Ҳамкории илмӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон: қадами нав дар таҳкими амнияти минтақавӣ
Дар замони муосир, ки пешрафти илму технология ва таъмини амнияти минтақавӣ аз масъалаҳои калидии ҷаҳонӣ ба шумор мераванд, таъмини сулҳу субот ва ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар доираи ҳамкорӣ дар баробари дигар бахшҳо дар соҳаи илмҳои дақиқ ва амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ аҳамияти хосса пайдо кардааст. Дар ин росто, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон дар асоси созишномаи ҳамкорӣ, шуруъ аз соли 2022 ҳамкории мустаҳкаме ба роҳ мондааст.
Инчунин, талошҳо барои густариши ҳамкорӣ бо институтҳои илмии Ҷумҳурии Қирғизистон идома дорад. Воқеаи фараҳбахше, ки дар доираи сафари давлатии Президентҳои Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Узбекистон ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз, инчунин нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишвар таҳти роҳбарии Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Содир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев дар асоси аҳднома сурат гирифт, идомаи мантиқии сиёсати созанда ва рушди ҳамкориҳо арзёбӣ мегардад. Иқдоми мазкур на танҳо ба рушди илм, балки ба таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон як марҳилаи муҳим дар таърихи равобити илмии ду кишвари ҳамсоя ба ҳисоб меравад. Созишномаи мазкур, ки ба таҳқиқоти муштарак дар соҳаҳои физикаи ядроӣ, бехатарии радиатсионӣ ва технологияҳои муосир нигаронида шудааст, имкон медиҳад, ки олимони ҳар ду ҷониб таҷриба ва донишҳои худро мубодила кунанд. Масъалаҳое чун истихроҷ ва коркарди уран, мониторинги радиатсионӣ ва таҳияи усулҳои пешгирӣ аз хатарҳои химиявӣ ва биологӣ дар меҳвари ин ҳамкорӣ қарор доранд.
Дар ин радиф ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо институтҳои илмии Ҷумҳурии Қирғизистон дар асоси аҳдномаи нави нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишвар як қадами муҳим дар таҳкими равобити минтақавӣ аст. Аҳдномаи мазкур, ки ба танзими масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон нигаронида шудааст, на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба эҷоди платформаи муштарак барои ҳамкориҳои илмӣ мусоидат менамояд.
Институтҳои илмии Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ҷумла Институти физикаи Академияи илмҳои ин кишвар, дар таҳқиқоти марбут ба экологияи кӯҳӣ ва захираҳои табиӣ таҷрибаи бой доранд. Ин таҷриба метавонад бо донишу малакаи олимони тоҷик ва узбек дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ такмил ёбад. Масалан, минтақаҳои наздимарзии се кишвар, ки дорои захираҳои маъданӣ ва манбаъҳои радиатсионӣ мебошанд, метавонанд мавриди омӯзиши муштарак қарор гиранд. Инчунин, барномаҳои таълимӣ ва семинарҳои муштарак барои омодасозии мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои физикаи ядроӣ ва бехатарии химиявӣ ва биологӣ метавонанд дар доираи ин ҳамкорӣ роҳандозӣ шаванд.
Ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар соҳаи илм, на танҳо ба пешрафти таҳқиқоти илмӣ, балки ба таъмини амнияти минтақавӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунад.
Ин ҳамкориҳо метавонад бо ҷалби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), Маркази байналмилалии илмию техникӣ (МБИТ), Созмони Аврупо ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмиллаӣ, ба сатҳи нав бароварда шавад. Илова бар ин, ташкили маркази муштараки тадқиқотӣ дар минтақаи марзии се кишвар метавонад ҳамчун як платформаи ягона барои ҳалли масъалаҳои мубрами илмӣ хизмат намояд.
Дар хулоса метавон гуфт, ки ҳамкории Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Институти физикаи ядроии Узбекистон ва талошҳо барои густариши равобити бо институтҳои илмии Қирғизистон нишонаи равшани иродаи қавии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими сулҳ, амният ва пешрафти илмӣ аст. Иқдомҳои мазкур на танҳо ба манфиати миллӣ, балки ба рушди устувори минтақа хизмат мекунанд ва умед аст, ки дар ояндаи наздик бештаре ба бор хоҳанд овард.
Илҳом МИРСАИДЗОДА - профессор, директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Бахтиёр БАРОТОВ - н.и.х., муовини директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ АКАДЕМИК А. ҶӮРАЕВИ АМИТ
Санаи 2-уми апрели соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Чорабиниро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ва пурғановатарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ буда, рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва пирӯзии некиву рӯшноӣ бар бадиву торикӣ мебошад. Мавсуф зикр намуданд, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз дар арсаи ҷаҳон ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии мардумон пазируфта шудааст.
Сипас, директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода Алишер Орзу суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Наврӯз ҷашни покизагӣ, дӯстӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ буда, мардумро ба ваҳдат, созандагӣ ва ободкорӣ ҳидоят менамояд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки кормандони соҳаи илм низ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа дар рушди кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми назаррас доранд.
Дар ин айём табиат эҳё гардида, замин қабои сабз ба бар мекунад ва инсон бо рӯҳияи нав ба зиндагӣ қадам мегузорад. Наврӯз бо суннатҳои неки миллӣ, аз ҷумла оростани хони «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», пухтани суманак, баргузории бозиҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, шукӯҳи хоса дорад.
Ҳамзамон, саҳни Институт бо шиору овезаҳои наврӯзӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, асбобҳои мусиқии миллӣ ва оростани дастархони наврӯзӣ, аз ҷумла «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», зебу зинат дода шуда, ба маърази тамошобинон гузошта шуд.Дар чорабинии идона олимону кормандон ва меҳмонон фаъолона иштирок намуда, барномаи фарҳангӣ фазои идонаро боз ҳам рангин намуд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ як қатор кормандони фаъол ва меҳмонони гиромӣ барои саҳми арзанда дар ташкил ва баргузории чорабинии наврӯзӣ, иштироки фаъолона ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Институт сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон ба ҳамаи иштирокчиён барои саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ баён гардид.
Имрӯз, 1 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Ба ин муносибат дар саҳни бинои Раёсати Академия барномаи фарҳангиву идона баргузор гардида, кормандону олимони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо рӯҳияи баланди идона иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бори дигар тамоми олимону кормандонро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният хонда иброз дошт, ки таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилалӣ касб намудани он дар баробари эҳёи арзишҳои дигари моддию маънавии мо - тоҷикон аз ибтикороти наҷиб ва сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои муаррифии шоистаи давлату миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Таъкид гардид, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ва пуршукуҳтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ва дигар халқҳои ориёитабор ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн таърихи бисёр қадимӣ дошта, ба андешаи муҳаққиқон, беш аз панҷ-шаш ҳазор солро дар бар мегирад. Калимаи «Наврӯз» аз ду вожа — «нав» ва «рӯз» таркиб ёфта, маънои «рӯзи нав», «оғози нав» ва «саршавии зиндагии тоза»-ро ифода мекунад. Наврӯз ҳамеша бо фарорасии фасли баҳор ва баробар шудани шабу рӯз таҷлил мегардад. Дар ин айём табиат аз хоби зимистон бедор мешавад, дарахтон сабз мегарданд, гулҳо мешукуфанд ва зиндагии нав оғоз меёбад. Аз ҳамин сабаб Наврӯз барои мардум рамзи эҳё, навсозӣ, умед ва шодӣ ба фардои зиндагӣ мебошад.
Қайд гардид, ки таърихи пайдоиши Наврӯз ба давраҳои хеле қадим, ба замони тамаддуни ориёӣ мансуб дониста мешавад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва асотири қадимӣ иброз мегардад, ки Наврӯз ҳанӯз дар замони подшоҳи афсонавӣ Ҷамшед таҷлил карда мешуд. Мувофиқи ривоятҳо, Ҷамшед, пас аз он ки бар сармо ва торикӣ пирӯз шуд, рӯзи навро ҳамчун оғози соли нав эълон намуд ва мардум он рӯзро бо шодию нишот ҷашн гирифтанд. Аз ҳамон вақт ин рӯз ҳамчун рӯзи мубораку фархунда ва рамзи табиат дар байни мардум машҳур гардид.
Гуфта шуд, ки бисёр донишмандон ва таърихнигорон бар ин назаранд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни мардумӣ, балки як ҷузъи муҳими фарҳанги бостонии халқҳои Шарқ мебошад. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла дар замони ҳукмронии Ҳахоманишиён ва Сосониён Наврӯз бо тантанаҳои бузург баргузор мегардид. Подшоҳон дар ин рӯз маросими бошукуҳ баргузор мекарданд, ба мардум туҳфаҳо медоданд ва мардум низ бо шодию хурсандӣ ҳамдигарро табрик мегуфтанд.
Зикр гардид, ки дар осори бисёр донишмандон ва шоирону адибони машҳури ҷаҳон низ дар бораи Наврӯз маълумоти ҷолиб ба назар мерасад. Масалан, донишманди бузурги Шарқ Абӯрайҳони Берунӣ дар китобҳои худ дар бораи пайдоиш ва анъанаҳои Наврӯз маълумоти арзишманд додааст. Ҳамчунин шоири бузурги тоҷику форс Абулқосим Фирдавсӣ дар асари машҳури «Шоҳнома» аз Наврӯз ҳамчун ҷашни фархунда ва рамзи пирӯзии нур бар торикӣ ёд кардааст. Ҳамчунин шоир ва ситорашиноси машҳур Умари Хайём низ дар «Наврӯзнома»-и худ ба аҳамияти ин ҷашн ишора намуда, Наврӯзро рамзи оғози зиндагии нав ва зебоии табиат медонад.
Қайд шуд, ки яке аз анъанаҳои муҳими Наврӯз пухтани суманак мебошад. Суманак аз гандуми сабзонида тайёр карда мешавад ва рамзи фаровонию баракату фаровонии зиндагӣ мебошад. Пухтани суманак одатан шабонарӯзӣ баргузор мегардад. Дар ин маросим занону духтарон ҷамъ омада, бо сурудхонӣ ва шодию нишот ин хӯроки рамзиро мепазанд. Ин оин яке аз суннатҳои зебои фарҳанги тоҷикон ба ҳисоб меравад ва то имрӯз дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон нигоҳ дошта шудааст. Дар баробари суманак оростани дастархони наврӯзӣ низ аз анъанаҳои қадима ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин хони наврӯзӣ бо таомҳои идонаи «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ва ашёи рӯзгор оро дода мешавад. Ҳар яке аз ин таомҳо ва ашё ба худ рамзи муайян дошта, ифодагари файзу баракати зиндагӣ мебошанд.
Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки бо маҳорати баланд, иродаи қавӣ ва рӯҳияи варзишӣ баромад намуданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ мегарданд. Ҳамзамон, ду нафар аз фаъолон барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф бо нишони “Аълочии маориф” ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Сипас, дар чорабинии идона ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо сурудҳои рангинашон хотири ҳозиринро шод намуданд.
Имрӯз, 1 апрел ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар саҳни бинои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби олимону кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академия хони «Наврӯзӣ» бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ, иборат аз ҳафтсину ҳафтшин ороста шуд.
Зимни боздид роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва олимону кормандон аз хони наврӯзии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ боздид намуда, бо тарзи оростани дастархонҳо, суннатҳои наврӯзӣ ва намунаҳои ҳунару фарҳанги миллӣ, ки аз ҷониби ҳар як муассиса муаррифӣ гардиданд, аз наздик шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагии мардумон мақоми вижа дошта, дар замони Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам арҷу эҳтироми бештар пайдо намудааст.
Қайд гардид, ки оростани хони наврӯзӣ яке аз анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик ба шумор рафта, он рамзи фаровонӣ, покизагӣ, некӣ ва оғози соли нави кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Дар ин росто, кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академия бо эҳтиром ба мероси фарҳангии ниёгон ва суннатҳои миллии халқи тоҷик дастархонҳои наврӯзиро бо маҳорати хоса ва тарзи хоси миллӣ оро дода, таомҳои анъанавӣ, шириниҳо ва маҳсулоти гуногуни рамзиро пешкаш намуданд.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва руҳияи баланди идона баргузор гардида, бори дигар аз эҳтирому арҷгузории олимону кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги ғанӣ ва суннатҳои неки халқи тоҷик шаҳодат дод. Ин гуна ташаббусҳо дар баробари таҳкими худшиносии миллӣ, инчунин ба муаррифии суннатҳои қадимаи наврӯзӣ ва ҳифзу тарғиби фарҳанги миллӣ мусоидат менамоянд.
Санаи 01.04.2026 дар доираи иҷрои Протоколи ҷаласаи назоратии назди президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х. сардори Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ бо докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD)-и курси 3-юми муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки имсол зинаи докторантураро хатм менамоянд ҷаласа-вохӯрии машваратӣ баргузор намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин аз ҷумла, вазъи омодагии докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD) ба имтиҳони маҷмуӣ, нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмӣ, таҳияи мақолаҳои илмӣ бо мақсади иштирок ва баромад дар конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ аз ҷониби докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD), таҳлили ҳолати навиштани рисолаҳои диссерататсионии докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD) ва робитаю ҳамкории онҳо бо роҳбарони илмӣ, баррасии масъалаи тағйирот дар таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо, ҳамзамон таҳлили мутобиқати рамзи ихтисоси докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD) ба самти ҳимоя ва диссертатсияи докторант аз рӯйи ихтисос (РhD), мавҷудияти шуроҳои диссертатсионӣ вобаста ба самти корҳои илмӣ-таҳқиқотии докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD), ҳолати иҷрои нақшаҳои инфиродӣ (мавҷудияти нақшаи инфиродӣ барои ҳар як докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD) ва сол ба сол пур будани он) аз ҷониби докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD), ҳолати пардохти стипендия ва фаъолияти илмӣ-омӯзгории докторантон дар баробари таҳсил дар докторантура аз рӯйи ихтисос (РhD), ба тартиб даровардани парвандаҳои шахсӣ (гардиши варақаҳои имтиҳонӣ, мавҷудияти дипломҳои бакалавр ва магистратура дар парвандаҳои шахсӣ, замимаи баҳо, ҳолати дафтарчаи имтиҳонӣ)-и докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD) мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, таваҷҷуҳи асосии Раёсат ба масъалаи саривақт пешниҳод намудани рисолаҳои диссертатсионии докторантон аз рӯйи ихтисос (РhD) равона карда шуд.
Дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ҷашни Наврӯзӣ бо риояи суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Санаи 31 марти соли равон дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, зардӯзӣ, чодардӯзӣ, хӯрокҳои гуногуни миллӣ ва бозиҳои анъанавии наврӯзӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки аз қадим мардум ҳангоми фаро расидани Наврӯз ба покизагии муҳити зист, сабзкорӣ ва корҳои созандагӣ машғул мешаванд.
Пайки Наврӯзи имсола ҳамчун сароғози соли нави аҷдодӣ бо шукуҳу шаҳомати хос барои ҳар як шаҳрванди мамлакат хотирмон хоҳад буд. Зеро имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бо ифтихор ва шукргузорӣ аз Ватани маҳбуби соҳибистиқлол, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва оромию осудагии давлат имрӯз Тоҷикистон ба мамлакати ободу зебо, гулафшон ва боғу бӯстони биҳиштосо табдил ёфтааст.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, директори Агентӣ, профессор Илҳом Мирсаидзода ва дигар меҳмонони олиқадр ба ҳамаи кормандон барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз сипосгузорӣ ва миннатдорӣ баён карда шуд.
Имрӯз, 19 март дар толори Раëсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси Конуни тамаддуни Ориëӣ ва Маркази байналмилалӣ Наврӯз дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони "Пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни Ориëӣ: дирӯз ва имрӯз" баргузор гардид.
Дар кори конфронс намояндаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, олимону муҳаққиқон ва пажуҳишгарону форсизабонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки дар Паëми имсолаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар шаҳри Душанбе Конуни тамаддуни Ориëӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис дода шавад. Ин ташаббус бори дигар гувоҳӣ аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба эҳё, таҳқиқ ва муаррифии арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва тамаддуни куҳанбунёди ориёӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки тамаддуни ориëӣ яке аз куҳантарин тамаддунҳои башарӣ буда, дар ташаккули фарҳанг, забон, ҷаҳонбинӣ, низоми иҷтимоӣ ва арзишҳои маънавии бисёр халқҳо нақши бунёдӣ бозидааст. Илмҳои таърих, бостоншиносӣ, забоншиносӣ, мардумшиносӣ ва фарҳангшиносӣ собит менамоянд, ки қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон яке аз марказҳои асосии ташаккули тамаддуни ориёӣ ба шумор меравад. Чун забони тоҷикӣ ҳамчун идомадиҳандаи забонҳои бостонии ориёӣ (авестоӣ, паҳлавӣ, суғдӣ, бохтарӣ) далели зиндаи ин пайвастагии таърихист. Аз ин лиҳоз, таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ барои таҳқиқи пайваста ва системавии ин мероси бузург заминаи илмии мустаҳкам фароҳам меорад.
Гуфта шуд, ки чунин марказ метавонад ба муассисаи байнисоҳавӣ табдил ёбад, ки дар он таҳқиқоти комплексӣ оид ба таърихи тамаддун, муҳоҷират, ташаккули давлатдорӣ, низоми ҳуқуқӣ, дин, фалсафа ва фарҳанги моддиву ғайримоддии ориёиён анҷом дода мешавад. Ин равиш ба методологияи муосири илм мувофиқат мекунад, зеро имрӯз омӯзиши тамаддунҳо танҳо дар чорчӯби як фан имконнопазир аст. Марказ метавонад муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷиро муттаҳид намуда, Тоҷикистонро ба платформаи байналмилалии таҳқиқоти ориёшиносӣ табдил диҳад.
Зикр гардид, ки аҳамияти Маркази тамаддуни ориёӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ низ хеле бузург аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки равандҳои яксонсозии фарҳангӣ барои гуногунрангии тамаддунҳо таҳдид эҷод мекунанд, омӯзиш ва таблиғи решаҳои таърихии миллат нақши муҳофизатӣ дорад. Шинохти амиқи гузашта ба ҷомеа имкон медиҳад, ки дар баробари пешрафти технологӣ ва иҷтимоӣ арзишҳои асили худро ҳифз намояд.
Қайд гардид, ки Маркази байналмилалии Наврӯз инчунин метавонад ба рушди илми фарҳангшиносии муқоисавӣ мусоидат намояд. Наврӯз имрӯз дар бисту ду давлат ҷашн гирифта мешавад ва ҳар миллат унсурҳои хоси худро ба он ворид кардааст. Омӯзиши ин гуногуншаклӣ аз нигоҳи илмӣ имкон медиҳад, ки равандҳои ҳамгироии фарҳангӣ ва мутобиқшавии анъанаҳо дар муҳитҳои гуногун таҳлил карда шаванд. Ин раванд барои фаҳмиши қонунияти рушди фарҳангҳои суннатӣ дар шароити ҷаҳони муосир хеле муҳим аст.
Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати сиёсати фарҳангӣ ҳарду марказ ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳифз ва тарғиби мероси ғайримоддии башарият мусоидат мекунанд. Эътирофи Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддӣ ва нақши фаъоли Тоҷикистон дар ин раванд далели он аст, ки кишвар дорои захираҳои бузурги фарҳангӣ ва дипломатии нарм мебошад. Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ин захираҳоро ба сатҳи нави институтсионалӣ барорад.
Қайд шуд, ки аз дидгоҳи илмӣ бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз қадами муҳим дар роҳи ташаккули фазои илмӣ-фарҳангии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом ба ҳамгироии илм, фарҳанг, сиёсати давлатӣ ва манфиатҳои стратегии давлат мусоидат намуда, Тоҷикистонро ҳамчун вориси тамаддуни куҳан ва иштирокчии фаъоли муколамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Дар дарозмуддат чунин марказҳо метавонанд барои рушди устувории маънавӣ, илмӣ ва иҷтимоии ҷомеа заминаи боэътимод гузоранд.
Дар идомаи конфронс мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулозода Масрур таъкид намуд, ки тамаддуни ориёӣ яке аз тамаддунҳои бостонии башарият ба шумор рафта, омӯзиш ва муаррифии он барои таҳкими худшиносии миллӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва муколамаи фарҳангҳо аҳамияти махсус дорад.
Таъкид шуд, ки барои эҳё ва муаррифии ин тамаддуни аҷдодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро пешниҳод намуданд, ки он метавонад барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи таъриху фарҳанги ориёӣ ва муаррифии арзишҳои тамаддунии миллат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Инчунин, муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Абдуллозода Иброҳим иброз дошт, ки омӯзиш ва муаррифии тамаддуни ориёӣ барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аҳамияти калон дорад. Қайд гардид, ки арзишҳо ва суннатҳои муштараки фарҳангӣ метавонанд заминаи муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангиву илмӣ миёни халқҳо гарданд.
Зикр шуд, ки баргузории чунин конфронсҳо барои табодули андеша миёни муҳаққиқон, таҳкими робитаҳои илмӣ ва муаррифии мероси ғании таърихиву фарҳангии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.Дар идомаи конфронс як зумра аз олимону пажуҳишгарон ва форсизабонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар маърузаҳои хеш аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ҷонибдорӣ намуда, оид ба аҳамияти таъсис ва фаъолияти чунин марказҳо дар таҳқиқ, ҳифз ва муаррифии тамаддуни ориёӣ ибрози андеша карданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки таъсиси ин марказҳо метавонад барои густариши ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз заминаи мусоид фароҳам оварад.
Имрӯз, 19 март қабл аз оғози баргузории Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориёӣ: дирӯз ва имрӯз» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои меҳмонон, пажуҳишгарони ва форсизабонон аз кишварҳои хориҷӣ дастархони идонаи Наврӯзӣ ороста гардид.
Ҳадаф аз ташкили чунин маросим муаррифии суннату ойинҳои миллии мардуми тоҷик, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии Наврӯз ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни олимону пажуҳишгарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мебошад.
Дар ин маросим мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулозода Масрур, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, инчунин олимону муҳаққиқон, пажуҳишгарон ва форсизабонон аз кишварҳои гуногуни ҳавзаи Наврӯз иштирок намуданд.
Меҳмонон зимни боздид аз хони наврӯзӣ бо анъанаҳои қадимаи ҷашни Наврӯз, аз ҷумла оростани дастархони идона, таомҳои миллӣ ва рамзҳои ин ҷашни бостонӣ шинос гардиданд. Дар дастархон таомҳои суннатии миллӣ, аз қабили суманак, ҳалво, кулчаҳои идона, меваҳои хушк ва дигар навъҳои ғизоҳои миллӣ гузошта шуда буданд, ки ҳар кадоми онҳо маънии рамзӣ дошта, аз фаровонӣ, файзу баракат ва оғози фасли нави зиндагӣ дарак медиҳанд.
Иштирокчиёни ва меҳмонони конфронс аз чунин истиқболи гарму самимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва байналмилалӣ рамзи дӯстӣ, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо мебошад.
Имрӯз, 16 март бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот ва дастхобонӣ миёни кормандони академия ва ниҳодҳои тобеи он баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа таҳкими дӯстӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ҳамкорӣ миёни кормандон, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиши зеҳнӣ мебошад.
Дар мусобиқа иштирокчиён маҳорату дониши худро дар бозии шоҳмот нишон дода, барои ба даст овардани ҷойҳои намоён рақобати ҷолиб анҷом доданд.
Бояд гуфт, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои куҳанбунёди суннатии миллати тоҷик буда, таърихи беш аз шаш ҳазор сола дорад. Тибқи ривоятҳо дар баргузории ин ҷашни куҳан аз қадим мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили гуштингирӣ, бандкашӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ, футболбозӣ, шашкабозӣ, шоҳмотбозӣ миёни дӯстдорони ин намуди бозиҳо баргузор карда мешудааст ва мо давомдиҳандаи насли гузаштагонамон ин оинҳои онҳоро давом дода истодаем.