ДАРЁФТИ АВЛОДҲО ВА НАМУДҲОИ НАВИ ОБСАБЗҲОИ КАБУДУ-САБЗ (CYANOPHYTA) ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар мақолаи илмии тозанашр ва якҷояи Ҳисориев Ҳикмат - академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо олимони Полша (Iwona Jasser, Natalia Khomutowska, Malgorzata Sandzewicz, Lukasz Lach, Hikmat Hisoriev, Monika Chmielewska, Malgorzata Suska-Malawska: High altitude may limit production of secondary metabolites by cyanobacteria //Ecohydrology & Hydrobiology: Warsaw - 13.03.2024), ки моҳи марти соли 2024 дар маҷаллаи имлмии Полша “Ecohydrology & Hydrobiology” чоп гардид, доир ба дарёфти авлоди нав: Hillbrichtia ва намуди нави ҳамин авлод - Hillbrichtia pamiria маълумоти навин оварда шудааст.
Обсабзҳои номбурад аз ҷиҳати таснифотӣба Сианофитаҳо ва ё Сианобактерияҳо (Cyanophyta, Cyanobacteria) дахл доранд, ки қадимтарин организмҳои фотосинтезкунандаи сайёраи Замин ба шумор рафта, 3.5 миллиард сол пеш дар муҳити обии сайёраи Замин пайдо гардидаанд. Обсабзҳои Сианофитӣва ё Кабуду-сабз дар муҳитҳои ниҳоят гуногуни хушкӣ, обӣва ҳаво, аз гармчашмаю грейзерҳои сӯзон ва боқимондаҳои вулқон сар карда, то болои барфу пиряхҳои қаҳратун мутобиқат пайдо кардаанд.
Алҳол дар рӯйи олам зиёда аз 2000 намуд обсабзҳои Кубуду-сабз дарёфт гардидааст, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ зиёда аз 630 намуд ва зернамуд ва дар Тоҷикистон 580 намуд ва зернамудҳои онҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ин зиёда аз 90 дар сади флораи обсабзҳои кабуду сабзи Осиёи Марказӣ ва 29 дар сади намудҳои алҳол дар олам кашфгардидаи обсабзҳои мазкурро ташкил медиҳад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки табиати гуногунманзари Тоҷикистон дар ташаккули гуногунии биологии обсабзҳо дар минтақа ва ҷаҳон нақши муҳимеро мебозад ва омӯзиш ва рушди ояндаи таҳқиқотҳо дар кишвар доир ба ин гурӯҳи растаниҳо аҳамияти назаррас хоҳад дошт.
Обсабзи дарёфтгардида - Hillbrichtia pamiria аз намунаҳои соли 2022- и гармчашмаҳои (+50.50С; рН=7.2) канори дарёи Ғунт (Ҳудуди Помири Шарқӣ), ки аз сатҳи баҳр дар баландии 3700 м воқеъ гардидаанд, муайян карда шудаанд. Намунаҳо дар якҷоягӣ бо олимони тоҷик ҷамъоварӣ гардида, барои таҳқиқи таснифотӣ бо ёрии заррабини электронӣ ба Донишгоҳи Варшава фиристода шуданд. Таҳқиқи мукаммали намунаҳо бо ёрии технологияи нав дар Варшава имконият дод, ки авлод ва намудҳои нави обсабзҳо кашф карда шавад.
Ҳикмат Ҳисориев - академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ
БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН АЗ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ШАҲРИ САМАРҚАНД
13 феврали соли равон дар доираи ҳамоиши илмии "То тавони дӯстонро гум макун" намояндагони Тоҷикистон аз ёдгориҳои таърихии шаҳри Самарқанд аз ҷумла Майдони Регистон, Мадрасаҳои Шердор, Тиллокорӣ ва Улуғбек (макони таҳсилу тадриси Абдураҳмони Ҷомӣ) дидан намуданд.
Дар доираи баргузории Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “То тавони дӯстонро гум макун”, ки бо иқдоми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омадааст, дар шаҳри Самарқанд ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хона – музейи устод Садриддин Айнӣ ташриф оварданд.
Зимни боздид аз ҷониби намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои бо забони тоҷики таълифнамудаи устод Садриддин Айнӣ ва ҳамзамон дигар адабиётҳо оид ба фаъолияту эҷодиёти ин чеҳраи мондагор, инчунин аксҳо доир ба бинову хиёбон, муассисаву донишгоҳ, муқаддасоти миллӣ, ҳавопаймо ва ҳар он чизе, ки ба ифтихори устод дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудаанд, ба хона – музейи Садриддин Айнӣ тақдим гардиданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТО ТАВОНИ ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН" ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД
Дар доираи ин ҳамоиш ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони "То тавони дӯстонро гум макун" аз Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муносибатҳои фарҳангӣ, илмӣ, сиёсӣ суханронӣ намуданд.
Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода суханронӣ намуда, доир ба баргузории Конференсияи байналмилалӣ изҳори андеша намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, шоирону олимони тоҷик ба монанди Ато Мирхоҷа, Аскар Ҳаким, намояндагони рӯзномаи бонуфузи "Овози тоҷик" ва дигар олимон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромадҳои пурмуҳтаво перомуни равобити дӯстонаи давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки решаҳои чуқури таърихӣ доранд маърузаҳои илмӣ намуданд.
Имрӯз (13.02.2025) дар ҳошияи баргузории Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони "То тавони дӯстонро гум макун" дар шаҳри Самарқанд бо иштироки шоирону адибон ва ҳунармандон барномаи рангини фарҳанги доир гардид.
Дар барномаи фарҳангӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовинони вазирони маориф ва фарҳанг ва дигар олимону зиёиён иштирок варзиданд.
Мақсад аз баргузории конфронси мазкур мустаҳкам намудани равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои илмию фарҳангии халқиятҳои тоҷику узбек мебошад, ки маҳз аз сиёсати созанда ва оқилонаи роҳбарони ду кишвар асос ёфтааст.
13 феврали соли равон дар ҳошияи баргузории Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони "То тавони дӯстонро гум макун" президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону адбион дар шаҳри Самарқанд аз намоишгоҳи аксҳои Шуҳрат Ёров дар Кохи санъати "Нурафшон" боздид намуданд.
Дар рафти боздид меҳмононро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд Абдуҷаббор Раҳмонзода, олимону адибони Ҷумҳурии Узбекистон ҳамроҳӣ намуданд.
12-уми феврали соли равон, дар идомаи баргузории вохӯриҳои номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур №3, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур ва дар ин замина таблиғу ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботии онҳо, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Қурбонова Ширин, номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии №21 – Муродзода Зафар Олимҷон, Қосимзода Солеҳ Салим шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №9-и ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ширкат варзиданд.
Зимни баргузории вохӯрии мазкур, нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ оид ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва зарурияти баргузории вохӯриҳои номзадҳои пешбаригардида бо интихобкунандагон суханронӣ намуда, меҳмонон ва номзадҳои болозикрро ба интихобкунандагон ошно намуд.
Дар идома, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №9-и ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур, номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии №21 – Муродзода Зафар Олимҷон аз ҷониби шахсони боэътимоди онҳо ба интихобкунандагон муаррифӣ гардида, оид ба мақсад ва ҳадафҳои барномавиашон, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2025 - 2030 таҳти шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!” маншаъ мегиранд, аз ҷониби худи номзадҳо маълумоти муфассал дода шуд.
Дар ин радиф, баҳри боз ҳам бештар маълумотнок гардидани интихобкунандагон аз раванди фаъолияти номзадҳои пешбаригардида ва бештар муаррифӣ гардидани ҳадафҳои барномавии онҳо ҳамчун номзад аз ҲХДТ ба вакилӣ, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба интихобкунандагон тақсим карда шуд.
Зимнан, аз ҷониби интихобкунандагон ба номзадҳо пешниҳоду таклифҳо ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ ҷойдошта иброз гардид.
Дар идома, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Қурбонова Ширин суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои давлату ҳукумат ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рӯзи 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад ва дар ин замина интихоби номзадҳои арзанда, аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд.
Нашри матлаб аз нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи "Ҷумҳурият".
Олимон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли сипаришуда 30 патент, аз ҷумла 4 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, ҳамчунин 6 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 2 шаҳодатномаи сабти захираи иттилоотӣ ба даст овардаанд!
