Иди Сада яке аз ҷашнҳои куҳан ва пуршукӯҳи мардуми ориёӣ ба шумор рафта, дар фарҳанги халқи тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷлили Иди Сада дар замони муосир танҳо зинда кардани суннатҳои гузашта набуда, балки василаи таҳкими фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбад. Сарвари давлат борҳо зикр намудаанд, ки миллати тоҷик бо доро будан ба таърихи қадима, расму ойин ва арзишҳои фарҳангии ғанӣ, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Ҷашнҳои миллии мо, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Сада, дар тӯли асрҳо дар ташаккули ахлоқи ҳамида ва ҷаҳони маънавии созандаи мардум нақши муҳим бозидаанд. Боиси ифтихор аст, ки ин ҷашнҳо бо ташаббуси Пешвои миллат мақоми расмии давлатӣ гирифта, имрӯз бо шаҳомати хос дар саросари кишвар таҷлил мегарданд.
Дар шароити имрӯза Иди Сада барои ҷавонони Тоҷикистон на танҳо як суннати таърихӣ, балки воситаи муҳими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба мероси фарҳангии ниёгон мебошад.
Мафҳуми “Сада” аз шумораи сад гирифта шуда, ба панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи боқимонда то фарорасии Наврӯз ишора мекунад. Тавре олими машҳур Абӯрайҳони Берунӣ қайд намудааст, гузаштагони мо шабу рӯзро ҷудогона ҳисоб мекарданд. Иди Сада нишонаи гузариши фасли зимистон ва муждаи наздикшавии баҳор аст. Ин ҷашн рамзи ғалабаи рӯшноӣ бар торикӣ буда, ҳамасола 30 январ мардум бо афрӯхтани оташ, сурудхонӣ, дуо ва баргузории барномаҳои фарҳангиву театрӣ онро истиқбол мегиранд.
Моҳияти Иди Сада бо оташ, нур ва заҳмат пайванди ногусастанӣ дорад. Гулхани афрӯхташуда рамзи поксозӣ, равшанӣ ва оғози марҳилаи нав дар зиндагӣ мебошад. Аз нигоҳи ҷавонон, ин гулхан нишонаи умед ба фардои дурахшон, рӯҳбаландӣ ва ҳамдилии ҷомеа аст. Ин анъана ҷавононро ба ҳам меорад ва ҳисси дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиро таҳким мебахшад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илм ва техника, ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи муҳим ва масъулияти ҷиддии насли ҷавон ба ҳисоб меравад. Иди Сада ба ҷавонон имконият медиҳад, ки бо таърих ва фарҳанги худ амиқтар ошно шаванд, аз таҷрибаи ниёгон сабақ гиранд ва онро бо ҳаёти муосир ҳамоҳанг созанд. Иштироки фаъол дар чорабиниҳои фарҳангӣ, баргузории маҳфилҳои маърифатӣ ва тарғиби ҷашн тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар эҳёи суннатҳои миллӣ нақши муассир дорад.
Аз ҷиҳати иҷтимоӣ, Иди Сада мардумро ба меҳнатдӯстӣ ва созандагӣ ҳидоят мекунад. Ин ҷашн ёдрас месозад, ки неъматҳои зиндагӣ бо заҳмат, сабр ва кӯшиш ба даст меоянд. Барои ҷавонон ин арзишҳо аҳамияти хоса дошта, заминаи пешрафти шахсӣ ва рушди ҷомеа маҳсуб меёбанд. Арзишҳои Сада насли ҷавонро ба худтакмилдиҳӣ, ватандӯстӣ ва хизмат ба Ватан раҳнамун месозанд.
Иди Сада ҳамчунин дорои паёми муҳими экологӣ мебошад. Эҳтиром ба оташ ҳамчун манбаи гармӣ ва рӯшноӣ, муносибати оқилона ба табиат ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ аз ғояҳои асосии ин ҷашн ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон метавонанд бо ташаббусҳои экологӣ, аз ҷумла тозагардонии муҳити зист, ниҳолшинонӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ, мазмуни ҷашнро боз ҳам ғанӣ гардонанд.
Ҳамин тавр, Иди Сада барои ҷавонон на танҳо як ҷашни таърихӣ, балки рамзи худогоҳӣ, ваҳдати миллӣ ва умед ба ояндаи дурахшон мебошад. Нигоҳдорӣ ва рушди ин мероси бостонӣ вазифаи ҳар як ҷавони худшинос аст, то арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии миллат ба наслҳои оянда ба таври шоиста интиқол ёбанд ва ҳамеша поянда бимонанд.
Ходими илмии филиали Агентии амнияти ХБРЯ дар вилояти Суғд, Исматдинов М.М

