Skip to main content
Соли 2025 ҳамчун соли муҳим дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик бо чорабинӣ ва рӯйдодҳои муҳимми сиёсиву таърихӣ сабт гардид. Ин чорабинӣ ва рӯйдодҳо, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлилу арзёбӣ шуданд, ҳам дастовардҳои сиёсати дохилӣ ва ҳам самараи сиёсати хориҷии мутавозин, дурандешона ва сулҳҷӯёнаи кишварро инъикос менамоянд.

Яке аз чорабинии калидии сиёсӣ ин баргузории интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар соли 2025 мебошад. Ин чорабинии муҳимми сиёсӣ дар Паёми Пешвои миллат чунин инъикос ёфт - «Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд».

Интихобот на танҳо василаи ташаккули ҳокимияти давлатӣ, балки мактаби муҳимми ташаккули шуур ва маданияти сиёсӣ ва кафолати таъмини суботи иҷтимоию сиёсӣ маҳсуб меёбад. Таҷрибаи интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии соли 2025 дар мамлакат баргузоргардида нишон дод, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба марҳалаи нави камолоти сиёсӣ ворид гардидааст.

Ин чорабинии муҳимми сиёсӣ бори дигар пояҳои устувори низоми демократӣ ва ташаккули шуури сиёсӣ ва маданияти сиёсии ҷомеаро собит намуд. Иштироки фаъоли шаҳрвандон дар интихобот нишонаи болоравии ҳисси масъулиятшиносӣ ва эътимоди ҷомеа ба давлат ва ниҳодҳои он мебошад. Дар баробари ин, бояд ба инобат гирифт, ки ҳар як интихобот худ ифодаи оѓози марҳилаи нав дар рушди бемайлони демократия мебошад, ки ба он дар кишвари мо диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Рӯйдоди дигари воқеан таърихӣ ва дорои аҳаммияти фаромиллӣ, ки дар Паёми Пешвои миллат инъикос ёфт ин «… ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад». Ба назари мо ин дастоварди бузург натиҷаи иродаи қавии сиёсӣ, рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда миёни роҳбарони ду давлати ҳамсоя мебошад. Майли ҷонибҳо ба ҳалли мусолиҳатомези мушкилиҳои мавҷуда имкон дод, ки масъалаи мазкур бо роҳи музокироту гуфтушунид ва гузашту созиш ҳал карда шавад.

Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ на танҳо омили таҳкими амният ва эътимоди мутақобил аст, балки барои рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои наздисарҳадӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Бе муҳобот ин дастовардро намунаи равшани дипломатияи сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон метавон арзёбӣ намуд.

Руйдоди сеюми воқеан таърихӣ ва дорои аҳаммияти фаромиллӣ, ки дар Паёми Пешвои миллат чунин инъикос ёфт, ин «шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд». Ин санадҳо иродаи қавии сарони давлатҳоро ҷиҳати таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ таҷассум менамоянд.

Эъломияи Хуҷанд ҳамчун ҳуҷҷати рамзӣ ва ҳамзамон амалӣ саҳифаи нави муносибатҳои минтақавиро боз намуда, барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, энергетика, фарҳанг ва амният заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Ин иқдомҳо мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ташаббускори сулҳ, субот ва ҳамгироии минтақавӣ боз ҳам таҳким мебахшанд. Дар баробари ин Эъломияи Хуҷанд санади муҳиммест, ки аз диди геосиёсӣ низ аҳаммияти хос дошта, баҳри таҳкими минбаъдаи суботу амният дар Осиёи Марказӣ нақши хос дорад.

Ҳамин тавр, чорабинӣ ва рӯйдодҳои муҳимми сиёсиву таърихии соли 2025, ки дар Паёми соли ҷории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос ёфтаанд, гувоҳи равшани онанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, рушди демократия ва таъмини сулҳу суботи минтақавӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Ин ҳама самараи сиёсати оқилона ва дурбинонаи роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат мебошад. Инъикоси масъалаҳои зикргардида дар паём худ нишонаи аҳаммияти муҳимми сиёсию давлатии онҳо мебошад, ки ба рушди муносибатҳо чи дар дохил ва чи бо ҳамсояҳо – кишварҳои дӯсту ҳамҷавор, такони ҷиддӣ ва созанда бахшид.

Муродов С.А. - номзади илмҳои сиёсӣ, мудири шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ.