Skip to main content
Ташаббусҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ таҳким ва густариши робитаҳо дар доираи сохторҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин, созмонҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро оламиён ҳамчун кишвари мустақил эътироф менамоянду тоҷиконро ба ҳайси мардуми дорандаи таърихи куҳан, сулҳпарвар, башардӯст ва бунёдкор мешиносанд. Ҳоло иқдоми навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ гашта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуда, дар сатҳи байналмилалӣ пайравӣ ва татбиқ гардида истодаанд.

Зеҳни сунъӣ ҳамчун технологияи калидии асри XXI маҳсуб ёфта, дорои иқтидори таъсиррасонӣ ба тағйирёбии низоми байналмилалиро дорост. Аввалин таҳқиқот дар соҳаи зеҳни сунъӣ “Лоиҳаи таҳқиқоти тобистонаи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ” соли 1956 гузаронида шудааст. Фарзияи мазкур аз “ҳар як ҷанбаи фаъолияти зеҳнии инсонро метавон тавре тавсиф кард, ки техника метавонад онро дубора тавлид кунад”, иборат буд. Таҳқиқоти минбаъдаи соҳа аз ҷониби Вазорати мудофиаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (минбаъд ИМА) гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки солҳои 1970 ва 1990 ҳукумати ИМА аз сабаби бесамарӣ ва имконнопазирии татбиқи амалии онҳо барномаҳоро маҳдуд ва маблағгузории онро қатъ намуда, бо роҳи “зеҳни сунъии зимистонӣ” наҷот ёфт. Бинобар ин, солҳои 2000 – ум дар технологияҳои омӯзиши амиқ пешрафт ба амал омада, барномаҳои зеҳни сунъӣ ба марҳалаи нави рушд ворид гардид.

Дар асоси ҳадафи таҳқиқот вазифаҳои зерин гузошта шуданд:

муайян кардани мушкилоти асосии марбут ба омӯзиши муосири ҷанбаҳои гуманитарии таҳқиқоти зеҳни сунъӣ;

муайян кардани самтҳо ва стратегияҳои омӯзиш ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ;

пазируфтани ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ.

Бояд таъкид намуд, ки таҳлил ва ба низом даровардани мафҳумҳои назариявии зеҳни сунъӣ ҳамчун усулҳои асосӣ истифода шуданд. Усулҳои таҳлили низомӣ, таҳлили ҳуҷҷатҳои давлатӣ ва байналмилалӣ имкон доданд, ки самтҳои омӯзиши зеҳни сунъӣ ва нақши он дар таҳқиқоти байналмилалӣ муайян карда шаванд.

Асоси назариявӣ боназардошти ҷанбаҳои гуманитарии зеҳни сунъӣ дар асарҳои олимони хориҷӣ Ҷ. Серл ва Н. Бостром мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Инчунин, дар асарҳои Ҷ. Мур асосҳои этикаи компютерӣ ва К. Ҳён нақш ва мавқеи зеҳни сунъӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ таҳқиқ гаштааст.

Бо вуҷуди ин, дар консепсияи зеҳни сунъӣ чунин нуқтаҳои баҳснок мавҷуданд:

Якум, фаҳмиши дақиқе нест, ки зеҳн чист.

Дуюм, рушди технология дар марҳалаи муосир наметавонад рафтори инсонро комилан танзим кунад.

Сеюм, пайдоиши масъалаҳои ахлоқии марбут ба технологияҳои истифодаи дуҷониба метавонад ба рушди инсон таъсир расонад.

Дар баробари ин, зеҳни сунъӣ ба навъҳо тақсим мегарад. Инчунин, байни зеҳни сунъии заиф ва зеҳни қавӣ фарқият гузошта мешавад. Маънои зеҳни сунъии заиф қобилияти таҳияи функсияҳои маърифатии инфиродии инсонро дорад. Зеҳни сунъии қавӣ маънои моделсозии мураккаби зеҳни инсонро дорад. Дар ин ҳолат, имкониятҳои чунин низом ба имкониятҳои инсон баробар хоҳанд буд. Ҳамзамон, мафҳуми зеҳни сунъии “супер” низ вуҷуд дорад, ки бо ягонагии технология алоқаманд аст. Бинобар ин, зеҳни сунъии “супер” имкониятҳои инсонро дар ҳама соҳаҳо болотар пешгӯӣ менамояд. Аз нуқтаи назари масъалаҳои умумии фалсафӣ соҳаи зеҳни сунъӣ масъалаҳои “ахлоқи хусусӣ”, ҷангу сулҳ, ба вуҷуд омадани “масъалаҳои амниятӣ” ва қабули қарорҳоро баррасӣ мекунад.

Ҳамчунин, аз нуқтаи назарияи муносибатҳои байналмилалӣ дар омӯзиши зеҳни сунъӣ фарқиятҳои парадигматикӣ мавҷуданд. Дар доираи равиши реалистии нав зеҳни сунъӣ ҳамчун омили тағйирёбии эҳтимолии тавозуни қувваҳо дар низоми байналмилалӣ баррасӣ мешавад. Ба ин ҷангҳои рақамӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ ва чолишҳои нави амнияти байналмилалӣ ба эҷоди зеҳни сунъии соҳибихтиёр дохил мешаванд. Як соҳаи муҳимми татбиқи зеҳни сунъӣ дипломатияи рақамӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар доираи равиши либералии нав зеҳни сунъӣ ҳамчун технологияи манфиати умумӣ ба ҳисоб рафта, ҳам хатарҳо ва ҳам имкониятҳоро дорад. Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии зеҳни сунъӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар зеҳни сунъӣ муҳим арзёбӣ гардида, дар қабули қарорҳои иштирокчиёни ғайридавлатӣ нақши асосиро мебозанд. Дар сатҳи миллӣ абарқудратон стратегияҳои рушди зеҳни сунъиро таҳия мекунанд. Соли 2017 Ҷумҳурии Мардумии Чин (минбаъд ҶМЧ) “Барномаи рушди насли нави зеҳни сунъӣ то соли 2030” – ро нашр кард. Дар стратегияи ҶМЧ, як курси роҳбарияти ҷаҳониро дар соҳаи зеҳни сунъӣ нишон дода шудааст.

Марҳалаи аввал, барои бартарияти технология вазифаи расидан ба ҳамон сатҳи рақобатпазир бо ИМА то соли 2020 буд;

Марҳалаи дуюм, зарурати таъмини пешравии калидии технология дар соҳаи зеҳни сунъӣ то соли 2025;

Марҳалаи сеюм бартарияти ҳукмронии ИМА ва ба вуҷуд овардани роҳбарияти ҷаҳон.

Инчунин, андеша бар он аст, ки ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба соҳаҳои ояндадор то соли 2030 тақрибан 1,5 триллион долларро ташкил дода, ҳаҷми умумии бозори технологияҳои зеҳни сунъӣ мувофиқи модели чинӣ 150 миллиард долларро роҳандозӣ мекунад [1]. Дар айни ҳол, ИМА яке аз роҳбарони асосии технологияи зеҳни сунъӣ мебошад. Илова бар идомаи барномаҳои Агентии лоиҳаҳои таҳқиқотии пешқадами Вазорати дифои ИМА (DARPA), дар соли 2018 Маркази муштараки зеҳни сунъиро ислоҳ кард, ки вазифаҳои коршиносиро дар соҳаи истифодаи ҳарбии технологияҳо иҷро мекунад. Дар соли 2019 Д. Трамп фармони иҷроияро имзо кард, ки оғози ташаббуси амрикоии зеҳни сунъиро ба расмият медарорад. Инчунин, соли 2020 Стратегияи миллии технологияҳои муҳим ва рушдёбанда интишор шуд, ки дар он принсипҳои роҳбарии технологии ИМА, ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дар технологияҳои асосӣ ва аҳаммияти идоракунии хатарҳо нишон дода шудаанд [5]. Конгресси ИМА барои рушди соҳаҳои дар стратегия пешбинишуда зиёда аз 100 миллиард доллар ҷудо кардааст [7]. Ҳадафи стратегии ИМА ин аст, ки қудратманд ва навовар дар соҳаи зеҳни сунъӣ боқӣ монда, рақибони ҶМЧ ва Федератсияи Русияро дар бар гирад. Соли 2020 барои ширкатҳои амрикоӣ хариди маҷмӯи барномаҳо, дастурҳои Huawei-и ҶМЧ ва лабораторияи Касперскийи Федератсияи Русия манъ карда шуд. Инчунин, хариди маҷмӯи лавозимоти ИМА барои истеҳсоли микросхемаҳо манъ карда шудааст. Боварӣ ба он, ки рушди зеҳни сунъӣ ба инқилоби нави саноатӣ оварда расонида, ба муҳаррики муборизаи технологии ИМА ва ҶМЧ табдил меёбад. Аз ин рӯ, доштани бартарии стратегӣ дар ин самт пешравии иқтисодии ҷаҳон ва қобилияти таъсир расонидан ба тартиботи ҷаҳониро таъмин мекунад.

Мавриди тазаккур аст, ки дар сатҳи боломиллӣ, зеҳни сунъӣ дар заминаи амнияти байналмилалӣ, рушди устувор, ахлоқ ва ҳуқуқи инсон баррасӣ мешавад. Аз соли 2013 инҷониб баҳсҳои ғайрирасмии коршиносон оид ба танзими қонунҳо ва ворид намудани тағйирот ба Конвенсия оид ба баъзе силоҳҳои муқаррарӣ гузаронида мешаванд. Соли 2017 барои идомаи кор дар ин самт гурӯҳҳои коршиносии байниҳукуматӣ таъсис дода шуданд. Инчунин, дар соли 2017 дар Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд СММ) бо иштироки чунин созмонҳои коршиносӣ, аз қабили Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсионӣ (ITU), Коди байналмиллалӣ, ки хусусиятҳои воситаҳои молиявиро ифода мекунад (CFI), Институти муҳандисони электротехника ва электронӣ (IEEE), Институти таҳқиқоти байниминтақавии ҷиноят ва адолати СММ (UNICRI) оид ба зеҳни сунъӣ ва робототехника таъсис дода шуд. Дар доираи баррасии масъалаҳои рушди устувор дар соли 2017 ҷаласаи Кумитаи дуюми Ассамблеяи Генералӣ ва Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ЭКОСОС) “Ояндаи ҳама чиз – Рушди устувор дар давраи тағйирёбии технологӣ” баргузор гардид. Аз соли 2017 Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсионӣ рӯзномаи зеҳни сунъиро пешбарӣ мекунад, ки дар он нуқтаи назари ҷаҳонии ба рушди технология бартарӣ дорад.

Мақсади зеҳни сунъӣ таҳияи алгоритмҳо ва амсилаҳое мебошад, ки метавонанд зеҳни инсонро тақлид кунанд ва вазифаҳои гуногунро ҳал кунанд. Ба вуҷуд овардани низомҳои зеҳни сунъӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки ҳарчанд барои инсонҳо осон ва табиӣ мебошанд, барои мошинҳо ва алгоритмҳо бо истифода аз усулҳои дарёфт ва таҳлил маълумот, омӯзиш ва истилоҳот, қароргирӣ ва дигар вазифаҳои иншоотӣ имконпазир аст. Ҳоло, якчанд мутахассисон дар соҳаи илмҳои компютерӣ кӯшиш доранд, ки зеҳни сунъӣ-и қавӣ (AGI – Artificial General Intelligence) созанд, ки қодир бошад мисли инсон фикр кунад ва ҳамаи вазифаҳоро иҷро намояд.

Маврид ба зикр аст, ки 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд. Қабул гардидани қатъномаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмааи Умумии СММ, ки бо ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ ва кишварҳои ҷаҳон бо иттифоқи оро қабул намуданд.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмоммалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79 – уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд. Санади мазкур бо бархурдорӣ аз пуштибонии якдилонаи кишварҳои узви СММ қадами муҳиммеро дар роҳи бунёди ризояти ҷаҳонӣ оид ба истифодаи бехатар ва бар ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва мудирияти масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ ташкил медиҳад. Қатъномаи мазкур, ки аз ҷониби аксарияти кулли кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфт, розигии байналмилалиро дар масъалаҳои истифодаи ахлоқӣ ва амни технологияҳои зеҳни сунъӣ тасдиқ мекунад. Он ифодаи иродаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст барои ташкили низомҳои шаффоф, боэътимод ва масъули зеҳни сунъӣ, ки ба манфиати башарият хизмат кунанд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи худро дар соҳаи истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҷомеа ташаккул дода, ҳамчун ташаббускор конференсияи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ ва мизҳои мудаввар дар соҳаи истифодаи касбии зеҳни сунъӣ баргузор менамояд. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №483) ва Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2025, №83) қабул гардидааст. Стратегияи мазкур то соли 2040 – ро дар бар мегирад ва масъули иҷроиши он Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ ва татбиқи он “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” – ро қабул намудааст, ки дар ин замина аллакай якчанд корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 2023 дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Боку зимни суханронӣ чунин изҳор намуданд: “Дар марҳалаи дарпеш истода дар амал татбиқ намудани зеҳни сунъӣ метавонад яке аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дар доираи Барнома бошад. Дар чорчӯбаи “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040”, ки соли гузашта қабул гардидааст, кишвари мо дар ин самт иқдомоти мушаххас андешида истодааст. Пешниҳод дорем, ки дар пойтахти Тоҷикистон Маркази СПЕКА оид ба рушди зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад. Истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ҷузъи таркибии рушди иқтисоди кишварҳои мо мебошад. Мо дар Тоҷикистон барои марҳала ба марҳала рақамӣ кардани ҳамаи соҳаҳои иқтисод, идораи давлатӣ ва тиҷорат саъю талоши зарурӣ ба харҷ дода истодаем. Консепсия ва Барномаи рушди “иқтисоди рақамӣ” қабул шудаанд. Пешниҳод дорем, ки дар чорчӯби Барномаи СПЕКА ҳамкории ҷонибҳо барои рақамикунонии мубодилаи гуногунвасилаи маълумот ва санадҳо оид ба самтҳои транзитӣ дар долонҳои минтақавии нақлиётӣ фаъол карда шавад” [2].

Пешниҳоди мазкур ҳамчун механизми калидии таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ масъалаҳои зеринро ба инобат хоҳад гирифт:

ташаккули шабакаи умумии марказҳои иттилоотӣ ҷиҳати баланд бардоштани мавҷудияти қудрати ҳисоббарор;

дастгирии стартапҳои зеҳни сунъӣ байни паркҳои технологии минтақа;

пешбурди барномаҳои таълимии муштарак барои мутахассисони зеҳни сунъӣ;

таъсиси лоиҳаҳои таҳқиқотӣ байни донишгоҳҳо ва лабораторияҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ;

Қатъномаи мазкур рушди механизмҳои минтақавии худтанзимкуниро дастгирӣ мекунад, ки ба пешбурди низомҳои бехатари зеҳни сунъӣ нигаронида шудаанд. Инчунин, ҷиҳати арзёбии таъсири ин гуна низомҳо ба ташаккули имкониятҳои нави рушди устувор дар минтақа диққати махсус дода мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 7 майи соли 2019, таҳти №276 “Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” – и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Инчунин, таъсиси пойгоҳи ибтидоии инфрасохтори рақамӣ “Шаҳри ҳушманд” дар шаҳри Душанбе барои ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ замина фароҳам меорад. Ҳамзамон Созишномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутобиқ кардани стандартҳои миллӣ ба тасвиб расонидаанд [3, 70-71].

Ҳоло дар шаҳри Душанбе марказҳои таҳияи барнома ва кор дар самти зеҳни сунъӣ аллакай амал мекунанд. Яке аз онҳо “TajRupt” — нахустин лаборатория ё маркази зеҳни сунъӣ аст, ки дар Осиёи Марказӣ онро беназир медонанд. Дар доираи стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай кор оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав ба низоми таълимӣ оғоз шудааст. Аз моҳи сентябри соли 2025 дар 10 мактаби кишвар дарсҳои омӯзиши зеҳни сунъӣ дар ҳолати озмоишӣ оғоз мешаванд.

Дар раванди рақамисозии муносибатҳои байналмилалӣ табдили рақамии агентиҳо ва амалияҳои дипломатӣ ногузир сурат мегирад. Истифодаи маълумотҳои калон ва алгоритмҳои асоси зеҳни сунъӣ дар дипломатияи рақамӣ боиси пайдоиши дипломатияи иттилоотӣ гардид. Дар дипломатияи рақамӣ ва иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ мустақиман ҳамчун абзор барои пешгӯии рафтори рақамии корбарони васоити ахбори иҷтимоӣ дар асоси таҳлили афкорҳо, афзалиятҳо ва изи рақамӣ истифода мешавад.

Се ҷанбаи асосии истифодаи зеҳни сунъӣ дар дипломатия ҷудо карда мешавад:

1) зеҳни сунъӣ ҳамчун мавзуи гуфтушунид;

2) зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи дипломатӣ;

3) зеҳни сунъӣ ҳамчун омили тағйир додани контексти гуфтушунид.

Таъсири зеҳни сунъӣ аз пайдоиши мавзуъҳои нав барои музокирот, ки ба рушди роботҳои ҷангӣ таъсир мерасонад, инчунин тағйир додани диққат дар гуфтушунидҳои ҷорӣ, масалан, ба истифодаи ахлоқӣ вобаста аст. Дар мавриди зеҳни сунъӣ ҳамчун омили тағйирот, ин ба пайдоиши навъҳои нави низоъҳои марбут ба ғарази алгоритмҳои зеҳни сунъӣ ва истифодаи маълумот, инчунин истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҳолатҳои муноқиша дахл дорад.

Ҳамин тариқ, дар марҳалаи муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳоро дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ фаъолона инкишоф дода, аз муколамаи созанда ва шарикии стратегӣ дар ин соҳаи муҳим дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ мекунад. Зеҳни сунъӣ ва технологияҳои марбут ба он дар ҷаҳони муосир як қисми ҷудонашавандаи рушди илмӣ ва технологӣ мебошанд. Ин технологияҳо дар ҳолати кунунӣ бо суръат рушд мекунанд ва таъсири амиқе ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсонӣ доранд. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун на танҳо барои пешрафти технологӣ, балки барои рушди иқтисоди рақамӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳаммияти калидӣ дорад.

Дар муносибатҳои байналмилалӣ, зеҳни сунъӣ, аз як тараф, ҳамчун технологияи калидӣ, ки ба тақсимоти қудрат дар низоми байналмилалӣ ҳамчун воситаи сиёсат таъсир мерасонад, ва аз тарафи дигар, ҳамчун мавзуи гуфтушунид ва ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ мешавад. Ин дар стратегияҳои миллии абарқудратони ҷаҳон дар соҳаи фанноварӣ, инчунин дар санадҳои СММ ва қатъномаҳо оид ба соҳаҳои гуногуни татбиқи зеҳни сунъӣ инъикос ёфтааст.

РАҲМОНЗОДА Азимҷон Шералӣ ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ номзади илмҳои таърих,

РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

Ковачич Л. Китайский опыт развития отрасли искусственного интеллекта: стратегический подход // Carnegie Endowment. 2020. 7 июля. URL:https://carnegieendowment.org/2020/07/07/ru-pub-82172 (дата обращения: 29.07.2025).

Суханронӣ дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) URL: (санаи муроҷиат: 08.08.2025)

https://president.tj/event/'speeches/36175

Раҳмонзода А.Ш. Муносибатҳои байналмилалии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли шаҳри Душанбе). Китоби дарсӣ / А.Ш. Раҳмонзода. — Душанбе: Матбааи “Дониш”. 2025. — 98 с. 70-71

Раҳмонзода А.Ш. Нақши зеҳни сунъӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ URL: (санаи муроҷиат: 08.08.2025)

https://www.osiyoavrupo.tj/.../na-shi-ze-ni-sun-dar...

Executive Order 13859 of February 11, 2019. Maintaining American Leadership in Artificial Intelligence.

National Strategy for Critical and Emerging Technologies of October 2020.

S. 1260. – Endless Frontier Act of April 20, 2021.

Tsvetkova, N.A. (2020), “The Digital Diplomacy as a Phenomenon of International Relations: Research Methodology”, RSUH/RGGU Bulletin. “Political Science. History. International Relations” Series, no. 2, pp. 37–47