Skip to main content

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз аз ҳар мақола, навишта, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ мехонему мешунавем, ки дар рӯзи Наврӯз шабу рӯз баробар мешавад. Аммо агар ба масъала аз нигоҳи илмӣ ва воқеияте, ки мушоҳида мекунем назар андозем, маълум мегардад, ки ин чиз дақиқ нест. Чаро? Бо овардани далелҳои физикӣ ва астрономӣ тавзеҳ медиҳем.

Сабаби нобаробарии шабу рӯз ва тағйири фаслҳои сол

Сабаби асосии нобаробарии шабу рӯз ва тағйири фаслҳои сол ин моил будани меҳвари чархиши Замин ба ҳамвории эклиптика (доирату-л-буруҷ) мебошад, ки таҳти кунҷи тақрибан 66,5° қарор дорад. Дар натиҷа байни ҳамвории истиво (экватор)-и Замин ва ҳамвории эклиптика кунҷи 23,5° мавҷуд аст. Ин моилӣ боис мешавад, ки дар ҷараёни гардиши солонаи Замин дар атрофи Офтоб, нимкураи шимолӣ ва ҷанубӣ навбат ба навбат бештар ба сӯи Офтоб моил шаванд. Дар натиҷа, нурҳои Офтоб ба сатҳи Замин таҳти кунҷҳои гуногун меафтанд. Дар натиҷа миқдори энергияе, ки ба замин меафтад гуногун аст, ки ба гармшавии гуногуни ҳаво оварда мерасонад.

Ҳамин тариқ, Замин дар атрофи Офтоб як маротиба тоб хӯрда аз ду нуқта мегузарад, ки дар онҳо давомнокии рӯз зиёдтарин ва камтарин мебошад, ки он нуқтаҳоро инқилоби тобистона (20-21 июн) ва зимистона (21-22 декабр) меноманд. Ҳамчунин аз ду нақта мегузарад, ки дар онҳо шабу рӯз баробаранд, ки нуқтаҳои эътидоли баҳорӣ (20-21 март) ва тирамоҳӣ (22-23 сентябр) номида мешаванд.

Наврӯз чист?

Наврӯз пеш аз ҳама як лаҳзаи кӯтоҳи астрономӣ аст, ки дар он маркази Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ дар осмон хатти истивои осмонӣ (экватори осмонӣ)-ро бурида, аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Ин нуқтаро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд. Гузариши маркази диски Офтоб аз нуқтаи мазкур бисёр лаҳзаи кӯтоҳ аст, вале агар тамоми диски Офтобро ба назар гирем, пас ин гузариш каме бештар як шабонарӯз давом мекунад, зеро андозаи кунҷии Офтоб 0,5° буда, суръати тайирёбии майли Офтоб тақрибан ба 0,4° дар як шабонарӯз аст.

Дар лаҳзаи гузариши маркази диск аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ майли Офтоб ба сифр баробар мешавад:

δ = 0°

ва ин оғози астрономии баҳор ба ҳисоб меравад (одатан, 20 ё 21 март). Аммо ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки рӯз аз лаҳзат тулӯъ то ғуруб дақиқан ба 12 соат баробар мешавад.

«Рӯз» ва «шаб» дар илм чӣ маъно доранд?

Мушкили асосии ин ҳолат дар дуруст муайян кардани мафҳумҳо аст. Ҳар як падида, раванд ва ҳодиса дар илм таърифи муайяни худро дорад, ки бояд яксон ва бо як маъно тавзеҳ дода шаваду

боиси гуногунфаҳмӣ нагардад. Барои осонии кор дар астрономия, шабу рӯз маъмулан чунин таъриф дода мешаванд:

• рӯз (рӯзи равшан) – замони аз тулӯи Офтоб то ғуруби Офтоб;

• шаб – замони аз ғуруби Офтоб то тулӯи рӯзи дигар.

Дар ин ҷо муҳим аст, ки дар астрономия (ва тақвимҳои расмии тулӯъ-ғуруб) тулӯи Офтоб он лаҳза ҳисобида мешавад, ки қисмати болоии диски Офтоб (канори болоӣ) ба уфуқ мерасад (на маркази он). Ғуруби Офтоб бошад, он лаҳза аст, ки қисмати болоии диски Офтоб пурра аз уфуқ нопадид мешавад. Ба фарқ аз ин гуна таърифи илмӣ дар байни мардуми одӣ таърифи аниқ ва лаҳзаи аниқи оғозу анҷоми шаб ва рӯз вуҷуд надорад.

Азбаски як шабонарӯз ба 24 соат асту ҳосили ҷамъи давомнокии шабу рӯз ба ин адад баробар аст (Расми 1), пас:

Tшаб = 24 соат − Tрӯз.

Баробарии шабу рӯз аз рӯи ин таъриф маънои онро дорад, ки:

Tрӯз = 12 соат ва Tшаб = 12 соат

Чаро дар рӯзи Наврӯз рӯз аз шаб дарозтар аст?

Ҳарчанд, ки аз нигоҳи кайҳонӣ, дар дар Наврӯз бояд шабу рӯз баробар бошад, аммо дар воқеият чунин нест ва ин ду сабаби асосӣ дорад:

1) Шикасти нур дар атмосфера (рефраксия)

Атмосфераи Замин мисли линза амал мекунад: зичии ҳаво, ки аз қабати болоӣ бо рафти ба поён фаромадан зиёд мешавад ва нурҳои Офтоб ҳангоми гузаштан тадриҷан каҷ мегарданд. Аз ҳамин сабаб мо метавонем Офтобро ҳатто дар он ҳолат бинем, ки ба таври геометрӣ он ҳанӯз каме поёнтар аз уфуқ қарор дорад, ки онро Офтоби зоҳирӣ меноманд.

Дар наздикии уфуқ қимати миёнаи рефраксия одатан чунин аст: R≈34′, яъне тақрибан 34 дақиқаи кунҷӣ (0.57°). Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми «тулӯи дидашаванда» (аз рӯи атмосфера), маркази воқеии Офтоб метавонад тақрибан 34′ поёнтар аз уфуқ бошад, вале мо онро ба сабаби каҷшавии нурҳо зоҳиран дар уфуқ мебинем (Расми 2).

Аз сабаби он, ки Замин дар атрофи меҳвари худ бо суръати 15′ дар як дақиқа тоб мехӯрад, пас 2 дақиқаю 16 сония лозим меояд, ки Офтоб ба ҷое расад, ки ҳоло мушоҳида дорем.

Офтоб ҷисми нуқтавӣ набуда, диски намоён дорад, ки қутри он ба 32′ баробар аст. Дар таърифи амалӣ «тулӯъ» он лаҳза аст, ки канори болоии диск ба уфуқ мерасад. Яъне аз лаҳзае, ки канори болоии диск ба уфуқ мерасад, то он даме ки маркази диск ҳам аз уфуқ мегузарад 1 дақиқаю 4 сония лозим мешавад.

Маълум мегардад, ки дар умум аз сабаби шикасти нур ва андоза доштаи Офтоб рӯз нисбат ба шаб 3-4 дақиқа дарозтар аст.

Формулаи давомнокии рӯз

Дар астрономия давомнокии рӯз аз рӯи кунҷи соатӣ ҳисоб мешавад. Барои шаҳр бо арзи ҷуғрофӣ φ ва барои Офтоб бо майли δ:

cos H₀ = (sin h₀ − sin φ · sin δ) / (cos φ · cos δ)

Пас давомнокии рӯз:

Tрӯз = 2H₀ / (15°/соат)

Инҷо шояд савол пайдо шавад, ки 15° аз куҷо пайдо шуд? Аз онҷо, ки Замин дар як соат тақрибан 15 дараҷа давр мезанад (360°/24 соат).

Пас кай шабу рӯз воқеан баробар мешаванд?

Баробарӣ аз рӯи таърифи «тулӯъ – ғуруб» вақте мешавад, ки:

Tрӯз = 12 соат ⇒ H₀ = 90° ⇒ cos H₀ = 0

Аз формулаи боло:

sin h₀ = sin φ · sin δ ⇒ sin δ = sin h₀ / sin φ

Нуктаи муҳим ҳамин аст: баробарии ҳақиқии шабу рӯз (аз рӯи тулӯъ–ғуруб) на дар δ = 0°, балки дар δ < 0 (каме аз сифр хурдтар) рух медиҳад.

Ҳисоб барои шаҳри Душанбе

Барои шаҳри Душанбе, ки арзи ҷуғрофиаш тақрибан: φ ≈ 38.6° ва h₀ ≈ −0.833° (баландии маркази Офтоб дар лаҳзаи тулӯи дидашаванда, бо дарназардошти шикасти нур ва радиуси диски Офтоб) дорад. Ҳисоб мекунем:

sin h₀ = sin(−0.833°) ≈ −0.01454

sin φ = sin(38.6°) ≈ 0.623

Пас:

sin δ ≈ (−0.01454) / 0.623 ≈ −0.0233

δ ≈ arcsin(−0.0233) ≈ −1.34°

Хулоса: дар Душанбе рӯз ва шаб аз рӯи «тулӯъ–ғуруб» вақте баробар мешаванд, ки майли Офтоб тақрибан δ ≈ −1.34° бошад. Ин қимат ба рӯзи Наврӯз рост намеояд: тақрибан 3 рӯз пештар рух медиҳад.

Дар Душанбе ин баробарӣ дар соли 2026 кай мешавад?

Дар Душанбе «баробарии воқеии рӯз ва шаб» (яъне вақте ки фосилаи байни тулӯъ ва ғуруб тақрибан 12 соат мешавад) 3 рӯз пештар аз Наврӯз рух медиҳад. Худи Наврӯз бошад, имсол, ба вақти Душанбе 20 марти 2026, соат 19:45:53 фаро мерасад.

Барои соли 2026 баробарии воқеии шабу рӯз дақиқан ба рӯзи зерин рост меояд:

17 март 2026
Тулӯи Офтоб: 06:28
Ғуруби Офтоб: 18:28.

Яъне, дар ҳамин рӯз дар Душанбе рӯз ва шаб (аз рӯи таърифи тулӯъ–ғуруб) баробар мешаванд (Расми 3).

Пас чаро мардум «Наврӯз = шабу рӯз баробар» мегӯянд?

Зеро дар рӯзи Наврӯз рӯз ва шаби астрономӣ, бе назардошти атмосфера баробар мешаванд. Агар таъсири тамосфераро низ ба назар гирем, фарқият ҳамагӣ чанд дақиқаро ташкил медиҳад ва барои корҳои рӯзмарра қариб эҳсос намешавад. Аммо инҷо аз ҳама муҳим таърифи дурусти мафҳумҳои шаб ва рӯз аст.

Хулоса

Шабу рӯз дар рӯзи Наврӯз ба таври абстрактӣ ва нақшавӣ баробар бошад ҳам, дар воқеият аз сабаби мавҷудияти атмосфера ва андозаи кунҷии Офтоб баробар нест.

Баробарии ҳақиқии рӯз ва шаб (аз рӯи тулӯъ–ғуруб) дар Душанбе 3-4 рӯз пештар аз Наврӯз, тақрибан 16–17 март рух медиҳад. Бо назардошти ин фарқият, дар забони англисӣ ду мафҳуми ҷудо истифода мешаванд: equinox (аз лотинӣ aequus — «баробар» ва nox — «шаб» сохта шудааст ва ба лаҳзаи геометрие ишора мекунад, ки маркази Офтоб хатти истивои осмониро мебурад ва эътидоли баҳорӣ аст) ва equilux (аз aequus — «баробар» ва lux — «рӯшноӣ» гирифта шуда, рӯзи воқеиро ифода мекунад, ки дар он давомнокии рӯз ва шаб аз рӯи тулӯъ–ғуруб тақрибан баробар мешавад).

Бӯризода Анвар Маҳмад, Ризои Баҳромзод, Институти астрофизикаи АМИТ