Истиқлолияти сиёсӣ яке аз маҳфумҳои асоси дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Он қобилияти давлатро барои муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ бе дахолати қувваҳои беруна инъикос мекунад. Истиқлолият ҳамеша мавзуи муборизаи халқҳо ва давлатҳо буд ва таъмини он яке аз вазифаҳои муҳимтарини сохтумони миллӣ боқи мемонад.
Дар адабиёти илмӣ истиқлолияти сиёсӣ ҳамчун суверенитети давлат маънидод мегардад, ки дар волоияти ҳокимият дар дохили кишвар ва худмухторӣ дар фаъолияти хориҷӣ зоҳир мегардад (Жан Боден, Гоббс, Руссо).Мутобиқи Оиномаи СММ(1945), принсипи истиқлолият ва баробарии давлатҳо яке аз аз унсурҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ба шумор меравад. Аломатҳои асосии истиқлолият чунинанд;
Якпорчагии ҳудудӣ ва дахлнопазири сарҳадҳо
Волоияти ҳокимияи миллӣ дар дохили давлат
Ҳуқуқ ба муайян намудани самтҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ
Эътирофи дигар субъектҳои муносибатҳои байналмиалӣ.
Таърихи истиқлолият бо раванди деколонизатсия, инқилобҳо ва ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ иртиботи қавӣ дорад. Дар асри 18 ҷанг барои истиқлолиятхоҳӣ дар Америкои Шимиолӣ солҳои 1775-1783 ба таъсис ёфтани Штатҳои Муттаҳидаи Америка оварда расонд. Дар асри 19 бошад мавҷи ҳаракатҳои озодихоҳӣ дар Америкои Лотинӣ бо роҳбарии Боливар ва Сан Мартин муборизони асосии истиқлолхоҳии давлатҳои Венесуэла, Колумбия, Аргентина, Чили, Перу ва Боливия шинохта шудаанд. Дар асри 20-ум бошад суқути империяҳои мустамликавӣ ба ташаккули як қатор давлатҳои мустиқил дар қораи Африқо ва Осиё гардид. Баъди парокандашавии ИҶШС дар соли 1991 дар ҳудуди он 15 ҷумҳуриҳои мустақил бунёд ёфтанд, ки яке аз онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ин мисолҳо нишон медиҳанд,ки истиқлолият одатан ё тавассути дигаргуниҳои инқилобӣ ва ё тавассути музокироти дипломатӣ ба даст оварда мешуд. Дар замони муосир истиқлолияти сиёсӣ бо чолишҳои зиёде ру ба ру гаштааст.Дар асри 21чунин таҳдидҳо ба истиқлолияти давлатҳо таъсиргузоранд, аз қабили; равандҳои глобализатсионӣ-вобастагии иқтисодӣ ва технологӣ сатҳи воқеии суверенитетро коҳиш медиҳад. Ҷангҳои гибридӣ бошанд, ба ҷойи таҷовузҳои класикии низомӣ, аз ҳамлаҳои киберӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва фишори иқтисодиро истифода менамоянд. Дар ин қатор созмонҳои байналмилалӣ, аз як тараф агар истиқлолияти давлатҳои хурдро муҳофизат намоянд, аз ҷониби дигар озодии амалкарди онҳоро маҳдуд месозанд. Неколониализм бошад ин вобастагии иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои ру ба рушдро аз қудратҳои бузург нишон медиҳад.
Истиқлолияти сиёсӣ арзиши бунёдӣ дар низоми байналмилалӣ боқӣ монда, шарти асосӣ ва муҳимтарин рушди давлат ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин, дар шароити муосир мазмуни он тағир меёбад, суверенитети мутлақ ҷойи худро ба ҳамдигарвобастагӣ медиҳад. Барои ҳифз ва таҳкими истиқлолият, давлатҳо бояд пеш аз ҳама ба устувории дохилӣ, худкифоии иқтисодӣ ва сиёсати хориҷии чандириро муттаҳид созанд.
Дар шароити имрӯза, дар ҷаҳон қариб, ки 3000 қавмияту халқиятҳо арзи вуҷуд доранд ва қисме аз онҳо то ҳол талабҳои истиқлолхоҳӣ ва худмуайянкуниро идома медиҳанд. Ин муборизаҳо метавонанд ба шакли дипломатӣ, сиёсӣ ва низомӣ таҷассум ёбанд. Дар ин ҷо мо фаъолтарини онҳоро дар сатҳи ҷаҳонӣ бо сарчашмаҳо барои тафсил нишон медиҳем. Авввлан дар қораи Аврупо- ин Шотландия буда, ҳаракати истиқлолияти сиёсии фаъоле дорад, пас аз раъйпурсии соли 2014 ва натиҷаи Brexit даъватҳо барои раъйпурсии дуввум афзоиш ёфт. Талаботи истиқлолият ҳануз дар сатҳи тақсимшуда боқӣ мондааст.Дигар минтақаи давлати Испания, ин Каталония буда ҳаракати барҷаста бо раъйпурсии тафреҳӣ дар соли 2017, намунаи таъсиргузории талаботи минтақавист, ҳарчанд маркази Испания муқовимат дорад. Дар ин давлат инчунин Баскҳо дар минтақаҳои Галисия ва Валесия чунин ҳаракатҳои далелӣ вуҷуд, аммо асоситаринашон Каталония Баск ва Наварра ба ҳисоб мераванд.
Дар қораи Африқо-Шарқи наздик ва Осиё бошад пеш аз ҳама бояд аз фаластиниҳоро ёдовар шуд. Гарчанде ин давлат аз тарафи СММ эътироф шудааст, аммо то ҳол давлатҳои абрқудрати ҷаҳонӣ онро эътироф намекунанд ва аз тарафи давлати Исроил ҳудудҳояш забт шуда истодааст. Курдистон яке аз қавмияҳои зиёдтарини ин минтақа ба ҳисоб меравад, қавмиятҳои курд дар ҳудудҳои Туркия, Эрон, Сурия ва Ироқ барои эҷоди давлати мустақил ва худмухторӣ мубориза доранд. Балуҷистон- ин мардум аслан дар ҳудудҳои Эрон ва Покистон зиндагонӣ дошта, ҳаркатҳои миллӣ бо сарпарастии иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ҷараён дорад ва дар баъзе ҳолатҳо бо ҳаросафкании ифротӣ истифода мешавад. Вест Папуа, яке аз минтақаҳои Индонезия , ҳаракатҳои ба мисли Papuan Lives ва Matter United Liberation Movement for West Papua барои истиқлол аз Идонезия ҳаракат доранд, аммо норавшани ва фишорҳои давлатӣ вуҷуд дорад. Дар қораи Африқо бошад аввалан Амбазония-минтақаи англофон, ки мехоҳад аз Камерун ҷудо шавал, ҳоло муноқишаҳои низомиро ба вуҷуд овардааст. Дигар минтақае, ки мехоҳад соҳибихтиёр бошад ин Биафра дар Нигерия мубориза дорад, то ки Ҷумҳурии Биафраро созмон диҳад, ҳоло бошад ҷанги пастсатҳи идома дорад ва дигар минақае, ки дар ин қора ҳатто истиқлолиятро ба даст оварда аммо то ҳол аз тарафи як қатор давлатҳо бо расмият шинохта нашудааст ин Сомалиленд мебошад, ки дар шимоли давлатӣ Сомалӣ ҷойгир аст.
Дар давлати Чин бошад, аз тарафи шимол минтақаи Мунташтии Хитой, аз ҷумла Инҳоиҳои Мотомон ё”Пан- Монголизм” ва дар ғарб бошад Шуҳураҳои мустақилияти Уйғурҳо (Шарқи Туркистон) ҳаракатҳо барои истиқлол доранд, аммо ба таври густурда мубталои қатталабӣ ва фишорҳои давлатӣ қарор доранд
Дар Мадҳеш (Непал) Ҷанубии Малуку, каренҳо ва дигар гуруҳҳои маҳалии африқовию осиёи бо кӯшишҳои худмуайянкунӣ барои худро муаррифӣ намудан ҳаракатҳо доранд.
Дар маҷмӯъ дар миқёси ҷаҳон, ҳар як мубориза ва ҳаракат мазмунаш гуногун буда, аз пурра озодӣ то худмуайянкунии маҳдуд ва ё худмухтории географиро талқин менамояд. Ҳар кадом дорои пояи таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ буда, дар сатҳи байналмилалӣ, муқовимати амиқро ба вуҷуд овардааст.
Истиқлолият арзиши олӣ ва муқаддаси ҳар як миллат мебошад, ки боиси худшиносӣ, озодӣ ва соҳибихтиёрӣ мегардад. Барои халқи тоҷик истиқлолияти давлатӣ натиҷаи муборизаи таърихӣ, ҷаҳду талошҳои сиёсӣ ва орзуву ормонҳои чандинасраи миллӣ фаҳмида мешавад. Бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси давлати мустақил арзи вуҷуд намуд. Дар санаи 9-сентябри соли 1991- иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатиро эълон намуд. Ин руйдод дар заминаи таҳаввулоти геополитикӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳон сурат гирифт ва ба оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон асос гузошт. Давлатдорӣ ва истиқлолият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, Тоҷикистон 2-марти соли 1992 аъзои Созмони Милали Муттаҳид гардид.
Марҳилаи аввали истиқлолият бо буҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳвандӣ (1992-1997) ҳамроҳ буд, ки омилҳои асосии он нобаробарии гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, таъсири омилҳои хориҷӣ ва норасоии таҷрибаи идоракунии мустақилона ба нооромии давлат оварда расонид.
Бо вуҷуди ин бо ташаббусу заҳматҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми кишвар Созишномаи истиқрори сулҳ (27-июни соли1997) имзо гардид, ки сулҳу ваҳдат ва рушди давлати миллиро таъмин намуд.Махсусан қайд кардан ба маврид аст, ки маҳз бо шарофати хизматҳои шоёни Сарвари хирадманди кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва хиради бузурги сиёсии ӯ Тоҷикистон ба сарзамини сулҳу салоҳ табдил ёфт.
Истиқлолият барои Тоҷикистон на танҳо падидаи сиёсӣ, балки пояи худшиносии миллӣ ва рушди ҳамаҷониба буда ва он чунин арзишҳоро таъмин намуд;
Суверенитети давлатӣ- ҳаққи худмуайянкунӣ ва сиёсати мустақилона
Сохтумони давлат-таъсиси Конститутсия нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пайдоиши рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ
Ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ – эҳёи арзишҳои таърихву маънавӣ
Сиёсати хориҷӣ – ҳамгироии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ
Дар тули зиёда аз 30 сол Тоҷикистон ба як давлати мустақил ва шинохташудаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.Дар соҳаи иқтисодиёт Тоҷикистон гузариш аз иқтисоди фармонбар ба иқтисоди бозориро таъмин намуд. Дар соҳаи энергетика бошад, ин амали намудани тарҳи истифодаи“энергияи сабз”, ки бо истифода додани садҳо НБО-ҳои хурду бузург, аз ҷумла НБО Роғун таъмин мегардад.Дар самти амният ва сулҳ бошад, таҳкими қувваҳои мусаллаҳро таъмин намуда сиёсати сулҳпарваронаро бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон пеша намудааст. Илму маорифи кишвар ва низоми таълим рушд намуда, робитаҳои байналмилали руз то руз ру ба афзоиш дорад. Дар арсаи байналмилалӣ бошад, Тоҷикистон бо роҳбари фидокори худ Пешвои миллат Э.Раҳмон ташаббускори як қатор пешниҳодҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об ва иқлим, инчунин амнияти минтақавӣ мебошад.
Чи хеле, ки маълум аст имрузҳо мо дар остонаи 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Ин сана барои ҳар як шаҳрванд рамзи ифтихор, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Дар тӯли се даҳсолаи охир Тоҷикистон роҳи пумашаққат, вале пурифтихорро тай намуд ва имрӯз ҳамчун давлати мустақилу рушдёбанда дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Бедилзода Ҳ - мудири шӯъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии
ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ