Skip to main content

Таҷлили “Рӯзи Президент” як падидаи муосири давлатдорӣ ва фарҳанги сиёсӣ дар кишварҳои гуногуни олам буда, он бо ҳадафҳо ва мақсадҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад. Гарчанде ки маънои ин рӯз аз як кишвар дар кишвари дигар фарқ кунад ҳам, аммо арзишҳои асосии он бар пояи эҳтиром ба ниҳодҳои президентӣ, давлатӣ ва нақши пешвоёни миллӣ дар таҳкими истиқлоли сиёсӣ, суботи сиёсӣ, рушд ва шукуфоӣ, инчунин ҳифзи манфиатҳои миллӣ қарор доранд.

Дар ҷомеаҳои муосир, бахусус дар кишварҳои рӯ ба инкишоф, нақши президент ва низоми президентӣ барои ҳифзи асосҳои конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ, идоракунии самаранок, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пешбурди рушди устувор муҳим аст. Аз ин рӯ, таҷлили “Рӯзи Президент” на танҳо як ҷашни расмӣ, балки рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ, дастовардҳои миллӣ ва шахсиятҳое мебошад, ки кишварро дар лаҳзаҳои муҳими таърих роҳбарӣ кардаанд.

“Рӯзи Президент”, чунон ки қаблан зикр гардид, ба эҳтироми роҳбари давлат бахшида шудааст. Он ҳамчун рамзи муҳими давлатдорӣ эътироф шудааст ва ҳадафҳои зеринро пайгирӣ мекунад: эътирофи нақши ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла мақоми президентӣ; арҷгузорӣ ба заҳмати бузург, сиёсати давлатӣ ва дастовардҳои роҳбарони давлат; тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ дар байни шаҳрвандон; муаррифии дастовардҳои таърихӣ ва сиёсӣ дар сохтмони давлат; ва тақвияти ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ.

Гарчанде “Рӯзи Президент” ҷашни универсалӣ нест, аммо чанд кишвари дунё онро таҷлил мекунанд. Аз ҷумла, ҳар сол рӯзи душанбеи сеюми моҳи феврал дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка “Рӯзи Президент” таҷлил карда мешавад. Гарчанде ки ин рӯз расман ба ҳаёт ва фаъолияти Ҷорҷ Вашингтон, ки 22 феврал таваллуд шудааст, таҷлил мешавад, он инчунин ҳамаи президентҳои қаблиро, ки дар Штатҳои Муттаҳида хизмат кардаанд, эҳтиром мекунад. То аввали солҳои 1970-ум ин ҷашн қатъиян ба ин сана алоқаманд буд, на ба рӯзи мушаххаси моҳ. Аммо, президент Никсон пешниҳод кард, ки ин ид ба рӯзи душанбеи сеюми моҳи феврал гузаронида шавад ва на танҳо Ҷорҷ Вашингтон, балки Авраам Линколн, президенти 16 -уми Штатҳои Муттаҳида, низ эҳтиром карда шавад. “Рӯзи Президент” бори аввал соли 1782 дар штати Вирҷиния ба таври оммавӣ ҷашн гирифта шуд. Барои таҷлили ин чорабинӣ тӯбҳо, парадҳо ва зиёфатҳо баргузор мешуданд ва ин анъана ба зудӣ ба бисёр штатҳо паҳн шуд ва соли 1855 ин ид ҷашни миллӣ эълон шуд. Ин ҷашн дар ШМА рамзи эҳтиром ба арзишҳои демократӣ, ваҳдати миллӣ ва анъанаҳои давлатдорӣ мебошад.

Дар Британияи Кабир 8 июн рӯзи таваллуди малика ҷашн гирифта мешавад. Дар асл, маликаи Бритониё Елизаветаи Дуюм моҳи апрел таваллуд шудааст, аммо тибқи анъана дар Шоҳигарии Муттаҳида ин ҷашн рӯзи шанбеи дуюми моҳи июн баргузор мегардад. Чунин одатро подшоҳ Эдуарди VII ҷорӣ карда буд. Ба андешаи ӯ, дар ин рӯз обу ҳаво ҷашнро халалдор намекунад.

Зикр бояд кард, ки Елизаветаи Дуюм расман маликаи боз 15 кишвари Иттиҳод низ ба ҳисоб меравад: аз ҷумла Австралия, Канада, Зеландияи Нав, Ҷазираҳои Соломон, Ямайка. Бо вуҷуди ин, дар бархе аз ин кишварҳо “Рӯзи малика”-и хоси худ вуҷуд дорад. Масалан, дар Канада ин ҷашн ба Малика Виктория бахшида шудааст ва рӯзи душанберо, ки ба 24 май ва ё наздиктар ба ин рӯз таҷлил карда мешавад. Дар Австралия ҷашнро дар рӯзи душанбеи дуюми моҳи июн мегузаронанд, ки он ҳамзамон бо оғози мавсими лижаронӣ рост меояд. Дар Зеландияи Нав низ “Рӯзи малика” бо оғози мавсими лижаронӣ мувофиқ карда шуда, онро рӯзи душанбеи аввали моҳи июн ҷашн мегиранд.

Дар охири моҳи апрел дар Нидерландия ҷашни миллӣ, “Рӯзи Малика” ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба зодрӯзи Малика Ҷулиана, модари Малика Беатрикс бахшида шудааст. Дар ин рӯз пӯшидани либоси норинҷӣ, ки ранги оилаи шоҳӣ аст, маъмул мебошад.

Дар ҷазираҳои Маршалл “Рӯзи Президент” ҳар сол рӯзи 17 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба ифтихори аввалин Президенти кишвар Амата Кабуа гузошта шудааст, ки соли 17 ноябри 1928 таваллуд шудааст. Дар ҷазираҳои Маршалл Ӯ асосгузори истиқлолият ҳисобида мешавад, зеро ӯ истиқлоли сиёсии кишварро аз ШМА таъмин намудааст. Ӯ инчунин муаллифи матн ва мусиқии Суруди миллии кишвар мебошад, ки “Ҷазираҳои Маршалли абадӣ”ном дорад.

Инчунин рӯзи 11 ноябр дар Ангола “Рӯзи Президент” ҳамчун “Рӯзи Қаҳрамонони миллӣ” ба муносибати зодрӯзи раҳбари аввали Ангола, Антонио Ангостино Нето ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн на танҳо ба президент Нето, балки ба ҳамаи онҳое, ки барои истиқлолияти кишвар, ки соли 1975 таъсис ёфтааст, мубориза бурдаанд, эҳтиром мегузорад. Зеро дар он сол Ангола аз мустамликаи Португалия истиқлолият ба даст овардааст.

Ботсвана “Рӯзи Президент” - ро рӯзи душанбеи сеюми моҳи июн ҷашн мегирад. Ин рӯз ба ифтихори Серетсе Хама, аввалин раҳбари ҷумҳурии Африқо гузошта шудааст, ки аз замони истиқлолияти Ботсвана дар соли 1966 то маргаш дар соли 1980 ба ҳайси президент кор кардааст. Дар Боствана ӯро ҳамчун муборизи зидди фасод ва ислоҳотгари муваффақ ёд мекунанд, аз ин рӯ “Рӯзи Президент” бо шукӯҳу шаҳомати зиёд дар тӯли ду рӯз ҷашн гирифта мешавад.

Дар Кореяи Шимолӣ ду рӯз ба хотири гиромидошти роҳбарони давлат бахшида шудааст, пеш аз ҳама 15 апрел — Рӯзи таваллуди Ким Ир Сен ва 16 феврал — Рӯзи таваллуди Ким Ҷонг Ил “Рӯзи Президент” таҷлил карда мешавад. Ҳар ду рӯз ҷашнҳои давлатӣ ва дорои аҳамияти бузурги миллӣ мебошад.

Дар кишварҳои пасошӯравӣ низ ин ҷашн маъмул буда, бо хусусиятҳои хоси миллӣ таҷлил карда мешавад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Қазоқистон 1 декабри соли 2012 ҳамчун рӯзи истироҳати давлатӣ ба хотири Президенти аввалини Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев таҷлил карда мешуд. Аммо 29 сентябри соли 2022 президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев тағйироти қонунгузориро имзо кард, ки “Рӯзи Президент” - ро ҳамчун рӯзи истироҳати давлатӣ аз байн бурд ва “Рӯзи Ҷумҳурӣ” - ро, ки дар замони Назарбоев барҳам дода шуда буд, барқарор кард. “Рӯзи Ҷумҳурӣ” 25 октябр ҷашн гирифта мешавад. “Рӯзи Президент” дар баробари “Рӯзи рамзҳои миллӣ” ва “Рӯзи Шукргузорӣ” ҳамчун як рӯзи аҳамияти иҷтимоӣ боқӣ мондааст.

Дар Туркманистон бошад, 19 феврали соли 1994 ҳамчун рӯзи миллӣ - зодрӯзи Туркманбошӣ таҷлил карда шуд. Аммо, танҳо як сол пас, Сафармурод Ниёзов ин рӯзро Рӯзи Парчами Миллӣ эълон кард. Дар баъзе кишварҳои дигари пасошӯравӣ “Рӯзи Президент” ҳамчун ҷашн расман вуҷуд надорад, аммо рӯзҳои марбут ба интихоб ё савгандёдкунии президент бо расмиёт таҷлил мешаванд (масалан Русия, Беларус, Туркманистон).

Ҷашнҳои миллӣ на танҳо ёдоварӣ аз рӯйдодҳои таърихӣ, балки инъикоси ифтихори миллӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои маънавии ҷомеа мебошанд. “Рӯзи Президент” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар низоми муосири давлатӣ мақоми хоса дорад, мақоми махсуси иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маънавӣ пайдо кардааст. Ин рӯз на танҳо ба шахсияти сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, балки моҳияти он дар арҷгузорӣ ба ниҳоди президентӣ, нақши он дар бунёди давлат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор ифода меёбад. Дар таърихи муосири Тоҷикистон, Роҳбари давлат ҳамчун нерӯи муттаҳидкунандаи миллат, офарандаи давлати миллӣ, кафили сулҳу субот мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 ин тараф, 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” таҷлил карда мешавад. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашн дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Ҳамзамон дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯз рамзи эҳтиром ба Тоҷикистони муосир, эҳтироми заҳматҳои Пешвои миллат, сулҳи пойдор, суботи миллӣ ва дастовардҳои бузург ҳисобида мешавад. “Рӯзи Президент” дорои аҳамияти таълимӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ буда, барои тарбияи насли ҷавон ҳамчун шаҳрвандони худшинос, масъулиятшинос ва ватандӯст мусоидат мекунад.

“Рӯзи Президент” на танҳо як ҷашни тақвимӣ, балки рамзи давлатдории муосир ва ифтихори миллӣ низ мебошад. Бо таҷлили он, шаҳрвандони кишвар барои ҳувияти миллӣ, ваҳдат, сулҳу субот, инчунин эҳсоси масъулияти миллӣ боз ҳам бештар талош мекунанд. Ҳамзамон дар шароити имрӯза, ки ҷаҳон пур аз хатару чолишҳост, таҷлили “Рӯзи Президент” аҳамияти бузург дорад, зеро мардумро муттаҳид мекунад, ба қадри сулҳ мерасонад ва ба наслҳои оянда паём медиҳад, ки истиқлолият, субот ва давлатдорӣ бузургтарин дастовардҳои таърихӣ маҳсуб меёбанд.

ШАРИФОВ Искандар - ходими хурди илмии шуъбаи ШМА ва Канандаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ