2-шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилотӣ ба даст оварда шуданд.
Дар ин давра вобаста ба масъалаҳои муҳимми илмӣ дар Академияи миллии илмҳо беш аз 100-чорабинии илмӣ омода ва баргузор карда шуд, аз ҷумла, 2-форуми байналмилалӣ, 4-конференсияи илмии байналмилалӣ, 22-конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ, 45-семинари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 18-мизи мудаввар ва 2-курси омӯзишӣ.
Ҳамчунин дар доираи Маҳфили илмии “Хирад”-и Раёсати АМИТ, ки мақсади он муаррифии олимон ва дигар намояндагони аҳли зиёии кишвар мебошад, 13-маҳфили илмӣ-фарҳангӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии олимони шинохтаи ҷумҳурӣ бо иштироки васеи кормандони АМИТ ва меҳмонон доир карда шуд.
Зикр шуд, ки бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ бо мусоидат ва иштироки роҳбарияти АМИТ 8-озмоишгоҳи нав дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии зерини АМИТ таъсис дода шуд: Институти химияи ба номи В.И. Никитин (3 адад), Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров (1 адад) ва Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков (2 адад), Маркази омӯзиши пиряхҳо (2 адад).
Дар робита ба ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи якуми соли 2025 олимону академикон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳисоботро қаноатбахш ҳисобиданд.
Имрӯз, 3 июл дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 700 – солагии шоири классики тоҷику форс Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ намоишгоҳи нусхаҳои хаттии осори ин шоири ғазалсаро, ки дар Ганҷинаи дастхатҳои Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ нигоҳдорӣ мешавад, баргузор гардид.
Ба кори намоиш директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Раҳматкарим Давлатов ҳусни оғоз бахшида, қудуми иштирокдорони намоишгоҳро хайрамақдам гуфт.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз доштанд, ки Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ яке аз маҳбубтарин шоирони тоҷику форси асри 14 мебошад, ки бо ашъори нобаш пас аз гузашти қарнҳо ҳамчунон дар қалби на танҳо тоҷикзабонон, балки дар қалби ҳазорон ҳаводорони шеъру фарҳанг, дар саросари ҷаҳон ҷой дорад.
Таъкид гардид, ки осори ин шоири бузурги тоҷик форсу ҳануз дар асрҳои 18 ва 19 ба забонҳои мухталифи аврупоӣ тарҷума шуда буд. Шоир ва суханвари машҳури олмонӣ Гёте “Девони Шарқӣ”-и худро бо илҳом гирифтан аз осори Ҳофиз тадвин карда, онро ба номи ҳамин шоири тоҷик форсу гузоштааст. Ҳофиз асосан бо сароидани ғазалҳои бисёр равону шево шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Бар асоси барварди муҳаққиқон Девони Ҳофиз иборат аз 500 ғазал, 42 рубоӣ ва чанд қасида мебошад, ки онро дар тули умри пурбаракати худ эҷод намудааст. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистони мо борҳо ба хати кириллии тоҷикӣ чоп гардида, дастраси ҳамагон гардидааст.
Гуфта шуд, ки ғазалҳои ин шоири забардаст дар мавзуҳои гуногун аз ҷумла ишқу ошиқӣ, майу майгусорӣ, риндӣ, интиқоди иҷтимоӣ ва зуҳду тақвои дуруғин, зебоии табиат ва амсоли он эҷод шудаанд. Осори ин шоири забардасти ғазалсарои тоҷику форс дар бисёре аз китобхонаҳо ва марказҳои илмиву фарҳангии дунё нигаҳдорӣ мешавад, ки худ гувоҳи маҳбубияти ӯ мебошад.
Дар Ганҷинаи Маркази мероси хатии Академияи миллии илмҳо ва дигар китобхонаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон нусхаи хаттии осори Ҳофиз мавҷуд аст. Пас аз истиқлолияти Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангдустонаи Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти бесобиқае дар ростои посдорӣ аз фарҳангу гузаштагони тоҷик сурат гирифт, ки ин сиёсат ҳамчунин бо суръат идома дорад.
Дар ростои ҳамин сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои Миллат буд, ки имсол дар таърихи 11 то 14 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ба муносибати 700 солагии Ҳофизи Шерозӣ канфронс ва намоишгоҳ доир гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолона ширкат намуданд. Аз тарафи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмиллалӣ 15 нусхаи дастнавис, 1 китоби чопи сангӣ ва 10 қитъаи хаттотии ашъори Хоҷа Ҳофиз, ки дорои аҳамияти илмию фарҳангӣ мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуд, ки мавриди таваҷҷуҳи махсуси боздидкунанадагон аз даҳҳо кишвари ҷаҳон қарор гирифт.
Дар идомаи намоишгоҳ дӯстдорони шеъру ғазали Ҳофиз мисраҳои пурмазмуну пурмуҳтавои ин шоири хушкаломро замзама намуда, диққати иштирокдоронро дубора ба осори ин марди хирад ва нобиғаи бузури тоҷику форс ҷалб намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби масъули Ганҷинаи нигоҳдории дастхатҳои маркази мазкур Мирзоев Изатулло оид ба дастхатҳои ба марази тамошогузоштаи Ҳофизи Шерозӣ ба иштирокдорони намоишгоҳ маълумоти муфассал дод.
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ЛАНДТАГИ МУЗОФОТИ ФЕДЕРОЛИИ САКСОНИЯ-АНҲАЛТИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН
Имрӯз, 1 июл президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Гуннар Шелленберген мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳои дар пешистода бо намояндагони Парлумон ва муассисаҳои Тоҷикистон, масъалаҳои фаъолити парлумонӣ, муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ ва мероси ҷаҳонии Юнескоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки пас аз ба роҳ мондани равобит ҳамкориҳо дар самтҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, кишоварзӣ, таърих, энергетика тақвият дода мешаванд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар заминаи Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти таҳқиқотии ҳифзи гуногунии биологӣ таъсис дода шуд, ки дар доираи ин олимони тарафайн дар самтҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, омӯзиши пиряхҳо, энергияи сабз корҳои илмӣ - таҳқиқотии хешро ба роҳ мемонанд.
Инчунин, зимни мулоқот дар масъалаи таълими забонҳои хориҷӣ, омодасосии мутахассисон аз ҳисоби магистрантон, аспирантон ва докторантони PhD ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Федералии Олмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Дар охир барои дар оянда ба имзо расонидани ёдошти тафоҳум байни Парлумони Саксония-Анҳалт ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд.