Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт. Истиқлолу озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмат ва бузургтарину арзишмандтарин сарват барои ҳар як миллат ва халқ мебошад. Бинобар ин, мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошед.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири даҳ асри охир дастоварди боарзиштарин ва волотарини маллати тоҷик аст, ки имрӯз сарнавишт ва сиёсати дохиливу хориҷии худро ба дасти хеш мустақилона менависад. Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун пайки саодату хуҷастаҳолӣ на танҳо мояи шаъну шукуҳи миллати таммандунофари тоҷик дар арсаи олам гардид, балки сарахбори кӯшоиши корҳои созандагӣ ва пешрафтҳои гунонгунҷабҳаи ҷомеа ҳам гашт.
Истиқлолият нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат, соҳибихтиёрию соҳибдавлатии тоҷикон аст. Ин дастовард дар таърихи давлатдории тоҷикон гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд буда, дар назди насли имрӯза вазифаи пурмасъулияти таърихӣ гузошта аст, ки бунёди давлати мутамаддини ҷовобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари таърихии хеш “Тоҷикон дар оинаи таърих” қайд намудаанд: “Фарзандони фидоию баномуси миллати мо дар ҳама давру замон, дар ҷое бо хираду фарҳанги воло, дар ҷое бо муросою мадоро талошҳои истиқлолхоҳӣ кардаанд, ки ин омилҳо бо ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ пайванди ногусастанӣ доранд”.
Бо шукргузориҳои беандоза имрӯзҳо мо ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ истиқбол мегирем. Ҳамаи ин аз заҳмату роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ки кибру ғурури носозгорро ба ваҳдату созандагиҳо мубаддал сохтанд. Ин буд, ки дар як давраи начандон тӯлонии таърих кишвари ба буҳрони сиёсию иқтисодӣ гирифторро ба давлати рӯ ба тараққӣ табдил дода, ноумедиҳои зиндагиро бозпас гардонид ва ба руҳияи мардум нерӯи тозаи созгор бахшиданд.
Ба ниҳоли тозаистиқлоли давлат бошад қатраҳои оби ҳаёт ато намуданд. Ин хизматҳои Сарвари давлат дар назди таъриху миллат бо ҳарфҳои заррин нақшбандӣ мегардад. Дар ин айёми эҳёву ташаккули давлатдории навин ҳамқадами дигаргунию навоварӣ ва дастовардҳои беназири соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат рисолати бунёди ҷомеаи солим аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба ҳисоб мерафт. Дар ин замина, ҳамрадифи барномаву лоиҳаҳои мавриди амали самтҳои гуногуни ҳадафҳои стратегии кишвар садҳо нафар мутахассисони соҳибтаҷриба тарбия ва ба воя расидаанд, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канори кишвар хизмати содиқонаро ба ватану миллат анҷом медиҳанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки заковати азаллии Раҳбари давлат сабаб гардид, ки як қатор сохтори навини давлату давлатдории нав таҳия гардаду Тоҷикистон имрӯз чун давлати пешрафта, биҳиштосо, сокинонаш соҳиби зиндагии шоиста дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гардад.
Имрӯз зарур аст, ки ҳар як сокини Тоҷикистон шукргузор аз ин ватани биҳиштосо, соҳибистиқлол ва Раҳбари хирадманду заковатманд, шамъи фурӯзони роҳи орзуи миллионҳо сокинони Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.
Бо зуҳури Истиқлол чунин неъмати бебаҳо ва гаронмоя, миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст омадан, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагии абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.
Гарчанде, бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини таърихӣ аз гумроҳӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда, миллати барӯманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтаанд, ҷангҳои бародаркӯш ташкил намуданд, мардуми барӯманди ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон гардонидаанд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасидаанд. Зеро ин миллати бузургро марди бузурги дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ мекунад. Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду давлат орому миллат дилшод гардид.
Таҷрибаҳои он қаҳрамононро омӯхта, ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки номаш Истиқлолият аст, расанд ва дар оянда ин таҷрибаҳоро сармашқи кору фаъолияти хеш намоянд. Даствардҳои истиқлолияти тоҷиконро аз ҳарвақта дида бояд бештар тарғибу ташвиқ намоем, зеро Истиқлолият шиносномаи давлати тоҷикон, санаи сарнавиштсозу муқаддас, рамзи саодату шуҷоат, ташаккули муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, амалисозии ҳадафҳои муҳимми миллӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами аксар кишварҳои олам шинохта шудааст.
Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати барӯманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузургии Истиқлол аст.
Тоҷикистони озоду якпорча доимо ҷонибдори сулҳ ва оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон буда, ин нукта пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат ироа мегардад. Халқи тоҷикро мебояд ин 34 соли тақдирсозро таҳлил ва мантиқан ҳазм намуда, ба қадри хизматҳои фарзандони тавонманди миллат расанд.
Истиқлолу озодӣ дар Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон бигузор ҳазорсолаҳои зиёд побарҷо ва устувор бимонад.
Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - Ходими илмии шӯъбаи сиёсатшиносии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ