Skip to main content

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо навиди нек ва боварибахш оид ба идомаи қадамҳои устувор ва рушди кишвар дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ироа гардид. Соли сипаригашта бо рӯйдодҳои муҳим ва дастовардҳои назаррас барои мардуми тоҷик хотирмон буда, дар саҳифаҳои таърих сабт мегардад.

Пешвои миллат 16-уми декабри соли 2025 зимни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025-ро, сарфи назар аз мураккабшавии вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои он, барои Тоҷикистон соли бобарор арзёбӣ намуданд.

Дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба рушди соҳаҳои фарҳанг, илму маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ин таваҷҷуҳ бесабаб нест, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ бидуни рушди фарҳанг ва маърифат пешрафти ҷомеа ғайриимкон мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии миллат, ҳифзкунандаи арзишҳои миллӣ ва муттаҳидкунандаи ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст.

Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки миллати тоҷик дар тӯли таърихи худ маҳз ба шарофати забон, илму фарҳанг, расму ойин ва арзишҳои маънавӣ ҳамчун халқи фарҳангсоз, сулҳпарвар ва башардӯст дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидааст.

Тайи солҳои охир ҷиҳати рушди соҳаи фарҳанг ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ иқдомҳои назаррас амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, дар даҳ соли охир зиёда аз 150 иншооти фарҳангӣ сохта шуда, 350 иншооти дигар таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёди Театри миллии Тоҷикистон идома дорад, ки туҳфаи арзанда ба мардуми кишвар ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолӣ, махсусан ҷавонону наврасон, аз ҷониби муассисаҳои фарҳангӣ 900 номгӯй китобҳои бадеӣ ва бачагона нашр гардида, ба китобхонаҳо дастрас шуданд. Ҳамчунин, бо дастури Сарвари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусхаи китобҳои «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ чоп шуда, ба аҳолӣ ройгон тақдим гардиданд.

Муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Пешвои миллат ба шумор меравад. Ворид гардидани 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ далели нуфузи фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Ҳамзамон, Пешвои миллат супориш доданд, ки ҷиҳати ворид намудани номи Борбади Марвазӣ ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Борбад ҳамчун яке аз аввалин мусиқидонон ва оҳангсозони касбии ҷаҳони ориёӣ эътироф гардидааст.

Боиси ифтихор аст, ки ниёгони мо ба ҷаҳониён арзишҳои волои фарҳангӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргонро ба мерос гузоштаанд, ки онҳо асоси ҳувият ва худшиносии миллии тоҷиконро ташкил медиҳанд. Дар ин замина, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис дода шавад.

Ҳамин тавр, Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ва дурнамои рушди устувори кишварро дар бар мегирад. Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ тарбия намояд.

Аҳмедов Ҳасан Аҳтамович - ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи илм ва техникаи ИТБМ ба номи А.Дониши АМИТ