ИМРӮЗ АЗ ҚАБУЛИ ЭЪЛОМИЯИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТАЪРИХИ ИНСОНИЯТ ВА «ХАРТИЯИ БУЗУРГИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ТАМОМИ ИНСОНИЯТ» 76 СОЛ ПУР МЕШАВАД
10 декабр Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон маҳсуб шуда, мақсад аз он ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид, ки имсол аз қабули он 76 сол сипарӣ шуд.
Рӯзи ҳуқуқи инсон имкон медиҳад, ки ҳар сол атрофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, вазъи риояи онҳо ва нақшаҳои минбаъда барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар самти тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эҳтиром, риоя ва ҳифзи онҳо барномаҳо доир гашта, тавсияҳои дахлдор пешниҳод шаванд.
Имрӯзҳо эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон яке аз мақсадҳои асосии тағйироту дигаргуниҳо дар ҷомеа маҳсуб шуда, ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, дахлнопазирӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии худ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Конститутсия ва дигар қонунҳо, принсипҳои башардӯстӣ ва озодона кору зиндагӣ намудани инсонро дарҷ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо пайваста кӯшишҳои судманд ба харҷ медиҳад. Дар ин раванд Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худро давра ба давра таъмин менамояд.
Ногуфта намонад, ки маҳз боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҳуқуқ, оздиҳои инсон ва шаҳрвандро дарбар мегирад. Ва ҳамчунин дар боби якум, моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волоият, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дарҷ гардида аст.
Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу оздиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Маврид ба таъкид аст, ки барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як фарди ҷомеа Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2012 таҳти рақами 678 «Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» ба тасвиб расидааст. Мақсади асосии барномаи мазкур баланд бардоштани маданияти ҳуқуқи инсон, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамкории байни мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷорӣ намудани омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон дар системаи маориф, барномаҳои таълимии судияҳо ва низоми хизмати давлатӣ ва чанде аз ҳадафу мақсадҳои дигарро дар бар мегирад.
Расидан ба мақсаду маромҳои олӣ баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳар як фардро тақозо менамояд, зеро эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон қисми ҷунонашавандаи зиндагӣ, фаъолият ва рафтори ҳар як узви ҷомеа мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, заминаи мустаҳкамро барои рушди ҳамкорӣ бо ниҳодҳои оинномавию шартномавии Созмони Милали Муттаҳид ва бо дигар сохторҳои иҷроияи он амали менамояд. Дар ин раванд тибқи маълумоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Тоҷикистон солҳои 2010-2023 се маротиба расмиёти Шарҳи гузоришҳои миллии худро ба мақомоти шартномавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод намуд ва ҷиҳати ташрифи 11 мандати мавзуии расмиёти махсус мусоидат намудааст. Дар натиҷа ба Тоҷикистон дар маҷмуъ зиёда аз 1000 тавсияҳо дода шуданд, ки масъалаҳои ҳуқуқи инсонро дар бар мегиранд. Яъне, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва иҷрои бовиҷдононаи уҳдадориҳои байналмилалӣ фаъолият менамояд.
Баҳронов Соҷидхон - мудири шуъбаи таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, иҷозатномадиҳӣ ва чораҳои маҷбурсозии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
30 май дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот карданд.
Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои кори олимонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлили амиқ намуда, барои дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Президенти кишвар иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои созандаи самтҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои боровари он суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд карданд.
Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки олимони кишвар дар таҳияи хуҷҷати муҳимми давлатӣ - Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд ва онҳо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.
Дар идомаи суханронӣ Сарвари давлат Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
Ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки бо таъсиси комиссияи босалоҳият таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти ҳамаи зерсохторҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, аз ҷумла иншоот ва заминҳои аз даврони гузашта дар тавозуни ин сохторҳо боқимондаро анҷом диҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зарурати қабули Қонун “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ” андешаронӣ карда, масъулин ва сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати таҳияи санадҳои зерқонунӣ, бунёди зерсохтори зарурӣ ва татбиқи самарабахши қонуни зикршуда чораҳои дахлдор андешанд.
Вобаста ба интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои арзанда Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута аз Сарвари давлат супоришҳои қатъӣ гирифтанд.
Дар рафти мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба шахсони масъул ва сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор карда шуданд, ки ба масъалаи забономӯзӣ, касбомӯзӣ ва мутобиқ ба бозори меҳнати дохиливу берунӣ омода кардани ҷавонону калонсолоне, ки дар муассисаҳои зертобеи онҳо таҳсил мекунанд, чораҷӯӣ намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷаҳон ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар - дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавонро вазифаи муҳимтарини аҳли ҷомеа донистанд.
Сарвари давлат бо боварӣ изҳор доштанд, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Изҳори итминон карда шуд, ки донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни фаъол - бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаашон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоранд ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.
Баъди анҷоми суханронӣ миёнӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як гурӯҳ олимон ва донишмандони кишвар пурсишу посухҳо сурат гирифт, ки зимни онҳо оид ба дастгириҳои давлатии рушди илм, қабули қонун, барномаву стратегияҳо ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат баҳри беҳдошти шароити кору зиндагии аҳли зиё андешаронӣ намуданд.
28-уми майи соли равон дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии таъсисёбии Шуъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва 100-солагии олим, санъатшинос, театршинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Ташаккул ва пешрафти санъатшиносӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Конференсияро директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ профессор Насрулло Убайдулло ифтитоҳ намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода зимни суханронии муқаддимавӣ ва табрикотӣ саҳми кормандони шуъбаи таърихи санъат дар давоми 70 соли фаъолияти шуъба, бахусус нақши профессор Низом Нурҷоновро дар таҳқиқи анъана ва оиинҳои мардуми тоҷик, драматургия ва театри касбиву суннатӣ, мусиқӣ, рақс ва дигар соҳаҳои санъатшиносӣ назаррас арзёбӣ карда, таҷлили ин санаҳои таърихиро рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳангу ҳунари волои миллӣ унвон кард.
Сипас мудири Шуъбаи таърихи санъати ИТБМ, профессор Аскаралӣ Раҷабов, олимони шинохта Баҳринисо Қобилова, Равшан Раҳмонӣ, Лариса Додхудоева, Муҳаммадулло Табаров, санъатшиносон аз кишвари ба мо дӯст Ӯзбекистон Баҳора Хуррамова ва Бахтишод Ғайбуллооев, инчунин ходимони ҷамъиятиву давлатӣ ва ҳунармандони шинохта Тамара Абдушукурова, Ҷӯрабек Муродов, Гулҷаҳон Бобосодиқова ва Кароматулло Олимов оид ба ташаккул ва рушди санъатшиносӣ ва саҳми бевоситаи профессор Низом Нурҷонов дар ин самт суханронӣ карданд.
Дар анҷоми конфронс ҳунармандони гурӯҳи “Шамс” чанд порча аз мусиқӣ ва сурудҳои мардумиро пешкаши ҳозирин намуданд.
Бояд зирк кард, ки нахустин роҳбари шуъбаи таърихи санъат Низом Нурҷонов буданд ва дар шуъба гурӯҳи хурди санъатшиносон дар ҳайати Н.Ҳ.Нурҷонов, В.А.Мешкерис, О.Л.Данскер ва баъдан Н.А.Белинская аввалин навиштаҳои илмиро ба нашр расониданд. Солҳои 1955-1956 дар Маскав рисолаҳои Н.Нурҷонов «Муҳаммадҷон Қосимов», «Театрии халқии тоҷик» ба нашр расид, дар Душанбе бошад аввалин маҷмӯаи санъатшиносӣ чоп шуд. Ин навиштаҳо аз аввалин корҳои таҳқиқии он солҳо дар рушди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ накши муассир гузошт.
Барои кор ва таҳқиқ шӯъба ба кормандони касбӣ ниёз дошт. Дар ҷумҳурӣ ягон мактаби олӣ ихтисосмандони соҳаи санъатшиносӣ омода наменамуд. Шӯъба ягона марказе буд, ки аз ашхоси дорои маълумоти забон ва адабиёт, рассом, санъатшинос, театршинос, киношинос тайёр менамуд ва онҳоро барои бозомӯзии асосҳои назарии ҳунарҳои бадеӣ ба марказҳои таҳқиқии ҳунаршиносии Маскаву Ленинград мефиристод.
Дар як муддати кӯтоҳ шӯъба дорои ихтисосмандони касбӣ ва ба яке аз марказҳои бонуфузи таҳқиқии масоили таърих ва назарияи ҳунарҳои бадеӣ – меъморӣ,санъати тасвирӣ,театр, кино, мусиқӣ ва амсоли ин (аз аҳди бостон то имрӯз) дар ҷумҳурӣ табдил ёфт ва эътибори шоиста касб кард.
Ихтисосмандони касбӣ дар шуъба ба камол расиданд ва дар заминаҳои гуногуни ҳунарҳои бадеӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифо намуданд. Аз ҷумла санъатшиносон В.А.Мешкерис, Н.А.Белинская, М.О. Рӯзиев, Н.З.Юнусова, тетршиносон М.Шарофов, М. Эркабоев, Б.Хураммова, киношиносон Аҳроров, Ҳ.Муҳаммадқулов, мусиқишиносон З.М.Тоҷикова, Э.Р.Гейзер, Б.Т.Қобилова,таърихи меъморӣ М.Мамадназаров, Р.Додобоев, таърихи фарҳанг ва ҳунар А.Раҷабов ва дигарон доир ба масоили таърих ва назарияи санъат таҳқиқоти арзишманд нигоштанд. Зумраи дигари пажӯҳишгарони шӯъба Л.Н.Винокурова, Л.Ш.Қиёмова, М.Хоркашев, С.Ҳақдодов, Л.Айнӣ, Ш.Анорқулова, Т.Мирова, М.Мирсаидов ва дигарон низ доир ба масоили муҳимми театр, санъати тасвирӣ, эҷодиёти мардумӣ низ корҳои таҳқиқӣбурданд.
Шӯъба аз ибтидои фаъолияти таҳқиқиаш ба гирдоварию баррасии жанр ва шаклҳои осори ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла мусиқӣ, театрӣ, рақси мардумӣ, саноеи амалию ҳунармандӣ муназзам кор бурд. Аз ин рӯ, таҳти роҳбарии Н.Нурҷонов ҳар сол пажӯҳишҳои саҳроии комплексии санъатшиносӣ дар манотиқи Зарафшону Суғд (Ленинобод), Кӯлобу Хатлон, вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ, инчунин маҳалҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон гузаронида шуда ва намунаҳои нодири шаклу анвои осори ҳунарҳои бадеӣ гирдоварӣ мешуданд. Тавассути ин пажӯҳишоти саҳроӣ намунаҳои зиёди осори шеърию мусиқии мардумӣ гирдоварӣ ва ба навори магнитӣ сабт шуданд, ки ин осор хазинаи тиллоии Институт маҳсуб шуда ва аз лиҳози бадеӣ қаринаи худро надоранд.
Аз соли 1999 сарварии шӯъбаро доктори илмҳои таърих, профессор А. Раҷабов ба зимма дорад. Дар ин солҳо шӯъба барои амалӣ шудани барномаҳои илмӣ дар таҳияи асарҳои дастаҷамӣ доир ба таърихи фарҳанг ва санъати тоҷик нерӯҳои таҳқиқиро аз нав сафарбар намуд. Фаъолияти таҳқиқии шӯъба дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурвусъату рангин ҷараён гирифта, дар нашри асари чорҷилдаи академии «Очеркҳои таърих ва назарияи фарҳанги тоҷик» (2001, 2006, 2009, 2010), ки масоил, паҳлӯҳои норавшану проблемавии таърих ва назарияи фарҳанг, санъатҳои амалию ҳунармандӣ, тасвирӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мусиқӣ, театру кинои тоҷик ва амсоли ин бар пояи маводи навтарин бо диди нави таҳлилӣ ба риштаи таҳқиқ омадаанд.
Олимони шӯъба иштирокдори чандин конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик, мамолики муштаракулманофеъ ва Аврупо буда, бо маърӯзаву мақолаҳо арзишҳои муҳимми масоили дирӯзу имрӯзи фарҳангу ҳунари тоҷикро муаррифӣ намудаанд.
Шӯъбаи таърихи санъат имрӯз чун маркази ягонаи бонуфузи илмию таҳқиқии академӣ осор, таъриху назарияи фарҳангу ҳунари тоҷик дар ҷумҳурӣ ва бурун аз он эътибори шоиста касб кардааст.
Бо мақсади ҳарчи зудтар ба роҳ мондани ҳифзи сарҳадоти кишвар моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи
Бо мақсади ҳарчи зудтар ба роҳ мондани ҳифзи сарҳадоти кишвар моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ қарори дахлдор қабул гардид, ки дар асоси он дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил ва баъди чанд муддат бо қарори раёсати Шурои Олӣ дар ҳайати кумитаи зикршуда Раёсати ҳифзи сарҳад таъсис дода шуд.
Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Марзи давлатӣ дар радифи арзишҳои миллӣ, забон, таърих, фарҳанг ва дигар муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин унсурҳои соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлат мебошад.
Марзи давлатӣ дар радифи арзишҳои миллӣ, забон, таърих, фарҳанг ва дигар муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин унсурҳои соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлат мебошад. Бинобар ин, яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки дар назди давлати мо ҳанӯз дар оғози ба даст овардани истиқлол қарор дошт, таъсис додани сохторҳои марзбонӣ буд. Вале айнан дар ҳамон айём кишвари мо ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям, ки яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин набудани ҳимояи сарҳади давлатӣ ба шумор мерафт.
Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Бо мақсади оммавият ва тарғибу ташвиқи варзиш ҳафтаи равон миёни олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқи варзишии футболи хурд баргузор гардид. Ҳамин аст, ки варзиш - омили муҳими солимӣ ва машғул гардидан ба он ифодагари баҳамоӣ, сулҳу оромӣ ва таҳкимбахши дӯстию рафоқат миёни аҳли ҷомеа мебошад.
Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба оммавият гардонидани соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои боз ҳам рушд намудани ин соҳа тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда истодаанд. Маҳз ҷавонони варзишгаро зарур меояд, ки аз ин шароитҳои фароҳам овардаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хуби истифода намуда, барои муаррифии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ кушиш ба харҷ диҳанд.
Хушбахтона барои боз ҳам рушд намудани соҳаи футболи кишвар Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки онро Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ пешниҳод намуд, қабул кард.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа 16 даста аз ҳисоби кормандони раёсат ва олимони ҷавони сохторҳои зертобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон байни ҳам мусобиқа намуданд. Дар ин мусобиқа дастаи Институти химия ҷойи аввал ва дастаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷойи дуюмро ишғол намуданд. Имрӯз мусобиқаи хурди футбол бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷамбаст гардид.
Нимаи дуюми рӯзи 24 майи соли равон дар толори калони маҷлисии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Масъалаҳои фарҳанги муосири бадеии тоҷик» бахшида ба бузургдошти файласуф ва санъатшиноси тоҷик Саъдулло Раҳимов баргузор гардид.
Дар оғоз директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови АМИТ, Маҳмадизода Нозим Давлатмурод миззи мудавваро ифтитоҳ карда, қайд кард, ки воқеан, фарҳанг сатҳи муайяни таърихии рушди ҷомеа, неруи эҷодӣ ва қобилияти инсон, ки дар шаклу намудҳои гуногуни ташкили ҳаёт, таҳияи арзишҳои моддию маънавӣ зоҳир мегардад, фаҳмида мешавад. Ченаки муайянкунанда, асоси ҳаётии инсон ва чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ баҳо додаанд: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”.
Қайд гардид, ки вобаста ба вусъатёбии раванди бархӯрди тамаддунҳо донишмандони ҷомеашиноси тоҷикро масъулияту вазифа пеш меояд, ки беш аз пеш ҳимоят аз арзишҳои фарҳанги дирӯзу имрӯзи тоҷикон ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани онҳо талош варзанд.
Дар идомаи ин андешаҳо доктори илмҳои фалсафа, профессор Б. Самиев ба масоили фарҳанги ҷомеаи муосири кишвар таваҷҷуҳ дода, зикр дошт, ки дар ташаккул ва рушди фарҳанги тоҷик чӣ дар даврони шӯравӣ ва чӣ дар давраи истиқлол саҳми фарҳангшиноси варзида, олими пурмаҳсул Саъдулло Раҳимов беназир аст, зеро шодравон на танҳо дар таҳқиқ ва баррасии фарҳанги зебоишиносии тоисломии миллати тоҷик, балки дар рушд ва рафъи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи фарҳанги зебоишиносии миллӣ хидматҳои бориз кардааст.
Доктори илмҳои фалсафа аз Институти фармасевтии ш.Тошкент Х. Абдураҳманов дар мавзуи “Манбаъҳои иҷтимоӣ-ахлоқии ташаккули фарҳанги ҷавонон” сухан гуфта, қайд кард, ки минбаъд корҳои пажуҳишӣ дар соҳаи фарҳанг байни олимони ин ду кишвар вусъат дода шуда, боварии комил дорам таҳқиқҳои арзандае дар ин ҳамкориҳо рӯи кор меояд. Мавсуф доир ба татбиқи сиёсати ҷавонон дар Ӯзбекистон ибрози андеша карда, тазаккур дод, ки олимони ҷавони ду кишвар, ки ояндаи пешрафти илмҳои ҷомеашиносӣ ва фарҳанг аз онҳо алоқамандӣ дорад, бояд чунин ҳамоишҳои илмӣ миёни олимони ҷавони ду кишвар беш аз пеш ба роҳ монда шавад.
Дар ин миззи мудаввар олимони соҳа зиёд иштирок доштанд ва онҳо роҷеъ ба пешрафту мушкилотҳои ҷойдоштаи фарҳанг мубодилаи афкор карда, хулоса карданд, ки пешрафти соҳаи фарҳанг аз пажуҳишҳои фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавонони болаёқат вобастагии ногусастанӣ дорад.
24 майи соли равон бахшида ба рӯзи байналмилалии Морхур Конференсия баргузор гардид. Ба кори конфронс раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур ҳусни оғоз бахшида, доир ба моҳияти баргузории конфронс суханронӣ намуд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ Ҳамдамзода Ҷ. суханронӣ намуда, доир пазируфтани ташаббуси навбати Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани “Рӯзи байналмилалии морхур” тариқи қатъномаи дахлдор аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид фикру андешаҳои хешро баён намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин қатънома аҳаммитяи бартараф намудани камшавии бесобиқаи чаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхурро хамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст. Дар он инчунин аҳаммияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхур, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, қайд карда шудааст. Бо қабул гардидани қатъномаи мазкур рӯзи 24 май “Рӯзи байналмилалии морхур” эълон гардид. Дар ҷараёни конфронс аз ҷумлаи олимону академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо маърӯзаҳои хеш баромад намуданд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ягона ниҳодест, ки дар пешбурди сиёсати илмии кишвар ва барои баланд бардоштани муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ саҳм бузург дорад. Бояд гуфт, ки олимону академикон ва дигар кормандони академия ҳамеша дар ҷустуҷӯи илм пешравӣ ва муваффақиятҳо саҳм мегузоранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки илму маориф бо ҳам талъаманд ва бо ин мақсад имрӯз 22.05.2024 Шарипов Толиб – ходими пешбари илмии Маркази татқиқоти технологияи иноватсионии конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Зеҳни сунъи” баргузор намуд. Дар баргузории конференсия ноибони президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пешсаф иштирок намуданд.
Ба кори конфронс ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшида муҳтавои конференсияро ба иштирокдорон фаҳмонд ва дар суханро ба сардори Сарраёсати маорифи шаҳр вогузор кард, дар идома ноиби президент Амонзода Илҳом Темур оид ба мавзуи интихобшуда маъруза намуданд. Ҳамзамон Шарипов Толиб – ходими пешбари илмии Маркази татқиқоти технологияи иноватсионии тариқи презентатсия ба иштирокдорон нишон дода иштирокдоронро аз муҳтавои асосии конференсия бохабар намуд.
