Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин маркази яхбандии кӯҳӣ дар Осиёи Марказӣ ва танзимгари асосии гидрологии минтақа эътироф шудааст. Масоҳати умумии яхбандиҳои кишвар тақрибан 6 фоизи қаламрави ҷумҳуриро фаро гирифта, ҳаҷми умумии яхи захирашуда ба зиёда аз 850 километри мукааб мерасад. Системаҳои яхбандии Помиру Олой дигар танҳо манбаи оби нӯшокӣ нестанд; онҳо нишондиҳандаҳои ҳассостарини таҳаввулоти экологии сайёра ба шумор мераванд. Аммо дар натиҷаи баландшавии бесобиқаи ҳарорати ҳаво ва тағйирёбии радиатсияи глобалӣ, ин захираҳои гидрологӣ ба таназзули шадид дучор омадаанд. Тибқи арзёбиҳои ва мушоҳидаҳои илмӣ, дар 60–70 соли охир тақрибан 25–30 фоизи ҳаҷми умумии пиряхҳои минтақа комилан об шуда, ба марҳилаи коҳишёбии бебозгашт гузаштаанд. Коҳишёбии босуръати онҳо на танҳо ба амнияти обӣ, балки ба амнияти энергетикӣ ва озуқавории тамоми минтақа таҳдид мекунад.
Аз нуқтаи назари глятсиологияи муосир, устувории ҳар як объекти нивалӣ-глятсиалӣ тавассути мувозинати массаи он муайян карда мешавад. Ин нишондиҳанда натиҷаи мутақобилаи равандҳои аккумулятсия (ғизогирӣ аз ҳисоби боришот дар шакли сахт) ва аблятсия (обшавӣ ва сублиматсия дар қисмати поёнии забонаи пирях) мебошад.
Дар шароити муосири иқлимӣ, баландии хатти мувозинати барфӣ босуръат ба самти боло ҳаракат мекунад. Таҳқиқоти бунёдие, ки аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ анҷом дода шудаанд, нишон медиҳанд, ки дар даҳсолаҳои охир хатти мувозинати барфӣ дар системаи яхбандии Помиру Олой ба ҳисоби миёна 100–150 метр баланд шудааст. Ин болоравии сарҳади барфӣ боиси кам шудани минтақаи аккумулятсия (минтақаи ғизогирии пирях аз ҳисоби барф) ва ба таври назаррас васеъ шудани минтақаи аблятсия (минтақаи обшавӣ) мегардад. Дар натиҷа, пиряхҳо ба марҳилаи регрессия ва коҳиши массаи холис мегузаранд.
Дар асоси таҳқиқотҳои Марказ бори нахуст «Атласи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид. Дар ин атлас аввалин маротиба раванди коҳишёбии пиряхҳои ҳавзаҳои мухталиф бо нишондоди ҷуғрофӣ ва аксҳои формати HD сабт карда шудааст.
Чунин маълумотҳои дақиқ собит месозанд, ки коҳишёбии минтақаи аккумулятсия ва хурдшавии пиряхҳои Помиру Олой дигар танҳо як фарзияи илмӣ набуда, балки воқеиятест, ки ба амнияти обии тамоми минтақа таъсир мерасонад ва тадбирҳои фаврии мутобиқшавиро талаб мекунад.
Барои дарки амиқи тағйироти термодинамикӣ ва арзёбии таъсири гармшавии глобалӣ, таҳлили пайвастаи маълумоти морфометрии ҳавзаҳои пиряхдор муҳим аст. Ҳавзаи Зарафшон, ки асосан дар баландиҳои зиёда аз 2,750 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, намунаи возеҳи ин равандҳои мураккаби криосферӣ ба шумор меравад.
Натиҷаи тадқиқотҳои дақиқи олимони соҳа ва мониторинги бисёрсола нишон медиҳад, ки динамикаи обшавии пиряхҳо дар ин ҳавза хеле босуръат аст. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ, агар дар соли 1982 масоҳати умумии пиряхҳои ҳавзаи мазкур 708,5 км²-ро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар натиҷаи тағйирёбии иқлим то соли 2023 ба 540 км² расидааст. Таҳлили ин рақамҳо собит месозад, ки дар давоми каме бештар аз 40 соли охир масоҳати умумии пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон 23,8% (ё 168,5 км²) коҳиш ёфтааст.
Дар марҳилаи кунунӣ, моделсозии математикӣ ва зондкунии фосилавии моҳворагӣ маълумоти фарогири кайҳониро таъмин мекунанд. Бо вуҷуди ин, калибровкаи дақиқи ин моделҳои рақамӣ бе гузаронидани таҳқиқоти мустақими саҳроӣ ва инструменталӣ ғайриимкон аст.
Тадқиқотҳое, ки аз ҷониби шӯъбаи экспедитсионӣ ва таҳқиқоти равандҳои криосферӣ Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ мегарданд, аҳамияти бунёдӣ доранд. Экспедитсияҳои баландкӯҳ барои насби сутунҳои аблятсионӣ, муайян кардани профили ҳароратии пиряхҳо, стратиграфияи қабатҳо ва ченкунии дақиқи зичии ях (ки маъмулан дар қабатҳои амиқ аз 850 то 900 кг/м³-ро ташкил медиҳад) хизмат мекунанд.
Ҳеҷ як сенсори кайҳонӣ ин параметрҳои микрофизикиро бо дақиқии мутлақ дар маҳал ҳисоб карда наметавонад. Ин маълумот барои калибровкаи моделҳои иқлимӣ ва пешгӯии рафтори ояндаи пиряхҳо аҳамияти ҳалкунанда доранд.
Яке аз катализаторҳои асосии тезонидани раванди аблятси ин коҳишёбии коэффитсиенти албедо (қобилияти инъикоси радиатсияи кӯтоҳмавҷи офтоб) дар сатҳи ях мебошад. Барфи тозаи баландкӯҳ албедои тақрибан 0.85-0.90 дорад. Аммо, интиқоли чангу ғубори ва аэрозолҳо аз минтақаҳои хушксолӣ сатҳи пиряхҳоро тира карда, албедоро то 0.40-0.50 паст мекунад, ки ин боиси ду баробар зиёд шудани ҷаббиши энергияи гармӣ ва суръатбахшии обшавӣ мегардад.
Барои паст кардани ин таъсири харобиовар, татбиқи барномаҳои инфрасохтори сабз муҳимияти стратегӣ пайдо мекунад. Амалисозии Барномаи давлатии «Кишвари сабз» барои солҳои 2023-2027, ки шинонидани миллионҳо ниҳол ва бунёди ҷангалзорҳоро дар назар дорад, ҳамчун сипари биологӣ амал мекунад. Ин раванд хокро дар водиҳо мустаҳкам намуда, консентратсияи чангу ғубори ба минтақаҳои баландкӯҳ интиқолшавандаро якбора коҳиш медиҳад ва ба таври ғайримустақим деградатсияи яхбандиҳоро суст менамояд. Нигоҳ доштани микроиқлими мӯътадил дар водиҳо ва доманакӯҳҳо бевосита ба паст шудани фишори термикӣ ба системаҳои пиряхии болооб кумак мерасонад ва таъсири эффекти албедоро дар минтақаҳои аккумулятсия кам мекунад.
ТАВСИЯҲО ВА ДУРНАМОИ ИЛМИИ ҲИФЗИ КРИОСФЕРА
Бо дарназардошти суръати таназзули яхбандиҳои ва аҳамияти стратегии захираҳои обӣ, тавсияҳои илмӣ ва амалии зерин пешниҳод мегарданд.
Тавсияи мониторинги инструменталии экспедитсионӣ: Васеъ намудани шабакаи пойгоҳҳои мушоҳидавӣ ва насби истгоҳҳои автоматии метеорологӣ бевосита дар минтақаи аккумулятсияи пиряхҳо. Гузаронидани экспедитсияҳои мунтазам барои сабти маълумотҳои дақиқи микроиқлимӣ ва баҳодиҳии "мувозинати масса".
Интегратсияи технологияҳои инноватсионӣ ва геоинформатсионӣ (GIS): Муттаҳидсозии маълумотҳои экспедитсионии саҳроӣ бо технологияҳои муосир, аз қабили истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва сканерҳои лазерии LiDAR барои сохтани моделҳои рақамии баландӣ (DEM) бо дақиқии баланд, ҷиҳати назорати тағйироти ҳаҷмии пиряхҳо.
Рушди «Иқтисоди сабз» ва мутобиқшавӣ: Дастгирии пайвастаи ташаббусҳои экологӣ, аз қабили Барномаи давлатии «Кишвари сабз» (солҳои 2023-2027) зарур аст. Сабзазоркунии водиҳо ва доманакӯҳҳо бояд ҳамчун як воситаи илман асоснок барои кам кардани таъсири чангу ғубор ба пиряхҳо (ҳифзи албедои онҳо) эътироф ва маблағгузорӣ карда шавад.
Алишер Шукуров - лаборанти калони шуъбаи экспедитсионӣ ва тадқиқоти равандҳои
криосферӣ Маркази омузиши прияхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
