Skip to main content

Зан - Модар бо сад мушкилӣ, вале бо нияти неку умеди зиёд инсонро ба дунё меорад, ӯро тарбия мекунад ва ба камол мерасонад. Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад.

Эмомалӣ Раҳмон

Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон аст. Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасни умр раҳнамоӣ мекунад. Модар – азизтарин ва муқаддастарин шахс дар ҳаёти ҳар инсон аст. Модар чароғи хонадон, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва рамзи сабру таҳаммул мебошад. Ҳар як комёбии фарзанд аз дуои неки модар оғоз меёбад.

Модар касест, ки шабҳои бедорхобиро барои оромии фарзанд қабул мекунад. Ӯ бо меҳри беандозааш моро ба роҳи рост ҳидоят мекунад, дар лаҳзаҳои душворӣ пуштибонӣ мо мешавад ва ҳамеша барои хушбахтии мо талош мекунад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам - Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо таъкид намудааст, ки эҳтироми модар қарзи муқаддаси ҳар фарзанд мебошад. Ин суханон нишон медиҳанд, ки модар дар ҷомеа ҷойгоҳи махсус дорад.

Ҳеҷ шоир мисли модар ин қадар бедор нест,

Дар сари гаҳвораи шеъраш чунин афгор нест.

Ҳаст ҳар як сатри шоир қатрае аз хуни дил,

Ҳамчунон модар, вале ӯро дили хунбор нест.

Бузургии зан-модар дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Самараи асливу асосии ранҷу машаққати модарон дар тарбияи фарзандон ба мақому мартабаи воло даст ёфтани инсон маҳсуб шуда, ҳамин ранҷу машаққат боиси таҳким ва густариши мақому мартабаи модарон дар назди фарзандон ва ҷомеаи инсонӣ мегардад.

Рисолати ҳаётбахш ва инсонофарӣ зан-модар боиси муҳаббати аҳли башар нисбат ба ин мавҷуди маҳбуб гардида, вожаи арзишманду муқаддаси «модар» дар тамоми забонҳои мардуми олам оҳанги басе меҳрангез ва самимиву навозишкорона дорад ва бо эҳсоси баланд, меҳру садоқати бемисл ифода меёбад. Пайванди қавию гусастнопазир миёни модарону фарзандон ҳаётро фараҳбахш ва бардавому пойдор нигоҳ медорад.

Рӯзи 8-уми мартро ҳамасола ҳамчун рузи эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо "Рӯзи Модар" эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст. Модарон он моҳи дурахшонанд, ки бо нури меҳрборашон шабҳои тираю торики моро равшан месозанд.

Ҳоҷизода Ганҷина - ходими илмии Шӯъбаи экпедитсионӣ ва татқиқоти

равандҳои криосфераи МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”