Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Тоҷикистон ба марҳилаи эҳёи илм ва рушди технологии миллӣ ворид гардид. Аммо маҳз ба туфайли барқароршавии сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шакли Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расмӣ гардид, кишвар имкони воқеии рушди устуворро дар ҳама соҳаҳо, бахусус дар илм, маориф ва саноат ба даст овард. Соли 2025 мардуми Тоҷикистон 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд, ки на танҳо рамзи сулҳу ризоият, балки оғози марҳилаи нави пешрафти илмӣ ва техникӣ мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои илмӣ, инчунин кормандони илмии соҳибунвон ба маротиб афзуда истодаанд ва дар даҳ соли охир ба муассисаҳои илмии кишвар барои амалисозии 3354 лоиҳаи фармоишии илмиву таҳқиқотӣ зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки бештари онҳо ба соҳаҳои афзалиятноки муайянкардаи Ҳукумати кишвар рост меоянд. Дастовардҳои назаррас дар соҳаи энергетика ба даст омадаанд, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ҳамчун рамзи нерӯи илмӣ ва муҳандисии Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф мегардад. Дар соли 2018 аввалин ва дар соли 2019 дуюмин агрегати неругоҳ ба кор даромад, ки ҳар кадоме 600 МВт иқтидор доранд. Тибқи маълумоти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз ба истифода додани ҳамаи шаш агрегат, НБО-и Роғун имкон хоҳад дод, ки зиёда аз 17 миллиард кВт/соат нерӯи барқ дар як сол истеҳсол шавад, ки ин на танҳо истиқлолияти энергетикиро таъмин мекунад, балки содироти нерӯро низ имконпазир мегардонад.
Таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ боиси офаридани зиёда аз 30 навъи нави пахта, гандум ва картошка шуданд, ки ба шароити иқлими камоб мувофиқ мебошанд. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии кишвар, истифодаи ин навъҳо ҳосилнокиро аз 25 то 40 фоиз боло бурда, масрафи обро то 20 фоиз коҳиш додааст. Ҳамзамон, дар хоҷагиҳо системаҳои интеллектуалии обёрӣ ва биотехнологияҳои кишти зудрас ҷорӣ карда шудаанд.
Дар соҳаи тиб, олимон ва табибони тоҷик дар ташхиси барвақтии бемориҳо дастовардҳои назаррас ба даст оварданд. Аз ҷумла, Институти тиб ва дорусозии Академияи илмҳо зиёда аз 15 дору ва ваксинаи нав, инчунин тестҳои фаврии ташхиси бемориҳои сил ва гепатитро таҳия намудааст. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, истифодаи ин тестҳо давоми ташхисро 30-40 фоиз кам ва сатҳи шифоёбиро дар марҳилаҳои ибтидоӣ зиёд намудааст. Дар бахши рақамикунонии соҳаҳо ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, Тоҷикистон дар солҳои охир пешрафти муайян нишон додааст. Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2023 беш аз 80 стартап дар соҳаҳои барномасозӣ, амнияти рақамӣ ва системаҳои интеллектуалӣ ба қайд гирифта шуданд. Дар донишгоҳҳои кишвар курсҳои марбут ба зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинӣ ва моделсозии рақамӣ ворид карда шудаанд. Муҳандисони ҷавон барномаҳои мобилӣ, системаҳои кишоварзии оқилона ва платформаҳои таълимии муосирро таҳия мекунанд. Ин иқдомҳо аллакай дар доираи технопаркҳои нав дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар амалӣ мешаванд. Рушди инфрасохтори илмӣ ба раванди тиҷоратӣ кардани натиҷаҳои илмӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард. Аз соли 2015 инҷониб дар кишвар зиёда аз 150 патенти ихтироъ ва моделҳои муфид сабт шудаанд, ки беш аз 25 адади он дар истеҳсолоти саноатӣ амалӣ гардидаанд. Масалан, дар корхонаи «ТАЛКО» технологияи тозакунии партовҳои саноатӣ, ки аз ҷониби Институти химия таҳия гардидааст, ба кор даромада, партовҳои зарароварро 18 фоиз коҳиш додааст.
Ҳукумати кишвар тавассути барномаҳои махсус ҷараёни гузариши илм ба истеҳсолотро дастгирӣ менамояд. Ба иттилои агентии «Ховар», дар соли 2024 се инкубатори тиҷоратӣ ва як фонди маблағгузории лоиҳаҳои навоварона таъсис дода шуданд. Ин иқдомҳо рушди стартапҳо, татбиқи технологияҳо дар бахши тандурустӣ, кишоварзӣ ва энергетикаро метезонад. Ҳамзамон, саҳми занон ва ҷавонон дар илм рӯз ба рӯз зиёд мегардад. Дар айни замон беш аз 38 фоизи кадрҳои ҷавони илмиро духтарон ташкил медиҳанд ва шумораи олимзанон бо суръати назаррас меафзояд. Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 10 соли охир шумораи заноне, ки рисолаҳои илмӣ ҳимоя карданд, ду маротиба афзудааст. Яъне ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ на танҳо сулҳу суботро таъмин карданд, балки ба рушди устувори илмӣ ва техникӣ дар кишвар замина гузоштанд. Имрӯз, бо дастгирии Ҳукумат, иштироки фаъоли ҷавонон ва ҳамкории байналмилалӣ, Тоҷикистон дар роҳи ташкили иқтисодиёти инноватсионӣ қарор дорад, ки дар он илм ҳамчун муҳаррики асосии пешрафти саноат ва содироти технологияҳо хизмат мекунад.
Дар солҳои охир Тоҷикистон тадриҷан ба масири рушди технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence) ворид шуда истодааст. Мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар соли 2023 бо супориши Ҳукумати кишвар кор дар самти таҳияи Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 оғоз гардидааст. Ин санад ҳадаф дорад шароити мусоид барои омӯзиш, татбиқ ва рушди технологияҳои зеҳни сунъиро дар соҳаҳои калидӣ - аз ҷумла илм, тандурустӣ, кишоварзӣ, таҳлилҳои иқлим, фанновариҳои моддӣ ва иқтисоди рақамӣ таъмин намояд. Тибқи стратегияи мазкур, технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонанд ба сифати як воситаи тавоно барои афзоиши самаранокии таҳқиқоти илмӣ, моделсозии компютерии маводи нав, оптимизатсияи раванди истеҳсолӣ, ташкили таҳлили бузурги додаҳо (Big Data) ва пешгӯии хосиятҳои маводҳо истифода шаванд. Ҳамзамон, истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва экология ба зудтар ва дақиқтар гардидани ташхис, омӯзиш ва мониторинги муҳити зист мусоидат мекунад. Бо татбиқи самараноки ин стратегия ва ҷалби олимону муҳандисони ҷавон, Тоҷикистон метавонад дар солҳои наздик ба як маркази минтақавии таҳия ва истифодабарии технологияҳои интеллектуалӣ табдил ёбад. Ин иқдомҳо заминагузори рушди иқтисодиёти рақамӣ ва татбиқшавии ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноаткунонии босуръат дар кишвар хоҳанд гардид.
Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ на танҳо сулҳу суботро таъмин карданд, балки ба рушди устувори илмӣ ва техникӣ дар кишвар замина гузоштанд. Имрӯз, бо дастгирии Ҳукумат, иштироки фаъоли ҷавонон ва ҳамкории байналмилалӣ, Тоҷикистон дар роҳи ташкили иқтисодиёти инноватсионӣ қарор дорад, ки дар он илм ҳамчун муҳаррики асосии пешрафти саноат ва содироти технологияҳо хизмат мекунад.
Ояндаи илми тоҷик - ин на танҳо озмоишгоҳҳо ва конфронсҳои илмӣ, балки корхонаҳо, хоҷагиҳои кишоварзӣ, стартапҳо ва клиникаҳо мебошанд, ки дар онҳо натиҷаҳои илмӣ ба маҳсулот, хидмат ва қарорҳои амалӣ табдил ёфта, сатҳи зиндагии мардумро беҳтар мегардонанд.
Муаллиф: мудири озмоишгоҳи Электроникаи квантии ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ, номзади илмҳои техникӣ – Нематов Дилшод Давлатшоевич

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
Имрӯз, 24 октябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндаи савдои Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Леонидович мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию инноватсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки фаъолияти ширкати IRP Technology ба соҳаи энергетика равона гардидааст, ки ҳадафи асосии он ҷалби сармоя ва истифодаи технологияҳои муосири русӣ барои рушди неругоҳҳои барқароршаванда, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва дастгирии иқтидорҳои илмӣ-техникии мутахассисони тоҷик мебошад.
Зикр гардид, ки ба наздикӣ миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома дар бораи таъсиси боғи саноатӣ ба имзо мерасад. Дар ҳамин росто, таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон метавонад дар доираи ин ташаббус дар таҳияи асосҳои илмӣ-техникӣ, арзёбии иқтидорҳои истеҳсолӣ, истифодаи технологияҳои нав ва омӯзиши кадрҳои тахассусӣ саҳмгузор бошад.
Гуфта шуд, ки пас аз муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, мумкин аст намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин барномаҳо шомил карда шаванд, то бо донишу таҷрибаи илмии худ дар таҳияи лоиҳаҳо, арзёбии асосҳои илмӣ-техникӣ ва татбиқи технологияҳои нав саҳм гузоранд.
Ин иқдом ба тақвияти робитаҳои илмӣ ва истеҳсолӣ, инчунин фаъол гардидани ҳамкориҳои амалии байни муҳаққиқони тоҷик ва мутахассисони рус мусоидат хоҳад намуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои энергетика, илм, астрофизика ва экология, инчунин дар самти таҳқиқоти муштарак, мубодилаи таҷриба ва омодасозии кадрҳои баландихтисос изҳор доштанд.
Конфронс. САҲМИ ФАЙЛАСУФ, ТАБИБ ВА КИМИЁШИНОС АБУБАКР МУҲАММАД ИБНИ ЗАКАРИЁИ РОЗӢ ДАР РУШДИ ИЛМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз, 24 октябр дар толори Раёсати Аадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1160-солагии файласуфи тоҷик, олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакри Розӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар таҳти унвони «Саҳми файласуф, табиб ва кимиёшинос Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар рушди илми ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Ба кори конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Маҳмадизода Нозим ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз доштанд, ки тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар дар тули ҳазорсолаҳо бо дастовардҳои безаволи фарҳангиашон беҳтарин бозёфтҳои маънавии фарзандони хирадманди миллат - фарҳанг, тамаддун ва имлу маърифати сарзамини хешро ҳифз кардаанд.
Таъкид гардид, ки ба шарофати истиқлоли кишвар, мо имруз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷомеаи мутамаддини демократӣ бо ҳувият, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардидем. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатии моро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавонад ба марҳалаи дурахшон ва пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд, ки имконияти хуби шинохт, арҷгузорӣ ва ба наслҳои оянда интиқол додани беҳтарин комёбиҳои илму фарҳанги ниёгонро фароҳам овардааст.
Гуфта шуд, ки яке аз ин гуна чораҳои муҳим бо Амри Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 январи соли 2025, таҳти рақами АП-713, соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил кардани санаи муҳими таърихӣ, 1160-умин солгарди Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат омухтани руйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабиро доимо таъкид карда ва аз миллат тақозои дарёфту ҳифзи решаҳои худро гузашта, эҳсос кардани пайванди ногусастанӣ бо онҳо, ба хотири номуси ватандорӣ, ном ва корномаҳои гузаштагони шарафманди миллат, аз нав зинда гардонидан ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф заданро менамоянд. Маҳз ба ҳамин хотир ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, бахусус 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии Кулоб, бузургдошти шахсиятҳои сарсупурдаи илмиву адабӣ ва сиёсиву таърихӣ - Имоми Аъзам, Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, ба ҳар як шаҳрванди кишвар эҳдо намудани китобҳои ҳувиятсози “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ба роҳ монда шудаанд, ки бо моҳият ва арзишҳои ҷаҳониашон худшиносии тоҷиконро таҳким мебахшанд.
Пешвои миллат дар китобашон “Чеҳраҳои мондагор” ба ҳамин хотир таъкид кардаанд, ки “Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷуҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст”.
Ёдовар мешавем, ки Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ аз ҷумлаи мутафаккирони саршумори даврони Сомониён (865-925) ба ҳисоб меравад, ки дар илм ва фарҳанги Авруосиёи таърихиву муосир мақому мартабаи хоса дошта, ном ва таълифоташ аз асрҳои ХШ то ба имрӯз дар илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ маъруфу машҳур гардидаанд. Ӯ яке аз мубаллиғони қавии хирадгароӣ, илмдӯстӣ ва нигоҳи воқеъбинона нисбат ба ҳастӣ буда, барои рушди ҷаҳонбинии илмӣ, ахлоқи олимон, тарбияи олим часпу талоши таърихӣ анҷом додааст.
Бояд гуфт, ки Абубакри Розӣ яке аз пешоҳангони рушди усули арастуии тафаккури фалсафӣ, татбиқгари мубоҳиса ва музокираҳои илмӣ-фалсафӣ-мантиқӣ дар Шарқ буда, чунин тарзи ҷустуҷӯ ва пайдо кардани ҳақиқатро мақсад ва мароми ҳаёти худ интихоб карда буд. Абубакри Розӣ асосгузор ва инкишофдиҳандаи равияи таҷрибавӣ ва мушоҳидавӣ дар илм аст ва эътиқодманд бар он аст, ки инсон бояд қобилиятҳои фитрии худро дар пажӯҳиш ва ақлоният такмилу сайқал бидиҳад. Ин маъноро ӯ дар асарҳояш «Тибби руҳонӣ» ва «Тибби Мансурӣ» бо далелу бурҳони қотеъ, ки ба мушоҳида ва таҳлилҳои ӯ асос ёфтаанд, меоварад ва шарҳ медиҳад.
Дар идомаи конфронс як зумра аз олимону муҳаққиқон доир ба ҳаёт ва фаъолияти файласуфи тоҷик, олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакри Розӣ маъруза намуда, хидматҳои ин нобиғаи бузурги миллати тоҷикро дар рушди илмҳои бунёдӣ, гумантиарӣ ва табиию риёзӣ арзишманд ҳисобиданд.
Хониши сиёсӣ. БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҶАҲОНБИНӢ ВА ЗЕҲНИЯТУ ТАФАККУРИ ИЛМИИ МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОН
Имрӯз, 23 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Шурои олимони ҷавон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ курси хонишҳои сиёсии “Сарварони сиёсӣ” баргузор гардид.
Қобили зикри хос аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Дар раванди чорабинӣ Раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Зиёев Субҳиддин оид ба фаъолияти пурсамари эшон сухан гуфта, аз ҳузури меҳмон истиқболи нек намуд.
Дар идома академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ перомуни ҳаёту фаъолияти роҳбариаш ба олимони ҷавон суҳбати озод ва самимиву асоснок анҷом дод.
Дар раванди нишаст директорони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа Муҳаммадизода Нозим ва директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Р.Ҷ. роҷеъ ба касбият ва фаъолияти пурсамати академик Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ баромад намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ мубоҳисаҳо сурат гирифта иштирокчиёни курс ба маърӯзачӣ саволҳо пешниҳод карданд, ки ба ҳамаи онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
НАҚШИ НИҲОДҲОИ ҶАЪМИЯТӢ ДАР САМТИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ
Имрӯз, 22 октябр дар маҷлисгоҳи муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҷаъмиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар бо иштироки котиби Шуро, роҳбарони идораҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷаъмиятӣ баргузор гардид.
Ба кори ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Шурои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандест, ки дар фазои сиёсию иҷтимоии кишвар барои тарғибу ташвиқи сиёсати меҳанпарва-ронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятҳои хеле густурдаеро амалӣ гардонида истодааст, ки шоистаи таҳсин ва боиси дастгирию мусоидат мебошанд.
Таъкид гардид, ки баррасии мавзуи мероси таърихӣ ҷиҳати собит намудани миллату кишвари бостонӣ будани Тоҷикистон дар доираи Шурои ҷамъиятӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад, зеро мерocи тaърихию фaрҳaнгии хaлқи тoҷик пoяи acocии ҳувияти миллӣ вa oинaи рaвшaни тaърихи дaвлaтдoрии мocт. Ҳaр як ёдгoрии тaърихию фaрҳaнгӣ, ҳaр як ocoри бocтoнӣ вa ҳaр як ocoрхoнaи кишвaр нa тaнҳo як нигoрaи гузaштa, бaлки рaмзи пoйдoрии мaънaвӣ вa шoҳиди зиндaи тaмaддуни ҳaзoрcoлaи тoҷикoн acт.
Гуфта шуд, ки дар дaврoни coҳибиcтиқлoлии кишвaр, тaҳти cиёcaти фaрҳaнгпaрвaрoнa вa дурбинoнaи Acocгузoри cулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвoи миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн, муҳтaрaм Эмoмaлӣ Рaҳмoн, coҳaи ҳифз, тaҳқиқ вa эҳёи ёдгoриҳoи тaърихию фaрҳaнгӣ бa як бaхши муҳими cиёcaти дaвлaтӣ тaбдил ёфт. Caрвaри дaвлaт aз рӯзҳoи нaхуcтини иcтиқлoл бo дaрки aмиқи aрзишҳoи миллӣ, ҳифзи ёдгoриҳoи тaърихирo ҳaмчун рукни уcтувoри худшинocии миллӣ вa зaминaи рушди дaвлaтдoрӣ aрзёбӣ нaмудaaнд.
Зикр гардид, ки дaр дaвoми зиёдa aз cе дaҳcoлa, caдҳo мaвзеъҳoи тaърихӣ, ocoрхoнaҳo вa мaркaзҳoи фaрҳaнгӣ aз нaв эҳё гaрдидa, кoрҳoи илмию тaдқиқoтӣ вa бaрқaрoрcoзӣ дaр дaҳҳo ёдгoрии муҳими кишвaр вуcъaт пaйдo кaрдaнд. Мaҳз бo тaшaббуcи Пешвoи миллaт, coли 2001 Ocoрхoнaи миллии бocтoнии Тoҷикиcтoн дaр нaзди Aкaдемияи миллии илмҳoи Тoҷикиcтoн тaъcиc ёфт. Ин муaccиca нaхуcтин мaркaзи илмӣ вa нaмoишии кишвaр гaрдид, ки тaмoми нигoрaҳoи бocтoнии Тoҷикиcтoнрo aз дaврaи caнг тo acрҳoи миёнaи тaъхир ҷaмъoвaрӣ вa муaррифӣ менaмoяд.
Қайд гардид, ки дaр ocoрхoнaи мaзкур имрӯз ҳaзoрҳo нигoрaи тaърихӣ, ки дaр тӯли 80 coли ҳaфриётҳoи бocтoншинocӣ бa дacт oмaдaaнд, ҷoй дoдa шудa, oн бa як мaркaзи oмӯзиш, тaҳқиқ вa тaрбияи эҳcocи худшинocӣ дaр миёни нacли ҷaвoн тaбдил ёфтaacт. Дар ифтитoҳи расмии ин даргoҳи илмӣ-фарҳангии кишвар Пешвoи миллат суханoни пурмуҳтавo ва муассир баён намуда, таъкид карданд, ки “Халқе, ки аҷдoди худрo қадр мекунад ва гузаштаашрo ҳифз менамoяд, oяндаи нек дoрад”. Ин гуфтаҳo дар барoбари масъулияте, ки мo бoяд дар ҳифзи мерoси аҷдoдӣ ба дӯш гирем, амри иҷрoиест, ки ҳар як шаҳрванд бoяд бo эҳтирoм ва масъулияти баланд oнрo ба ҷo oранд.
Дар идомаи ҷаласа Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод - мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Шарифзода Манучеҳр Муртазо - муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурзода Исфандиёр Шукур - муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Салимзода Зиёдулло Нусратулло- муовини раиси Кумитаи рушди сайеҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷазода Шералӣ Раҷаб -директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳимзода Зафаршо Сафо - директори муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” ба номи Камолиддин Беҳзод доир ба масъалаҳои мубрам, ки дар рӯзномаи ҷаласа қайд гардидааст маъруза намуданд.
ҶАЛАСАИ СИТОДИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» БАРГУЗОР ГАРДИД
20 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи ситоди даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якуми вазир, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, ҳайати комиссияи озмун ва дигар сохторҳои дахлдор ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бевосита таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Соли 2025 бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун, бедор намудани завқи эҷодкориву кашфиёт дар ниҳоди довталабон дар озмун номинатсияи нав - «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуд.
Сипас, вазири маориф ва илм доир ба натиҷаи ҷамъбасти даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» дар соли 2025 маълумот пешниҳод намуда, миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси самтҳои техникиву технологӣ ва ихтироъкориву барномасозиро аз нишонаҳои мусбати рушди муҳити илмӣ дар кишвар арзёбӣ кард.
Гуфта шуд, ки натиҷаи ҷамъбасти даври сеюми озмун нишон дод, ки ҳамагӣ 667 нафар довталаб, аз ҷумла, 227 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 216 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии типпи нав, 183 нафар донишҷӯ, 41 нафар намояндагони касбу кори гуногун ҳамчун ғолиб ба даври чоруми озмун роҳхат гирифтанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар даври сеюми озмун нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1275 нафар довталаб зиёд иштирок намуданд.
Вазир таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илм дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушду нумуи соҳаи илму маориф кӯшиш ба харҷ дода, дар баробари пешбурди самтҳои фаъолияти соҳа, ҳамчунин ҷиҳати шаффоф ва ҷавобгӯ ба талаботи Низомнома баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ҳамарӯза тадбирҳои судманд андешида истодааст.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки даври ҷумҳуриявии озмунро низ бо риоя намудани шаффофият ва дар сатҳи баланд бо истифода аз озмоишгоҳҳои замонавии дорои шароити хуби корӣ баргузор намояд.
Гуфта шуд, ки марҳилаи чоруми озмун муҳимтарин зинаи он маҳсуб меёбад, зеро дар он танҳо иштирокчиёне ғолиб мегарданд, ки дар марҳилаи сеюм дониш, маҳорат ва қобилияти зеҳнии худро ба таври шоиста нишон додаанд. Аз ин рӯ, баргузории он бояд дар фазои комилан шаффоф, бо риояи талаботи қатъии Низомномаи озмун, бо иштироки ҳайати ҳакамони тахассусманд ва ба таври пурра наворбардорӣ гардад, то баҳои додаи ҳакамон асоснок ва қобили қабул барои иштирокчиён бошад.
Дар идома миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷиҳати таҳкими заминаҳои ташкилии озмун пешниҳодҳои судманд ироа гардид. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки бо мақсади ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин озмуни муҳимми илмӣ, даври чоруми он тавассути шабакаҳои телевизионӣ, расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори умум ба таври густурда таблиғ ва бозтоб ёбад.
Дар анҷом, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллӣ ва дигар ниҳодҳои марбута барои дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор намудани озмун супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҶАЛБИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БА РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОДИ АКАДЕМИЯИ ХУРДИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 19 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушоди»- и Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, олимону кормандон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Ба кори ҳамоиш мудири шуъбаи кор бо хонандагони Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Садриддинов Манучеҳр ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш қайд намуд, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ба яке аз соҳаҳои калидӣ, афзалиятдошта ва авлавиятдошта мубаддал гардидааст.
Таъкид гардид, ки тӯли даврони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мавқеи махсус ба наврасону ҷавонон дода мешавад. Дар ин росто, ҳадафи баргузории “Рӯзи дарҳои кушод”-и Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон низ дар амал татбиқ намудани сиёсати илмии Ҳукумати мамлакат аз овони мактабхонӣ маҳсуб меёбад.
Дар баробари ин, Президенти маҳбуби кишварамон таъкид менамоянд, ки “дар шароити пешрафти босуръати илму технологияҳои муосир мо бояд тамоми имкониятҳоро барои таълиму тарбияи фарзандон ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи онҳо сафарбар созем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем ва ба ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро кӯдакон ва наврасону ҷавонони имрӯза ояндаи мо, давомдиҳандагони кори мо ва умеду орзуи мову шумо мебошанд. Агар мо хоҳем, ки дар оянда Ватанамон ободу зебо ва ҳамқадами кишварҳои пешрафта гардад, бояд ҳеҷ гоҳ аз раванди таълиму тарбияи насли наврас дар канор набошем”. “... ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”.
Гуфта шуд, ки имсол 54 сол аз фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон пур мешавад, яъне шуруъ аз 4 декабри соли 1971 ҳангоми таъсиси Академияи хурд натиҷаҳои назарру қонеъкунанда аз ҳисоби корҳои илмию таҳқиқотии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат мушоҳида гардида истодаанд.
Зикр шуд, ки асоси кор ва фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистонро бахшҳои ихтисосӣ, маҳфилҳои илмӣ, иттиҳодияҳои эҷодии хонандагон ва Сессияҳои илмии аъзоёни Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки дар пояи Институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд. Аз ин лиҳоз, миннатдории Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем.
Боиси хушҳолист, ки алҳол 13 бахшҳои ихтисосии Академияи хурди илмҳо таҳти сарпарастии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Аз ҷумлаи онҳо, математика, информатика, нанотехнология, астрофизика ва кайҳоншиносӣ, физика, химия, биология, иқтисодиёт, гидрохимия, тиб, ҳуқуқ, генетика, таърих ва бостоншиносӣ, география, биоэкология, биохимия, биологияи молекулавӣ ва биотехнологияро метавон номбар намуд. Ҳамчунин, ҳангоми зарурат доштан, Академияи хурди илмҳо метавонад бахшҳои дигари илми муосирро низ дар мувофиқа бо Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис диҳад.
Мақсад ва ҳадафи асосии баргузории “Рӯзи дарҳои кушод”-и Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ин ҷалбу бедор намудан ва бохабар шудан аз корҳои илмӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ натанҳо дар маҷалаҳои оммавӣ, инчунин дар маҷалаҳои тақризшаванда, дарёфти ҳуқуқи муаллифӣ, шаҳодатнома ва патент аз ҳисоби ихтироъкорӣ, навоварӣ ва дар сатҳи баланд маърӯза намудани корҳои илмии хонандагони Академияи хурд мебошад. Дар раванди таълим ҳамасола аз бахшҳо маърӯзаҳои илмӣ-назариявӣ дар назди тамоми таълимгирандагон ва олимону меҳмонон иштирок дошта, хонандагони боистеъдод маърӯза менамоянд ва баҳсҳои илмӣ ва саволу ҷавоби мушаххас баргузор мегардад.
Дар идомаи чорабинӣ як зумра омӯзгорони хонандагон барои фаъолити пурсамарашон дар тарбияи насли наврас, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои мавҷуда бо шуъбаи кор бо хонандагони Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бо Сипосномаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд. Ҳамзамон як зумра аз хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе соҳиб шаҳодатномаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро соҳиб гардиданд.
Санаи 16-уми октябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии “Хоҷагии об – асоси рушди устувор” баргузор гардид. Дар конференсия ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Амонзода Илҳом Темур, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Амирзода Ориф, директори Муассисаи давлатии илмии “ТоҷикНИИГИМ” Дилшод Умаров ва дигар олимон аз институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок варзиданд.
Конференсияро директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор оғоз намуд. Мавсуф зимни суханронии худ дар бораи зарурати баргузории конференсияи мазкур ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ибрози назар намуд.
Сипас ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Амонзода Илҳом Темур суханронӣ намуда, оиди масъалаҳои мубрамро дар доираи мавзуи мазкур андешаронӣ намуда, баргузор намудани конфронси мазкурро сари вақт унвон кард.
Дар конференсия дигар иштирокчиён низ бо маърузаҳои гуногун баромадҳо карданд.
МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ БО РОҲБАРИ ШУЪБАИ РУШДИ БОЗОРҲОИ МИНТАҚАВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОРПОРАТСИЯИ СИНЕРГИЯ
Имрӯз, 15 октябр мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо роҳбари Шуъбаи рушди бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалии корпоратсияи Синергия Маркин Владимир Владимирович ва Абдуллаев Шариф асосгузор ва директори генералии Bonoor Group баргузор гардид.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба академия хайру мақдам гуфта, дар робита ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод.
Дар мулоқоти имрӯза ба масъалаи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Зикр шуд, ки дар шароити ҷаҳони рақамӣ, зеҳни сунъӣ на танҳо абзори ёрирасон, балки унсури муҳими қабули қарор ва таҳлили додаҳо маҳсуб меёбад, ки барои идоракунии самараноки захираҳо зарурият пайдо намудааст.
Бо назардошти аҳамияти ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои ба роҳ мондани чунин ҳамкорӣ бо корпоратсияи «Синергия» иброз доштанд ва ба мувофиқа расиданд. Бояд гуфт, ки корпоратсияи "Синергия" — яке аз калонтарин сохторҳои илмӣ-таълимӣ мебошад, ки имрӯз имкониятҳои навро дар соҳаи таҳсил ва фанноварӣ ба кишварҳои гуногун фароҳам меорад.
Ҳамкориҳо метавонанд дар доираи платформаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва БРИКС, ба роҳ монда ва густариш ёбанд. Зимни мулоқот, ба масъалаи рақамикунонӣ — аз ҷумла рушди инфрасохтори рақамӣ, табдили хизматрасониҳо ба шакли электронию рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ — таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд.