Skip to main content

(бахшида ба 31-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон)

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ буда, мутобиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳар як инсон шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад.

Барои дар амал тадбиқ намудани ин муқаррароти конститутсионӣ, инчунин таҳкими иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, 10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти №199 сабти ном шудааст. Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷуман IV санаи 18 апрели соли 1998 сухан ронда, такид намуда буданд, ки: «Таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслақони худро ёбанд».

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давоми 31 сол дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намуда истодааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар намуд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат кард.

Зимни суханронии худ санаи 30 ноябри соли 2022 Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад». Ба таъкиди Раиси муаззами ҳизб рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад. Кумитаҳои иҷроияи ҳизб якҷо бо сохторҳои ваколатдори соҳаҳои гуногун ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва зина ба зина беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро дар маркази диққат қарор медиҳанд, дар таъсиси инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳсозии вазъи муассисаҳои таълимӣ, беҳтар гардонидани шароити оилаҳои серфарзанд, ҷудо намудани кумакҳои иловагӣ ба ятимону маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мусоидат менамоянд.

Мутобиқи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (Самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2030) дар самти такмили қонунгузорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тадбирҳои зеринро амалӣ намуда истодааст: такмили қонунгузории кишвар ҷиҳати таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдату амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва ягонагии Тоҷикистон бо дарназардошти равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ ва вазъияти ҷаҳони муосир; таъмин намудани волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва дар байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ; таҳкими қонунгузории соҳаи бонкдорӣ бо мақсади таъмин намудани инкишофи муназзами низоми бонкӣ, такмили қонунгузории соҳаи фаъолияти бонкӣ, устувор намудани ҳолати молиявии бонкҳо, шаффоф ва содда гардонидани низоми қарздиҳӣ ва ҷорӣ намудани низоми ягонаи додани қарз; такмил додани механизми ҳуқуқии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла истифодаи дастовардҳои навини илму технология бо мақсади баррасии саривақтӣ ва одилонаи муроҷиатҳо; бо иттилооти ҳуқуқӣ таъмин намудани ҳамаи мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот; таъмин намудани имконияти истифодаи васеъ ва ройгони аҳолӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо; тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ, рушди донишҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ; ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳия, қабул ва амалишавии қонунгузорӣ; мунтазам гузаронидани мониторинги амалишавии қонунҳо вобаста ба мутобиқати онҳо ба мақсаду ҳадафҳои стратегии кишвар; баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ин замина фароҳам овардани шароити оштинопазир нисбат ба падидаи коррупсия миёни ҷомеа; таҳия кардани чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии коррупсия; такмили низоми қонунгузории кишвар ва ба талаботи санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ намудани онҳо.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкорӣ мекунад.

Фаъолияти ташкилию таблиғотиашро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси принципҳои зерини демократӣ ба амал мебарорад:

-умумияти ғоявӣ, рафоқати ҳизбӣ, ягонагии манфиату ҳадафҳои ҳизб, баробарии ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамаи аъзоёни ҳизб, интизоми бошуурона;

-эҳтиром ба нуқтаи назари ҳар як аъзои ҳизб, худидоракунии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ошкорою шаффоф будани фаъолияти ҳизбии сиёсӣ;

-интихобӣ будани ҳамаи вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳизбӣ аз поён то боло;

-ҳамеша ҳисоботдиҳанда будани мақомоти ҳизбӣ;

-интизоми қатъии ҳизбӣ ва ҳатмӣ будани қарорҳои мақомоти болоии ҳизбӣ барои мақомоти поёнӣ;

-роҳбарии дастҷамъона ба ҳамаи мақомоти ҳизбӣ, масъулияти шахсии ҳар аъзои ҳизб барои иҷрои вазифаҳою супоришҳои ҳизбӣ.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!», аз ҷумла таҳким бахшидани давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ ва суботу амният, суботи сиёсӣ аз рушди устувори иқтисоди миллӣ раҳнамоӣ мекунад.

Ҳар яки мо аъзои ҳизб барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату Ҳукумат, такмил додани низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳӣ бо роҳнамоии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазои худро мегузорем.

Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо такид менамоянд, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мост.

Аз ин рӯ, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии мо аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузошта, афкори сиёсии ҳизбро дастгирӣ намоем ва муҳимтар аз ҳама, барои бунёди давлати демократӣ, муқтадир, тавоно ва шукуфони Тоҷикистони маҳбуб ҳиссагузор бошем.

Ҳизби Сарвар, ҳизби халқи Тоҷикистон,

Раҳбараш Пешвои миллат - Оли Раҳмон.

Дар ҳаёти иҷтимову иқтисоду ҳам сиёсат,

Нақши боризу саодат баҳри инсон.

Бо ҳидоятҳои раҳбар аҳли кишвар,

Мекушояд роҳи иқболро саросар.

Ҳизби нерӯ, ҳизби армону навовар,

Бо дуои Сарвари мо тахти бовар.

Ин ки моро Оли Раҳмон Пешвоӣ мекунад,

Ҳизби моро то Сурайё раҳнамоӣ мекунад.

Сулҳу оромӣ, суботу ваҳдати мо пойдор,

Қисмати моро ҳамеша ибтикори созгор.

Ифтихори Дониёр оромиши ҳизбу Ватан,

Дур бодо душманӣ аз эътибори анҷуман!

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.