
Ҳамасола 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ва рамзи ифтихори миллӣ ба шумор меравад. Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатдорӣ, кафили амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбанд. Ҷашни мазкур на танҳо барои низомиён, балки барои тамоми шаҳрвандони кишвар муҳим мебошад, зеро он ҳифзи марзу буми Ватан ва оромии ҷомеаро таҷассум мекунад.
Дар ин асно метавон чанд нуқтаи муҳимро қайд намуд:
Таърихи таъсис ва рушди Қувваҳои мусаллаҳ. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли1991, Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде дар соҳаи мудофиа ва таъмини амнияти кишвар рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароит зарурати ташкили нерӯҳои низомии миллӣ ба миён омад. 23 феврали соли 1993 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар расман таъсис дода шуданд. Аз он замон инҷониб, низоми мудофиавии мамлакат тадриҷан рушд карда, таҷҳизоти низомӣ, таълимоти касбӣ ва омодагии ҷангии артиши миллӣ беҳтар гардид.
Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳ дорои сохторҳои гуногун, аз ҷумла қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои сарҳадӣ, нерӯҳои ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоӣ мебошанд. Онҳо вазифадоранд, ки соҳибихтиёрии кишварро ҳифз намуда, бо ҳама гуна таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ мубориза баранд. Ҳамчунин, барои таъмини суботи дохилӣ ва ҳифзи марзҳои давлатӣ ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратии дигар идома дорад.
Аҳамияти ҷашн ва нақши Қувваҳои мусаллаҳ.Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ имконият медиҳад, ки ҷомеа ба хизматҳои низомиён эҳтиром гузорад ва қаҳрамониҳои онҳоро қадр намояд. Ҳар сол дар ин рӯз дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни идона, машқҳои ҳарбӣ ва намоишҳои қувваҳои низомӣ баргузор мегарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба низомиён паёми табрикӣ ироа намуда, ба хизматчиёни беҳтарин мукофотҳои давлатӣ тақдим мекунад.
Қувваҳои мусаллаҳ дар таҳкими субот ва амнияти миллӣ нақши муҳим мебозад. Бо иштироки онҳо мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳои фаромиллӣ бурда мешавад. Ҳамчунин, онҳо бо артишҳои дигар кишварҳо ҳамкорӣ намуда, дар тамринҳои муштарак ва барномаҳои сулҳҷӯёна иштирок мекунанд. Саҳми Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳолатҳои фавқулода, ба мисли рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва кӯмак ба аҳолӣ дар шароити душвор низ арзанда мебошад.
Таҳкими Қувваҳои мусаллаҳ ва дастгирии давлат.Дар солҳои охир Ҳукумати кишвар барои рушд ва тақвияти артиши миллӣ диққати махсус медиҳад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ, машқҳои низомӣ бо ҷалби мутахассисони байналмилалӣ гузаронида мешаванд. Ғайр аз ин, маблағгузорӣ ба соҳаи мудофиа афзоиш ёфта, низомиён бо техникаи муосири ҳарбӣ ва воситаҳои муҳофизат таъмин карда мешаванд.
Ҳамчунин, таваҷҷуҳи махсус ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон дода мешавад. Барномаҳои таълимии махсус барои баланд бардоштани рӯҳияи ҳарбӣ ва омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ роҳандозӣ шудаанд. Ин омилҳо боис мегарданд, ки артиши миллӣ ҳарчи бештар қавӣ ва муҷаҳҳаз гардад.
Хулоса. Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи қудрати миллӣ, ифтихор ва садоқат ба Ватан мебошад. Ин ҷашнна танҳо рӯзи низомиён, балки рӯзи ҳар як тоҷикистонӣ аст, ки барои сулҳу амнияти кишвар саҳм мегузорад. Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимоди давлат, кафили субот ва ҳаёти осоиштаи мардум боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд хизматҳои низомиёнро қадр намуда, барои рушди Артиши Миллӣ саҳми худро гузорад.
Бо рушди пайвастаи Қувваҳои мусаллаҳ, Тоҷикистон метавонад амнияти худро дар шароити ҷаҳони мураккаб таъмин намояд ва ба наслҳои оянда як давлати қавӣ ва мустақилро ба мерос гузорад.
Сафаров С.Н. - ходими илмии ШФКА Институти астрофизикаи АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
БА МУНОСИБАТИ 65- СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҶАМЪИЯТИ ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН ВА 79- УМИН СОЛГАРДИ ХУНЁГАРИ НОТАКРОРИ ШАРҚ АҲМАД ЗОҲИР
Имрӯз, 14 июн дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 65- солагии таъсиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ва 79- умин солгарди хунёгари нотакрори Шарқ Аҳмад Зоҳир маҳфили илмӣ ва фарҳангӣ-ҳунарӣ таҳти унвони “Садои дӯстӣ ва қаламрави ҳамбастагӣ” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт тамоми ҳавдорон ва мухлисони хунёгари нотакрори Шарқ Аҳмад Зоҳирро ба ин сана муборак гуфта, таъкид дошт, ки савту навои хуш ва оҳангу садои гӯшнавоз, ки дар пардаи шеъру мусиқӣ мунсаҷим мешаванд, мардумро аз ҳар гӯшаву каноре даври ҳам ҷамъ меоваранд ва тантанаи дӯстию ҳамбастагиро таъмин месозанд. Аз тариқи шунидани созу оҳангу навою садои марғуб инсонҳо на танҳо қалбан таскин меёбанд, балки ба зиндагӣ дилгарм шуда, дар ҳавои шеъру мусиқӣ худро дарёфта, ҳамдигарро шинохта, эҳсоси ҳамдардӣ карда, даври ҳам ҷамъ омада, саранҷом ба ваҳдати куллӣ мерасанд. Ин аст, ки шеъру мусиқӣ ҷаҳонро тағйир ва дигаргуна мекунад ва шароити дӯстию ҳамбастагиро фароҳам меоварад.
Таъкид гардид, ки маҳфили мо бо мусиқӣ ва шахсияти овозадори мусиқии шарқ – Аҳмад Зоҳир бевосита иртибот дорад, ногузир ба чанд нукта таваҷҷуҳ мекунем. Мусиқӣ ба унвони ҳунар аз қадимтарин замонҳо ҳамқадаму ҳамнафаси инсонӣ буда, дар ғаму шодӣ, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва дарду ранҷ инсони зиндаро шарикӣ мекардааст. Инсон танҳо дар қолаби мусиқӣ ба зиндагӣ аз нав дил мебандад ва онро гиромӣ медорад. Ба ин маъно мусиқӣ аз дарун ва ботин инсонро озодӣ мебахшад: озодӣ аз дарду ранҷ, озодӣ аз кинаву кудурат, озодӣ аз мазаррату бадбинӣ, озодӣ аз зулму истибдод ва дар маҷмуъ, озодӣ аз андӯҳи маргу нестӣ.
Гуфта шуд, ки мусиқии ҳирфаӣ, ки қалбҳоро ба шӯр оварда, эҳсоси истиқлолро дар вуҷуди инсонӣ туғён мебахшад, бемуҳобот, дар савту наво ва овозу садои ноткрори хунёгари маъруфи Шарқ Аҳмад Зоҳир зуҳур кардааст.
Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар нимаи аввали моҳи июн, махсусан, санаи 14 июн, ки ҳам рӯзи таваллуд ва ҳам рӯзи даргузашти овозхони шаҳри Шарқ Аҳмад Зоҳир аст, доираҳои вежаи фарҳангию ҳунарӣ дар қолиби маҳфилу нишастҳо аз ин ҳунарманди нотакрор тамҷид мекунанду ёди ӯро гиромӣ медоранд. Маҳфили имрӯзаи мо ҳам, ки дар доираи ҳамкориҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон баргузор мегардад.
Воқеан, Аҳмад Зоҳир то он дараҷа шахсияти матраҳи мусиқии Афғонистон будааст, ки тайи соли охири зиндагӣ (солҳои 1969-1979) пайдарпай сазовори бонуфузтарин ҷоизаи ҳунари овозхонии кишвар “Хонандаи беҳтарини сол” гардидааст. Тайи фаъолияти ҳунарӣ Аҳмад Зоҳир беш аз 600 суруду тарона сароидааст, ки ғолибан ба забони дарӣ садо дода, танҳо чанд суруди ангуштшумори ӯ ба забонҳои пашту, ҳиндӣ, англисӣ ва русӣ суруда шудаанд.
Дар идома раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон профессор Қосимшо Искандаров, шодбошии муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода мавриди истимоъ қарор гирифта, баъдан гузориши илмӣ-ихтисосии ҳунарманди машҳури Афғонистонӣ Ваҳид Қосимӣ дар мавзуи “Аҳмад Зоҳир: зиндагии эҷодӣ, вежагиҳои ҳирфаӣ ва мушаххасоти ҳунарӣ” шунида шуд (зимнан, устод Ваҳид Қосимӣ бо ҳузури навозандагон чанд таронаву суруди Аҳмад Зоҳир ба таври зинда иҷро кард).
Инчунин, суханрониҳои ёддоштӣ-хотиротии Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, донишманд, шоиру сиёсатмадори Афғонистон Муҳаммад Ёрманд, санъатшиноси матраҳи миллӣ, доктори саннъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ ва ҳунарнамоии Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан ва Мастона Эргаш ва амсоли инҳо шунида шуда, дар байни ҳар як суханронии хотиротӣ як таронае дар иҷрои зиндаи мухлисони Аҳмад Зоҳир бо шумули Каримҷон Мизонзода (ҳаводори суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир аз Дарвоз), овозхони ҷавону умедбахш Фирӯзаи Тоҳир мавриди истимоъи ҳозирини маҳфил қарор гирифт.
Имрӯз, 13 июн таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷалассаи васеи Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои баррасии раванди экспертизаи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда барои солҳои 2026-2030, тасдиқи лоиҳои илмию таҳқиқотии нави аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда барои солҳои 2026-2030, баррасӣ ва тасдиқи ҳайати Бахшҳо ва Комиссияи экспертии Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
Гуфта шуд, лоиҳаҳои илмию таҳқиқотие, ки аз экспертизаи Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмю таҳқиқотӣ гузашта, барои маблағгузорӣ тавсия карда шуда буданд. Бо сабабҳои номаълум лоиҳаҳои номбурда дар соли 2025 аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ нагардиданд, муҳлати иҷроиши ин 11 лоиҳа ва маблағгузории онҳо ба соли 2026 тамдид карда мешавад.
Ҳамзамон роҳбари академия дар масъалаҳои ҷорӣ оид ба саривақт иҷрои лоиҳаҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва татбиқи он дар истеҳсолот бартараф намудани камбудиҳо ҷойдошта, тамдид намудани лоиҳаҳои фармошӣ ба масъулин дастурҳо доданд.
Дар идома намояндагони вазорату идораҳо ва сохторҳои гуногун доир ба таҷдид ва амалисозии лоиҳаҳо пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Имрӯз, 12 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба муносибати 28- умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – ҳастии давлат ва бақои миллат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ – Рудобаи Мукаррам, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Маликшо Неъматзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Лутфия Абдухолиқзода, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадизода Нозим, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдураҳим Холиқзода, Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хайриддин Усмонзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Даврон Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ – Рудобаи Мукаррам ҳусни оғоз бахшида иброз доштанд, ки Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ барои эҳё ва сохтани давлати мустақили Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба як заминаи боэътимод мубаддал гардиданд. Ин мафҳуми муқаддас барои давлати навҷавон имконият фароҳам намуд, ки сиёсати сулҳдӯстона ва муносибати ҳамкории баробар бо тамоми ҷаҳон барқарор гардид.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Маликшо Неъматзода дар суханронии хеш иброз доштанд, ки дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккули Ваҳдати миллӣ, қабл аз ҳама, ба омилҳои дохилии ҷомеа, махсусан ба фарҳанги қадимаи сулҳофар ва хирадгароёнаи миллати тоҷик вобастагии амиқ дорад. Дар ин раванд дарки дурӯсти аҳамияти ваҳдати миллӣ, шинохти моҳият ва нақши стратегии он дар сарнавишти миллат ва давлати миллӣ ҳамчун хусусияти хоси ин кишвар ба назар мерасад.
Дар идома директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадизода Нозим иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии хеш таъкид намудаанд, ки “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”
Гуфта шуд, ки мафҳуми “Ваҳдати миллӣ” барои ҳар миллат ҳамчун арзиши олии маънавию сиёсӣ эътироф мегардад ва халқу миллатҳои ҷаҳон ба он аз тариқи равишҳои мухталиф ва дар пайи таъсири омилҳои гуногуни дохилию хориҷӣ мерасанд. Маънову моҳияти кӯтоҳи ваҳдат дар ҳамдилӣ ва иттифоқ, яъне дар ҷамъияти инсонӣ инсонвор зистан аст, ки онро фарҳанги ваҳдатофар меноманд.
#ДАСТОВАРДИ НАВ. АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО БОМУВАФФАҚИЯТ ГУЗАШТ
Имрӯз, 09 июн дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт машварати корӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси машваратӣ таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) расман аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро гузашта, хулосаи мусбии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR)-ро, ки яке аз муассисаҳои пешбари аккредитатсионӣ дар минтақа мебошад, дарёфт намуд.
Гуфта шуд, ки қарори мазкур дар ҷаласаи Шӯрои аккредитатсионӣ, ки 12 феврали соли 2025 баргузор гардид (протоколи №92), бар асоси хулосаи Комиссияи коршиносони беруна қабул шуд. Дар рафти арзёбӣ тамоми самтҳои калидии фаъолияти Академия — аз таҳияи барномаҳои таълимӣ то фаъолияти илмӣ ва рақамикунонӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
IAAR аъзои Ассотсиатсияи Аврупо оид ба таъмини сифати таҳсилоти олӣ (ENQA) мебошад ва дар Феҳристи Аврупоии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (EQAR) ба қайд гирифта шудааст, ки эътирофи байналмилалии стандартҳои онро тасдиқ мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар таҷрибаи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (АРБ) аккредитатсияи чунин муассисаи илмӣ, аз ҷумла Академияи илмҳо бо дарназардошти ҷузъи бунёдии илмии он як дастоварди нодир буда, бори аввал гузаронида мешавад. Агентӣ ба Академия тавсия додааст, ки фаъолияти худро дар самти мобилии академӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим, густариши ҳамкориҳои илмӣ, шаффофияти барномаҳои таълимӣ ва рақамикунонии таҳсилот тақвият диҳад.
Директори генералии IAAR, хонум Алина Жумагулова, таъкид намуд, ки аккредитатсияи бомуваффақият нишонаи қобилияти баланди Академия ва омодагии он барои ҳамкории байналмилалӣ ва иштирок дар ташаббусҳои илмии ҷаҳонӣ мебошад.
Ин дастоварди муҳими Академия имкониятҳои навро дар ҷалби шарикони хориҷӣ ва тавлиди лоиҳаҳои нави илмӣ боз намуда, нуфузи Тоҷикистонро дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ тақвият хоҳад дод.
Иштироки намояндагони Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон дар Анҷумани II Шӯроҳои илмии Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илм
Аз 3 то 7 июни соли 2025 дар шаҳри Ҷинан, Вилояти Шандунии Ҷумҳурии Мардумии Чин Анҷумани II Шӯроҳои илмии Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илм (АБАИ) Конфронс оид ба мубодилаи байналмилалӣ ва ҳамкории академияи илмҳо баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Академияи илмҳои вилояти Шандун ва Академияи миллии илмҳои Беларус баргузор шуда, дар он намояндагони академияҳои илм, олимон ва мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар чорабинӣ Курбонов Кобилчон Шарифбоевич, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии илмии АМИТ ва директори Муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ", Шерализода Назриало Шерали иштирок намуданд.
Дар чорабни мазкур Курбонов Кобилчон Шарифбоевич дар мавзуи «Ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар партави Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда зикр намуданд, ки дар самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, нақши Академияи миллии илмҳои Точикистон назаррас буда дар ин раванд ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ишора намуд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати густариши робитаҳои илмии байналмилалӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ талош хоҳад кард.
Имрӯз, 04 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, аъзои пайваста ва вобаста, роҳбарони сохторҳои академия иштирок намуданд.
Дар ин маҷлиси умумӣ шаҳодатнома ва нишони сарисинагии нав, ки бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт роҳандозӣ гардидааст ба аъзои пайваста ва вобаста супорида шуданд.
Ҳамзамон 8 нафар аз олимони кишварҳои хориҷӣ узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гардиданд, ки саҳми олимони мазкур дар муаррифӣ, рушду пешрафт ва омода кардани кадрҳои илмӣ барои муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар назаррас арзёбӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар маҷлиси имрӯза президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт узви пайваста (академик)- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид.
Имрӯз, 04 – июн дар пайравӣ аз сиёсати ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Мактаб – интернати низомаш махсуси шаҳри Ҳисор кумаки хайриявӣ барои муҳаё намудани шароити иҷтимоии тарбиятгирандагони мактаби зикршуда аз қабили 5 – адад таҷҳизоти обгармкунӣ (термекс) расонида шуд.
Бояд гуфт, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон ва маъюбон диққати махсус зоҳир карда мешавад. Инчунин, зимни ҳар баромадашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ятимону маъюбону бепарасторонро қишри ҷудонашавандаи ҷомеа ном бурда, барои кумак ба онҳо ба тамоми ниҳодҳои давлатӣ дастуру супоришҳо медиҳанд.
Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зери роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ин самт иқдомҳои муҳимро роҳандозӣ намуда, пайваста аз ҳоли ятимону бепарасторон ва маъюбон бохабар мегарданд.
Имрӯз, 03 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо сардори Маркази байналхалкии идоракунии бренди «Сифати бузурги энергия» Ван Лиминг мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҳамзамон ноиби президенти АМИТ – Саидмуқим Ибодзода, мудири шуъбаи Раёсати робитаҳои байналмилалии АМИТ Мирвайсов М.С. ва ҳамраиси Маркази илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Чин дар Пекин Умаралиева Таҳмина иштирок намуданд.
Дар рафти мулоқот оид ба роҳандозии ҳамкориҳои муштарак вобаста ба тарҳрезӣ ва сохтани дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ташкили семинару конфронсҳои илмии муштарак, табодули донишҷӯён ва коршиносони илмӣ суҳбатҳо анҷом дода шуд.