Иди Сада яке аз ҷашнҳои куҳан ва пуршукӯҳи мардуми ориёӣ ба шумор рафта, дар фарҳанги халқи тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷлили Иди Сада дар замони муосир танҳо зинда кардани суннатҳои гузашта набуда, балки василаи таҳкими фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбад. Сарвари давлат борҳо зикр намудаанд, ки миллати тоҷик бо доро будан ба таърихи қадима, расму ойин ва арзишҳои фарҳангии ғанӣ, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Ҷашнҳои миллии мо, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Сада, дар тӯли асрҳо дар ташаккули ахлоқи ҳамида ва ҷаҳони маънавии созандаи мардум нақши муҳим бозидаанд. Боиси ифтихор аст, ки ин ҷашнҳо бо ташаббуси Пешвои миллат мақоми расмии давлатӣ гирифта, имрӯз бо шаҳомати хос дар саросари кишвар таҷлил мегарданд.
Дар шароити имрӯза Иди Сада барои ҷавонони Тоҷикистон на танҳо як суннати таърихӣ, балки воситаи муҳими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба мероси фарҳангии ниёгон мебошад.
Мафҳуми “Сада” аз шумораи сад гирифта шуда, ба панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи боқимонда то фарорасии Наврӯз ишора мекунад. Тавре олими машҳур Абӯрайҳони Берунӣ қайд намудааст, гузаштагони мо шабу рӯзро ҷудогона ҳисоб мекарданд. Иди Сада нишонаи гузариши фасли зимистон ва муждаи наздикшавии баҳор аст. Ин ҷашн рамзи ғалабаи рӯшноӣ бар торикӣ буда, ҳамасола 30 январ мардум бо афрӯхтани оташ, сурудхонӣ, дуо ва баргузории барномаҳои фарҳангиву театрӣ онро истиқбол мегиранд.
Моҳияти Иди Сада бо оташ, нур ва заҳмат пайванди ногусастанӣ дорад. Гулхани афрӯхташуда рамзи поксозӣ, равшанӣ ва оғози марҳилаи нав дар зиндагӣ мебошад. Аз нигоҳи ҷавонон, ин гулхан нишонаи умед ба фардои дурахшон, рӯҳбаландӣ ва ҳамдилии ҷомеа аст. Ин анъана ҷавононро ба ҳам меорад ва ҳисси дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиро таҳким мебахшад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илм ва техника, ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи муҳим ва масъулияти ҷиддии насли ҷавон ба ҳисоб меравад. Иди Сада ба ҷавонон имконият медиҳад, ки бо таърих ва фарҳанги худ амиқтар ошно шаванд, аз таҷрибаи ниёгон сабақ гиранд ва онро бо ҳаёти муосир ҳамоҳанг созанд. Иштироки фаъол дар чорабиниҳои фарҳангӣ, баргузории маҳфилҳои маърифатӣ ва тарғиби ҷашн тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар эҳёи суннатҳои миллӣ нақши муассир дорад.
Аз ҷиҳати иҷтимоӣ, Иди Сада мардумро ба меҳнатдӯстӣ ва созандагӣ ҳидоят мекунад. Ин ҷашн ёдрас месозад, ки неъматҳои зиндагӣ бо заҳмат, сабр ва кӯшиш ба даст меоянд. Барои ҷавонон ин арзишҳо аҳамияти хоса дошта, заминаи пешрафти шахсӣ ва рушди ҷомеа маҳсуб меёбанд. Арзишҳои Сада насли ҷавонро ба худтакмилдиҳӣ, ватандӯстӣ ва хизмат ба Ватан раҳнамун месозанд.
Иди Сада ҳамчунин дорои паёми муҳими экологӣ мебошад. Эҳтиром ба оташ ҳамчун манбаи гармӣ ва рӯшноӣ, муносибати оқилона ба табиат ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ аз ғояҳои асосии ин ҷашн ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон метавонанд бо ташаббусҳои экологӣ, аз ҷумла тозагардонии муҳити зист, ниҳолшинонӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ, мазмуни ҷашнро боз ҳам ғанӣ гардонанд.
Ҳамин тавр, Иди Сада барои ҷавонон на танҳо як ҷашни таърихӣ, балки рамзи худогоҳӣ, ваҳдати миллӣ ва умед ба ояндаи дурахшон мебошад. Нигоҳдорӣ ва рушди ин мероси бостонӣ вазифаи ҳар як ҷавони худшинос аст, то арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии миллат ба наслҳои оянда ба таври шоиста интиқол ёбанд ва ҳамеша поянда бимонанд.
Ходими илмии филиали Агентии амнияти ХБРЯ дар вилояти Суғд, Исматдинов М.М
21 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам
21 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Туркманистон иштирок намуданд.
@RustamEmomali
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербурги Фед
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Пулково меҳмони олиқадр, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалиро намояндагони расмии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва шаҳри Санкт-Петербург, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар шахсони расмӣ самимона пазироӣ карданд.
@RustamEmomali
20 ноябри соли равон бо ташаббуси Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – назариявӣ – и “Масоили мубрам ва омилҳои рушддиҳандаи таърихнигории миллӣ дар замони муосир”, ба ифтихори 85 – солагии академик Раҳим Масов баргузор карда шуд.
Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовд Қаюм ҳусни оғоз бахшид. Дар идома дар сухани ифтитоҳии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки Академик Раҳим Масов бештари умри пурбаракати худро ҳамчун муаррих дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сипарӣ намудааст.
Таъкид гардид, ки Раҳим Масов муддати 57 сол аз лаборанти одии пажӯҳишгоҳ то ба дараҷаи академикӣ ва сарварии як муассисаи марказии илмӣ-пажӯҳишӣ расида, дар ташаккул ва рушди таърихнигории миллӣ ва чун сарвари пажӯҳишгоҳ-27сол дар тайёр намудани мутахассисони касбии илми таърих нақши арзанда гузоштааст. Зери роҳбарии бевоситаи ӯ беш аз 20 нафар рисолаи докторӣ ва номзадӣ дифоъ намудаанд ва имрӯз дар мактабҳои оливу муассисаҳои таҳқиқотии кишвар адои вазифа менамоянд.
Академик Раҳим Масов муаллифи даҳҳо рисолаи бунёдӣ, илмиву оммавӣ, китоби дарсӣ ва садҳо мақолаи илмиву публистистӣ мебошад, ки самара ва нақши онҳо дар таҳқиқоти таърихи халқи тоҷик равшан эҳсос мегарданд.
Академик Раҳим Масов ташаббускор ва иштирокчии фаъоли ҷаласаҳо ва конфронсҳову симпозиумҳои илмии сатҳи ватанӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ буда, роҷеъ ба масоили мухталифи таърихи халқи тоҷик бо маърӯзаву гузоришҳои илмӣ суханронӣ ва ибрози ақида намудааст.
Истеъдоди фавқулоддаи ташкилотчигии олим инчунин дар созмон додани Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон зуҳур ёфтаааст, ки ин осорхона имрӯзҳо зиёратгоҳи мардуми ватанамон ва меҳмонони хориҷӣ гаштааст, онҳоро бо дастовардҳои нодири ёдгор аз тамаддуни пурсарвати миллат ошно месозад.
Гуфтан ба маврид аст, ки мактаби илмии академики Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон устоди зиндаёд Раҳим Масов тавонист, ки дар пешрафт ва рушди илмҳои таърихнигорӣ саҳми арзанда гузоштааст ва бо боварӣ гуфта метавон, ки шогирдону пайравонаш давомдиҳандаи мактаби илмии ин марди хирад гардида, дар пешрафт ва рушди илмҳои таърих саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Иштироки директори Институт ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, н.и.б., Бобозода Б.Б. мудири захираи гербарияи Институт, н.и.к., Мубалиева Ш. М. ва ходими калони илмии озмоишгоҳи бехатарии биологӣ Баротов С.С дар Симпозиуми "Biodiversity data
Иштироки директори Институт ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, н.и.б., Бобозода Б.Б. мудири захираи гербарияи Институт, н.и.к., Мубалиева Ш. М. ва ходими калони илмии озмоишгоҳи бехатарии биологӣ Баротов С.С дар Симпозиуми "Biodiversity data in montana and arid Eurasia", ки аз 18-19 ноябр дар ш. Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон бо дастгирии Фонди иттилоотии ҷаҳонии гуногунии биологӣ (GBIF) баргузор шуда истодааст, иштирок доранд.
Инчунин дар Симпозиум ходими калони илмии Институт дар мавзуи “GBIF – Tajikistan National Report” маърӯза намуд.
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат бо шукуҳу шаҳомоти хоса таҷлил мегардад.
Имрӯз (18.11.2024) ба ин муносибат бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт роҳбарони институт ва сохторҳои гуногуни академия мизи мудаввар баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш изҳор дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.
Таъкид гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, зери ливои худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохтааст. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид кардаанд: “Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.
Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.
Имрӯз (18.11.2024) китоби «Имрӯзи фарҳанги тоҷик» - дастовези навини фарҳангшиноси зиндаёд С.Х.Раҳимов мебошад. Аз рӯйи мундариҷа он мақолаҳои ҷудогонаи илмии муаллифро, ки ба масоили актуалии фарҳанг ва ҳунари тоҷик бахшида шудаанд, фаро мегирад.
Нахуст дар оғози семинари илмӣ-амалӣ директори Иниститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ профессор Нозим Маҳмадизода сухан карда, изҳор дошт, ки китоби тозанашри профессори зиндаёд Саъдулло Раҳимов дар инъикос ва баррасии фарҳанги дирӯзу имрӯзи миллати тоҷик арзишманд буда, С. Раҳимов тавонистааст, ки дар китоби хеш арзишҳои мероси гузаштаву имрӯзаи фарҳанги миллиро дар шинохти нав таҳқиқу бозгӯӣ кунад.
Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки бавижа, аз рӯйи сохтор ва тамоилгирии мавзуи мақолаҳо муаллиф китобро дар се боб ба танзим медарорад. Дар боби аввал мафҳуми истиқлол ва фарҳанг, истиқлол – тафаккури нав, диди нав, нақши фарҳанги бадеӣ дар тарғиби идеяҳои истиқлол, фарҳанги муосири тоҷик: муваффақиятҳо ва мушкилоти ҷойдошта, фарҳанг ва вазъи фалсафаи зебоишинохтии мардум – масолили баррасишаванда ба ҳисоб мераванд
Дар боби дуюм, маълумот дар бораи таърихи пайдоиш, марҳилаҳои ташаккул ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ: Сада, Наврӯз ва Меҳргон дар ҷомеаи муосирдода шудааст.
Масоили калидии боби сеюми китобро вазъи рушди ҳунари тоҷик дар замони истиқлол ва муаррифи чеҳраҳои ҳунарофар, ки таблиғгари арзишҳои миллӣ мебошанд, фаро мегиранд.
Инчунин, мудири шуъбаи Фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и АМИТ профессор Самиев Бобоҷон дар навбати худ қайд кард, ки китоби мазкур аз чанд ҷиҳат дорои арзиши баланди илмӣ-назарӣ ва амалӣ аст:
- аввалан, маводи фарогирандаи китоб инъикоскунандаи тафаккури таҳлилии муаллиф ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, мутолиа ва шинос шудан ба мазмуни он хонандаро доир ба тамоилгирии масоили фарҳангӣ ва дурнамои рушди ҳунари тоҷик ба майдони баҳс мекашад;
- дуюм, дар шакли як маҷмуа ба нашр расонидани мақолаҳо муайянкунандаи консепсияи илмии муаллиф дар мавриди фаҳмиш ва таҳқиқи тамоилгирии масоили муосири фарҳанг ва ҳунари тоҷик ба ҳисоб меравад;
- сеюм, муаллиф дар баррасӣ ва ҳалли масоили муосири фарҳанг ва ҳунари тоҷик, ки худ бевосита мутахассиси ин соҳа маҳсуб меёбад, андешаҳоро дар пояи ақл бар кашида, ба мантиқи баён, методологияи таҳқиқи масъала, аҳамияти хосса медиҳад. Аз муваффақиятҳо ва дастовардҳои соҳа ошкоро сухан мегӯяд, аз онҳо пазироӣ менамояд. Дар баробари ин, кушидааст, ки камбудиҳои соҳаро рӯйирост ошкор сохта, барои рафъи онҳо роҳу усулҳои мушаххасро пешниҳод намояд.
Махсусан, дар мавзуи «Истиқлол диди нав ва тафаккури нав аст» - муаллиф диди навро чунин ташреҳ медиҳад: диди нав зодаи Истиқлоли мову шумо аст. Диди нав – ин шинохтани масъулият пеши худу таърих ва пеши наслҳои оянда аст. Диди нав ин дарки он аст, ки ҳар фард ва ҷомеа дарк ва шууран донистааст, ки ӯ соҳиби истиқлол аст.
Инчунин, аз мазмуни мақолаи мазкур метавон якчанд андешаҳои шахсии муаллифро, ки аз бедории фикрӣ ва зеҳнияти касбии ӯ далолат мекунанд, ҷудо намуд:
1) назари тозаи муаллиф ба чунин шакл ифода меёбад, ки «Истиқлоли кишвар пеш аз ҳама истиқлоли шахс ҳам будааст». Манзур аз баёни андеша он аст, ки ҳар фард ҳуқуқи комил дорад, ки нисбати ҳар чизе, ки мехоҳад андешаи худро дошта бошад ва онро озодона ба ҷомеа арза кунад;
2) муаллиф тамоилгирии фарҳанги давраи истиқлоли тоҷикро бо замонҳои қаблӣ, махсусан давраи шуравӣ муқоиса карда, чаҳор ҷанбаи муҳимми онро бо далелҳои муътамад мушаххас менамояд.
Дар китоби С. Раҳимов бештар муқоисаи фарҳанги замони Шӯравӣ ва Истиқлол мавриди таҳлилу қиёс қарор гирифтааст, аз ҷумла, муаллифи китоб қайд кардааст, ки замони Шӯравӣ фарҳанги тоҷикон тобеияти идеологияи коммунистиро бар дӯш дошт ва аз ин хотир вай ба мероси ба истилоҳ пролетарӣтавҷҷуҳи бештар зоҳир мекард. Ба фарҳанги миллӣ, ки дар асл падидаи яклухту мукаммали иҷтимоӣ буд, камтар кор дошт. Балки иделогияи номбурда фарҳанги миллатҳоро ба ду бахш ҷудо карда, якеро пролетарӣ ва дигариро ҳамчун фарҳанги синфи истисморкунанда муаррифӣ мекард. Дар натиҷа ягонагии як фарҳанг халалдор мегашт, дар дохили он зиддият ба вуҷуд меовард. Бахусус, чун давлати Шӯравӣ давлати атеистӣ буд, аз мероси динӣ, ки дар зарфияти он арзишҳои волои инсондустӣ низ ҳифзу тараннум мегардид, (ба мисли назми беҳамто ва оламгири сӯфиён: Аттори Нишопурӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва амсоли онҳо), атеизми давлатӣ аз ин гуна мерос ҳазар мекард, ба таблиғу шинохти он монеа эҷод мекард.
- ҷанбаи дуюм, замони Шӯравӣ баъзан барои гузаронидани суннатҳои замони тоисломӣ низ ба мисли ҷашни Наврӯз шубҳа мегузошт. Ҷашни солгарди ба истилоҳ «салладорон» (истилоҳи идеологҳои шӯравӣ) ба мисли устод Рӯдакӣ, ибни Сино, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигаронро мебояд зимомдорони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони КМ КПСС ё ба истилоҳ бо Москав мувофиқа мекарданд;
- ҷанбаи сеюм:истиқлол ҳамин муамморо аз байн бардошт ва моли фарҳанги миллиро дар раванди ягонаи таърихӣ дида, ба арзишҳои он аз дидгоҳи таърих ва меъёру арзишҳои умумибашарии гуманистӣ баҳо дод;
- ҷанбаи чаҳорум: халқи тоҷик, новобаста аз фишорҳои сахту бераҳмонаи сиёсӣ ва идеологӣ, дар фазои маҳал ва хусусан хонаводагӣ, яъне бештар дар фазои ғайрирасмӣ, суннатҳои арзишноки ниёгонро ҳифз кардааст. Маҳз ҳамин нерӯи ҳифзгароии арзишҳо ва анъаноту русум аз ҷониби мардум имкон дод, ки дар муддати хеле кӯтоҳ фарҳанги тоҷик дар давраи истиқлол бо тамоми яклухтӣ ва тавъамиаш дубора эҳё гардад.
Дар идомаи семинари илмӣ-амалӣ донишварони соҳибтахассус, аз ҷумла С. Ҷонбобоев, С. Ҳақдодов, Н. Яздонӣ оид ба шахсият ва фаъолияти гуногунҷанбаи фарҳангшиноси саршиноси кишвар С. Раҳимов сухан карда, ироа доштанд, ки устоди зиндаёд донишманди фарҳехта, соҳибмактабу боҷасорат, соҳиби тафаккури таҳлилӣ ва андешаи интиқодӣ буданд.
Қасос намегрифтанд, вале танқидашон беғаразона ва ба манфиати рафъи мушкилаҳои ҷойдошта, дар фазои фарҳангии ҷомеаи тоҷик будааст.
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Порвени Ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70 мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба ин муносибат дар саҳни таълимгоҳ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, омӯзгорон,сокинони деҳа ҷамъомад баргузор шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид дошт, ки ин бинои замонавии муассисаи таълимӣ, ки дар муддати се моҳ бо сифати хуб, шароити замонавии таълим, гармидиҳии мутамарказ бо ҷалби беш аз чор миллион сомонӣ маблағҳои буҷети вилояти Суғд аз ҷониби бинокорони ширкати сохтмонии “СУ- 3” сохта шуд, далели боризи ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маориф ва ояндаи насли ҷавон аст.
Иттилоъ дод шуд, ки ба муассиса як маҷмӯъ компютер ҳамчун тӯҳфаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.
Бинои нави муассисаи таълимӣ дорои 12 синфхона ва ҳуҷраҳои маъмурӣ буда, дар он 320 нафар дар ду баст ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси илмӣ дар мавзуи Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлими сайёра доир гардид.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Марказ Шерализода Назриало Шералӣ ифтитоҳ намуда, дар мавзуи “Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: аз эҳёи давлатдории миллӣ то ҳалли мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир” маърӯза намуданд.
Сипас, ходимони илмӣ дар мавзуҳои нақшаи сессияи 16 - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани нақши занону бонувон дар ҷомеъа, рушди илму маориф ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об, пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки муаллифи бевоситаи онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд баромад намуданд.
Сипас, ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - бунёдгузори дипломатияи об” натиҷагирӣ гардида, ғолибон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
