Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил карда буд. Рӯзи байналхалқии занон дар аввал, Рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд.
Ҳарчанд барои ин кор рӯзҳои бисёр сарф шуда буд, вале аъзои гурӯҳ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун Зодрӯзи «Пролетариати занон» ҷашн гиранд. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конфронси дувуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии «Рӯзи муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол бояд рӯзи занон ҷашн гирифта шавад ва он бояд «Пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ» хизмат кунад.
Ҷашнгирии Иди бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Бори аввал Рӯзи байналхалқии занон соли1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейтсария ҷашн гирифта шуд. Дар Россия Рӯзи байналхалқии занон маротибаи аввал соли 1913 дар Санкт-Петербург ҷашн гирифта шуд. Аз солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ, 8-уми март иди давлатӣ гардид. Дар моҳи марти соли1917 занон ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд ва дар Сарқонуни соли1918 сиёсати баробарҳуқуқии занон акс ёфт ва дар ҳаёт татбиқ шуд. Оҳиста-оҳиста Рӯзи байналхалқии занон аҳамияти сиёсии худро гум кард. Аз соли 1965 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС он рӯзи ғайрикорӣ гардид.
Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷӯҳ, гул ва тӯҳфаҳо интизоранд. Дар оилаҳои шаҳрвандон ба модарону занон тӯҳфаҳо супорида мешаванд. Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо "Рӯзи Модар" эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст. Зани тоҷик, ки намунаи олитаринизан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст. Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад.
Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем. Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо “Рӯзи Модар” эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хоссае қарор гирифтааст. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол.
Модар - калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд! Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Расулов Т.М. номзади илмҳои иқтисодӣ, Муассисаи давалатии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инновасионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
Имрӯз, 19 март қабл аз оғози баргузории Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориёӣ: дирӯз ва имрӯз» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои меҳмонон, пажуҳишгарони ва форсизабонон аз кишварҳои хориҷӣ дастархони идонаи Наврӯзӣ ороста гардид.
Ҳадаф аз ташкили чунин маросим муаррифии суннату ойинҳои миллии мардуми тоҷик, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии Наврӯз ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни олимону пажуҳишгарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мебошад.
Дар ин маросим мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулозода Масрур, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, инчунин олимону муҳаққиқон, пажуҳишгарон ва форсизабонон аз кишварҳои гуногуни ҳавзаи Наврӯз иштирок намуданд.
Меҳмонон зимни боздид аз хони наврӯзӣ бо анъанаҳои қадимаи ҷашни Наврӯз, аз ҷумла оростани дастархони идона, таомҳои миллӣ ва рамзҳои ин ҷашни бостонӣ шинос гардиданд. Дар дастархон таомҳои суннатии миллӣ, аз қабили суманак, ҳалво, кулчаҳои идона, меваҳои хушк ва дигар навъҳои ғизоҳои миллӣ гузошта шуда буданд, ки ҳар кадоми онҳо маънии рамзӣ дошта, аз фаровонӣ, файзу баракат ва оғози фасли нави зиндагӣ дарак медиҳанд.
Иштирокчиёни ва меҳмонони конфронс аз чунин истиқболи гарму самимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва байналмилалӣ рамзи дӯстӣ, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо мебошад.
Имрӯз, 16 март бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот ва дастхобонӣ миёни кормандони академия ва ниҳодҳои тобеи он баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа таҳкими дӯстӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ҳамкорӣ миёни кормандон, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиши зеҳнӣ мебошад.
Дар мусобиқа иштирокчиён маҳорату дониши худро дар бозии шоҳмот нишон дода, барои ба даст овардани ҷойҳои намоён рақобати ҷолиб анҷом доданд.
Бояд гуфт, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои куҳанбунёди суннатии миллати тоҷик буда, таърихи беш аз шаш ҳазор сола дорад. Тибқи ривоятҳо дар баргузории ин ҷашни куҳан аз қадим мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили гуштингирӣ, бандкашӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ, футболбозӣ, шашкабозӣ, шоҳмотбозӣ миёни дӯстдорони ин намуди бозиҳо баргузор карда мешудааст ва мо давомдиҳандаи насли гузаштагонамон ин оинҳои онҳоро давом дода истодаем.
Имрӯз, 13 март дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Асосҳои институтсионалии ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ» баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун яке аз мафҳумҳои калидии илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар шароити рушди иҷтимоиву фарҳангии имрӯза аҳаммияти боз ҳам бештар касб кардааст. Дар адабиёти илмиву назариявӣ мафҳуми «ҳувияти иҷтимоӣ» маъмулан ҳамчун эҳсоси мансубияти фарди инсон ба гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ (аз қабили миллат, табақа, дин, маҳал, касб ва ғайра) таъриф мешавад.
Таъкид гардид, ки тавассути ҳувият шахс худро бо дигарон ҳамтақдир ва ҳамватан эҳсос намуда, аз дастовардҳо ва сарнавишти миллату ҷомеаи худ ифтихорманд мегардад. Ҳувият ба инсон илҳом мебахшад, ки бо ҷомеаи хеш робитаи маънавӣ дошта, барои ҳифзи арзишҳои умумиҷамъиятӣ масъул бошад. Барои халқи мо, ки тоза истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида истодааст, масъалаи ташаккули ҳувияти устувори миллӣ ва иҷтимоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Бинобар ин, мавзуие, ки имрӯз мавриди баҳси мо қарор гирифтааст, на танҳо аз дидгоҳи назария муҳим мебошад, балки барои татбиқи амалии сиёсати иҷтимоиву фарҳангӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа низ аҳаммияти бевосита дорад.
Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳувияти миллӣ, ваҳдати ҷамъиятӣ ва худшиносии мардум ҳамеша зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат қарор доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлолият эҳёи ҳувияти миллии тоҷикон ва таҳкими худшиносиву ваҳдати миллиро аз муҳимтарин ҳадафҳои сиёсати худ қарор доданд. Дар даврони пурталотуми ибтидои истиқлол маҳз талошҳои пайгиронаи ин абармарди давлат буд, ки давлати тоҷикон тавонист оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, якпорчагии кишвар, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барқарор созад.
Қайд гардид, ки дар даврони истиқлол рамзҳо ва муқаддасоти давлатии мо – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ – мавқеи хосса касб карданд. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ҳувияти давлати соҳибистиқлоламон имрӯз дар маркази пойтахт бо баландии рекордӣ парафшон аст, ки ин манбаи эҳсоси ифтихори ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳамчунин, дар гӯшаву канори кишвар ба ифтихори абармардони таърихи миллат, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, пайкара ва маҷмааҳои бузургдошти онҳо бунёд гардидорҳои созанда ва рамзҳои муҳими давлатдории навини мо барои зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва таҷассум намудани рӯҳи ҳувияти миллӣ хизмат мекунанд.
Зикр гардид, ки ҳувияти миллӣ пеш аз ҳама бар пояи забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои муштараки халқ шакл мегирад. Дар ин ҷода низ хизмати Пешвои миллат беназир аст. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар, рукнҳои асосии фарҳанги миллии мо дар даврони истиқлол дубора эҳё ва инкишоф дода шуданд. Забони давлатӣ – забони тоҷикӣ – ҳамчун муҳимтарин унсури ҳувияти миллӣ таҳти ҳифзу пуштибонии доимии давлат қарор гирифта, барои рушди минбаъдаи он қонуни вижа, барномаҳо ва тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар идома доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод, директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ дар мавзуи «Масъалаҳои фалсафии ташаккули ҳувияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда, паҳлуҳои назариявии масъалаи ҳувияти миллӣ ва нақши онро дар рушди ҷомеаи муосири тоҷик шарҳ дод.
Ҳамчунин, доктори илмҳои сотсиология, профессор Волкова Олга Александровна, сарходими илмии Институти демографияи иҷтимоии Маркази федералии илмии таҳқиқоти сотсиологии Академияи илмҳои Федератсияи Россия, ба таври маҷозӣ дар мавзуи «Асосҳои назариявии таҳқиқи ҳувияти иҷтимоии аҳолии синни калонсол дар шароити тағйироти ноустувори геополитикӣ» суханронӣ намуда, ба масъалаҳои таҳқиқи ҳувияти иҷтимоии насли калонсол дар шароити тағйироти ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Дар идомаи конференсия номзади илмҳои фалсафа Абилзода Гуландом Сардор дар мавзуи «Нақши оила дар тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», доктори илмҳои фалсафа Каҳҳоров Ғаюр Ғафурович дар мавзуи «Ташаккули ҳувияти миллии аҳолии Тоҷикистон дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ», инчунин номзади илмҳои сотсиология ва иқтисод, дотсент Ананченкова Полина Игоревна дар мавзуи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар ташаккули ҳувияти иҷтимоӣ: дидгоҳи геронтологӣ ва масъалаи эйджизм» маърузаҳои худро пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Мирзода Фирӯз Сафаралӣ, ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ дар мавзуи «Ҳувияти ҳуқуқӣ дар ҷомеаи муосир: таҳлили сотсиологӣ» баромад намуда, ҷанбаҳои иҷтимоии ташаккули ҳувияти ҳуқуқиро дар ҷомеаи муосир мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар рафти муҳокимаҳо иштирокчиён таъкид намуданд, ки таҳқиқ ва омӯзиши масъалаҳои ҳувияти иҷтимоӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти махсус дошта, нақши ниҳодҳои иҷтимоӣ, оила, маориф, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар ташаккули шуури ҷамъиятӣ ва худшиносии миллӣ хеле муҳим мебошад.
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФРОНСИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ПИРЯХҲО, ИҚЛИМ ВА ЗАХИРАҲОИ ОБӢ: МУШКИЛОТИ ОБӢ ВА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Имрӯз, 12 март дар ҳошияи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини амнияти экологиии инсоният дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси миллии илмӣ-амалӣ зери унвони «Пиряхҳо, иқлим ва захираҳои обӣ: мушкилоти муосир ва ҳамкориҳои байналмилалӣ», бахшида ба “21 март — Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо баргузор гардид, ки дар рафти он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону коршиносони масоили обу иқлим, намояндагони як қатор созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ВАО иштирок доштанд.
Конфронс бо суханони ифтитоҳии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Франциска Фёгтли – муовини директори Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, Виктор Лутиенко – Роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, Кишвар Абдулалишоев – Директори иҷроияи Фонди Оғохон дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ оғоз гардид. Дар суханрониҳо таъкид карда шуд, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ, мониторинги захираҳои обӣ ва пиряхҳо, ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим мусоидат намуда, Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишвари пешсаф дар дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст.
Дар ҷараёни конфронс дар доираи ҷаласаҳои пленарӣ ва техникӣ як қатор мавзӯъҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба «Ташаббуси миллии ҳифзи пиряхҳо ва криосфера: Харитаи роҳ барои татбиқ», «Ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон: маълумоти илмӣ ва хатарҳои асосӣ», «Лоиҳаҳои минтақавӣ ва ҳамоҳангсозии байналмилалии таҳқиқоти криосфера», «Аҳамияти таҳқиқоти илмӣ ва мониторинг дар низоми “Пиряхҳо – захираҳои обӣ – қабули қарорҳо”» ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба ҳифзи пиряхҳо муҳокима гардиданд.
Ҳадафи асосии конфронс ҳамоҳангсозии кӯшишҳои илмӣ, институтсионалӣ ва байналмилалӣ барои омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Ҳамзамон дар доираи он афзалиятҳои татбиқи ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи криосфера муайян гардида, натиҷаҳои конфронс барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва таҳияи тавсияҳо дар самти ҳифзи пиряҳо ва омӯзиши криосфера ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Имрӯз, 11 март президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб — муассисаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази илмии Хатлон боздид ба амал овард.
Зимни боздид масъулини муассиса оид ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, нигоҳдорӣ ва парвариши навъҳои гуногуни рустаниҳо, инчунин корҳои ободониву сабзкорӣ дар ҳудуди боғ маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон масъалаҳои рушди минбаъдаи фаъолияти илмӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва беҳтар намудани шароити тадқиқотӣ дар боғи ботаникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки боғи ботаникӣ ҳамчун пойгоҳи муҳими илмӣ дар омӯзиш, нигоҳдорӣ ва муаррифии сарватҳои набототии кишвар нақши муҳим дошта, тақвияти корҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳо дар ин самт зарур мебошад.
Бояд гуфт, ки Боғи ботаникии Кӯлоб ҳамчун муассисаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 1985 таъсис ёфтааст. Дар ин боғ олимон ба омӯзиш, нигоҳдорӣ ва парвариши навъҳои гуногуни рустаниҳо машғул буда, барои ҳифзи табиат ва рушди корҳои илмӣ тадқиқотӣ саҳм мегузоранд.
Ҳамзамон, зимни боздид роҳбарияти Академия ва дигар олимону кормандон дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд. Дар доираи ин маърака дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуда, ин иқдом ҳамчун қадаме дар роҳи ободонии боғ ва ҳифзи муҳити зист арзёбӣ гардид.
ЭКСПЕДИТСИЯИ МУШТАРАК БАРОИ БАҲИСОБГИРИИ САРШУМОРИ БУЗИ МОРХӮР ДАР МИНТАҚАҲОИ ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН
Шурӯъ аз 24 феврали соли равон кормандони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский ва Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбеков-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор ширкатҳои шикорӣ экспедитсияи муштаракро ҷиҳати баҳисобгирии саршумори бузи морхӯр (пармашох) оғоз намудаанд.
Бояд гуфт, ки ин тадқиқот дар ҳудуди ноҳияҳои Данғара, Шамсидин Шоҳин ва Дарвоз идома дошта, ҳадафи он муайян намудани вазъи паҳншавӣ ва шумораи ин намуди нодири ҳайвонот мебошад.
Қобили зикр аст, ки бузи морхӯр (пармашох) намуди осебпазир ба шумор рафта, ба Рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN Red List), Замимаи II-и Конвенсияи CITES ва инчунин ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст.
Ин ҳайвони нодир асосан дар баландиҳои 700 то 2700 метр аз сатҳи баҳр вомехӯрад. Минтақаҳои паҳншавии он шохаҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳи Дарвоз (мавзеъҳои Яхчипун ва Яхчисор), қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ (кӯҳҳои Кушониён, Сариғор, Хирманҷо, Кишт) ва инчунин қаторкӯҳи Вахш (кӯҳҳои Сарсарак)-ро дар бар мегирад.
Тибқи маълумоти пешакии Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, субҳи 8 марти соли 2026 соати тахминан 03:51 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди кишвар бо қувваи тақрибан 4,4 бал заминларза ба амал омад.
Бино ба маълумот, маркази заминларза дар масофаи тақрибан 27 километр дуртар аз шаҳри Душанбе, дар минтақаи кӯҳии қаторкӯҳи Ҳисор ва наздики водии Варзоб ҷойгир будааст. Ларзишҳои зеризаминӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар эҳсос шудаанд. Заминларза ҳамчунин дар қисматҳои алоҳидаи Ӯзбекистон низ эҳсос гардидааст.
Мутахассисони хадамоти геофизикӣ таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон дар минтақаи фаъоли сейсмикӣ қарор дорад ва дар ҳудуди кишвар заминларзаҳои қувваашон гуногун мунтазам ба қайд гирифта мешаванд.
Тибқи маълумоти аввалия, талафоти ҷонӣ ва хисороти ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудааст. Айни замон ниҳодҳои дахлдор вазъиятро зери назорат доранд.
Имрӯз, 6 март дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона таҳти унвони “Муҷассамаи гӯёи зиндагӣ” баргузор гардид Қабл аз оғози барномаи идона аз номи роҳбарияти Академия ба зиёда аз дусад нафар бонувон, ки дар соҳаҳои гуногуни илмӣ ва маъмурӣ фаъолият менамоянд, ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадрдонӣ гулҳои баҳории идона тақдим гардид. Ин иқдоми рамзӣ нишонаи арҷгузорӣ ба нақши занон дар пешрафти илм, фарҳанг ва ҷомеа маҳсуб мегардад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид дошт, ки Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт, олиҳаи ҳусн, ҳаёти бардавом, асоси ҳастии мо фарзандон, ишқи бепоён, баҳори бехазон, давлати ҷовидон аст. Модар ин баъди офаридгор офаранда аст, шахсе, ки дар зиндагӣ аз нахустин лаҳзаҳои ба дунё омадани инсон ӯро парасторӣ мекунад, ин модар аст ва ҳамин аст, ки аз лаҳзаҳои нахустини сари ҳокимият омаданашон Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шахсияти модар ва умуман баланд бардоштани мақому манзалати зан модар дар ҷомеа ва барои соҳибмаълумот намудани онҳо тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст.
Таҷлили «Рӯзи Модар», ки ҳамасола дар рӯзҳои аввали фасли гулрези баҳор дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифта мешавад, рамзи нафосату поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан -Модар мебошад, зеро ки Зан-Модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила мебошад.
Тавре Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд. Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд.
Таъкид гардид, ки Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон ва ҳимматбаландтарин шахси башарият мебошад. Маҳз меҳри бепоён, навозиши гарму самимӣ ва дуоҳои неки ӯст, ки моро ба оламу одам ошно месозад, роҳи зиндагиро равшан мекунад ва ба қалбамон нуру умед мебахшад. Модар бо сабру таҳаммул, бо меҳру вафо ва бо садоқати беназир фарзанди худро ба камол мерасонад ва барои саодати ӯ тамоми ҳастии худро нисор месозад.
Дар идома академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишманди маъруф Кароматулло Олимов дар суханронии худ доир ба мақому манзалати зан-модар дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик ибрози назар намуда, таъкид кард, ки дар тамаддуни бостонӣ ва анъанаҳои маънавии тоҷикон ҳамеша ба зан-модар эҳтироми хосса зоҳир мегардид. Ба гуфтаи ӯ, модар на танҳо сарчашмаи ҳаёт, балки тарбиятгари аввалини инсон, нигаҳбони арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ ва поягузори маънавиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Инчунин, дар чорабинӣ устодони шинохта — Аскар Ҳаким, Ҳасани Султон ва Қурбонова Ширин, ҳамзамон магистрантону докторантон бо суханрониҳо ва қироати шеърҳои пурмуҳтаво доир ба бузургӣ, мақом ва азамати зан-модар баромад намуданд. Дар шеърҳои қироатгардида модар ҳамчун рамзи муҳаббати бекарон, сарчашмаи меҳру шафқат ва поягузори маънавии зиндагӣ васф гардида, эҳсоси гарму самимии иштирокдоронро ба вуҷуд овард.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ бо иҷрои сурудҳои дилнишин ҳунарнамоӣ намуда, фазои идонаро боз ҳам рангину хотирмон гардониданд.