Skip to main content

Имрӯз, 10 апрел, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳамроҳии як гурӯҳ олимону кормандон дар бинои Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз макони насби панелҳои офтобӣ дидан намуда, пурра аз тарзи кори панелҳои офтобӣ аз наздик шинос гардиданд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади иҷрои Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқ ва рушди иқтисодиёти “сабз” кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба роҳ мондаанд. Дар ин замина, аз ҷониби кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ панелҳои офтобӣ таҳия ва омода карда шуда истодаанд, ки ба рушди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мусоидат менамоянд.

Таъкид гардид, ки насби чунин таҷҳизоти муосир имконият фароҳам меорад, то муассиса бо неруи барқи тоза ва аз лиҳози экологӣ безарар таъмин гардида, ҳамзамон сатҳи истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ баланд бардошта шавад. Ин иқдом инчунин метавонад ҳамчун намунаи таҷрибаи пешқадам барои татбиқи технологияҳои “сабз” дар дигар муассисаҳои илмӣ ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ хизмат намояд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо мақсади сарфа кардани нерӯи барқ минбаъд тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тамоми биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои таълимие, ки сохта ба истифода дода мешаванд, бояд панелҳои офтобӣ насб карда шавад. Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони илмии Академияи миллии илмҳо сохта ба истифода додан ва насби панелҳои офтобӣ ба роҳ монда шуд.