Об арзишмандтарину муҳимтарин сарватест, ки тамоми мавҷудоти зинда ба он ниёз доранд ва он ягона қувваи сабзишу инкишоф аст. Норасоии андаки об мушкилоти бузург ба вуҷуд меорад.
Захираи фаровони оби мамлакат моро водор месозад, ки аз он оқилона истифода барем ва барои покиза нигоҳ доштани он масъулият эҳсос намоем. Дар ин роҳ талошу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ шоистаи таҳсинанд. Сарвари давлат аҳамияти ҳалли масъалаҳои вобаста ба норасоии обро сари вақт дарк намуда, онро бо камоли хирад ба ҷаҳониён расонд, то аз ин ганҷинаи нодири дунё қадрдонӣ намоянд.
Аҳамияти ташаббусҳои беназири Президенти Тоҷикистон имрӯзҳо дар чорчӯбаи роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» бештар бозтоб мегардад. Вобаста ба татбиқи даҳсолаи номбурда ҳоло дар бештари нуқоти олам чорабиниҳо амалӣ мегарданд, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» дар шаҳри Душанбе аз зумраи онҳост.
Ҷамъомадҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ доир ба иҷрои муқаррароти даҳсола, бешак, аз андешаҳои инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ки натиҷа ва бузургии онро ҷаҳониён имрӯз шоҳиданд. Ин амал барои шаҳрвандони кишвар мояи ифтихору сарбаландӣ буда, онҳоро муваззаф месозад, ки дар роҳи ҳифзу сарфакорона истифода бурдани об пешдастӣ намоянд.
Сарзамини Тоҷикистон аз обҳои тоза саршор буда, сарфи оқилонаи ин неъмати худодод дар кишвар барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоии давлат мусоидат менамояд. Ҳамчунин, ҳифзи манбаъҳои обӣ яке аз омилҳои мустаҳкамшавии ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷаҳон, хусусан ҷумҳуриҳои Афғонистону Покистон, мебошад. Ташрифи намояндагони олии Вазорати оби Покистон ба Тоҷикистон ва баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Об барои рушди устувор - Тоҷикистон ташаббускори асосӣ» дар Исломобод аз рушди ин ҳамкориҳои минтақавӣ шаҳодат медиҳад, ки аҳамияти бузурги стратегӣ доранд. Об ва арзиши волои он аз ҷониби донишмандону муҳаққиқони ҷаҳонӣ ҳамчун масъалаи муҳими стратегӣ шинохта шудааст. Дар китоби "Ҷаҳон дар соли 2020", ки аз ҷониби нависанда Ҳамиш Мекрой таҳия гардидааст, об чун манбаи асосии ҳаёт номбар шуда, зикр шудааст, ки он солҳои баъдӣ ба мисли сӯзишворӣ ба омили чолишҳои сиёсӣ дар байни кишварҳо табдил хоҳад ёфт. Ҳамин аст, ки ташаббуси навбатии Тоҷикистон баҳри назорат ва мудирияти захираҳои обӣ роҳи асосии пешгирии моҷароҳо ва ҳалли масоили марбут ба мушкилоти вобаста ба об мебошад.
Дар ҳошияи конфронси навбатӣ доир ба даҳсолаи байналмилалӣ имконият фароҳам меояд, ки коршиносони ҷаҳонӣ фикру андешаҳои худро дар бораи ҳалли масъалаҳои зикршуда мавриди табодул қарор дода, дар асоси таҷрибаҳои навин роҳҳои истифодаи дурусту самараноки обро муайян намоянд.
Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими илмии Институт омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ
Имрӯз, 1- уми май президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо хонум Сандра Стейскаль Мари намояндаи Агентии байналмилалии неруи атомӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт хонум Сандра Стейскаль Мари намояндаи Агентии байналмилалии неруи атомиро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки мо аз ҳамкории дарозмуддат бо Шумо шодем ва миннатдории хеш ва аҳли олимони академияро борои он , ки чанде қабл Маркази бехатарӣ, амният ва кафолатҳо дар самти ХБРА, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, аз ҷониби АБНА ба сифати Маркази ҳамкории минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ расман эътироф гардид, ба Шумо мерасонам.
Зикр гардид, ки Маркази мазкур бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ин боиси ифтихори мо аҳли илм аст.
Гуфта шуд, ки ҳафтаи қабли бо гузоштани санги асос барои бинои филиали ХБРА дар вилояти Хатлон ба корҳои сохтумони ҳусни оғоз бахшидем, ки ин метавонад барои боз ҳам мустаҳкам гардидани кор ва тақвияти он дар минтақа дар самти ХБРА роҳкушо гардад ва бовар дорем, ки барои ба истифода додани ин бино ба кор ба мо кумаки худро мерасонед, ҳамчунин омода ҳастем, ки ҳамкориҳоро тақвият бахшида ташаббусҳои минтақавиро мизбонӣ намоем ва ба татбиқи васеи ҳадафҳои “Атом барои сулҳ ва рушд” саҳмгузор бошем.
Дар охир хонум Сандра Стейскаль Мари намояндаи Агентии байналмилалии неруи атоми ибрози андеша намуда, оид ба ҳамкориҳо ва пешравиҳои ҷониби Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намууда, дарҷ намуд, аз ҳамкорӣ бо Шумо шодам ва дар оянда низ мехоҳам, ки ин ҳамкориамон рушд ёбанду дар омоданамоии мутахассиси ҷавон дар самти саратоншиносӣ кушиш ба харҷ диҳем.
30 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, дар бораи лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консортсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маркази рушди саноатӣ” оид ба амалисозии лоиҳаи “Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода гузориш дод.
Гуфта шуд, ки мақсади таҳия ва қабули лоиҳаи мазкур саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар буда, ҷалби сармоя, бунёди кластерҳои агросаноатӣ ва коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили кишвар пешбинӣ мегардад.
Таъкид гардид, ки масъалаи бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук, инчунин таъмини шуғли пурмаҳсул, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, дар барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ, аз ҷумла дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, дарҷ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бо амалӣ намудани лоиҳаи мазкур зиёда аз 5500 шаҳрванди кишвар бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Баъди муҳокима лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки созишнома дар асоси тавофуқоти ҷонибҳо ба имзо расонда шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Доир ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши роҳбарони як қатор сохторҳо шунида шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарор барои дарёфти манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин оид ба як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла идора ва назорати самараноки истифодаи замин қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро ба иҷрои дастурҳои маҷлиси навбатӣ, супоришҳои қаблии Ҳукумати кишвар, инчунин вусъати ободонию созандагӣ, корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишту кори баҳорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.
Дар Бохтар филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ сохта мешавад Апрель 30, 2025 10:31
ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сохтмони бино моҳи феврали соли равон оғоз шуда, аз маҷмуи биноҳои 2 ва 3-ошёна иборат аст ва дар 12 садяк замин сохта мешавад. Бинои филиал аз озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои маъмурӣ барои кормандони соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, толори маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои муосир иборат мебошад.
Филиал бо мақсади рушд додани ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни муассисаҳои вилояти Хатлон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Сохтмони бино аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизоти дохили бино аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ маблағгузорӣ мешавад. Ҳамчунин баргузории машғулияти дарсии амалӣ ва иҷрои корҳои лаборатории донишҷӯёни ихтисосҳои химия ва биология дар синфхонаҳои замонавӣ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2024 зимни ифтитоҳи бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, лоиҳаи бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон муаррифӣ гардид.
Мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсю Донгюй
29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии доимии Созмон аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи татбиқи афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти иқтидори комплекси агросаноатӣ, таъмини низоми босуботи озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист зоҳир гардид.
Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои идораи самараноки замину захираҳои об, беҳбуди бахши чорводорӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ҷангал, ҳифзи растаниҳо, дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, идораи мубориза бо ҳашароти зараррасон, ҷорӣ намудани навовариҳо ва технологияҳои муосири кишоварзӣ зарур шумурда шуд.
Доир ба амалисозии барномаҳои муносиб дар самтҳои рақамикунонӣ, роҳандозии тадқиқоти бунёдии илмӣ, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ҳалли масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла “Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030” ва “Даҳсолаи хоҷагидории оилавии Созмони Милал” то соли 2028 гуфтугӯйи судманд ҷараён гирифт.
Пешвои миллат ҳамзамон ба Мудири кулли Созмон барои дастгирӣ аз номинатсияҳои Тоҷикистон – “Гӯсфанди зоти “ҳисорӣ” ва “Ангури навъи “тоифӣ – гулобӣ” ва ворид намудани онҳо ба Мероси низоми кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ (GIAHS) миннатдорӣ изҳори сипос карданд.
Ба мавзӯи ташкили гӯшаи Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмон низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Инчунин, алоқамандии Тоҷикистон аз идомаи ҳамкории стратегӣ бо Созмон дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак таъкид гардид.
Бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Раёсати магистратура аспирантура ва докторантураи АМИТ тамоми шароитҳо барои таҳсил ва омоданамоии кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон омомода карда шудааст.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар тули солҳои соҳибистиқлолии ватани азизамон таваҷҷуҳи давлату ҳукумат хосатан таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани илми ватанӣ равона гардидааст.
Роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дар ин самт корҳоро ҷоннок намуда, ҳамарӯза аз рафти баргузории дарсҳои магистрантону докторантон дидан намуда, онҳоро роҳнамоӣ намуда истодаанд, имрӯз низ бо ин мақсад Сардори Раёсати магистратура аспирантура ва докторантураи PhD – и АМИТ Қосимзода Солеҳ ва мудири кафедраи забонҳои хориҷии АМИТ Саидзода Ҳалим аз рафти баргузории дарсҳо дидан намуда, бо онҳо оид ба шароитҳои баргузории дарсҳо суҳбату вохуриҳо анҷом доданд.
Дар асосӣ созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Ҷамъияти саҳомии ғайритиҷоратии (ҶСҒ) «Донишгоҳи Қазоқистони Ғарбӣ ба номи Махамбет Утемисова» ва Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон унвонҷӯ Сарманов Айбек Ертлеуович дар мавзуи «Сообщества донных беспозвоночных озёр разного генезиса западно-казахстанской области» дар назди “Институт” аз рӯи ихтисосӣ 03.02.08 – Экология ба Институт ташриф оварданд.
Айни ҳол муҳаққиқон имтиҳони минимуми худро супорида ва дар семинари байниозмоишгоҳӣ бо презинтатсия баромад намуданд. Инчунин, барои ҳимояи рисола тайёрии худро дида истодаанд.
Магистрантон ва унвонҷӯёни муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», ва «Магистранти сол» ширкат варзида соҳиби ифтихорнома ва мукофотҳо гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Зарифов Маҳммадзариф Ҷамшедович дар озмуни ҷумҳуриявии "Магистранти сол" миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардид. Ҳамзамон барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошад.
Инчунин, Давлатова Мунзифа Шукришоевна барои иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон" миёни докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва барои дастоварҳо дар бахши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ ва ва Буриев Умед Рустамович барои дастоварҳои дар бахши фанҳои гуманитарӣ дар самти сиёсатшиносӣ бо сипосномаҳо қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамзамон Султонзода Ҷасурбек магистранти курси 1- и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Қурбонов Муборакшоҳ барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли 2025 гардиданд.
СУХАНРОНИИ ОНЛАЙНИИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА БУЗУРГДОШТИ "ШОҲНОМА" - И ФИРДАВСӢ ДАР БРЮССЕЛ
24 апрели соли 2025 дар китобхонаи Мунтпунти шаҳри Брюссел сафорат дар ҳамбастагӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи Лёвани Белгия ва Ассотсиатсияи тоҷикони Белгия “Диёр” мизи мудавварро дар мавзуи “Шоҳномаи Фирдавсӣ: осори беназири адабиёти ҷаҳон” ташкил намуд.
Доираи васеи олимон, намояндагони ниҳодҳои аврупоиву белгиягӣ, коршиносон, санъаткорон, сокинони шаҳри Брюссел, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамзабонони муқими Белгияву Нидерланд меҳмони ин маҳфил буданд.
Дар кори ин нишаст президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода, вакили Парлумони Аврупо Тиерӣ Марианӣ, узви Академияи аврупоии илмҳо ва санъат, профессори Донишгоҳи Лёван Ян Таверниер, профессори Донишгоҳи Лёван Элин Горрис, директори барномаҳои нашриёти “Ҷаҳони дипломатӣ” Алберто Туркстра, профессори Донишгоҳи Лювен Морган Журдайн, пажуҳишгар Офран Бадахшонӣ ва магистранти Донишгоҳи Озоди Брюссел Шоҳина Беҳзодзода суханронӣ намуданд.
Сухангуён “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсиро дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва мероси ниёгон, ватандустӣ, арзишҳои инсондустиву сулҳпарварӣ, гуфтугуи тамаддунҳо ва рушди дипломатияи фарҳангӣ муҳим хонда, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи чеҳраҳои мондагор ва осори таърихиву фарҳангии миллати Тоҷик, махсусан зикр карданд.
Дар бахши дигари чорабинӣ мусиқинавози ҷавон Сипанд Додбеҳ санъати волои касбӣ ва мусиқии халқиро муаррифӣ намуд.
Дар толори бошукуҳи китобхона гушаи этнографӣ ташкил гардида, асарҳои классикӣ ва навору нигораҳо бахшида ба “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба намоиш гузошта шуд.
