Дар шароити ҷаҳони пуртазод ва равандҳои босуръати сиёсиву иқтисодии муосир нақши ҷавонон ҳамчун неруи созанда, қишри фаъоли ҷомеа ва идомадиҳандаи роҳи давлатдорӣ беш аз пеш аҳаммияти муҳим касб намуда, маҳз ҷавонони соҳибмаърифат, худогоҳу ватандӯст метавонанд дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзишманд гузоранд; аз ҳамин лиҳоз, ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо санаи 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ таҷлил гардида, ин сана нишонаи эътимоду ғамхории давлату Ҳукумат нисбат ба ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлол, аз он ифтихор менамоем, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагӣ, таҳсил, илмомузӣ ва фаъолияти созанда тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё гардидаанд, зеро маҳз бо дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷавонон имрӯз ба яке аз қувваҳои асосии пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтаанд.
Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбарии давлат масъалаи дастгирии ҷавононро яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии кишвар арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд, ки ояндаи давлат аз донишу маърифат, ҷаҳонбинӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон вобастагии мустақим дорад; маҳз бо ҳамин мақсад дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои муҳими давлатӣ қабул гардидаанд, ки ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон ва фароҳам овардани шароити арзанда барои онҳо равона шудаанд.
Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ҳамчун яке аз санадҳои муҳими соҳавӣ заминаи ҳуқуқии дастгирии ҷавононро мустаҳкам намуда, барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст; ҳамзамон, қабули «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи барномаҳои давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон, рушди варзиш, ҷалби ҷавонон ба илм ва идоракунии давлатӣ аз тадбирҳои муҳимест, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат амалӣ гардидаанд.
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар фазои орому осуда ва таҳти сиёсати оқилонаи давлату Ҳукумат имкони таҳсил дар муассисаҳои замонавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз худ намудани технологияҳои муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷиро доранд; бунёди садҳо муассисаҳои нави таълимӣ, китобхонаҳо, марказҳои ҷавонон, майдончаҳои варзишӣ ва фароҳам гардидани квотаҳои президентӣ ва стипендияҳои давлатӣ далели равшани ғамхории Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон мебошад.
Мо, ҷавонон, хуб дарк менамоем, ки ҷавобан ба ин ҳама дастгириҳо бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва омӯзиши пайвастаи илму дониш барои рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат намоем, зеро имрӯз давлат ба ҷавонон эътимоди калон дорад ва моро ҳамчун идомадиҳандагони роҳи созандагиву бунёдкорӣ мешиносад.
Дар шароити муосир ҳар як ҷавонро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба гурӯҳҳои ифротгарову андешаҳои бегона пайравӣ накунад, балки бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ баҳри ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва манфиатҳои давлат талош варзад, зеро маҳз ҷавонони бедордилу соҳибмаърифат метавонанд ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизро таъмин намоянд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи ҷавонони саодатманди кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба онҳо саломатӣ, иродаи қавӣ, муваффақиятҳои бузург ва азму талоши созанда баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон орзу менамоям. Бигзор ҷавонони тоҷик ҳамеша ҳамчун пайравони содиқи Пешвои миллат бо дониш, фарҳанг, ахлоқи ҳамида ва ватандӯстии хеш обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардоранд.
СУЛТОНОВ ҶАСУРБЕК ДАВЛАТБОЕВИЧ - магистранти курси 2 -юми ихтисоси Идораи
давлати Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
