Skip to main content

Имрӯз, 11 апрел бо ибтикори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Расадхонаи астрономии Ҳисор бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва тамаддунии мардуми ориёӣ, рамзи эҳёи табиат, покизагӣ, сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳисоб меравад. Қайд гардид, ки таҷлили ин ҷашни бостонӣ дар муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла дар марказҳои таҳқиқоти астрономӣ, бозгӯи пайванди амиқи илму фарҳанг буда, ба таҳкими ҷаҳонбинии илмии ҷомеа мусоидат менамояд.

Гуфта шуд, ки Расадхонаи астрономии Ҳисор ҳамчун яке аз марказҳои муҳими илмӣ дар кишвар дар рушди илми астрономия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳми назаррас дорад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки омӯзиши коинот ва падидаҳои осмонӣ аз замонҳои қадим бо ҷашни Наврӯз иртибот дошта, ниёгони мо аз рӯи ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ фарорасии баҳор ва соли нави астрономиро муайян менамуданд.