Оё медонед, ки дар кайҳон ситора ба номи Кова ва сайёраи он Ковиён номгузорӣ шудаанд?
Шоҳномаи Ҳаким Фирдавсӣ асари мондагори на танҳо миллати мо, балки китоби таъсиргузор барои тамоми башарият аст. Гувоҳи ин гуфтаҳо эътирофи Фирдавсии бузург ва шоҳасари ӯ дар ҷаҳон мебошад. Ҷолиб он аст, ки ин эҳтиром танҳо дар адабиёт маҳдуд намешавад, балки ба илми муосир, аз ҷумла астрономия низ роҳ ёфтааст. Чанде пеш дар бораи танӯраи Фирдавсӣ дар Уторид навишта будам, акнун мехоҳам, ки дар бораи як ситора ва сайёраи он маълумот диҳам, ки ба шарафи қаҳрамони Шоҳнома – Коваи оҳангар номгузорӣ шудаанд.
Ситораи Кова (Kaveh, HD 175541) ситораи зарду бузург буда, дар масофаи тақрибан 420 соли рӯшноӣ аз мо дар бурҷи Мор (Ҳайя) қарор дорад. Массааш аз Офтоб 1,45 маротиба бештар буда, қутраш 4 маротиба зиёдтар аст. Қадри мутлақи ситоравии он 2,54 буда, ҳарорати сатҳи он бештар аз 5 ҳазор дараҷаи Келвин мебошад. Нисбат ба Офтоб 10 маротиба равшантар аст. Ин ситора тақрибан 1,9 миллиард сол умр дорад.
10 апрели 2007 ахтаршиносони расадхонаҳои Лик ва Кек бо роҳбарии ситорашиноси амрикоӣ Ҷон Ашер Ҷонсон аз кашфи сайёраи бузурге хабар доданд, ки дар атрофи ситораи HD 175541 давр мезанад. Ин сайёра, ки бо рақами HD 175541 b ишора мешавад бо усули андозагирии суръати радиалӣ кашф шудаасту дар атрофи ситораи худ дар 298 шабонарӯз як бор давр мезанад. Нимтири калони он тақрибан ба 1 воҳиди астрономӣ баробар аст. Қутри ин сайёра бештар аз 176 ҳазор км аст. Массаш 0,6 массаи Муштариро ташкил медиҳад. Аз рӯйи ин нишондиҳандаҳо, Ковиён ба гурӯҳи сайёраҳои газии азим (муштаримонанд) тааллуқ дорад ва барои зиндагии инсон қобили зист нест, аммо барои омӯзиши ташаккул ва эволютсияи низомҳои сайёравӣ аҳаммияти калон дорад.
Иттиҳоди байналмиллалии астрономон 17 декабри 2019 дар доираи лоиҳаи IAU100 NameExoWorlds дар асоси пешниҳоди ахтаршиносони эронӣ ба ситораи HD 175541 Кова ва ба сайёраи он Ковиён ном гузошт. Ин иқдом рамзи ворид шудани образҳои фарҳангии форсиву тоҷикӣ ба харитаи расмии кайҳонии ҷаҳон мебошад. Қаҳрамони «Шоҳнома» Коваи оҳангар ҳамчун рамзи адолат, мубориза бо зулм ва бедории иҷтимоӣ маъруф аст ва интихоби ин ном барои ҷирмҳои кайҳонӣ маънои рамзӣ ва фарҳангии амиқ дорад.
Ҳарчанд, ки ба ҷирмҳои зиёди Низоми офтобӣ номҳои форсии тоҷикӣ гузошта шудаанд, вале ин бори аввал аст, ки як объекти берун аз ин низом дар доираи вожаҳои тамаддуни мо номгузорӣ гардид.
Ҷолиби диққат аст, ки дар доираи ҳамин лоиҳа дар асоси пешниҳоди Покистон ситораи HD99109 Шамъ ва сайёраи он Парвона ном гирифт, ки ин ҳам аз ганҷинаи адабиёти бузурги форсиву тоҷикӣ сарчашма мегирад.
Ин гуна номгузориҳо нишон медиҳанд, ки адабиёт, таърих ва фарҳанги мо моли гузашта набуда, метавонанд бо илми муосир пайванданд ва дар тамаддуни имрӯзаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоранд.
Ризои Баҳромзод, номзади илмҳои физикаю математика
03 октябри соли равон дар толори Пажуҳиши афкори илмии сиёсати Пешвои миллати Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти илмӣ-таҳқиқотии Мактаби олии иқтисодии Федератсияи Русия мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони «Шарикии бузурги Авруосиё» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра дар мавзуи “Шарикии бузурги Авруосиё дар шароити тағйирёбии низоми муносибатҳои байналхалқӣ”, директори барномавии клуби мубоҳисавии “Валдай”(Русия), профессори Мактаби олии иқтисодӣ, доктори илмҳои сиёсӣ Бордачев Тимофей Вячеславович дар мавзӯи “Тоҷикистон ва Русия: дирӯз ва имрӯз”, сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдулвоҳид Шамолов дар мавзӯи “Ҳамкории Тоҷикистону Русия тавассути муколамаи фарҳангҳо: ҳолат ва дурнамо”суханронӣ карданд:
Мақсад аз баргузор намудани мизи мудаввар ин пеш аз ҳама, дар шакли баҳси коршиносӣ, баррасӣ намудани татбиқи консепсияи “Шарикии бузурги Авруосиё”, вазъи кунунӣ ва дурнамои он, ҳамчун масирии ҳамгироӣ дар қитъаи Авруосиё иборат буд. Баҳодиҳии ба татбиқи ташаббуси “Шарикии бузурги Авруосиё” ҳамчун воситаи сиёсати Русия оид ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қитъаи Авруосиё арзёбӣ гардидааст.
Дар интиҳои мизи мудаввари байналмилалӣ байни ходимони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва Бордачев Тимофей Вячеславович, доктори илмҳои сиёсӣ, коршинос, директори барномаи клуби “Валдай”, профессори Институти илмӣ-таҳқиқотии Мактаби олии иқтисодии Федератсияи Русия вобаста ба мавзуи мизи мудаввари байналмилалӣ - «Шарикии бузурги Авруосиё» ва муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия музокира сурат гирифт.
02 октябр бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори Раёсати АМИТ конференсияи байналхалқӣ илмӣ-амалӣ - и «Археология ва палеогеографияи Осиёи Марказӣ бахшида ба 100-солагии муҳақиқи машҳури ҷаҳонии қадимтарин саҳифаҳои Тоҷикистон ва Авруосиё, яке аз коршиносони варзидаи ҷаҳонии асри санг Вадим Александрович Ранов баргузор гардид.
Дар конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва як қатор олимону таҳқиқотчиёни Тоҷикистону Озарбойҷон, Олмон, Исроил, Қазоқистон, Канада, Қирғизистон, Чин, Русия, ИМА, Ӯзбекистон ва Фаронса иштирок доштанд.
Ба кори конфронс доктори илмҳои таърих Насрулло Убайдулло Каримзод ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.
Сипас, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт нахуст ташрифи иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, таъкд дошт, ки имсол 100-солагии бостоншинос ва муҳақиқи варзида Вадим Александрович Ранов бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Бояд гуфт, ки аз ҷониби ин муҳақиқи серталош бисёр аз мавзеъҳои сершумори давраҳои асри санг қариб дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ кашф шудаанд.
Воқеан ҳам дар рушди соҳаҳои гуногуни илмии бостоншиносии асри санг ва илмҳои ба он алоқаманд саҳми бузург гузоштааст ва мо мехоҳем, ки ба ин муносибат оид ба ҳаёту фаъолияти ин шахсият маърузаҳои илмиву таърихиро шунида маълумоти муфассалро шунавем.
Ҳамзамон маълумот дод, ки шунидани маърӯзаҳои илмӣ то рӯзи 3-юми октябр идома меёбад ва рӯзҳои 4-5 октябри соли 2024 ишктирокчиёни конференсия ба ноҳияи Ховалинг сафар карда, аз ёдгориҳои асри санги Кулдара, Лоҳутӣ, Хонақо ва Оби-Мазор дидан мекунанд.
Санаи 21 сентябр мо олимони ҷавон таҳти роҳнамоии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф намудем. Дар ин сафар, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва масъулини ҳифзи ҳуқуқ моро ҳамроҳӣ намуданд.
Бо як эҳтироми хос ба шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз Мақбара ва Хонаи рамзии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Пайкараи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади шиносоии бештар ба осору афкор ва шахсияти ин шоири бузург, донишманди беназири илму адаби ҷаҳонӣ аз мавзеи боғи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ ва хона-музейи ин шоири олами илму маърифат воқеъ дар маркази ноҳия, ки ҷойгир аст тамошо намудем. Дар меҳмонӣ ба мо кормандони ҳамин маҷмуаи таърихии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳаёт ва фаъолияти шоир ва зиндагиномаи ӯ моро шинос намуданд. Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ дар шакли қадима бо истифода аз фарҳангу унсурҳои миллӣ сохта шуда аст. Аз ҳуҷраи дарсии самоъ, ҳуҷраи дарсии бачагона, чилахона, анҷомхона ва дигар ҳуҷраҳои тарзи зисту зиндагонии шоир ва мутафакири тоҷик дидан намудем.
Бо ин мақсад Конфронси илмии оммавӣ низ дар мавзуи «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ – пайвандгари наслҳо ва тамаддунҳо» таҳти ин унвон дар ноҳияи мазкур ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин конфронс бо иштироки зиёда аз 300 нафар олимону донишмандон, мавлоношиносон, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, сокинони фаъоли ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳузур доштанд. Ҳамоиши илмиро раиси ноҳия Холиқзода Рустам бахшида оғоз намуд ва сухани ифтитоҳиро ба Президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ профессор Хушвахтзода Қобилқон Хушвахт дода шуд. Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт маърузаи хешро таҳти “Ҳаёти рангину пурмаънои шоири барҷаста ва мутафакири тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” , ки дар арсаи олам аст ироа намуданд.
Сухани навбатӣ ба профессор, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рустам Ҳайдарзода дода шуд, ки ӯ фикру андешаҳои худро дар бораи таърихи фаъолият ва зиндагиномаи шоир Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва дастовардҳои замони истиқлол ба даст овардани ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баён намуд.
Воқеъан Мавлоно дар Балх ба дунё омадааст ва ситораи дурахшони ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Мавлавӣ – ориф, сӯфӣ, мутафаккир, нависанда ва шоири форс – тоҷик мебошад.
Он бут, ки ҷамолу зинати маҷлиси мост,
Дар маҷлиси мо нест, надонам, ки куҷост.
Сарвест баланду қомате дорад рост,
К – аз қомати ӯ қиёмат аз мо бархост, ё:
Ин мастии ман зи бодайи ҳумор нест,
Ин бода ба ҷуз дар қадаҳи савдо нест.
Ту омадаӣ, ки бодайи ман резӣ?
Ман он мастам, ки бодаам пайдо нест.
Дар фарҷоми барнома маснавихонии хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 – ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба мо ниҳоят писанд омад. Пас аз конфронси илмӣ раиси ноҳия моро ба хуроки миллӣ таклиф намуданд. Дар бозгашт аз сафар мо бо аҳли зиё дар роҳ бо маснвихонӣ ва бо рақсу суруд хушу хурсандона бо як таъби болида ба шаҳри зебои Душанбе баргаштем ва дар оянда мо мехоҳем, ки ҷойҳои таърихию саёҳии Ватани зебоямонро дар наздик бубинем.
Ходими илмии шуъбаи Татқиқоти гидрогении Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ Тураева Зулфия Саидовна
Имрӯз (01.10.2024) дар Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ Ҷаласаи васеъи коллективи Институт бо иштироки ноиби Президенти АМИТ, д.и.т, профессор Амонзода И.Т., ва котиби шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, д.и.т., профессор Ғафоров А.А. баргузор гардид.
Дар ҷаласаи васеи коллективӣ масъалаи ҳисоботи нуҳмоҳаи фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷаласаро директори Институт д.и.т., профессор Сафаров А.М. оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам намуд. Сипас ҳисоботи 9 моҳаи Институтро муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи АМИТ д.и.х. Раҳмонов Р.О. ба ҳозирини толор маъруза намуд.
Баъд аз баромади муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи АМИТ ноиби Президенти АМИТ, д.и.т, профессор Амонзода И.Т. аз вазъи иҷроиши нақшаҳои инфиродӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва вазъи нашри мақолаҳо ҷиҳати муаррифии илми кимиёи тоҷик дар сатҳи байналмиллалӣ бо пурсишу суолоти мутобиқ ба тақозои замон ва аз маблағҳое, ки барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ сарф шуда, инчунин камбудиву дастовардҳои Институт суханронӣ карда, баҳри боз ҳам ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан ба маъмурияти Институт ва кормандони он супоришҳои мушахас ироа намуданд.
Имрӯз (01.10.2024) сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD – и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ бо довталабони зинаи магистратура суҳбату вохурӣ анҷом дод. Бояд гуфт, ки қабули магистрантони курси якум дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба охир расида, имрӯз имтиҳонҳои тахассусии онҳо баргузор гардид.
Дар вохурӣ масъулин довталабонро ба оиннома ва талаботҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки дар академия олимону муҳақиқони барҷаста ба фаъолияти илмӣ машғул мебошанд.
Дар ин росто ҳар як довталабе, ки барои дар зинаи магистратура таҳсил намудан меояд, ҳатман зери роҳбарии ин олимони соҳа ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мешавад. Зеро Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муассисаи илмие, мебошад, ки дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши муҳимро мебозад.
Имрӯз (01.10.2024) дар маҷлисгоҳи Институти астрофизикаи АМИТ бо иштироки ноиби Презтденти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии АМИТ, д.и.т. профессор Амонзода Илҳом Темур ва котиби илмии Шуъбаи мазкур д.и.т., профессор Ғафоров А.А. ҳисоботи нӯҳмоҳаи кормандони илмии Институти астрофизикаи АМИТ шунида шуд.
Бояд қайд намуд, ки маҷлиси мазкурро директори Институт н.и.ф.-м. Бӯризода А.М. ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба Институт хайрамақдам намуд. Баъдан ҷиҳати баррасии ҳисоботи нӯҳмоҳа баромад, ироа намуд. Дар ҳисоботи мазкур натиҷаҳои назарраси илмӣ – таҳқиқотӣ, илмӣ –ташкилӣ, омода намудани мутахассисони илмӣ, таблиғи донишҳои астрономӣ, ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои дохилию хориҷӣ пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон роҳбарони зерсохторҳои Институт низ доир ба масъала баромад намуда оид ба корҳои анҷомдодаи худ маълумот манзур намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси илмӣ дар Институт корҳои назаррас анҷом дода шуда истодааст. Таҳти роҳбарии Узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.-м. Қоҳирова Г.И. ду нафар ва таҳти роҳбарии н.и.ф.-м. Нарзиев М. як нафар рисолаҳои илмӣ омода намуда истодаанд.
Пас аз баррасии ҳисобот аз ҷониби ноиби Презтденти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии АМИТ, д.и.т. профессор Амонзода И.Т. суханрони намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои муфид ироа карда супоришои мушахас доданд
Имрӯз (01.10.2024) дар толори Шурои олимони Институт дар асоси Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ барои соли 2024 ва гиромидошти Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ходимони илмии муассиса дар мавзӯи «Забон - ҳастии миллат» семинари илмӣ баргузор гардид, ки дар он ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣШарафидинова Гулчеҳра Ёдгоровна баромад намуданд.
Зикр карда шуд, ки имрӯз забони давлатӣ дар кишвари мо ҳамчун омили ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳо эътироф гардидааст. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз забони тоҷикӣмавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Воқеан, Пешвои миллат, чун вориси бонангу баномус оид ба рушди забони давлатӣ пайгирона талош меварзад ва ҳамеша таъкид мекунад, ки худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ аз муҳаббат ба забони модарӣ шурӯъ мешавад.
Мусалам аст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ дар баробари пешбурди сиёсати илмии кишвар дар омода намудани кадрҳои баландихтисос дар зинаҳои магистратура, докторантура ва аспирантура нақши бориз дорад. Имрӯз қабули имтиҳонҳои тахассусӣ барои докторантони PhD дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
