"Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд".
Эмомалӣ Раҳмон
Дар воқеъ Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон дар даврони Шӯравӣ ҳодисаи мудҳиштарин маҳсуб меёбад, чунки “дар Тоҷикистон кам хонадонеро пайдо кардан мумкин аст, ки доғи ин ҷангро дар пайкари худ эҳсос накарда бошад. Оқибати даҳшатбори он ҷанг то ҳанӯз дар ҷисму қалбҳои одамон ва хонадони мардумони гуногуни олам, аз ҷумла халқи тоҷик эҳсос мешавад"[1].
Мусаллам аст, ки 9-уми май рӯзи ғалаба яке аз муҳимтарин идҳои таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Ин санаи мубораку фархунда ба корнамоии ҷанговарони Шӯравӣ, ки аз моҳи июни соли 1941 то майи соли 1945 дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муқобили истилогарони фашистӣ ҷангида буданд, бахшида шудааст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол хотираи сарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ дошта, қадр мекунанд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хоки ИҶШС субҳи 22 - юми июни соли 1941 баъди хуҷуми ногаҳонии қушунҳои фашистӣ аз сарҳади кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ cap шуд. Миллионҳо нафар шаҳрвандони шӯравии синну соли гуногун ихтиёран ба фронт рафтанд ва дар он ҷо ҳаёти худро дар зери хавфу хатар гузошта, ҳуҷуми душманро зада гардонданд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ қариб чор сол давом кард. Субҳи 9-уми майи соли 1945 дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи ғалабаи қушунҳои Шӯравӣ ва муқаррар намудани иди Ғалаба бо фармони Раёсати Иттиҳоди Олии ИҶШС эълон карда шуд.
Худи ҳамон рӯз бегоҳӣ оташбаси ботантана барпо гардид ва 24 июни соли 1945 паради идона барпо гардид. Дар ҳамаи шаҳрҳои қаҳрамон парадҳои ботантана ва фейерверкҳо барпо мегардид, ветеранҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон хотираҳои худро ба мактаббачагон ва коркунони корхонаҳо нақл мекарданд.
Яке аз анъанаҳои асосӣ дар Рӯзи Ғалаба намоиши парчами сурхест, ки монанд ба он байрақест, ки соли 1945 аз ҷониби сарбозони шӯравӣ дар болои Рейхстаг гузошта шуда буд. Имрӯз парчами аслии он дар Осорхонаи Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия маҳфуз аст.
Ҳамасола дар Маскав Паради Ғалаба дар Майдони Сурх бо ширкати беш аз 10 ҳазор нафар низомиён ва ҳудуди 100 воҳиди таҷҳизоти ҷангии заминӣ ва ҳавопаймоӣ баргузор мешавад.
Дар воқеъ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихоҳонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бе хонаву хоҷагидорӣ монданд.
Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд.
Фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49ҳ.973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532 ҳазору 500 адад либоси гарм, 123 ҳазору 800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намуданд.
Шоиру нависандагони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳамадзода, ҳам бо силоҳ ва ҳам бо қалам зидди душман мубориза бурдаанд.
Устод Садриддин Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақшҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард.
Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ буд, ки маҷмӯи ҳикояҳои ҷангиашро бо номи «Интиқоми тоҷикон» навишта буд. Асарҳои баъдиҷангии Фотеҳ Ниёзӣ: «Одамони ҷовид», романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Шӯриши Восеъ» саршори ғояҳои ватандӯстӣ буда, имрӯз ва дар оянда ҳам онҳо намунаи иборатомӯзи наслҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Имрӯз дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштани ин хотира муҳиму зарур аст, зеро вақте ки дахшатҳои ҷанг фаромӯш мешаванд, фашизм дубора эҳё мешавад. Насли навраси замони соҳибистиқлоли Ватан бояд аз гузаштагони худ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ наҷот ёфта, ғолиб омадаанд, онҳоро ба ёд оранд ва ифтихор кунанд [2]. Бо вуҷуди мушкилоти шадид соҳаҳои фарҳанг ва маориф дар Тоҷикистон фаъолият менамуданд. Театрҳо, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо фаъолият мекарданд. Асарҳои ҳунарии ҷангӣ, шеърҳо ва песаҳои театрӣ ба мардум руҳу илҳом мебахшиданд. Шоирону нависандагон, чун Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ ва Раҳим Ҳошим шоистаи таҳсин ва ёдоварӣ ҳастанд, ки бо қалами худ ҷанги равониро бурда, мардумро ба ваҳдат ва фидокорӣ даъват мекарданд [5].
Инак, маълумоти пурраро дар бораи ному насаб, соли таваллуд ва суроғаи зисти кӯҳансарбозон, ки ҳамагӣ 17 - нафар то имрӯз ба сар мебаранд, пешкаши хонандагони арҷманд менамоем:
Шаҳри Душанбе:
1.Бозор Нағзибеков 15.11.1926, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Гипрозем;
2.Мухтор Заргаров 29.04.1924, сокини ноҳияи Сино, ҷ/д Чорякорон вилояти Суғд:
3.Нозим Носиров, 05.10.1924 ноҳияи Деваштич, ҷ/д Далёни Боло;
4.Бибола Рӯзиматов, 07.11.1925 ноҳияи Деваштич, ҷ/д Ғазантарак
вилояти Хатлон
5.Зайнулло Алиев 06.07.1926 шаҳри Бохтар, кӯчаи Каминтер - 2
6.Сафаралӣ Файзиев 09.05.1923 шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат;
7.Розиқ Қосимов 22. 01.1926 ноҳияи Вахш, ҷ/д Тоҷикобод;
8.Машраб Давлатов 20.06.1926 ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, ҷ/д Калинин;
9.Гулмурод Тағоев 01.05.1924 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷ/д Ифтихор;
10.Мирзо Ғафуров 20.05.1926 ноҳияи Хуросон, шаҳраки Обикиик;
11.Ҳабиб Сафаров 25.01.1926 ноҳияи Ҷайҳун, ҷ/д Қумсангир;
12.Яҳё Мирзоев 23.08.1925 ноҳияи Ховалинг, деҳаи Муқимов;
НТҶ
13.Рашид Каримов 01.07.1912 шаҳри Ҳисор, ҷ/д Алмосӣ;
14.Шоҳамбарӣ Раҷаб Исмонов 05.10.1926 шаҳри Ҳисор, деҳаи Ҳаёти нав;
15.Азиз Қодиров 15.06.1922 ноҳияи Шаҳринав, ҷ/д Шаҳринав;
16.Раҷаб Қурбонов 17.03.1926 ноҳияи Варзоб, ҷ/д Лучоб;
17.Достӣ Умедов 17.03.1925 ноҳияи Сангвор, ҷ/д Чилдара[3].
Пас аз гузашти 80 сол ҳар як сокини бо нангу ори миллати тоҷик хотираи неки фавтидагони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ дошта, эҳтироми куҳансарбозонро ҳамеша пос медорад.
Боиси сарфарозист, ки рӯзҳои 8-9 майи соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ғалаба ҷашну чорабиниҳои гуногун бо иштироки кӯҳансарбозон баргузор мегардад[3], ки ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки тоҷику тоҷикистониён хотираву номи ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро муқаддас дониста, дар ин рӯзҳо ба хотири руҳи поки шаҳидони абадзиндаи ватан “Оташи абадӣ” фурузон карда мешавад.
Ҳоло даврони истиқлол аз мо тақозо менамояд, ки ҳаёту рӯзгори чунин қаҳрамонону диловаронро омӯзем ва ба дигарон омӯзонем. Зеро ҷоннисориҳои онҳо дар майдони набард барои насли ҷавони миллат дарси матонату шуҷоат, ватандорию ватанпарастӣ, намунаи ҷасорат ва хислатҳои неки инсонӣ буда, барои бунёди ҷомеаи навини мо ва тарбияи насли созанда дар рӯҳияи ватанхоҳиву фидокорӣ мусоидат менамояд. Торафт густариш пайдо кардани равандҳои глобалӣ ва вусъат ёфтани таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама терроризми байналхалқиву экстремизм ва қочоқи маводи мухаддиру ҷинояткории трансмиллӣ ҳамаи мову шуморо водор месозад, ки ҳушёру зирак бошем ва пайваста ба хотири мустаҳкам кардани пояҳои давлатдории мустақиламон ва пешбурди сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати Тоҷикистон саъю талош намоем.
Дар ин раванд ҳар як узви ҷомеа ва қабл аз ҳама ҷавонон ба қадри собиқадорони ҷангу меҳнат, умуман калонсолон расанд ва эҳтироми онҳоро ба ҷо оранд. Дар навбати худ, собиқадорон ҳамчун шахсони ботаҷриба ва рӯзгордида ба шукронаи давлати озоду мустақили миллӣ дар кори хайри тарбияи ҷавонон ва ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ кардани онҳо саҳми худро гузоранд [4]. Дар ҳақиқат ғалаба бар фашизм барои миллати тоҷик гузаштае талх буда, ҳаргиз фаромӯш намешавад.
Давлиёрова Сафаргул, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,номзади илмҳои фалсафа
Сарчашма:
1. Э.Раҳмон: ҶБВ аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳост. Манбаи электронӣ: https://sputnik.tj/20150508/1015399026.html. Санаи муроҷиат:21.04.2025
2. Давлиёрова С.Т. Моҳияти ҷашнгирии Иди Ғалаба дар замони муосир. Манбаи электронӣ: https://www.osiyoavrupo.tj/index.php/ru/post/mo-iyati-ashngirii-idi-alaba-dar-zamoni-muosir. Санаи муроҷиат: 15.04.2025
3. Аз санаи 1 то 9 май дар шаҳру навоҳии кишвар ҳафтаи “поси хотир” ба ёдбуди қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барпо карда мешавад. 2. https://sputnik.tj/20250427/tojikiston-ishtirokchi-jangi-buzurgi-vatani-1067143617. html.Санаи муроҷиат: 28.04.2025
4. Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 64-умин солгарди Ғалаба, 9 майи соли 2009. Ҷумҳурият. Манбаи элнектронӣ: https://peshina.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=2147. Санаи муроҷиат: 30.04.2025
5. Давлатов З.А. Номи милати маро бо ифтихор гиред.Манбаи электронӣ: https://khovar.tj/2025/04/nomi-millati-maro-bo-iftihor-gired-angi-duyumi-a-on-baroi-mardumi-to-ikiston-san-ishi-buzurgi-tarih-bud/. Санаи муроҷиат: 30.04.2025.