Skip to main content

"Мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ расида, ҳаргиз нагузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне Истиқлолу Ваҳдати миллӣ газанд ёбад".

Эмомали Раҳмон

Минтақаи Осиё аз маконҳои фаровон аз манобеъи табиӣ, обу дарёҳо, кулу куҳҳои осмонбӯс мебошад, ки коркарду истифодаи дурусти онҳо ба нафъи ҳамаи халқҳои ҷаҳон хоҳад буд. Зимнан, минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дорои 8 кишвари муҳими минтақавӣ мебошад, ки миёни онҳо кишварҳои Ҳиндустону Покистон бо корбурдҳои иқтисодиву тиҷоративу фарҳангиву сиёсии худ нақши муҳимтар мебозанд.

Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири ширинсухан, раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо Мирзо Турсунзода бо сафарҳои илмиву адабӣ бештар Осиё Марказиву Осиёи Ҷанубӣ хусусан Тоҷикистону Покистону Ҳиндустон сафар карда, дар асарҳояш, аз ҷумла “Садои Осиё” қиссаҳо гуфта, таъриху тамаддуну фарҳанги мурдумони инҷоро мавриди баррасии хос қарор додааст. Мирзо Турсунзода чун мубориз ва мубаллиғи сулҳу дӯстиву амонӣ ва ғояҳои башардӯстӣ борҳо ба инҷо сафар намуда, дар таҳкиму тақвияти сулҳу дӯстии мамлакатҳо хизматҳои беназир кардааст.

Дар ин зимн, минтақа бо тақсимбандии ҷуғрофии худ ба давлатҳои гуногун ҷудо шуда, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аввали даврони истиқлолият бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ равобити хубу ҳасана барқарор карда, бо доштани пайвандҳои муштараки адабу фарҳангу забону таърих, лоиҳаву барномаҳо дар коркард ва мубодилаи иқтидори фаровони табиӣ ва ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масоили гуногуни ҷаҳон нақши стратегӣ мебозанд. Тибқи санадҳо робитаи Шибҳи Қораи Ҳинд бо Осиёи Марказӣба асри III пеш аз милод рост омада, ҳарду ба воситаи Роҳи Абрешим, ки на танҳо шоҳроҳи воситаи ҳамлу нақли мол хидмат мекард, балки ба нашру таблиғи андешаву ақидаҳои фалсафӣ, динӣ ва тафаккурро мусоидат менамуд, пайванди қадимӣ доранд.

Мавриди зикр аст, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ солиёни дароз дар зери султаи Бтирония буда, баъд аз хатми ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар санаҳои гуногун озод гардиданд. Ҳамин тариқ, 5 кишвари Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон бо фурӯпошии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ низ истиқлолият ба даст оварданд.

Истиқлолу озодӣ неъмати бебаҳоест, ки ҳар қавму миллат барои дарёфти он аз равишу роҳҳои дурусту муносиб, муборизаву талошҳо ва бедорхобиҳову худгузариҳо ва ватандӯстиву ватансозӣ истифода карда, саҳм мегузоранд. Нуктаи муҳим дар мубориза барои озодихоҳӣ ин доштани роҳбари хирадманд аст, ки миллатро месозад. Тавассути роҳнамоӣ ва дастури оқилонаи ин ё он шахси соҳибмаърифат қавм ё миллат дар таърих номи худро боқӣ мегузорад. Бо фарорасии ин санаи таърихӣ Истиқлоли кишварҳо ҷашн гирифта, мақому мартабаи миллат ва шуҳрату бузургии онҳо бештару беҳтар муайян мегардад. Дар ин санаи таърихӣ аз саҳми бузургону шахсиятҳое, ки ба рушди фарҳангу таъриху тамаддун нақш доштанд, ёдоварӣ мешавад.

Ҳамин тавр, дар моҳи август ва сентябр кишварҳои Тоҷикистону Покистону Ҳиндустон ин санаи таърихиро ҷашн мегиранд, ки хело хотирмон ва пуршукӯҳ мебошад.

Дар ин зимн, дар сомонаи FP Explainers зери номи “Independence Day: Why Pakistan celebrates freedom a day before India” -Рӯзи Истиқлолият-чаро Покистон ҷашни истиқлолро як рӯз пеш аз Ҳиндустон ҷашн мегирад, ишораҳои оварда шудааст.

Нимаи моҳи августи соли 1947 кишварҳои Ҳиндустону Покистон аз асорати Бритониё озод шуда, истиқлолият ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, санаи 14 август соли 1947 Покистон ва санаи 15 августи соли 1947 Ҳиндустон расман истиқлолияти худро эълон карданд. Шояд саволе пайдо шавад, ки чаро Покистон 14-ум ва Ҳиндустон 15-уми август ҷашн мегиранд?

Бояд зикр кард, ки ин ду кишвар дар соли 2025 нимаи моҳи август 78-умин Рӯзи истиқлолиятро ҷашн мегиранд. Моҳи августи соли 1947 роҳбарияти онвақтаи Англия Ҳиндро ба ду давлати мустақил яке бо номи Ҳиндустон ва дигаре бо номи Покистон таъсис доданд. Тибқи сомонаи “firstpost” санади истиқлолият 18 моҳи июли соли 1947 эъломия қабул шуд, ки дар натиҷаи он Ҳиндустону Покистонро ба вуҷуд овард. Дар он чунин омадааст: "Аз понздаҳуми августи нуҳсаду чилу ҳафтум, дар Ҳиндустон ду Доминиони мустақил мутаносибан бо номи Ҳиндустон ва Покистон барпо мешаванд."

Ҳамин тариқ, нимаи моҳи август ҳар ду кишвар расман чун ду кишвари мустақил эълон шуда, пазируфта шуданд. Истиқлолияти ин кишварҳо маънои поёни ҳукмронии Бритониё, оғози худидоракунӣ ва демократия ва натиҷаи қурбониҳои муборизони бешумори роҳи озодй мебошад.

Адабиётшиноси тоҷик профессор Ҳабибулло Раҷабов дар муқаддимаи китобаш зери номи “Ҳиндустон кишваре, ки бояд дид” роҷеъ ба озодии кишварҳои Ҳиндустону Покистон чунин қайд кардааст: “Ҳамин тариқ, ниҳоят муборизаи озодихоҳонаи мардуми Ҳинд ба поёни дилхоҳи худ расид ва пирӯзӣ насиб гардид.15 августи соли 1947 соати 12-и шаб Ҷавоҳирлол Неҳру- аввалин сарвазири Ҳиндустони озод парчамро болои Қалъаи Сурхи шаҳри Деҳлӣ баланд бардошт ва ба ҳиндустониҳо ва ҷаҳониён соҳибистилол шудани Ҳиндустонро эълон кард”[1]. Ба андешаи ӯ мамлакат мутобиқ ба анъанаҳои миллӣ ва ҷонибдорӣ ба динҳои мухталиф, аз ҷумла ба динҳои ҳиндуия ва ислом, ба ду давлати мустақил-Ҳиндустону Покистон тақсим шуд.

Шоҳида Қозӣ, рӯзноманигори покистонӣ дар сӯҳбат бо рузномаи The Express Tribune гуфтааст: "Агар мантиқан ба таърих назар андозем, 15 август рӯзе аст, ки мо мардуми Покистон истиқлолияти худро низ ҷашн гирем." Мутобиқи рӯзномаи The Express Tribune роҳбарони давр, аз ҷумла Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ кабинаи ташкилшудаи Покистон субҳи 15 августи соли 1947 савганд ёд карданд. Нахустин маркаҳои хотиравии почта моҳи июли соли 1948 ба табъ расида, дар он 15 августи соли 1947 қайд шудааст.

Зимнан қайд бояд кард, ки 15 августи соли 1947 рӯзи ҷумъаи охирини моҳи шарифи Рамазон буд. Собиқ сарвазири Покистон дар китобаш “The Emergence of Pakistan” (Эҷоди Покистон), ки соли 1967 чунин навиштааст: "Понздаҳуми августи соли 1947 охирин ҷумъаи моҳи Рамазон буд. Дар ин рӯз Қоиди Аъзам Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ба ҳайси Роҳбар пазируфта, парчами кишвар барафрохта шуд ва Покистон дар харитаи ҷаҳон пайдо шуд».

Инҷо талош шуд, то ба чанде аз ин омилҳо ишора шавад. Мавриди зикр аст, ки 14 августи соли 1947 лорд Маунтбаттен дар маҷлиси муассисони Покистон дар шаҳри Карочӣ суханронӣ намуда, нимашаби 15 август қудратро ба Ҳинду Покистон интиқол дод. Ӯ санаи 14 август аввал қудратро ба Покистон интиқол дод, сипас ба Деҳлӣ сафар кард.

Муаррихи маъруфи покистонӣ Хуршед Камол Азиз чунин қайд кардааст: "Ҳокимиятро мебоист шахсан ба кишварҳои нав, ки намояндаи ягонаи шоҳи Бритониё дар Ҳиндустон буд, интиқол дод. Лорд Маунтбаттен дар як замон дар шаҳрҳои Карочӣ ва Деҳлӣ имкони иштирок карданро надошт... Аз ин сабаб, рӯзи 14 август, вақте ки ӯ замони дар шаҳри Карочӣ ва муовини сарвазири Ҳиндустон буданаш, қудратро ба Покистон интиқол дода, ин санаро эълон кард."

Тибқи ин санад, Ҳиндустону Покистон 15-ми августро чун рӯзи истиқлолият ҷашн гирад. Вале кишвари Покистон дар соли 1948, таҷлили ҷашни истиқлолияташро бо омилҳои гуногун аз ҷумла эҳтиром гузоштан ба ҳувияти миллӣ ба 14 август иваз кард.

Бино ба гузориши рӯзномаи "India Today" бархе аз раҳбарони Покистон бо сабаби эътимоду эҳтиром ба расму оини худ пешниҳод карданд, ки рӯзи истиқлолиятро қабл аз Ҳиндустон таҷлил кунанд. Ҳамин тариқ, ҳайати вазирон дар охири моҳи июни соли 1948 таҳти роҳбарии сарвазири вақт Лиёқат Алихон ҷаласаи машваратӣ барпо намуданд, ки дар натиҷа ҳамасола 14 август чун Рӯзи ҷашни Озодӣ таҷлил шавад.

Дар ин зимн, рӯзноманигор Қозӣ андешаҳояшро ба The Express Tribune чунин баён намудааст: "Чаро раҳбарони Покистон тасмим гирифтанд, ки рӯзи 14-ум таҷлил кунанд, албатта як достони дигар аст. Аммо эҳтимоли зиёд он аст, ки онҳо ба хотири марому мақсуди манфиатҳои миллии худ онро пазируфтанд”.

Бинобар ба қавли Ёсир Латиф Ҳамадонӣ, муаллифи китоби Ҷиноҳ , “Ҷиноҳ он рӯзҳо тавонӣ санаи истиқлолро иваз карданро надошт, зеро ӯ дар он вақт аллакай дар бистари беморӣ қарор дошт”. Ба андешаи ӯ бо вуҷуди ҳамаи он, Покистон як қавму миллати навин буда, ҳақ дорад ҳувияти худро хуб дарк карда, ба манфиати он бештару беҳтар маслиҳату машваратҳои муфид ироа намояд .

Як назария вуҷуд дорад, ки шабҳои 14 ва 15 августи соли 1947 ба рӯзи 27-уми моҳи шарифи Рамазон рост меомад, ки баробар ба даҳаи охири моҳи шариф Рамазон буд. Бо ҳамин сабаб Покистон 14 августро Рӯзи истиқлолияти худ интихоб кард.

Омили дигар инаст, ки соату вақти стандартии Ҳиндустон (IST) 30 дақиқа пештар аз вақти стандартии Покистон (PST) мебошад. Санаву замони эълони истиқлолият аз ҷониби роҳбарони Англия соат дар ҳудуи Ҳиндустон баробар ба 00:00 ва дар Покистон 14 август соати 23:30 буд, ки таносубан ба манфиати ҳар ду кишвар мебошад.

Тибқи сарчашмаҳои дигар Лорд Маунтбаттен 15 августи соли 1947 дар бораи озодии Ҳиндустон қарор қабул кард. Ба андешаи ӯ, ин санаро барои он интихоб кардааст, ки он ба солгарди дувуми таслими Ҷопон дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ мебошад. Маунтбаттен таъкид мекунад, ки интихоб ин сана муносиб ба хотимаи ҳукмронии Ҳиндустон аз ҷониби Бритониё мебошад.

Хулосаи калом ҳамасола санаи 14-уми август дар Покистон, 15-уми август дар Ҳиндустон ва 9-уми сентябр дар Тоҷикистон ҷашни истиқлолият бо як шаъну шукӯҳи миллӣ таҷлил мегардад, ки барои мардумони ин кишварҳо нишону мақоми волои соҳибхирадиву соҳибихтиёрӣ маҳсуб ёфта, барои он муборизаву талошҳо ва бедорхобиҳову худгузариҳо кашиданд.

Бояд қайд кард, ки кишварҳои Тоҷикистону Ҳиндустону Покистон чун узви фаъоли СММ, МҲТБО, СҲШ ва СТҶ дар масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон нақши муҳиму созанда дошта, баҳри ҳифзи наслҳову васлҳо ҳамкориҳо доранд.

Зимнан, ду кишвари бузурги Осиёи Ҷанубӣ яъне Ҳиндустону Покистон чун узви фаъоли СММ, СҲШ ва МҲТБО метавонанд мухолифату муноқишаҳоро канор гузошта дар партави эҳтироми ҳамсоягӣ, дӯстии хуби роҳбарону муборизони роҳи озодӣ аз қабили Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ва Маҳатма Ганди бо таҷрибаҳои созандаи иқтисодиву саноативу тиҷоратии ҷаҳонии худ бо истифода аз мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон ҳамҷавориву ҳамгироиву ҳамкориро ба роҳ монда, минтақаро озоду орому обод ба макони файзбору фараҳбори ҷаҳон табдил хоҳанд дод.

Бешак минтақаи Осиё дорои имконот ва иқтидори зиёде ҳаст, ки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон метавонад дар ояндаи наздик аз он истифода кунанд. Бояд қайд кард, ки халқу миллатҳои кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ барои пайванду рабти забониву адабӣ, ба хусус забони урду, ки чун духтари нозанини забони тоҷикӣ-форсӣ маҳсуб меёбад бо халқу миллатҳои кишварҳои Осиёи Миёна, ба хусус Тоҷикистон робитаи ногусатанӣ доранд.

Ҳамин тариқ, равобити иҷтимоӣ, адабӣ ва фарҳангӣ байни мардумони минтақа чун асосу асли иртиботии дипломатияи мардумӣ буда, дар тақвияти ҳамкориҳо миёни ин кишварҳо нақши калидӣ мебозад.

Ҳамин тариқ, кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Ҳиндустону Покистон чун узви фаъоли форуму созмонҳои байналмилалӣ ба хусус СММ ва СҲШ зери модели “PEACE” тавассути Promotion-тарвиҷу тарғиби сулҳу суботу созандагӣ Economization-сарфаҷӯии иқтисодӣ ва рушди микроэкономика ва макроэномикаи он Activation-фаъолсозии барномаву лоиҳаҳову ташаббусҳо Cooperation-ҳамкорӣ, ҳамсоягӣ ҳамзистӣ Elimination-маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа мардумони минтақа ва ҷаҳонро дар сулҳу субот нигоҳ дошта ҳамкориҳоро миёни ҳам тавсеа ва тақвият хоҳанд бахшид. Зеро дӯстии халқҳо сол то сол қавитар шуда, ҳамасола роҳбарон ин кишвар дар ин ё он ҷашну маросимҳои расмӣ мулоқот карда, барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ талошҳо меварзанд. Ҳамин тавр, бояд қайд кард, ки истиқлолу озодии кишварҳо роҳ ба суи худшиносии онҳо буда, аз фурсати нек истифода карда, месазад мардумони ҳамаи кишварҳоро ба муносибати таҷлил ҷашни Истиқлоят табрику муборакбод бояд гуфт.

Мирсаид Раҳмонов - ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

[1] Раҷабов Ҳабибулло. Ҳиндустон кишваре, ки бояд дид. Душанбе: “Эрграф”,2023.-272 саҳ.С.15-16