Skip to main content

Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд. Чуноне, ки мегуянд ҷавонон оянда миллату номбардори ватананд.

1213Бинобар ин хамаи мо бояд донем, ки дар ҳама давру замон, дар ҳаёти инсоният ду қувваи ба ҳам муқобил амал мекунад, ки ҳамеша миёнашон ихтилофот ҳукмрон аст. Аз ҷумла, некиву бадӣ, рӯзу шаб, сафеду сиёҳ, хайру шар ва дигар мафҳумоти зидмаъно. Чуноне, ки хайр ҳамеша болои шар бартарият дорад. Дар замони муосир низ чунин зиддиятҳо зиёд ба назар мерасад. Агар нафаре, гурӯҳе ва ё миллате ба ягон муваффақияту комёбие ноил шавад, ҳатман нотавонбине зуҳур мекунад, то пеши роҳаш санг гузорад.

Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо амалҳои террористиву экстремистист, ки ҳамарӯза дар кишварҳои ҷаҳон анҷом дода мешавад ва мо тариқи васоити ахбори аммо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он мегардем. Ногуфта намонад, ки терроризм чун вабои асри XXI имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Мақсади ташкили нооромиҳо ин дигар кардани сохти конститутсионии кишвар, истифодаи сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ ба фоидаи хеш мебошад. Ин аст, ки дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои муаззами милат Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби оли муҳтарам Эмомалии Раҳмон дар ҳар баромадҳои хеш дар ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ иброз менамояд: тераризм ва ифродгароӣ ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташакули фаромиллӣ ва гардиши маводҳои мухаддир ба амнияти кишварҳо хатари ҷидди эҷод карда истодаанд. Ҳоло фаъолшавии гуруҳҳои террористиву ифродгаро ва дигар ҷумбишҳои иртиҷои дар нуқтаҳои ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст. Ногуфта намонад, ки дар паси ин тераризм нафароне ё давлатҳое ҳастанд, ки намехоҳанд давлатҳо тинҷу ором ва ба давлат пешрафта бошанд. Ингуна шахсиятҳо ва давлатҳо медонанд ки бо кадомроҳҳо мардумро ба таҳалука ва давлатро ноором созанд. Аз ин лиҳоз афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстримистӣ ва терористӣ дошта ба суръат ёфтани тероризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро,ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои тероризму экстримитӣ мусоидат менамоянд. Ба ҷавонон собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд. Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд.

Бо сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззамӣ миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Пешвои миллат 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст. Инчунин, соли 2016 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад.

Раҳимов Илҳомиддин Мирзоевич номзади илмҳои техникӣ, ходими пешбари илмии, мудири озмоишгоҳи “Коркарди комплексии ашё ва

партовҳои саноатӣ”-и Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”.