Имрӯз, 13 сентябр дар толори Маркази илмии Хуҷанди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсяи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Истиқлолу озодӣ – арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик” баргузор гардид.
Ба кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, дар сухани ифтитоҳии хеш бори дигар иштирокдорони конфронсро бо эҳсоси садоқат ва муҳаббати бепоён ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ифтитоҳи ду озмоишгоҳи наву замонавӣ, самимона ва содиқона табрику таҳният намуданд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ, ки дар бораи бадастории он халқи Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Эъломия қабул намуда, онро ба тамоми ҷаҳониён арза намуд, на танҳо дар даҳсолаву садсолаҳо, балки дар ҳазорсолаи охир воқеаи муҳимтарин барои миллати куҳанбунёди мо ба ҳисоб меравад. Ин вобаста ба он аст, ки баъди давлати Сомониён танҳо таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон фароҳам сохт, ки ормону орзуҳои деринаи тоҷикон амалӣ гашта, роҳи аз нав бунёд сохтани давлатдории миллии навин пеш гирифта шавад.
Заминаҳои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ барои кишвару миллати тамаддунофари мо, барои мардуми соҳиби таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи тоҷик гуногун буданд. Аммо, чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, маҳз ормони қариб ҳазорсолаи халқи мо барои аз нав бадастории соҳибистиқлолӣ моро ба ин бузургтарин неъмати давлатдорӣ расонид, зеро “Решаҳои Истиқлоли мо ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд!».
Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон на танҳо ба дарки маънои соҳибихтиёрию истиқлолият расид, балки Рӯзи истиқлолиятро дар баробари ҷашнҳои бузурги миллии қадимаамон, чун Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада ва амсоли он арҷгузорӣ намуда, имрӯз ҳамасола 9 сентябр дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон бо як шукуҳу шаҳомати хосса хурду бузург, зану мард онро ҷашн мегиранд.
Ин нишонаи он аст, ки соҳибихтиёрӣ, яъне ба дасти худ гирифтани зимоми давлатдорӣ аз ҷониби миллати унвонӣ – тоҷикон, истиқлолияти давлатӣ ҳамчун танзими мустақилонаи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии тамоми сокинони кишвар новобаста аз баромади этникияшон дар Тоҷикистон мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд буда, онҳо ҳамчун шаклҳои олии зуҳури озодӣ, ки барои инсон бузургтарин неъмати табиӣ ба ҳисоб меравад, қадрдонӣ карда мешаванд.
Зикр гардид, ки фароҳам овардани шароити корӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ яке аз дастовардҳои арзишманди олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки маҳз имрӯз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида истодаанд.
Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми майи соли 2025, соати 07:55 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза 168 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 26 километр шарқи ноҳияи Рашт ва 23 километр шарқи ноҳияи Тоҷикобод дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бино ба маълумоти манбаъ қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар ноҳияҳои Рашт-Тоҷикобод 2-3 баллро ташкил додааст.
Дар ин зилзила талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар сабт нашудааст.
Имрӯз, 07 май бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои олӣ, бахусус намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони созмон ва кишварҳои муқими Тоҷикистон ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар конференисияи мазкур , сараввал раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад баромад намуда, изҳор намуданд, ки воқеан Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин иқдомҳои ду даҳсолаи охир, ки Тоҷикистон барои наҷоти башарият равона гардидааст, пазироӣ намуда, пуштибонӣ мекунад. Таъкид гардид, ки бо муҳимияти ин масъала бори дигар 3 -юми марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки «ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмуӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад. Мо аз иқдоми Президенти Тоҷикистон дар ин самт истиқбол мекунем».
Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда , изҳор доштанд , ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об , ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад , метавонад ба оқибатҳои ба ғоят манфӣ оварда расонад. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақҳаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад.
Ёдоварӣ карда шуд, ки аз рӯи таҳлили коршиносон солҳои охир пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об шуда истода то имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазораш комилан об шудааст . Тайи чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд , ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст. Мутобиқи ҳисоботи пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ 15-20%- ро ташкил медиҳад. Агар боз камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти бавуҷудомада хатарбор мегардад .
Дар идомаи чорабинӣ дигар маърузачиён низ вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда, ташаббусҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтӣ унвон намуданд. Баён карда шуд, ки Пешниҳоди Сарвари тоҷикони ҷаҳон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза», сол ҳ ои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтанд. Маълум аст, ки дар даҳсолаҳои охир инсоният ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ дучор гардид: инҳо тағйирёбии иқлими сайёра ва бар асари он зиёдшавии фалокатҳои табиӣ , обхезӣ , яхчу тармафароӣ , обшавии пиряхҳо , проблемаҳо оид ба таъминоти об бинобар зиёдшавии босуръати аҳолӣ , хурӯҷи бемориҳои сирояткунанда ва ғайра мебошанд.
Имрӯз, 07 май дар шуъбаи илмҳои ҷамъиятшносии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон масъалаҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ барои ба низом даровардани нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаи “Ахбор”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Маҷлиси шуъбаро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён оғоз бахшида, доир ба беҳтаргардонии фаъолияти маҷаллаи “Ахбор”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва саривақт нашри мақолаҳои илмӣ дар он ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
ОҒОЗИ КОРҲОИ ҲАФРИЁТИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ГУРИСТОНИ АСРИ БИРИНҶИИ НОҲИЯИ ФАРХОР
Аз 27 апрели соли ҷорӣ ҳафриёти бостоншиносии сеҷонибаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ, Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия ва Осорхонаи фонди Лерича-и Италия дар ёдгории таърихии “Чилтанбобо” – и ноҳияи Фархори вилояти Хатлон оғоз гардида, то 22 майи соли 2025 идома меёбад.
Дар он бостоншиносон аз ҷониби Тоҷикистон Филимонова Т.Г. (роҳбаи экспедитсия) ва Ашурмадов И., аз ҷониби Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия Виноградова Н.М ва Зинаева С.С. ва аз ҷониби Осорхонаи фонди Леричаи Италия Ҷеованна Ломбардо иштирок доранд.
Тибқи таҳқиқоти бостоншиносон зери гуристони ҳозирае, ки то ҳол мардуми ноҳия истифода мебаранд, ёдгории бузурги қадима ҷойгир аст. Дар тӯли омӯзиши солҳои зиёд аз ёдгории мазкур бозёфтҳои гуногуни бостонӣ ба даст омадаанд, ки ба давраҳои аввал ва миёнаи асри биринҷӣ (миёнаи ҳазораи III ва аввали ҳазораи II-и пеш аз милод ) рост меоянд.
Корҳои бостоншиносӣ идома дошта, натиҷаи он дар шакли мақолаҳои илмӣ ва илмӣ - оммавӣ нашр мегардад.
Имрӯз, 06 май дар толори Маркази “Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат” вохурии докторантони Phd бо сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи Phd-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ Салим баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории суҳбату вохуриҳо дар амал татбиқ сохтани Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 мебошад. Дар ин замина бояд гуфт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин ва бонуфузтарин муассисаи илмӣ дар ҷумҳурӣ буда, кадрҳои сатҳи баланди илмиро омода менамояд. Дар Академияи миллии илмҳо кадрҳои илмӣ дар зинаҳои магистратура, аспирантура, докторантураи Phd ва постдокторантура ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Зимни вохурӣ масъулин иброз доштанд, ки барномаи мазкур дар асоси принсипҳо ва талаботе, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 доир ба дурнамои рушди дарозмуҳлати низоми илму маорифи ҷумҳурӣ мустаҳкам шудааст, таҳия гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар он пеш аз ҳама ба принсипҳои тарбияи васеи кадрҳои илмӣ, ки рақобатпазирии иқтисодиёти кишварро таъмин менамояд, ба низоми тайёр намудани кадрҳои илмии рақобатпазир дар бозори меҳнат, бунёди иқтидори инноватсионии рушди илм, ташаккулёбии дониш ва малакаи зарурӣ ҷиҳати рушди устувор мусоидат менамояд, афзалият дода шудааст.
Баргузории ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ
Баргузории ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ
5 майи соли 2025 дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ҷаласа доир гардид.
Дар ҷаласа Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мавриди баррасии аъзои кумита қарор гирифта, ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд.
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ давраи дуюми курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шуд.
Вобаста ба ин дар таърихи 02 майи соли 2025 зимни нишасти чаҳоруми ин иқдом дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 300 нафар олимони ҷавон чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номзади илмҳои филология Зиёев Субҳиддин Насриевич ҷаласаро ифтитоҳ бахшид.
Маърӯзачӣ ходими калони илмии шӯъбаи Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сиёсатшинос Давлатзода Зубайдулло дар мавзуи "Мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон" гузориши илмӣ ироа намуд.
Дар интиҳои гузориш саволу ҷавоб ва муҳокима баргузор гардид.
ВОХУРИИ ДОНОРҲО БАҲРИ МУҶАҲҲАЗ ГАРДОНИДАНИ МАРКАЗҲОИ САРАТОНШИНОСӢ БО ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР ВА ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ КАСБӢ
Имрӯз, 2 май дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо ибтикори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамчун ҳамоҳангсози миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохурии донорҳо бо иштироки шарикони рушд баргузор гардид.
Дар вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадафи асосии вохурӣ таҷҳизонидани марказҳои саратоншиносии ҷумҳурӣ бо технологияҳои муосир ва омодасозии мутахассисони баландихтисос барои мубориза бо бемориҳои саратон мебошад.
Дар вохурӣ масъалаҳои таъмини марказҳои саратоншиносии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти пешрафтаи ташхисӣ ва табобатӣ, аз қабили дастгоҳҳои рентгенӣ ва суръатфизо, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таҷҳизотҳои мазкур барои ташхиси саривақтӣ ва табобати бемориҳои саратон моҳияти калон доранд. Ба гуфтаи директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Акбарҷон Муродзода, «Бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ва АБНА, мо тавонистем як қатор таҷҳизоти муосирро ба кор андозем, ки сатҳи хизматрасониро ба стандартҳои байналмилалӣ наздик кардааст. Аммо барои пурра таъмин намудани марказҳои минтақавӣ ва баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, дастгирии иловагӣ зарур аст».
Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ҳамкорӣ бо АБНА дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии TAD6007, TAD6008 ва TAD6009 фаъолона кор бурда, ба тақвияти инфрасохтори марказҳои саратоншиносӣ ва рушди хизматрасонии радиатсионӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Илҳом Мирсаидзода директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ чунин қайд намуд: «Мо бо шарикони байналмилалӣ ҳамкории зич дорем, то технологияҳои пешрафта ва донишҳои муосирро ба Тоҷикистон ворид намоем. Ин на танҳо ба беҳтар шудани хизматрасонии тиббӣ, балки ба баланд бардоштани бехатарии радиатсионӣ дар кишвар мусоидат мекунад».
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста Стратегияи миллии мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ ва барномаи давлатии пешгирӣ ва табобати суханронӣ намуд. Дар ин замина, барномаҳои муштарак бо АБНА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ барои ташкили курсҳои омӯзишӣ ва барномаҳои табодули таҷриба роҳандозӣ мешаванд
Шарикони рушд, аз ҷумла намояндагони АБНА ва донорҳои хусусӣ, омодагии худро барои идомаи дастгирии техникии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои мазкур изҳор намуданд. Онҳо аҳамияти ҳамкорӣ дар мубориза бо бемориҳои саратон ва баланд бардоштани сатҳи саломатии аҳолиро таъкид карда, ки дар оянда низ ба таъмини таҷҳизот ва омӯзиши кадрҳо мусоидат хоҳанд кард.
Дар фарҷоми вохурӣ, иштирокчиён изҳори сипос намуда қайд карданд, ки чунин вохӯриҳо метавонад ба сатҳи нави хизматрасонии тиббӣ дар марказҳои саратоншиносии кишвар саҳми худро гузорад.
