Забон дар даҳон, эй хирадманд чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чӣ донад кассе,
Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар.
Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва зуҳури ҳар ду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон ин асоси миллат буда, яъне оинаи фарҳангӣ халқ аст.
Инсон фикри худро бо роҳҳои гуногун (имову ишора, рафтор, ранг, садо) ифода карда метавонад, аммо воситаи умдаи ифодаи фикр забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Ҳамин тавр, вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расиданд.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам буда, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз cap гузаронидааст: забони форсии қадим, забони форсии миёна ва забони форсии нав. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Шоирону нависандагон ва донишмандони оламшумул, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод карда, шӯҳрати ин забонро боз афзунтар гардонидаанд.
Тоҷикон забони худро ниҳоят дӯст медоранд. Новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд. Ба ин маънӣ Бозор Собир дар шеъри «Забони Ватан» чунин мегӯяд:
... Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан...
Дар замони салтанати Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён забони тоҷикӣ мақоми шоистае касб карда, доираи васеъро фаро гирифта буд.
Баъди Инқилоб ва арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи нави инкишофи забони адабии тоҷик оғоз ёфт. Забони адабии китобӣ ба забони гуфтугӯии мардум наздик гардид. Тавлиди асарҳои устод Айнӣ мисли «Одина», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Дохунда» ба рушди забони тоҷикӣ мусоидат намуда, боғи фарҳангии миллатро зиннат доданд.
Минбаъд нависандагону шоирони муосири тоҷик, мисли Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва дигарон мисли гузаштагони худ чароғи забони модариро фурӯзон доштанд. Барҳақ шоири тавоно Муъмин Қаноат мегуяд:
... Баҳри ман танҳо забони модарист, ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест, чунки меҳри модар аст.
Оре, ҳастии ҳар як халқу миллат ба забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ вазифадор аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобаста аст. Ҳафзи ин сарвати беназири миллат барои донистани дигар забонҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Ope:
Ҳар кас бо забони худ сухандон гардад,
Омӯхтани сад забон-ш осон гардад.
Ҷашни забон, ки ба ҳукми анъана даромадааст, аз тасвиби Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ҳақиқат, он рӯз, яъне 22 июли соли 1989, ки Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷӯмҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни забонро эълон дошт, барои тоҷикон рӯзи таърихӣ гардид. Мақоми давлатӣ пайдо кардани Қонуни забон бори дигар моро ба донистани нозукиҳои забони модарӣ ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, беғалат навиштану донистани меъёр ва қоидаҳои забон ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин мекунад. Илова дар ин, лозим аст, ки ба забони модарии худ садоқат ва муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро эҳёи забон пурарзиштарин мероси мо ба наслҳои оянда хоҳад буд
Наҷибуллоҳи РӮЗИ Н.И.Т., Мудири озмоишгоҳи технологияҳои компютери МТТИ АМИТ
Бо мақсади иҷрои Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тадбиқ ва рушди иқтисодиёти сабз кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ - таҳқиқотиро ба роҳ мондаанд. Дар заминаи ин аз ҷониби кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ бо мақсади иҷрои барномаи мазкур панелҳои офтобӣ омода карда истодаанд.
Тавре огоҳ ҳастем аз ҷониби Ҳукумати шаҳри Душанбе ва бо мақсади сарфа кардани нерӯи барқ минбаъд тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тамоми биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои таълимие, ки сохта ба истифода дода мешаванд, бояд панелҳои офтобӣ насб карда шавад. Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони илмии Академияи миллии илмҳо сохта ба истифода додан ва насби панелҳои офтобӣ ба роҳ монда шуд.
Аз ин рӯ, бо мақсади дидан намудан аз фаъолияти кории кормандони Институти илмӣ - таҳқиқотӣ санаи 10 апрели соли 2025 президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳамроҳии як зумра аз кормандон ба маконе, ки аввалин шуда панелҳои офтобӣ дар болои бинои баландошёнаи истиқоматӣ насб карда шуданд, дидан намуда, пурра аз тарзи кори панелҳои офтобӣ аз наздик шинос гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки иқдомаи мазкур бо мақсади сарфа кардани нерӯи барқ аз ҷониби сокинони шаҳри Душанбе мебошад, ки маҳз барои пешгирӣ кардани сарфакорӣ нерӯи барқ кӯмаки худро мерасонад.
Бояд гуфт, ки кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон минбаъд низ дар доираи ҳамин лоиҳаи иҷрошаванда бо ширкатҳои сохтмонӣ ва лоиҳасозӣ шартнома баста дар насби панелҳои офтобӣ дар биноҳҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ фаъолияти худро идома медиҳанд.
Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 11.04.2025
11 апрел иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таҳти раисии калонсолтарин узви Маҷлиси миллӣ Низом Қосим оғоз гардид.
Пас аз иҷрои муқаррароти расмии ифтитоҳи иҷлосия ва интихоби мақомоти кории он нахуст интихоботи роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Раиси интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин сухан гуфта, барои садоқат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд намуданд.
Сипас, кори Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таҳти раисии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ идома ёфт.
Дар идомаи иҷлосия муовини якум ва муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд ва онҳо низ дар навбати худ дар назди ҳозирин сухан гуфта, савганди садоқат ёд намуданд.
Сипас дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, оид ба муҳимтарин паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пешгирии ҳамагуна таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа андешаронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти онро ба муносибати интихоб ва таъин шуданашон табрик гуфта, барои амалӣ кардани салоҳиятҳои пурмасъулияташон ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Таъкид гардид, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бояд ба таҳияи қонунҳо диққати махсус зоҳир намоянд.
“Бо дарназардошти таъмини ҳадафҳои рушди дарозмуддат ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум бояд қонунҳое таҳия карда шаванд, ки барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, амният ва суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ободонии деҳот, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар сарватҳои табиӣ равона шуда бошанд”, изҳор доштанд Пешвои миллат.
Дар ин зимн Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бо дигар субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, аз ҷумла вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамкории наздик ва доимӣ дошта бошанд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки қонунҳо бояд бо дарназардошти стратегияву барномаҳо ва ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия карда шаванд.
Таъкид гардид, ки аъзои Маҷлиси миллӣ дар татбиқи саривақтии дурнамо ва барномаҳои миёнамуҳлати рушд, саноатикунонии босуръати кишвар, “иқтисоди сабз”, рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои мухталифи он, гузариши пурра ба “ҳукумати электронӣ”, пардохтҳои ғайринақдӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бояд саҳми намоён дошта бошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки масъалаҳои боз ҳам баланд бардоштани сифат ва шароити зиндагии аҳолии кишвар, ноилшавӣ ба рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ва гузариш ба модели иқтисодии ба саноат асосёфта дар маркази фаъолияти масъулон қарор дошта бошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ҳангоми таҳия ва ҷонибдории қонунҳо заминаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва самаранокии онҳоро дар рушди ҳама сатҳҳо ва беҳдошти зиндагии мардум ҳаматарафа омӯзанд ва дар ин раванд, зарурат, аҳаммият ва амалишаванда будани онҳоро низ аз мадди назар дур намонанд.
Дар робита ба вазъи бисёр мураккабу печида ва душвору хатарзои ҷомеаи ҷаҳонӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо мо бояд фаъолияти худро беш аз пеш густариш диҳем, ҳамеша бо мардум бошем, тамоми сохтору мақомот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеаро ба ин самт сафарбар созем”.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда амалисозии ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла ноилшавии пурра ба истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини шуғли пурмаҳсул зарур аст.
Таъкид карда шуд, ки танҳо дар ҳамкории зичи масъулин бо мардум имкон аст, ҳамаи имкониятҳои рушди соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати маъдан, сабук ва хӯрокворӣ, таъмин гардад ва ба ин васила ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиш додани содироти молу маҳсулоти тайёри ватанӣ бо арзиши баланди иловашуда роҳандозӣ шавад.
Мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, хусусан камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикргардида ба бозори истеъмолӣ, аз масъалаҳое буданд, ки ба онҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Масъулияти баланди аъзои Маҷлиси миллӣ ва маъсулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои ҳалли мушкилоти мавҷуда таъкид гардид.
Дар робита ба омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ, зарур шумурда шуд, ки корҳои ободонӣ аз ҳар як оила то деҳоти дурдасттарин вусъат дода шуда, иҷрои супоришҳо дар ин самт, аз ҷумла доир ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар муҳлати муқарраргардида таъмин гардад.
Масъулияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин дар назорати истифодаи сарфакоронаи барқ, кам кардани талафоти он, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ин ҷода, таъкид гардид.
Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, ки то ба сатҳи ҷавобгарии ҷиноятӣ расондани масъулият барои истифодаи ғайриқонунӣ ва напардохтани маблағи барқро пешбинӣ менамояд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки талаботи нав бояд ба мардум хуб фаҳмонда шавад, то ки бохабар бошанд ва риоя кунанд, худро ба мушкилиҳои нав, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ дучор насозанд.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Маҷлиси миллиро дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, қонунияту тартибот, волоияти қонун, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар назаррас арзёбӣ карда, изҳор намуданд, ки аъзои нави он бо истифода аз донишу таҷрибаи худ дар ин самт бояд кӯшиши зиёд анҷом диҳанд.
Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум ба кори худ идома бахшид.
10 апрели 2025 рӯнамои асари арзишманди президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва Н.С.Пласкова зери унвони "Методология учета и анализа цифровых активов кредитной организации" дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Рӯнамои асарро директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ҳусни оғоз бахшида, олимону донишмандони Институт,аз ҷумла номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институт Муҳаммадализода Парвина ва доктори илмҳои таърих, сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ Қурбонзода Ширин баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро перомуни арзиши ин асар баён намуданд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки рӯнамои асари мазкур дар ҳошияи "Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик" ба роҳ монда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, бинои маъмурӣ бо ҷойгиронии Муассисаи давлатии маркази шаҳрии «Ёрии таъҷилии тибби
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, бинои маъмурӣ бо ҷойгиронии Муассисаи давлатии маркази шаҳрии «Ёрии таъҷилии тиббии №1» ва шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсиро мавриди баҳрабрдорӣ қарор доданд.
@RustamEmomali
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Корхонаи дӯзандагӣ бо таҷҳизоти нави замонавиро ба ис
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Корхонаи дӯзандагӣ бо таҷҳизоти нави замонавиро ба истифода доданд.
@RustamEmomali
10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот дар заминаи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, тарҳи он ба ҳусни пойтахт зебоии дигар бахшид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дорои ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз, осорхона, толорҳои маҷлис, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, шароити дар он фароҳамшуда ба фаъолияти кормандон заминаҳои мусоид хоҳад гузошт.
Гӯшаҳои алоҳида, ки дар Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ба ташаккули маълумоти ҳар бинанда аз масири таърихии тоҷикон мусоидат менамояд. Таърихи ниёгон, Тоҷикистони Шӯравӣ, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Неругоҳи обии «Роғун» ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ва дигар маълумоту навгониҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи бахшҳо дар осорхона аст.
Маълумот аз давраҳои гуногуни давлатдории тоҷикон, фаъолияти ҳизб ва дастоварду музаффариятҳои Тоҷикистон бо роҳи ҷамъоварии аксу аёният ва маводи чопӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ аҳаммияти басо муҳим касб кардааст”.
“Пас дар шароити рушди технологияҳои иттилоотӣ ва бо назардошти хусусиятҳои муосири сатҳи фаҳмиши ҷомеа ҳифз ва тарғиби таърихи ташаккулёбӣ ва рушди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути воситаҳои инноватсионӣ – ташкили фаъолияти осорхонаи таърихӣ-инноватсионӣ ба мақсад мувофиқ хоҳад буд”, - таъкид доштанд Пешвои миллат.
Ташаккули зеҳну тафаккури кормандон дар раванди фаъолият ва дастрасии онҳо ба муҳимтарин маълумоту навгониҳо аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки бо таъсиси китобхонаи электоронии пайваст бо шабакаи интернет ба инобат гирифта шудааст.
Дар ин баробар имкон аст, ки хоҳишмандон аз номгӯи зиёди адабиёт дар толори хониши китобхонаи анъанавӣ истифода намоянд.
Барои ташкилу баргузории ҷамъомад ва чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ маҷлисгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд шуда, дорои 1240 ҷойи нишаст мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тақозои истифодаи мусоид аз шароити фароҳамшуда масъулинро барои татбиқи ҳадафҳои аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла таҳкими асосҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки ба беҳбуди ҷомеа нигаронида шудааст, дастуру тавсияҳо доданд.
МАЪРУЗАИ ХОДИМИ КАЛОНИ ИЛМИИ ИНСТИТУТИ ГЕОЛОГИЯ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҶУСТУҶӮИ ГЕОЛОГИИ РУСИЯ
Аз санаи 02 то 08 апрели соли равон ходими калони илмии лабараторияи тадқиқоти комплексии сейсмологӣ ва геофизикаи Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шозиёев Шокарим Парвонашоевич дар Донишгоҳи давлатии ҷустуҷӯи Русия ба номи Серго Орҷоникидзе дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои омӯхтани гидросфераи Тоҷикистон» ва «Муфассал омухтани режими сейсмикии минтақаи Тоҷикистон» дар конференсияи байналмилалии илмию амалӣ маъруза намуд.
Имрӯз, 8 апрел президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Маркази инноватсионии биология ва тиб ташриф оварда, ҳамзамон бо шароити кории олимону кормандони марказ аз наздик шинос гардиданд.
Зимни боздид президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз озмоишгоҳи биологияи тиббӣ гурӯҳи омӯзиши гиёҳҳои шифобахш дидан намуда, аз натиҷаи корҳои илмӣ – таҳқиқотии олимону муҳаққиқон аз наздик шинос гардиданд.
Инчунин, президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо талош намуда истодаем, ки заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмиро марҳила ба марҳила мустаҳкам намуда, як шароити хуби кориро барои олимони соҳаҳои мухталиф фароҳам оварем.
Бояд гуфт, ки мақсади асосии фаъолияти Марказ омӯзиши хусусиятҳои мутобиқшавии растаниҳои шифобахш ва зироатҳои кишоварзӣ дар шароити гуногуни экологӣ; омӯзиши таркиби фитокимиёвии растаниҳо; таҳияи моддаҳои фаъоли биологӣ (МФБ) ва иловаҳо (ИФБ); омӯзиши растаниҳои ороишӣ ва шифобахши интродуксияшуда ва дигар самтҳои рӯзмарра, инчунин тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар ин соҳаҳо мебошад.
