Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони ориёинажод ба шумор меравад. Ин иди пуршукуҳ ҳар сол 21 март бо омад-омади фасли баҳор (баробаршави шабу рӯз) таҷлил мегардад ва оғози соли навро ифода мекунад. Наврӯз на танҳо маросими суннатӣ, балки падидаи фарҳангиву тамаддунӣ, иҷтимоm ва ҳатто сиёсm мебошад, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо арзишҳои инсонӣ, табиатдӯстӣ ва ҳамбастагиро тарғиб намудааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ Навруз ба унвони мероси муштараки башарият эътироф гардида, ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшидааст. Қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз ва ворид гардидани он ба феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО далели равшани аҳамияти ҷаҳонии ин ҷашн аст.
Наврӯз таърихи беш аз се ҳазорсола дошта, ба давраҳои пеш аз ислом ва фарҳанги ориёӣ пайванд мебошад, зеро решаҳои он бо суннату ойинҳои бостонии мардумони эронинажод рост меояд, ки бедории табиат ва баробаршавии шабу рӯзро ҳамчун оғози соли нав ҷашн мегирифтанд. Ин ҷашн дар замони давлатҳои қадими ориёӣ ҳамчун рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва некӣ бар бадӣ маънидод мешуд. Дар сарчашмаҳои куҳан, аз ҷумла дар китоби муқаддаси зардуштиён – Авесто, ба ойинаҳо ва ҷаҳонбиние ишора мешавад, ки бо фалсафаи Наврӯз ҳамоҳангӣ доранд. Давраи давлатдории ҳахоманишиён ва баъдан сосониён Наврӯз ҳамчун ҷашни расмӣ таҷлил мегардид. Бино ба ривоятҳои таърихӣ, шоҳони форс дар ин рӯз маросимҳои бошукуҳ баргузор намуда, намояндагони халқҳо бо туҳфаҳо ҳузур меёфтанд.
Баъдтар, дар даврони исломӣ низ Наврӯз мақоми худро нигоҳ дошта, бо арзишҳои ахлоқии ислом мутобиқ гардид. Дар адабиёти классикии форсу тоҷик, аз ҷумла дар осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ ва Умари Хайём Наврӯз ҳамчун рамзи эҳё, зебои ва шодмонӣ васф шудааст. Ҳаким Фирдавсӣ, масалан, дар «Шоҳнома» навиштааст, ки Наврӯзро шоҳ Ҷамшед ба вуҷуд овардааст ва онро оғози замони нави адолат ва тартиб медонад.
Наврӯз ба эҳёи табиат ва оғози давраи нави ҳаёт ҳамбастагӣ дорад, зеро дар ҳамин айём замин аз хоби зимистона бедор шуда, дарахтон шукуфта, гиёҳҳо сабзида, паррандагон ба лонаҳои худ баргашта, бо сурудҳои дилнишин омадани баҳорро истиқбол мегиранд . Ин ҷашн рамзи навсозӣ буда, ба покӣ ва созандагӣ ҳидоят мекунад. Бо фарорасии Наврӯз инсон на танҳо тағйироти табиатро эҳсос менамояд, балки дар зеҳну андешаи худ низ саҳифаи наверо оғоз мекунад, ки он пур аз орзуву ниятҳои нек мебошад. Наврӯз инсонро ба поксозии ботин ва зоҳир дават менамояд. Маросимҳои хонаободкунӣ, тоза кардани манзили худ, ва сафед намудани деворҳо ва омода сохтани дастархони идона ҳам нишонаи оғози тоза ва умеди нав мебошад. Ин анъанаҳо на танҳо хусусияти рамзӣ, балки таъсири мусбати равонӣ ва иҷтимоӣ дорад.
Яке аз унсурҳои муҳими Наврӯз оростани дастархони ҳафтсин ва ҳафтшин мебошад. Дар фарҳанги тоҷикон бештар ҳафтсин маъмул аст, ки аз ҳафт навъи ашё иборат мебошад, ки бо ҳарфи «син» оғоз меёбанд: Сабза, Суманак, Сирпиёз, Сирко, Сабзи, Синҷид, Сипанд. Ҳар яке аз ин рамзҳо маънии махсус дорад: саломатӣ, фаровонӣ, сабзиши ҳаёт ва покӣ. Суманак, ки аз гандуми сабзида омода мешавад, яке аз рамзҳои асосии Наврӯз аст. Раванди пухтани он бо иштироки занону духтарон, бо суруд ва дуо сурат мегирад ва намунаи ҳамбастагӣ ва ҳамёрии иҷтимоӣ мебошад. Дар баробари ин, баргузории бозиҳои миллии варзишӣ, аз ҷумла гӯштин, бузкашӣ, мусобиқаҳои аспдавонӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷашн ба ҳисоб мераванд. Ин анъанаҳо на танҳо ҳувияти миллӣ, балки тарзи ҳаёти анънавии мардумро инъикос мекунанд.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Наврӯз дар Тоҷикистон ба яке аз рукунҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ табдил ёфт. Ҷашни Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос дар пойтахти Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо таҷлил мегардад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуоии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, ба рамзи фарҳанги сулҳпарвар ва тамаддуни тоҷикон табдил ёфт. Ин иқдомҳо ба таҳкими нуфузи фарҳангии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуданд.
Соли 2009 Наврӯз ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид ва соли 2010 Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид 21 мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки Наврӯз аз доираи ҷашни миллӣ фаротар рафта, ба арзиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Имрӯз Наврӯз дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо ботантана таҷлил мегардад. Он ҳамчун воситаи муколамаи фарҳангҳо ва таҳкими дӯстии байни халқҳо хизмат мекунад.
Наврӯз арзишҳои баланди инсонӣ, аз қабили сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба калонсолон ва ғамхорӣ ба ниёзмандонро ташвиқ менамояд. Дар ин айём мардум ба аёдати якдигар рафта, кинаву адоватро канор мегузоранд ва бо нияти нек соли навро оғоз мекунанд. Наврӯз на танҳо як ҷашни фаслӣ, балки падидаи муҳими фарҳангиву тамаддунӣ мебошад, ки реша дар таърихи куҳан дошта, то ба имрӯз арзишҳои худро ҳифз намуддаст. Таҷлили 21 март ҳамчун Рӯзи Наврӯз рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, сулҳ ҳамбастагии инсонҳо мебошад. Дар шароити муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба арзишҳои муштарак ниёз дорад, Наврӯз метавонад ҳамчун намунаи муваффақи ҳамзистии фарҳангҳо ва тамаддунҳо хизмат намояд. Барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷашнгиранда, ҳифз ва рушди суннатҳои Наврӯз на танҳо вазифаи фарҳангӣ, балки рисолати таърихӣ ва маънавӣ ба шумор меравад.
Сомон Ғоибназарзода, ходими хурди илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
