( Эссе)
Ёдовар бояд шуд, ки ҳамчун мутахассис зуҳуроти даҳшатафканӣ, хиёнаткорӣ ва тӯҳматро ба ҳеҷ ваҷд қабул карда наметавонам. Аммо, муттаасифона, чунин падидаҳои номатлуб арзи вуҷуд доранд ва инсоният бояд ҳамеша ба онҳо муқовимат дошта бошад. Кош чунин бошад, ки бошад.
Медонам, ки одами бешараф ва ё намояндаи баъзе аз кишварҳо баъзан ба ифрот даст зада, ҳадду меъёр ва эҳтирому арзишҳои инсониро қабул карда наметавонад. Мегӯям, ки кош чунин набошад, аммо мутаассифона, чунин будааст.
Бинобар ин, аз Яздони пок талабу илтиҷо дорам, ки амалиёти бешарафонаи «Крокус Сити Холл» ҳеҷ вақт такрор наёбад, ки он фоҷиаи мардуми оддӣ, амали террористӣ ва муносибати ғайриинсонӣ будааст ва бояд маҳкум карда шавад. Кош ин амали репутатсионӣ ба сари миллати мо тӯҳмат ва ё фиреби сиёсӣ бошад.
Ба замми ин, андеша дорам, ки ҳама зиддияту номуайяниҳои ин фоҷиаро ҳамчун тӯҳмат қабул намоям, зеро дур нест он рӯзе, ки исботи ин тӯҳмати муаммоангез пайдо нагардад. Лек агар пайдо ҳам гашт, мутаассифона, он аллакай зарбае ба имиҷ ва манфиатҳои миллист. Кош чунин намебуд, аммо чи илоҷ чунин карда шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки ҳама гуна ҳокимияти муштзӯре, ки ҳаду ҳудуди қудратмандии худро ба дигар миллату халқиятҳо равона мекунад ва мардумро ба нокомиҳо гирифтор мекунад, мерасад рӯзе, ки худаш худро ба коми ноумедиҳо фурӯ мебарад. Аммо бозиҳои пасипардагӣ, тӯҳмату буҳтон, таҳқиру бадбинии миллӣ ва фоҷиаҳои бофтаю сохта дар назди оммаи мардум ҳамеша, ифшо мегардад. Кош чунин бошад. Аммо абарқудратони даҳр инро на фарзияю «парадокс», балки ҳақиқати шуми субъективӣ медонанд. Афсус, ки чуни будааст.
Бояд гуфт, ки аз ҳуқуқу озодиҳо дур намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, маҷбурнамоии сиёсӣ, истисмор, зулми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи бегона ва ғ., бештар боиси пайдо шудани вобастагии одамон ба зоҳиршавии заминаҳои динию ифротӣ тақвият мебахшанд. Бозигарони сиёсӣ мутаассифона, чунин идеологияро ҳамеша барои истифодаи содакунонии шуури сиёсии шаҳрвандон ва назарфиребии аҳолӣ истифода мебаранд. Зеро маҳаки асосии идеологияи ифротӣ бештар ифодаи рӯҳияи инсонбадбинӣ ва тафриқаандозиро аз рӯи мансубияти миллию динӣ бо хусусиятҳои тундгароёнаи худ тарғиб мекунад, ки ин амали хатарзои геополитикӣ мебошад. Кош чунин набошад, ки барои мо дигар ҳимоя кардан дар бисёр самтҳо душвор мегардад.
Мусаллам аст, ки вазъи имрӯзаи ҷомеа таззодҳои гуногунро дар бар мегирад ва аз чӣ бошад, аксари кишварҳои абарқудрату тавоно бо ҳар баҳона обрӯ ва имиҷи давлатҳои тозаистиқлолро кӯшиши паст задан доранд. Кош чунин набошад, аммо чунин ба чашм мерасад. Аз ин рӯ, мо дар ҳама ҳолат бояд бо сабру таҳаммул буда, ҳифзи манфиатҳои миллиамонро аз ҳама авлотар донем.
Шояд барои фоҷиаи «Крокус Сити Холл» ва зуҳуроти номатлуби он дигар аксуламал ҳикмате надошта бошад? Албатта, бояд чунин набошад ва ин маънои онро надорад, ки мо моҳияти онро хуб ҳис накардаем, вале воқеан, мо онро дуруст дарк намудаем. Аз ин лиҳоз, такрор ба такрор мегӯем, ки идеологияи миллӣ барои мо имрӯз таҷассумгари гузашта, раҳнамои ояндаи миллат аст, ки мо онро бояд ба роҳ монем ва тақвият бахшида тавонем.
Бале, мо тавсия медиҳем, ки танҳо захираи инсонӣ, идеологияи миллӣ ва пос доштану баррасӣ намудани арзишҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз, шуҷоати миллӣ, расму русум, забону ҳунар, дину оин ва таълиму тарбияи миллӣ метавонанд, ки мардуми моро аз вартаи ин ботлоқи пур аз тӯҳмату буҳтон берун кашад. Зеро умри андешаи ботил ва амали бадгуҳарӣ кӯтоҳ аст ва ҳақиқат бояд ба ҳақдор расад. Кош чунин бошад, ки мо ифтихори фарҳангсолорию тамаддунофарӣ дорем.
Муҳаммад Абдураҳмон- ноиби Президенти АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор
Тибқи нақша – чорабинии АМИТ ва дастуру супориши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х. аъзоёни фаъоли Академияи хурди илмҳо барои васеъ шудани ҷаҳонбинии онҳо, ғани гардонидани донишҳои амалӣ ва фундаменталӣ, инчунин вохурӣ бо олимон ва муҳаққиқон, бедор намудани шавқу рағбати ғояҳои илмӣ ба таҳқиқот ва навоварӣ хонандагони Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи №2 барои хонандагони болаёқат"-и шаҳри Душанбе бо роҳбарии кормандони шуъбаи кор бо мактаббачагони назди Раёсати АМИТ ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ ба пойгоҳҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, ҳамзамон ба Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ сафарбар карда шуданд.
Зимни вохӯрӣ аъзоёни Академияи хурди илмҳои Тоҷикистонро олимони шинохтаи Институтҳои илмӣ-таҳқиқотии болозикр ҳамроҳӣ намуданд.
Имрӯз, 30 январ бо мақсади таҷлили бошукуҳи ҷашни бостонии Сада дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастовардҳои олимону муҳаққиқони самти илмҳои кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар намоиш намунаҳои дастовардҳои илмӣ, навовариҳо, зироатҳои кишоварзӣ, ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз, тухмиҳои селексионӣ ва маҳсулоти илмӣ-таҳқиқотӣ муаррифӣ гардида, саҳми олимон дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар баръало нишон дода шуд.
Зимни боздид президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону муҳаққиқон аз гӯшаҳои намоишгоҳ дидан намуда, бо натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, дастовардҳои нав ва самтҳои афзалиятноки рушди илмҳои кишоварзӣ шинос гардиданд. Таъкид гардид, ки таҷлили ҷашни Сада ҳамчун ҷашни меҳнату кишоварзӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои ниёгон нақши муҳим дорад.
Дар намоиш зикр гардид, ки олимону муҳаққиқони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон навъи картошкаи батат — «Сомон» ва дигар навъҳои селексионии ба шароити иқлимии кишвар мутобиқшударо парвариш ва пешниҳод намуданд. Инчунин аз ҷониби онҳо як навъи қаҳваи маҳалӣ муаррифӣ гардид, ки аз ҷониби олимону муҳаққиқон омода гардидааст.
Дар идома дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабзе, ки дар боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб парвариш ёфтаанд, низ ба намоиш гузошта шуданд ва меҳмонон имконият пайдо карданд, ки бо хусусиятҳо ва сифати ин ниҳолҳо шинос шаванд.
Имрӯз, 30 январ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада Конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Ҷашни Сада: таърих, моҳият ва рамзҳои миллии он” баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, дар суханронии худ аз арзиши баланди миллӣ ва фарҳангии ҷашни бостонии Сада ёдовар шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимону кормандонро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ба яке аз ҷашнҳои дустдоштаи миллӣ табдил ёфтааст.
Пешвои миллат дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд, ки "-ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада пояҳои асолати миллии тоҷикон ба шумор мераванд, зеро ҳамаи онҳо маҳз дар марзу буми аҷдодии мо, яъне дар қаламрави таърихии тоҷикон зуҳур карда, ташаккул ёфтаанд”.Аз ин хотир, эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус, ҷашни Сада, арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар қатори дигар ҷашну суннатҳои неки ниёгон Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин ҷашн ҳазорон сол қидмат дорад ва аз куҳантарин ҷашнҳои ориёӣ (ҳатто қадимитар аз Наврӯз) ба шумор меравад. Сада рамзе аз куҳан будани фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик аст, ки дар худ маърифат ва шинохти табиату ҷомеаро аз ҷониби ниёгони мо ҳанӯз дар аҳди бостон инъикос кардааст.
Гуфта шуд, ки Сада далели бумӣ, кишоварзу шаҳрнишин ва тамаддунофар будани тоҷикон аст. Ин ҷашн гувоҳи он аст, ки гузаштагони мо кишоварзу муқимӣ буда, дар соҳили дарёҳо ва водиҳои хушманзар ба сар мебурданд. Кишоварзон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, воситаҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои лозима меандешиданд.
Бояд гуфт, ки Сада ҳам монанди ҷашнҳои дигари суннатии сол аз дидгоҳи ниёгони мо ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад. Ин ҷашн тибқи устураҳо дар замони шоҳони қадими пешдодӣ, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола доранд, баргузор мешудааст.
Дар идомаи конференсия як зумра аз олимону муҳаққиқон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, вобаста ба таърих, моҳият ва рамзҳои миллии ҷашни Сада андешаҳои худро баён карданд. Ҳамчунин, мактабачагони Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон доир ба ин ҷашни бостонӣ аз ашъори шоирон порчаҳо қироат намуданд.
29.01.2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.
Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода шуда, дар давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2026» навишта шудаанд.
Дар маркази рамз акси “Маҷмааи Истиқлол”, ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст.
Дар пасманзари рамз ҷилои нури офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад.
Акси кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгир аст, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон нишона аз иқлими сабз ва дорои захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошад.
Аксҳои роҳ, нақб ва нерӯгоҳ, ки рамзро мукаммал гардонидаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд.
Инчунин, дар паҳлуи рости рамз рақами 35 бо истифода аз рангҳои парчами давлатӣ ҷойгир аст, ки ишора ба соли ҷашн мебошад.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода баранд.
https://president.tj/event/news/54712
Имрӯз, 28 январи соли 2026, соати 04:32 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази заминларза дар масофаи 488 км шарқу шимоли шаҳри Душанбе ва 39 км шимолу ғарби ноҳияи Мурғоб қарор дошт. Қувваи заминларза дар марказ 3–4 баллро ташкил дода, дар Мурғоб 3 балл ва дар Душанбе заминларза эҳсос нашуд.
Имрӯз, 27 январ, дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мари Фаверо, доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса барои олимону муҳаққиқони самти илмҳои гуманитарӣ, аз ҷумла забон ва таърих маърузаи илмӣ намуд.
Дар ин чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, олимон ва муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Саломиён Муҳаммаддовуд ифтитоҳ намуда, ҳозиронро хайрамақдам гуфт ва ба аҳамияти тақвияти робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти илмҳои гуманитарӣ таъкид кард.
Дар идома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон, хонум Элза Пинёл дар суханронии хеш бори дигар аз аҳамияти тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса таъкид намуда, ба дастовардҳои олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар рушди илмҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар маъруза Мари Фаверо ба масоили таърихии Хорди тиллоӣ, таъсири он ба забон ва фарҳангҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин нақши забон ҳамчун воситаи муошират байни халқҳо диққати махсус дод. Ҳозирон имкони иштирок дар муҳокимаи фаъол ва додани саволҳоро пайдо намуданд. Мари Фаверо ҳамзамон доираи васеи корҳои илмии худ, аз ҷумла нашри мақолаҳо ва китобҳо дар мавзӯъҳои таърих ва забонро ба иштирокдорон муаррифӣ кард ва ба аҳамияти омӯзиши таърих ва фарҳангҳои минтақавӣ таъкид намуд.
Чорабинӣ бо суханрониҳои таҳлиливу мубодилаи афкор ва тавсифи аҳамияти ҳамкориҳои илмӣ байни олимони Тоҷикистон ва Франсия анҷом ёфт. Ин маъруза як қадами муҳим дар густариши робитаҳои илмӣ ва рушди дониши академӣ дар самти гуманитарӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз, 27 январ, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл баргузор гардид. Дар мулоқот инчунин хонум Мари Фаверо — доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои густариши робитаҳо байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Фаронса, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷрибаи илмӣ ва рушди ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки илмро баррасӣ намуданд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти забон ва таърих, гузаронидани омӯзишҳо ва таҳқиқоти илмӣ миёни донишҷӯён ва муҳаққиқон дар мавзеъҳои таърихӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии худ ба аҳамияти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм таъкид намуда, иброз дошт, ки Академия омода аст дар доираи лоиҳаҳои муштарак, баргузории ҳамоишҳои илмӣ, конфронс, симпозиюмҳо, табодули олимону муҳаққиқон ва анҷоми таҳқиқоти муштарак бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Фаронса ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.
Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ба сатҳи ҳамкориҳои илмии дуҷониба баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Фаронса ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус дар самти забон, таърих ва таҳқиқоти марбут ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Дар идомаи мулоқот хонум Мари Фаверо — доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса, ба омӯзиш ва мавзеъҳои таърихии чандинҳазорсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омодагии худро ҷиҳати гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак миёни олимон ва муҳаққиқони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар ин мавзеъҳои таърихӣ изҳор намуд.
Дар анҷом ҷонибҳо чунин мулоқотҳоро заминаи муҳим барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва густариши равобити дуҷониба арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.
Имрӯз, 26 январ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ноиби президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшикава Ёшифуми баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳсилот ва омӯзиш, ҳамчунин таҷрибаҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ табодули афкор намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва дигар мушкилотҳои глобалиро муҳокима намуда, оид ба гузаронидани таҳқиқотҳои муштараки илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ дар ин самт табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти энергияи сабз, технологияҳои геотермалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар ин бахш мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот ҷонибҳо ба омода намудани мутахассисон дар самтҳои энергияи барқароршаванда ва технологияҳои инноватсионӣ аҳамияти махсус доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон, ба аҳамияти тақвияти робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои стратегӣ таъкид намуд. Ҳамзамон, ӯ истифодаи энергияи сабз ва нақши ҳамкориҳои байналмилалиро дар ҳалли мушкилотҳои глобалӣ махсусан муҳим арзёбӣ кард.
Инчунин, ноиби президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшикава Ёшифуми ба дастовардҳои академия дар рушди илм ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими экологии Тоҷикистон баҳои баланд дод ва омодагии JICA-ро барои дастгирии лоиҳаҳои нав, таҳқиқотҳои муштарак ва омода намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои энергияи сабз ва технологияҳои геотермалӣ эълон кард.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва рушди соҳаҳои илмӣ ва энергетикии Тоҷикистон дар оянда таъкид намуданд.
