«Озодӣ ва истиқлол дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлол мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарофату эътибори ҷаҳонии миллат аст».
Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикистон ҳамчун субъекти сиёсӣ мустақлият ва истиқлоли худро баъд аз таназзули Иттиҳоди Шуравӣ ба даст овард. Раванди фарорасии истиқлоли давлатӣ ва худро ҷумҳурии мустақилу субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ эълон намудани Тоҷикистон аз рӯи расмият ба дигар ҷумҳуриҳои тозаистиқлол шабоҳат дошта бошад ҳам, ҷараёни минбаъдаи он дигаргуниҳои ҷиддӣ, махсусан муқовимату ихтилофҳои шадиди иҷтимоӣ ва ниҳоят ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба бор овард. Дар чунин марҳалаи ҳассос ва тақдирсоз 9-уми сентябри соли 1991 истиқлоли давлатии Тоҷикистон расман эълон шуд. Ин яке аз воқеаи бузургтарин дар таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик буд, зеро имкони амалии таъсиси давлати озод ва мустақили миллӣ баъди садсолаҳо аз нав фароҳам омад.
Рушди маънавиёти миллат ва пойдориву шукуфоии давлат пас аз имзо шудани санади «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» хеле вусъат ёфт ва дар зеҳну шуури мардум арзишҳои миллӣ ҷои хоссаро ишғол карданд. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик имкон пайдо кард, ки бо таърихи кӯҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавад, решаҳои тамаддуни гузаштаро ҷустуҷӯ карда, онро барои таҳкими ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлол истифода намояд.
Муҳимтарин чораҳои дар амал татбиқ намудаи Ҳукумати Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлол ин тарҳрезӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлат ба хотири рушди устувор ва зиндагии шоистаи мардум ба шумор меравад. Ҳамин буд, ки аз охири солҳои 90-ум сар карда ба хотири мустаҳкам намудани истиқлоли давлатӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ роҳи ислоҳотҳои иқтисодию иҷтимоӣ пеш гирифта шуд. Устувории истиқлоли давлату миллати тоҷик пеш аз ҳама аз амалӣ гардидани ана ҳамин ҳадафҳои стратегӣ вобастагии зиёд дошт. Аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноаткунонии босуръати мамлакат ин ҳама аз ташаббусҳои саривақтии Тоҷикистон дар роҳи рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар тӯли 33 сол се ҳадаф қариб амалӣ гардида, ҳадафи чаҳорум бо як суръати хосса дар роҳи амалишавӣ қарор дорад.
Ҳамчунин, баробари ба даст овардани истиқлол ҳукумати навташкил роҳи ислоҳоти сиёсӣ, яъне сохтори давлатдориро пеш гирифт. Яке аз муваффақиятҳои бузург дар ин самт тарҳрезӣ ва ба таври райпурсиии умумихалқиӣ қабул кардани Конститутсия буд, ки роҳи ояндаи давлати нав ба истиқлолраисдаро ба таври мушаххас муайян мекунад. Маҳз кабули Конститусия заминаи асосии аз бӯҳрони сиёсӣ баровардани мамлакат ва истиқрори сулҳу субот гардид. Қонуни асосии нав муайян кард, ки Тоҷикистон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ҷомеаи шаҳрвандиро пеш гирифтааст. Ин санади тақдирсоз дурнамои рушди ҷомеаро дар тамоми самтҳо муайян кард.
То имрӯз дар заминаи истиқлол қабули як қатор сандаҳои тақдирсози миллӣ боварӣ ва эътимоди кишварҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон зиёд гардид. Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардида бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибат ба роҳ мондааст. Дар тайи 33 – соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо зиёда аз 70 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманро роҳандозӣ намудааст. Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ эътироф гардидааст.
Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикиктсон дар роҳи муборизаи самаранок бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва махсусан, ба оби тоза таъмин намудани сокинони сайёра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш қабул гардид. Маҳз баромаду ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, махсусан СММ кишвари моро дар сатҳи ҷаҳонӣ чун субъекти мустақил ва ташаббускор муаррифӣ ва маъмул гардонид. Имрӯзрисолати ҳар як узви ҷомеаи соҳибистиқлол пеш ҳама арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии Ватан бо тамоми ҳастӣ махсуб меёбад. Бояд гуфт, ки истиқлоли миллат дар заминаи хирад ва ваҳдати миллӣ устувор мегардад, аз ин рӯ якдилии миллат ва якпорчагии Ватан бояд шиори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад.
Абдулмуминзода Гесуҷон Насимљон - корманди Маркази рушди инноватсионии илм ва техналогияњои нави АМИТ
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад. Ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №664 “Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” рӯйи даст гирифта шуд. Ҳар сол ба ин манзур дар сатҳи баланд дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Мавлоно бо иштироки васеи олимону донишмандон, мавлоношиносон, омӯзгорону хонандагон ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ баргузор мегардад.
Дар ин ҳошия бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ як зумра олимони ҷавону муҳаққиқони осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади шиносоии бештар ба осору афкор ва шахсияти ин орифи бузург, донишманди беназир, нодираи илму адаби ҷаҳонӣ аз мавзеи боғи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ ва хона-музейи ин чеҳраи тобноки олами илму маърифат воқеъ дар шаҳраки Балх, ки маркази маъмурии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, дидан карданд.
Дар ин сафар ҳайати олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва масъулин аз мақомоти прократура ҳамроҳӣ намуданд.
Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ дар шакли қадима, бо истифода аз унсурҳои фарҳанги миллӣ сохта шуда, бозгӯи рӯзгор ва зиндагии ин шахсияти барҷаста мебошад.
Ҳайати олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳуҷраҳои дарсии Само, ҳуҷраи дарсии бачагона, чиллахона, анҷомхона ва дигар ҳуҷраҳоеро, ки тарзи зисту зиндагии Мавлонои Ҷалолиддини Балхиро нақл мекунанд, тамошо карданд.
Дар идомаи ин сафари омӯзишӣ ва тарғиботӣ бо иштироки зиёда аз 300 олимону донишмандон, омӯзгорону хонандагон ва сокинони фаъоли ноҳия ҳамоиши сатҳи баланди илмӣ – оммавӣ баргузор гардид.
Ҳамоиши илмиро раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Рустам Холиқзода оғоз бахшида, барои пешбурди идомаи кори конфронс инони сухан ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дода шуд.
Профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар маърӯзаи худ аз олами рангину зебо ва пурмаъонии мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки шуҳрати оламгир дорад, ёдовар шуда, нақши ӯро дар эҷод ва ташаккули андешаи ваҳдати вуҷуд барҷаста арзёбӣ намуд. Изҳор гардид, ки осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пурарзиштарн осори ҳама давру замонҳост. Шоир ва адабиётшиноси амрикоӣ Колман Баркс тарҷумаи пораҳои шеърии Мавлоноро аз “Маснавӣ” ва “Девони кабир” дар 13 маҷмуаи хурду бузург ба табъ расонд, ки ба шаҳодати муҳаққиқони амрикоӣ, тарҷумаҳои Колман Баркс ашъори Мавлоноро дар ИМА ба пурхонандатарин китоб, ҳатто бештар аз асарҳои Шекспир, табдил доданд.
Дар ҳамоиш зикр карда шуд, ки ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳфил ва озмуни “Маснавихонӣ” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад. Ин ва дигар чорабиниҳои адабию фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ, бешак, барои тарғибу ташвиқи осори Мавлоно ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ мусоидат мекунанд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Балх ё Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст, ки ин барои ворисони ин шахсияти оламшумул боиси ифтихори бузург аст ва дар шароити шиддатёбии ҷангҳои иттилоотӣ, ки меҳвари онҳоро ситезаҳои фарҳангии дорои ҷараёнҳои иртиҷоӣ ташкил медиҳад, масъулияти ҳамсанд ба ҳамин ифтихорро тақозо мекунад, то ин ки тоҷикият ва мансубияти ин орифи шӯрида ба миллати тоҷик нигоҳ дошта шавад.
Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки миллати куҳантамаддуни тоҷик ба омӯзиши осори баландарзиши ниёгони худ аз дидгоҳи нав рӯ орад ва онро мувофиқ ба ормонҳои деринаи миллат таҳқиқ намояд ва ба наслҳои имрӯза, ки меросбарони ояндаи давлату миллат ва тамаддуни беш аз шашуним ҳазорсолаи миллати тоҷик мебошанд, таълим диҳад ва онҳоро дар рӯҳияи ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гиромӣ доштани таъриху тамаддуни ниёгон раҳнамун созад. Дар ин масир шинохти шахсият ва осори мондагори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ қобили зикри хос аст.
Санаи 15 сентябри соли 2024 аз ҷониби Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 пойгоҳи сейсмикӣ (Сарез ва Мурғоб) ба истифода дода шуда, 1 пойгоҳи сейсмикӣ (Манем, назди ш. Хоруғ) азнавсозӣ гардид.
Санаи 15 сентябри соли 2024 аз ҷониби Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 пойгоҳи сейсмикӣ (Сарез ва Мурғоб) ба истифода дода шуда, 1 пойгоҳи сейсмикӣ (Манем, назди ш. Хоруғ) азнавсозӣ гардид.
Ин пойгоҳҳои сейсмикӣ рақамӣ буда, ҳар як пойгоҳ ду бақайдгирак (датчик) дорад, ки онҳо нисбат ба заминларза баландҳассос мебошанд. Яке аз бақайдгиракҳо (датчик) сейсмометр буда, суръати мавҷи замиларзаро сабт менамояд. Дуюм бақайдгирак (датчик) аксилерометр ном дошта, шитобнокии заминалрзаро чен мекунад. Тавре роҳбари Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Негматуллоев Собит Ҳабибуллоевич қайд мекунанд, афзалиятҳои пойгоҳҳои сейсмикии номбурда дар он мебошад, ки иттилоот ба онҳо мунтазам бо тариқи маҷозӣ ворид мегардад, ки ин ба коркарди оҷилии иттилоот мусоидат менамояд.
Пойгоҳҳои сейсмикии номбурда аз ҷониби худи ходимони илмӣ ва муҳандисони Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Девонашоев Азиз ва Қосимов Эркин насб гардида, аввалин иттилоотҳо, ки аз ҷониби пойгоҳҳои сейсмикии нав ба тариқи маҷозӣ ба Хадамот ворид гардиданд, аз ҷониби ходими калони илмӣ Улубаева Т.Р. коркард карда шуданд.
Пойгоҳҳои сейсмикӣ бо таҷҳизотҳои муосири рақамӣ, ки аз ҷониби ширкати бонуфузи хориҷӣ Nanometrics (Канада) истеҳсол шудааст, дар чоҳорчӯбаи лоиҳаи “Васлшавии шабакаҳои сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз” бо дастгирии Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон насб гардидаанд.
19 сентябри соли равон дар Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай” баргузор гардид.
Дар ибтидо сухани ифтитоҳӣ ба директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра дода шуд. Ӯ зимни суханрониаш қайд намуд, ки иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ҳадафи таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, равобити боэътимод ва дӯстона дар байни давлатҳои аъзо ва нозири созмони мазкур, инчунин таъмини амнияту оромӣ ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақаро пайгирӣ мекунад. Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти беш аз пеши нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ, ҳамкорӣ дар ҳифзи муҳити зист ва густариши муколамаи фарҳангӣ ба нафъи ҳамгироии минтақавӣ аст. Дар поёни суханронии хеш ӯ ба кори семинари илмӣ-амалӣ барор хост.
Баъдан ходими пешбари илмии Институт, номзади илмҳои фалсафа Давлиёрова Сафаргул дар мавзуи “Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай” маърузаи илмӣ намуд ва таъкид кард,ки Созмони ҳамкориҳои Шанхай як иттиҳодияи бисёрҷанбаест, ки фаъолияташ ба таъмини амният ва нигоҳдории сулҳу субот дар фазои васеъи АвруОсиё, муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав, таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ нигаронида шудааст. СҲШ созмони байни тамаддуниест, ки имкони бархӯрди тамаддунҳоро дар минтақаи масъулияти онҳо баробар мекунад. Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии минтақаве мебошад, ки дар сиёсатгузориҳои олами муосир нақш ва таъсири махсус дорад.
Дар охири семинари илмӣ-амалӣ як баҳси судманд бо иштироки ходимони илмии Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ баргузор гашт.
19 сентябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИТ бахшида ба рӯзи Рӯдакӣ Конференсияи илмӣ-назариявӣ зери унвони «Устод Рӯдакӣ – бунёдгузори фарҳанг, адабиёт ва забони тоҷикӣ» баргузор гардид.
Дар кори конфронс ноибони президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, Мирзораҳимзода Акобир ва олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори конфронс директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шарифзода Фарангис ҳусни оғоз бахишда, таъкид дошт, ки воқеан ҳам устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик саҳми беандоза гузошта, то замони мо мероси гаронбаҳояш дастраси дӯстдорону ҳаводорони шеъру адаб гардидааст. Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (860-941) ва рӯзгору осори ӯ, ҳунару хислату сифоти ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо таърифу тавсиф шудааст.
Дар идома зикр гардид, ки Рӯдакиро бартарии шоирони Арабу Аҷам, ифтихори шоирони ҷаҳон, устоди шоирон, соҳибқирони шоирӣ, Одамушшуаро, наводири фалакӣ, нодираи рӯзгор, ҳакими Хуросон, шоири муфлиқ, мутриби фоиқ хондаанд. Ҳамаи инҳо сифатҳои олитарини шеъру шоирӣ мебошанд, ки бо асос бар онҳо Рӯдакиро метавон шоири бузурги ҳама давру замон хонд.
19 сентябри соли равон дар толори меҳмонхонаи Румии шаҳри Душанбе бо ибтикори Маркази рушди инноватсинонии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи минтақавии «Ояндаи сабз дар бахши таъмини гармӣ тавассути насосҳои геотермалии гармдиҳии заминӣ: ҳамкориҳои илмӣ ва саноатӣ миёни Тоҷикистон, Ҷопон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» дар доираи лоиҳаи муштаракӣ Маркази рушди инноватсинонии илм ва технологияҳои нави АМИТ ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон iTAG-SATREPS - «Таҳияи низоми истифодаи нерӯи гармии ғайрикарбонӣ бо истифода аз манбаи гармии замин» баргузор гардид.
Дар кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошиҳиро АИКИ, ҷаноби Имаи Сейджу (JICA), профессори Донишгоҳи Акита Фумиаки Инагаки иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур ҳусни оғоз бахшида, таъкид доштанд, ки Маркази рушди инноватсинонии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сар карда аз соли 2019 бо донишгоҳи Акитаи Ҷопон ҳамкориро ба роҳ монда барои таҳқиқоти муштарак замина фароҳам оварданд.
Таъкид гардид, ки олимони Донишгоҳ ва Марказ барои дар сатхи зарурӣ ба рох мондан ва ҷоннок намудани ҳамкориҳо бо барномаи байналмилалии Ҷопон «Шарики тадқиқоти илмӣ ва технология барои рушди устувор» (SATREPS) лоиҳа пешниҳод намуда, ғолиби озмун гардиданд.
Ҳадафи ин пажӯҳиш саҳм гузоштан дар муътадилсозии минтақави ва муқовимат ба гармшавии глобалӣ тавассути беҳбуди вазъи энергияи барқароршаванда ва эҷоди ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон бо назардошти захираҳои фаровони обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон, ки тафовути шадиди ҳароратро дороанд, мебошад. Дар идома олимони Ҷопон ва Тоҷикистон доир ба ин лоиҳа маърӯза намуданд.
Иштироки Илҳом Мирсаидзода дар чорабинии паҳлӯӣ "Нақши ҷомеаи байналмилалӣ дар коҳиши хатари марбут ба иншоотњои меросӣ дар Осиёи Марказӣ" дар ҳошияи 68-умин ҷаласаи Конфронси Генералии АБНА
Иштироки Илҳом Мирсаидзода дар чорабинии паҳлӯӣ "Нақши ҷомеаи байналмилалӣ дар коҳиши хатари марбут ба иншоотњои меросӣ дар Осиёи Марказӣ" дар ҳошияи 68-умин ҷаласаи Конфронси Генералии АБНА
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиологӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Илҳом Мирсаидзода, дар чорабинии паҳлӯӣ бо мавзӯи "Нақши ҷомеаи байналмилалӣ дар коҳиши хатари марбут ба иншоотњои меросӣ дар Осиёи Марказӣ", ки 16 сентябри соли 2024 дар доираи 68-умин ҷаласаи Конфронси Генералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар маърӯзаи худ, Илњом Мирсаидзода аҳамияти корҳои солимгардониро, ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия анҷом дода шудаанд, қайд кард. Ӯ зикр намуд, ки ин кӯшишҳо саҳми муҳим дар таъмини амнияти экологӣ ва радиатсионӣ дар иншоотњои меросӣ, ки хатари эҳтимолӣ барои саломатии аҳолӣ ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ доранд, мебошанд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни суханронии худ, Илњом Мирсаидзода дар бораи ҳамкориҳои идомадор бо шарикони байналмилалӣ дар соҳаи коҳиши хатарҳои радиатсионӣ ва солимгардонии минтақаҳое, ки аз барномаҳои ҳастаии қаблӣ таъсир дидаанд, маълумот дод. Ӯ ба Федератсияи Россия барои дастгирии техникӣ ва молиявӣ, ки ба таври назаррас бехатарии радиатсиониро дар як қатор объектҳои муҳими меросӣ дар Тоҷикистон беҳтар намуд, миннатдорӣ изҳор намуд.
Ин чорабинии паҳлӯӣ, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои мухталифро гирд овард, ки онҳо тадбирҳои ҷорӣ ва ояндаро барои коҳиши хатарҳои марбут ба иншоотњои меросӣ, инчунин роҳҳои беҳтар намудани ҳамоҳангии кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои ҳалли ин мушкилотро муҳокима карданд.
ДАР ҲОШИЯИ МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТИ САРОНИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БО КАНСЛЕРИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ОЛАФ ШОЛТС
17 сентябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар Форуми иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни вохӯрӣ бо сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкории судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Олмон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки муносибатҳои сиёсию иқтисодии Тоҷикистону Олмон аз барқарор гардидани равобити дипломатӣ пас аз ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 оғоз ёфтаанд. Яке аз марҳалаҳои муҳими ҳамкориҳо имзои як ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Олмон дар соли 1992 мебошад, ки он заминаи устуворро дар рушди муносибатҳои минбаъда гузошт. Ин меморандум доираи васеи ҳамкориҳо, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва тиҷоратро инъикос менамояд.
Дар замони муосир таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳон яке аз масъалахои мубрам мебошад. Дар чунин нишастҳо пеш аз ҳама барқарор намудан ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳо нақши муҳим дорад. Зимни мулоқот ва суханронӣ дар Форуми иктисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуданд, ки натиҷаҳои нишасти дуюми сарони давлатҳои ОсиёиМарказӣ ва Олмон барои боз ҳам мустаҳкам шудани муносибатҳои ҳамкорӣ ба нафъи мардумони кишварҳо мусоидат хоҳад намуд. Махсусан кайд гардид, ки истихроҷу коркарди маъданҳо, бахусус элементҳои нодири он ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, содироти маҳсулоти ин бахшҳо аз Тоҷикистон ба Олмон самтҳои ояндадор мебошад. Дар навбати худ Канслери Олмон Олаф Шолтс зикр намуд, ки Олмон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика ва дигар манбаъҳои неруи “сабз”, саноати кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва дар масоили амниятӣ манфиатдор мебошад. Дар ин раванд саҳми Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки олмонии рушд (KfW) дар татбиқи ҳадафҳои стратеги миллии кишвари мо таъкид гардида, ҷонибҳо оид ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, гидроэнергетика, энергияи офтобӣ ва бодӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки форум ба рушди ҳамкории кишварҳои минтақа ва Олмон, бахусус тавассути иқдомоти муштарак ҷиҳати истифодаи захираҳо ва иқтидори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва имконоти молиявию технологии Олмон, мусоидат хоҳад кард. Дар ин раванд ҳайати Тоҷикистон дар ин нишаст бо намояндагони доираҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Олмон дурнамои густариши равобити дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузориро баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба рақамикунонӣ ва рушди инноватсионӣ афзалият дода, барои сармоягузорӣ дар ин соҳаҳо имтиёзҳо ва заминаҳои мусоид фароҳам овардааст. Инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, бонкдорӣ, инчунин маорифу тандурустӣ аз самтҳои дигари афзалиятнок барои кишвари мо арзёбӣгардид.
Ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба изҳор намуда, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои имконпазири тиҷоратии муштаракро мавриди муҳокима карор доданд. Ҳар ду ҷониб изҳори умедворӣ карданд, ки робитаҳои иқтисодӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар оянда низ таҳким меёбанд. Дар фарҷоми ин нишаст Эъломияи муштараки Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон қабул гардид.
Боиси қайд аст, ки ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон бо ба эътибор гирифтани чанд омили асосӣ барои рушди минбаъда низ саҳми назаррас дорад. Яъне, Олмон аз ҷиҳати иқтисодӣ шарики муҳими иқтисодӣ барои бисёре аз кишварҳост ва Тоҷикистон низ дар ин маврид истисно нест. Олмон метавонад сармоягузорӣ, навовариҳои технологӣ ва кӯмак дар рушди инфрасохторро пешниҳод кунад. Аллакай мисолҳое оварда метавонем, ки ширкатҳои олмонӣ дар Тоҷикистон дар бахшҳое чун сохтмон ва энергетика фаъолият мекунанд. Имкониятҳои вусъат додани ин хамкорӣ хеле васеъ мебошад. Дар соҳаи рушди тиҷорат ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар дар солҳои охир афзоиш ёфта истодааст. Олмон ба манобеъи Тоҷикистон, аз қабили маъдан ва сангҳои қиматбаҳо таваҷҷӯҳ дорад ва Тоҷикистон метавонад аз фановариҳо ва таҷҳизоти олмонӣ баҳра барад. Вусъат додани муносибатҳои тиҷоратӣ ва беҳтар намудани таъминоти моддию техникӣ метавонад ба афзоиши савдои тарафайн мусоидат намояд.
Олмон ба унвони як бозингари муҳим дар Иттиҳоди Аврупо метавонад дар густариши равобит миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо кӯмак намояд. Омилҳои асосии рушди бомуваффақият нигоҳ доштани муносибатҳои устувори сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои башардӯстона хоҳанд буд. Албатта, бояд манфиатҳои геополитикӣ ва минтақавиро қайд кард, зеро дар шароити чолишҳои муосир, аз қабили тағйири иқлим, амният ва мубориза бо терроризм, ҳамкории ду кишвар метавонад як ҷузъи муҳими суботи минтақа гардад.
Ба андешаи мо баргузории форуми мазкур ва иштироки хайати Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон бешубҳа метавонад дар густариши муносибатҳои гунугунҷабҳаи кишвари мо бо Олмон нақши калидӣ дошта бошад:
1. Муносибатҳои дипломатӣ: Иштирок дар ин ҳамоиш ба сарони давлатҳо имкон медиҳад, ки равобити дипломатии байни кишварҳоро таҳким бахшанд ва масъалаҳои муҳими ҳамкориро баррасӣ кунанд.
2. Имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ: Ҳамоиш метавонад як минбари баррасӣ ва бастани созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишварҳо, инчунин ҷалби сармоя ва рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бошад.
3. Ҳамкорӣ дар соҳаи амният: Саммит метавонад барои баррасии талошҳои муштарак дар мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ бошад.
Мубодилаи таҷриба дар самти маориф ва илм: Иштирок дар ин ҳамоиш ба сарони давлатҳо имкон медиҳад, ки дар бораи ҷанбаҳои гуногуни сиёсати иҷтимоии ҳукумат, рушди иқтисодӣ ва дигар соҳаҳо табодули таҷриба ва интиқоли донишро фароҳам оваранд.
Ҳамин тариқ, ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барои густариши ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии кишварҳо ва баррасии масъалаҳои муҳим боз як қадами муҳим мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, дар ҳалли мушкилоти рӯзафзуни замони муосир, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, гармшавии бесобиқа, хушксолиҳои пай дар пай, афзоиши офатҳои табиӣ, коҳиши захираҳои об ва озуқа, инчунин, таъмини беҳдошт ва сиҳатии омма саҳми худро гузорад ва баҳри татбиқи ҳадафҳои созандаи аҳли башар талош варзида, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ташаббускор бошад.
Юсуфӣ Фарзона - ходими хурди илмии шуъбаи Аврупо Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Сомонаҳои интернетии истифодашуда:
1. https://president.tj/event/news/47600 санаи муроҷиат 17.09.2024
2. https://khovar.tj/.../prezidenti-um-urii-to-ikiston.../санаи муроҷиат 17.09.2024
Хатмкунандагони зинаи магистратура бо ихтисоси "Радиоэкология" соҳиби дипломи аъло гаштанд
Истиқлолу озодӣ ба он мусоидат намуд, ки дар баробари дагар соҳаҳо соҳаи илму маориф низ ба пешравии назаррас ноил бигардад. Дар баробари ин барои беҳтар намудани сатҳу сифат ва рушди ин ё он соҳа дар доираи мутахассисони ҷавобгу ба талаботи замон боиси он гашт, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои илмии мамлакат ихтисосҳои нав таъсис дода шавад.
Соли 2021 дар пойгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, масхусан дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ зинаи магистратура бо ихтисоси "Радиоэкология" таъсис ёфта, аввалин довталабони худро қабул намуд. Дар соли 2023, 5-нафар магистрант рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, соҳиби дипломи мутахассиси ин ришта гаштанд.
Радиоэкология яке аз соҳаҳои навтаъсис буда, мигратсияи радионуклидҳоро дар биосфера ва таъсири онро дар организмҳои зинда ва муҳити зистро меомӯзанд.
Соли 2024 бошад дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ зинаи магистратураро бо ихтисоси "Радиоэкология", таҳти роҳбарии илмии таҷрибадору увондор 9 нафар магистрантон, аз ҷумла 4 нафар кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд, ки 2 нафарашон соҳиби дипломи аъло гаштанд.
Муминов Сафаралӣ яке хатмкунандагони фаъоли зинаи магистратура бо ихтисоси "Радиоэкология" мебошад, ки бо дипломи аъло сарфароз гардидааст. Номбурда фаоълияти худро дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ низ мувафаққона пеш мебарад.
Таъсиси зинаи магистратура бо ихтисоси "Радиоэкология" яке аз дастовардҳои АМИТ маҳсуб ёфта, аз сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
