
Ҳар инсон гӯшае аз дунёро бо қалбаш дӯст медорад — гоҳ кӯчаи кӯдакиҳояш, гоҳ деҳаи зебои кӯҳистон ва ё як шаҳри дилчасп. Барои мо ин гӯшаи дӯстдоштатарини дунё — Душанбе аст. Душанбе, пойтахти зебо ва дили Тоҷикистон. Як шаҳри пур аз таърихи амиқ ва фарҳанги бой мебошад. Шаҳре, ки бо кӯчаҳояш, боғҳояш, манзараҳои зебо, табиати аҷиб ва меъмории хос боиси ифтихори мардум гардидааст.
Шаҳре, ки на танҳо пойтахти кишвар, балки маркази рӯшноӣ, фарҳанг ва зиндагии пур аз умед аст. Шаҳре, ки бо нурпошии офтоб субҳ медамад ва шабонгоҳ бо чароғҳои рангин нурафшон мегардад.
Душанбе барои мо фақат як шаҳр нест — як ҳиссиёт аст. Ҳар боре ки дур мешавем, хаёлам бармегардад ба ҳамин ҷо: ба боғи Рӯдакӣ, ба Муҷассамаи Сомонӣ, ба кӯчаҳои равшани шабона. Ин шаҳр бо ҳар як гӯшааш қисса мекунад — аз гузаштаи пурифтихор то ормонҳои оянда. Аз фарҳанг то технологияи нав. Он зебоӣ танҳо дар манзараҳояш нест, балки дар одамон, рӯҳия ва муҳити он ҷой дорад. Пойтахт — шодобтарин ва рӯшантарин гӯшаи ҳар як кишвар аст. Барои Тоҷикистон, шаҳри Душанбе дар давраи истиқлолият фақат маркази сиёсиву маъмурии кишвар набуда, балки нишони бузургтарини рушд ва азнавсозии миллат мебошад.
Пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дар давраи истиқлолият бо бунёди биноҳои муосир ва бехатар, сохтмони роҳҳои асосии байнишаҳрӣ ва нақбҳо рушд кард. Яке аз бузургтарин муваффақиятҳо дар ин самт сохтмони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аст, ки ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Бунёди марказҳои савдо, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, таъмир ва таҷдиди кӯчаҳо ва боғҳо низ шаҳодат аз онро медиҳад, ки Душанбе дигар бо паймонҳои модерн муносибат мекунад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар 33 соли истиқлолият, Душанбе пойтахт ва маркази рушди иқтисодии Тоҷикистон гашт. Дар ин давра, шаҳри Душанбе ба як маркази тиҷоратӣ ва молиявӣ табдил ёфта, бахши хизматрасонӣ, манзил ва сохтмони корхонаҳо дар тамоми шаҳр паҳн гардид. Нақши калидии Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои давлатии Душанбе дар пешбурди иқтисоди миллӣ ва устувор кардани вазъи иқтисодӣ дар кишвар мунтазам шудан ба муассисаҳои хориҷӣ ва ташкили форуми иқтисодӣ на танҳо ба иқтисоди маҳаллӣ, балки ба кишварҳои ҳамсоя низ таъсир гузошт. Пойтахт дар давраи истиқлолият ба як маркази фарҳангӣ табдил ёфт. Муассисаҳои фарҳангӣ ба мисли Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Осорхонаи Миллӣ, мақбараи Исмоили Сомонӣ ва дигар ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангии Душанбе на танҳо шоҳиди азнавсозӣ ва бозсозӣ гардиданд, балки бо ифтихор то имрӯз аз таърих ва фарҳанги Тоҷикистон нақл мекунанд.
Пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе, инчунин дар соҳаи маориф ва илм пешрафт намуда, муассисаҳои таълимии муосир, донишгоҳҳо, муассисаҳои тадқиқотӣ ва мактабҳои махсуси байналмилалӣ таъсис ёфтанд. Маҷмӯи ин кӯшишҳо ба рушди афкори шаҳрвандӣ ва эҳё кардани донишҳои илмӣ кӯмак расонида, дар рушди ҷомеаи шаҳр таъсири назаррас дошт.
Душанбе бо манзараҳои зебои кӯҳии Ҳисору Варзоб ва дарёи равон аз кӯҳ, дар фазои гарм ва ором ҷой гирифтааст аст. Ин кӯҳҳо ба шаҳр як ҳисси оромиш ва шодобӣ мебахшанд, ки хеле хос аст. Ҳангоми рафтан дар хиёбонҳои Душанбе, бо дидани кӯчаҳои зебо ва гулзорҳои рангоранг, ба одамон оромиш ва эътидол медиҳад. Душанбе дар шомгоҳон бо чароғҳои ва манзараҳои зебо обод медурахшад. Шабҳои шаҳр ба як рамзи равшании оянда табдил меёбанд ва чароғҳои рангин ва тарроҳӣ шудаи хиёбонҳо як намуди зебоии бештари шаҳрро ба назар мегузоранд.
Душанбе: рамзи тавоноии миллат Душанбе, ки имрӯз бо меъмории муосир, хиёбонҳои замонавӣ, ва марказҳои тиҷоратии ҷолиб шӯҳрат пайдо кардааст, дар замони истиқлолияти Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳим ва тағйироти амиқро таҷриба кардааст. Он на танҳо ҳамчун як пойтахт, балки рамзи тавоноии миллӣ ва рушди давлати ҷавон мебошад, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №11-2 аз 28 декбри соли 2000-ум қабул гардиааст. Барои дарки маъсулият дар назди ҷомеа пойтахти ватанамон –ш.
Душнбе дар оянда низ ҳамчун маркази ваҳдат, ризояти ҷомеа, волояти қонун Маромномаи пойтахт ин як усули муҳими таълимӣ ва фарҳангии таҳкими зиндагии осоишта ва масъулияти шаҳрвандӣ дар шаҳр аст. Дар Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиром ба қонун, одоби ҷамъиятӣ ва хати ахлоқӣ барои ҳар як сокини шаҳр аз аҳамияти хосе бархурдор аст. Аз ин рӯ, пос доштани маромнома ва риояи тартиб ва қонунҳо на танҳо ба беҳдошти муҳити шаҳр кӯмак мерасонад, балки нишон медиҳад, ки ҳар як шаҳрванд ба таҳкими арзишҳои миллӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъсир мерасонад.
Хулоса, Душанбе дар давраи истиқлолият аз нуқтаи назари сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба муосиртарин ва густурдатарин маркази шаҳрсозӣ ва фарҳангии кишвар табдил ёфтааст. Тағйироти асосӣ, бунёди инфрасохтори нав ва амали муҳими таърихии Душанбе дар давраи истиқлолият ба мо нишон дод, ки пойтахт метавонад рамзи рушди як миллат бошад. Шаҳри Душанбе имрӯз на танҳо маркази сиёсӣ, балки як қалби зинда ва рушдкунандаи Тоҷикистон мебошад. Рушд ва муваффақиятҳо дар пойтахт нишона аз он аст, ки Тоҷикистон қадамҳои устуворро барои бунёди як ояндаи мустаҳкам ва рушдёбанда меҷаҳад.
Пойтахти мо танҳо маркази сиёсиву иқтисодӣ нест — ин шаҳри умеду илҳом, дӯстиву ормон, ва муҳимтар аз ҳама, зеби дунёи мост.
Меҳрангез Муминова – котиби илмии Агентии амнияти ХБРЯ - и АМИТ, ФАРЗОНА Муҳиддинова –Ходими илмии Агентии амнияти ХБРЯ - и АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
БА МУНОСИБАТИ 65- СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҶАМЪИЯТИ ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН ВА 79- УМИН СОЛГАРДИ ХУНЁГАРИ НОТАКРОРИ ШАРҚ АҲМАД ЗОҲИР
Имрӯз, 14 июн дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 65- солагии таъсиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ва 79- умин солгарди хунёгари нотакрори Шарқ Аҳмад Зоҳир маҳфили илмӣ ва фарҳангӣ-ҳунарӣ таҳти унвони “Садои дӯстӣ ва қаламрави ҳамбастагӣ” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт тамоми ҳавдорон ва мухлисони хунёгари нотакрори Шарқ Аҳмад Зоҳирро ба ин сана муборак гуфта, таъкид дошт, ки савту навои хуш ва оҳангу садои гӯшнавоз, ки дар пардаи шеъру мусиқӣ мунсаҷим мешаванд, мардумро аз ҳар гӯшаву каноре даври ҳам ҷамъ меоваранд ва тантанаи дӯстию ҳамбастагиро таъмин месозанд. Аз тариқи шунидани созу оҳангу навою садои марғуб инсонҳо на танҳо қалбан таскин меёбанд, балки ба зиндагӣ дилгарм шуда, дар ҳавои шеъру мусиқӣ худро дарёфта, ҳамдигарро шинохта, эҳсоси ҳамдардӣ карда, даври ҳам ҷамъ омада, саранҷом ба ваҳдати куллӣ мерасанд. Ин аст, ки шеъру мусиқӣ ҷаҳонро тағйир ва дигаргуна мекунад ва шароити дӯстию ҳамбастагиро фароҳам меоварад.
Таъкид гардид, ки маҳфили мо бо мусиқӣ ва шахсияти овозадори мусиқии шарқ – Аҳмад Зоҳир бевосита иртибот дорад, ногузир ба чанд нукта таваҷҷуҳ мекунем. Мусиқӣ ба унвони ҳунар аз қадимтарин замонҳо ҳамқадаму ҳамнафаси инсонӣ буда, дар ғаму шодӣ, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва дарду ранҷ инсони зиндаро шарикӣ мекардааст. Инсон танҳо дар қолаби мусиқӣ ба зиндагӣ аз нав дил мебандад ва онро гиромӣ медорад. Ба ин маъно мусиқӣ аз дарун ва ботин инсонро озодӣ мебахшад: озодӣ аз дарду ранҷ, озодӣ аз кинаву кудурат, озодӣ аз мазаррату бадбинӣ, озодӣ аз зулму истибдод ва дар маҷмуъ, озодӣ аз андӯҳи маргу нестӣ.
Гуфта шуд, ки мусиқии ҳирфаӣ, ки қалбҳоро ба шӯр оварда, эҳсоси истиқлолро дар вуҷуди инсонӣ туғён мебахшад, бемуҳобот, дар савту наво ва овозу садои ноткрори хунёгари маъруфи Шарқ Аҳмад Зоҳир зуҳур кардааст.
Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар нимаи аввали моҳи июн, махсусан, санаи 14 июн, ки ҳам рӯзи таваллуд ва ҳам рӯзи даргузашти овозхони шаҳри Шарқ Аҳмад Зоҳир аст, доираҳои вежаи фарҳангию ҳунарӣ дар қолиби маҳфилу нишастҳо аз ин ҳунарманди нотакрор тамҷид мекунанду ёди ӯро гиромӣ медоранд. Маҳфили имрӯзаи мо ҳам, ки дар доираи ҳамкориҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон баргузор мегардад.
Воқеан, Аҳмад Зоҳир то он дараҷа шахсияти матраҳи мусиқии Афғонистон будааст, ки тайи соли охири зиндагӣ (солҳои 1969-1979) пайдарпай сазовори бонуфузтарин ҷоизаи ҳунари овозхонии кишвар “Хонандаи беҳтарини сол” гардидааст. Тайи фаъолияти ҳунарӣ Аҳмад Зоҳир беш аз 600 суруду тарона сароидааст, ки ғолибан ба забони дарӣ садо дода, танҳо чанд суруди ангуштшумори ӯ ба забонҳои пашту, ҳиндӣ, англисӣ ва русӣ суруда шудаанд.
Дар идома раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон профессор Қосимшо Искандаров, шодбошии муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода мавриди истимоъ қарор гирифта, баъдан гузориши илмӣ-ихтисосии ҳунарманди машҳури Афғонистонӣ Ваҳид Қосимӣ дар мавзуи “Аҳмад Зоҳир: зиндагии эҷодӣ, вежагиҳои ҳирфаӣ ва мушаххасоти ҳунарӣ” шунида шуд (зимнан, устод Ваҳид Қосимӣ бо ҳузури навозандагон чанд таронаву суруди Аҳмад Зоҳир ба таври зинда иҷро кард).
Инчунин, суханрониҳои ёддоштӣ-хотиротии Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, донишманд, шоиру сиёсатмадори Афғонистон Муҳаммад Ёрманд, санъатшиноси матраҳи миллӣ, доктори саннъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ ва ҳунарнамоии Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан ва Мастона Эргаш ва амсоли инҳо шунида шуда, дар байни ҳар як суханронии хотиротӣ як таронае дар иҷрои зиндаи мухлисони Аҳмад Зоҳир бо шумули Каримҷон Мизонзода (ҳаводори суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир аз Дарвоз), овозхони ҷавону умедбахш Фирӯзаи Тоҳир мавриди истимоъи ҳозирини маҳфил қарор гирифт.
Имрӯз, 13 июн таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷалассаи васеи Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои баррасии раванди экспертизаи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда барои солҳои 2026-2030, тасдиқи лоиҳои илмию таҳқиқотии нави аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда барои солҳои 2026-2030, баррасӣ ва тасдиқи ҳайати Бахшҳо ва Комиссияи экспертии Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
Гуфта шуд, лоиҳаҳои илмию таҳқиқотие, ки аз экспертизаи Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмю таҳқиқотӣ гузашта, барои маблағгузорӣ тавсия карда шуда буданд. Бо сабабҳои номаълум лоиҳаҳои номбурда дар соли 2025 аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ нагардиданд, муҳлати иҷроиши ин 11 лоиҳа ва маблағгузории онҳо ба соли 2026 тамдид карда мешавад.
Ҳамзамон роҳбари академия дар масъалаҳои ҷорӣ оид ба саривақт иҷрои лоиҳаҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва татбиқи он дар истеҳсолот бартараф намудани камбудиҳо ҷойдошта, тамдид намудани лоиҳаҳои фармошӣ ба масъулин дастурҳо доданд.
Дар идома намояндагони вазорату идораҳо ва сохторҳои гуногун доир ба таҷдид ва амалисозии лоиҳаҳо пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Имрӯз, 12 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба муносибати 28- умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – ҳастии давлат ва бақои миллат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ – Рудобаи Мукаррам, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Маликшо Неъматзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Лутфия Абдухолиқзода, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадизода Нозим, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдураҳим Холиқзода, Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хайриддин Усмонзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Даврон Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ – Рудобаи Мукаррам ҳусни оғоз бахшида иброз доштанд, ки Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ барои эҳё ва сохтани давлати мустақили Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба як заминаи боэътимод мубаддал гардиданд. Ин мафҳуми муқаддас барои давлати навҷавон имконият фароҳам намуд, ки сиёсати сулҳдӯстона ва муносибати ҳамкории баробар бо тамоми ҷаҳон барқарор гардид.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Маликшо Неъматзода дар суханронии хеш иброз доштанд, ки дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккули Ваҳдати миллӣ, қабл аз ҳама, ба омилҳои дохилии ҷомеа, махсусан ба фарҳанги қадимаи сулҳофар ва хирадгароёнаи миллати тоҷик вобастагии амиқ дорад. Дар ин раванд дарки дурӯсти аҳамияти ваҳдати миллӣ, шинохти моҳият ва нақши стратегии он дар сарнавишти миллат ва давлати миллӣ ҳамчун хусусияти хоси ин кишвар ба назар мерасад.
Дар идома директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадизода Нозим иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии хеш таъкид намудаанд, ки “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”
Гуфта шуд, ки мафҳуми “Ваҳдати миллӣ” барои ҳар миллат ҳамчун арзиши олии маънавию сиёсӣ эътироф мегардад ва халқу миллатҳои ҷаҳон ба он аз тариқи равишҳои мухталиф ва дар пайи таъсири омилҳои гуногуни дохилию хориҷӣ мерасанд. Маънову моҳияти кӯтоҳи ваҳдат дар ҳамдилӣ ва иттифоқ, яъне дар ҷамъияти инсонӣ инсонвор зистан аст, ки онро фарҳанги ваҳдатофар меноманд.
#ДАСТОВАРДИ НАВ. АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО БОМУВАФФАҚИЯТ ГУЗАШТ
Имрӯз, 09 июн дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт машварати корӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси машваратӣ таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) расман аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро гузашта, хулосаи мусбии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR)-ро, ки яке аз муассисаҳои пешбари аккредитатсионӣ дар минтақа мебошад, дарёфт намуд.
Гуфта шуд, ки қарори мазкур дар ҷаласаи Шӯрои аккредитатсионӣ, ки 12 феврали соли 2025 баргузор гардид (протоколи №92), бар асоси хулосаи Комиссияи коршиносони беруна қабул шуд. Дар рафти арзёбӣ тамоми самтҳои калидии фаъолияти Академия — аз таҳияи барномаҳои таълимӣ то фаъолияти илмӣ ва рақамикунонӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
IAAR аъзои Ассотсиатсияи Аврупо оид ба таъмини сифати таҳсилоти олӣ (ENQA) мебошад ва дар Феҳристи Аврупоии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (EQAR) ба қайд гирифта шудааст, ки эътирофи байналмилалии стандартҳои онро тасдиқ мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар таҷрибаи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (АРБ) аккредитатсияи чунин муассисаи илмӣ, аз ҷумла Академияи илмҳо бо дарназардошти ҷузъи бунёдии илмии он як дастоварди нодир буда, бори аввал гузаронида мешавад. Агентӣ ба Академия тавсия додааст, ки фаъолияти худро дар самти мобилии академӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим, густариши ҳамкориҳои илмӣ, шаффофияти барномаҳои таълимӣ ва рақамикунонии таҳсилот тақвият диҳад.
Директори генералии IAAR, хонум Алина Жумагулова, таъкид намуд, ки аккредитатсияи бомуваффақият нишонаи қобилияти баланди Академия ва омодагии он барои ҳамкории байналмилалӣ ва иштирок дар ташаббусҳои илмии ҷаҳонӣ мебошад.
Ин дастоварди муҳими Академия имкониятҳои навро дар ҷалби шарикони хориҷӣ ва тавлиди лоиҳаҳои нави илмӣ боз намуда, нуфузи Тоҷикистонро дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ тақвият хоҳад дод.
Иштироки намояндагони Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон дар Анҷумани II Шӯроҳои илмии Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илм
Аз 3 то 7 июни соли 2025 дар шаҳри Ҷинан, Вилояти Шандунии Ҷумҳурии Мардумии Чин Анҷумани II Шӯроҳои илмии Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илм (АБАИ) Конфронс оид ба мубодилаи байналмилалӣ ва ҳамкории академияи илмҳо баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Академияи илмҳои вилояти Шандун ва Академияи миллии илмҳои Беларус баргузор шуда, дар он намояндагони академияҳои илм, олимон ва мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар чорабинӣ Курбонов Кобилчон Шарифбоевич, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии илмии АМИТ ва директори Муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ", Шерализода Назриало Шерали иштирок намуданд.
Дар чорабни мазкур Курбонов Кобилчон Шарифбоевич дар мавзуи «Ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар партави Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда зикр намуданд, ки дар самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, нақши Академияи миллии илмҳои Точикистон назаррас буда дар ин раванд ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ишора намуд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати густариши робитаҳои илмии байналмилалӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ талош хоҳад кард.
Имрӯз, 04 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, аъзои пайваста ва вобаста, роҳбарони сохторҳои академия иштирок намуданд.
Дар ин маҷлиси умумӣ шаҳодатнома ва нишони сарисинагии нав, ки бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт роҳандозӣ гардидааст ба аъзои пайваста ва вобаста супорида шуданд.
Ҳамзамон 8 нафар аз олимони кишварҳои хориҷӣ узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гардиданд, ки саҳми олимони мазкур дар муаррифӣ, рушду пешрафт ва омода кардани кадрҳои илмӣ барои муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар назаррас арзёбӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар маҷлиси имрӯза президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт узви пайваста (академик)- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид.
Имрӯз, 04 – июн дар пайравӣ аз сиёсати ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Мактаб – интернати низомаш махсуси шаҳри Ҳисор кумаки хайриявӣ барои муҳаё намудани шароити иҷтимоии тарбиятгирандагони мактаби зикршуда аз қабили 5 – адад таҷҳизоти обгармкунӣ (термекс) расонида шуд.
Бояд гуфт, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон ва маъюбон диққати махсус зоҳир карда мешавад. Инчунин, зимни ҳар баромадашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ятимону маъюбону бепарасторонро қишри ҷудонашавандаи ҷомеа ном бурда, барои кумак ба онҳо ба тамоми ниҳодҳои давлатӣ дастуру супоришҳо медиҳанд.
Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зери роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ин самт иқдомҳои муҳимро роҳандозӣ намуда, пайваста аз ҳоли ятимону бепарасторон ва маъюбон бохабар мегарданд.
Имрӯз, 03 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо сардори Маркази байналхалкии идоракунии бренди «Сифати бузурги энергия» Ван Лиминг мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҳамзамон ноиби президенти АМИТ – Саидмуқим Ибодзода, мудири шуъбаи Раёсати робитаҳои байналмилалии АМИТ Мирвайсов М.С. ва ҳамраиси Маркази илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Чин дар Пекин Умаралиева Таҳмина иштирок намуданд.
Дар рафти мулоқот оид ба роҳандозии ҳамкориҳои муштарак вобаста ба тарҳрезӣ ва сохтани дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ташкили семинару конфронсҳои илмии муштарак, табодули донишҷӯён ва коршиносони илмӣ суҳбатҳо анҷом дода шуд.