12 декабри соли 2025 дар иҷлосияи ҳафтуми Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕА-7), ки дар қароргоҳи ЮНЕП дар шаҳри Найробӣ, Кения баргузор шуд, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Перу, қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» қабул гардид. Ин иқдом аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамаи давлатҳои узв бо иттифоқи оро пазируфта шуда, дар таърихи Ассамблеяи муҳити зисти СММ ҳамчун нахустин қатънома бо чунин мавзӯъ, арзёбӣ мешавад. Қатънома аҳамияти ҳифзи пиряхҳо ва криосфераро ҳамчун унсурҳои калидии ҳифзи муҳити зист, захираҳои обӣ ва устувории экосистемаҳо таъкид намуда, давлатҳои ҷаҳонро ба ҳамкорӣ, истифодаи технологияҳои муосир, таҳқиқот ва рушди иқтидори миллӣ ҷиҳати коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим даъват мекунад.
Пиряхҳо ва криосфера, ки мазмунан маҷмӯи унсурҳои яхбаста, аз ҷумла пиряхҳо, барфҳои доимӣ ва яхбандии абадиро дар бар мегиранд, нишондиҳандаи ҳассоси тағйирёбии иқлим эътироф мешаванд. Обшавии босуръати пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ на танҳо ба камшавии захираҳои обӣ ва тағйирёбии низоми гидрологӣ меорад, балки сабаби боло рафтани таҳдиди хатари офатҳои табиӣ (селе обхезӣ, ярч ва ғайра) низ мегардад.
Қатъномаи мазкур давлатҳои узв ва шарикони рушдро ба андешидани амалҳои фаврӣ даъват намуда, зарурати ҳамгироии барномаҳои байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, инчунин рушди иқтидорҳои миллиро ҷиҳати мутобиқат ба таъсири тағйирёбии иқлим, таҳдиди хатари офатҳои табиӣ ва коҳиши захираҳои обӣ тақозо мекунад. Қатънома аз натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сарчашма гирифта, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тақвияти нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешбар ва ташаббускор дар масъалаҳои обу иқлим, замина фароҳам меорад.
Қабули ин қатънома барои Тоҷикистон аҳамияти дуҷониба дошта, дар сатҳи миллӣ имкониятҳои нави татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, рушди илмӣ ва таҳкими соҳаҳои энергетикаи обӣ, кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои обиро фароҳам меорад ва дар сатҳи байналмилалӣ воситаи таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва глобалӣ ҷиҳати таъмини амнияти обӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хизмат мекунад. Иқдоми навбатии Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди қатъномаи мазкур эътибори байналмилалии кишварро тақвият бахшида, нақши калидии онро дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим собит менамояд.
Хулоса, Қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера», дар арсаи байналмилалии ҳифзи муҳити зист, иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, он на танҳо аҳамияти глобалии ҳифзи пиряхҳоро эътироф менамояд, балки ҷиҳати муттаҳидсозии талошҳои ҷаҳонӣ дар самти мониторинг, таҳқиқ ва татбиқи лоиҳаҳои амалӣ ҷиҳати татбиқи онҳо, асоси ҳуқуқӣ ва институционалӣ, фароҳам меорад. Бо қабули қатъномаи мазкур Тоҷикистон эътирофи ҷаҳонӣ ва эътибори таърихӣ ба даст оварда, нақши худро ҳамчун кишвари масъулиятшинос ва пешбари масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ, тақвият мебахшад. Иқдоми мазкур ҷиҳати рушди илмҳои криосфера, ҳамгироии технологӣ ва устувории захираҳои обӣ дар минтақа имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Давлатова Мунзифа – Докторанти PhD
Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон
