Истиқлолият ин неъмати бебаҳост. Барои арзи ҳастӣ намудани ҳар як миллату давлат ба даст овардан ва доштани истиқлолият нақши муҳим дорад. Пойдории ҳар як давлату миллати соҳибистиқлол ин аз артиши худи давлат вобастагӣ дорад. Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон сутуни пойдори давлати мо мебошад. Агар ба таърих назар андозем, барои ба даст овардани истиқлолият, нақши қушунҳои сарҳадӣ хеле калон аст.
Мафҳуми ҳомиён ё аскарон вожаест хеле пурифтихор. Вақте, ки ин калимаро рӯи забон меорем пеши назарамон ҷавононе меоянд, ки вақеан ҳам далеру шуҷоъ, дорои нангу номус, шаъну шарафи ватандорӣ ҳастанд. Ҳомиён ашхосе ҳастанд, ки зирак, ҳушёру нотарс. Аскарону ҳомиёни Ватан ин ҷавонони қавииродаву бо нангу ор ва ҳимоятгарони ин марзу буми аҷдодиро, ки чашми бедори Ватан мебошанд ва дар тамоми ҷузъу томҳои давлатӣ содиқона адои хизмат карда истодаанд.
Ҷашни 33-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрику муборакбод намуда, ба якояки сарбозону афсарон ва ҳомиёни диёрамон тансиҳативу сарбаландӣ, тинҷиву оромӣ, ободиву осоиштагӣ, сулҳу суботи поянда ва рӯзгори ободро таманно дорем, бигзор ҳамеша зери ливои давлати соҳибистиқлоламон боз ҳам қадамхои устувору мустаҳкамтар гузоранд.
То ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон ва таъсисёбии қушунхои сарҳадӣ, ҷавонони ба синни хизмати ҳарбӣ расида, ба дигар давлатҳои хориҷа, аз ҷумлаи Олмон, Белоруссия, Фаронса ва Русия рафта, адои хизмат мекарданд.
Ҳамин тариқ, 18 декабри соли 1992 Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон қарор дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки раванди тезу тундшавии сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёнию ҳарбиҳо кам буданд. 23 феврали соли 1993 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман рӯзи таъсисёбии қушунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дастгирию заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи хизматчиёни ҳарбию низомӣ ва афсарону сарбозон ҳамаи шароитҳои хизматию маишӣ ба роҳ монда шудааст.
Оре, сарбозону ҳомиёни Ватан ҳақиқатан ҳам бедорхобӣ кашида мудом пайи ҳифзу ҳимояи ин сарзамини аҷдодӣ камари ҳиммат бастаанд. Маҳз бо туфайли зиракиву ҳушёрии онҳо аз хурд то калон, аз калон то пиру барно, ҳама орому осуда ва бо хотири ҷамъ умр ба сар бурда истодаем.
Чуноне, ки дар боло қайд карда гузаштем, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хеле мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ арзи ҳастӣ намуд. Бо вуҷуд доштани мушкилотҳои иқтисодӣ, нооромии дохилӣ ва норасоии кадрҳои касбию низомӣ давлат тавонист пояи устувори Артиши миллиро гузорад.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки Артиши миллӣ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ кафили сулҳу субот ва амнияти кишвар мебошад. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар ҷумҳуриҳои собиқ зарур шуморид, ки Артиши худро таъсис диҳад. То таъсисёбии артиши миллию қушунҳои сарҳадӣ қисмҳои ҳарбӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ тобеи маркази иттиҳодӣ буданд ва ба манфиатҳои давлати тоҷикон мутобиқ карда, нашуда буданд. Барои давлати Тоҷикистон солҳои 1992-1997 давраи санҷиши ҷиддӣ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфӣ расонид. Дар чунин шароити басоҳам ҳассос зарурати ташкили Артиши миллӣ, ки тавонад амнияти давлат ва тартиботи конститутсиониро таъмин намояд, бештар эҳсос мешуд.
Ҳамчунон, ки зикр кардем рӯзи 23-юми феврал ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон сабт гардид. Аз 23-юми феврали соли 1993 сар карда то ин ҷониб ҳар сол ин сана бо ифтихор дар фазои сулҳу субот ба таври расмӣ мутантан ҷашн гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз, барои ислоҳоти ҳамаҷониба дар соҳаи мудофиа барномаҳои истилоҳотӣ амалӣ гардидаанд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи хелоҳам зарур зиёд гардида, масъалаи баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ, таъмини иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва навсозии инфрасохтор диққати махсус дода шуд. Ташкил ва бунёди шаҳракҳои ҳарбӣ, таъмири казармаҳо ва фароҳам овардани шароити беҳтари хизмат аз ҷумлаи дастовардҳои арзандаи ин давра ба ҳисоб меравад.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила рушду такомул карда истодааст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амният, сулҳу субот ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки насли наврас ва ҷавонони имрузаро дар руҳияи ватандустӣ тарбия намуда, барои ҳифзу ҳимояи ин марзу буми аҷдодӣ раҳсипор намоем, то дар оянда бозҳам сарзамини мо – тоҷиконро ҳифз намоянд. Ва ин мулки аҷдодии моро дар арсаи байналмиллалӣ бозҳам муаррифгар бошанд.
Ходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Озмоишгоҳи рустаниҳои шифобахш ва фарматсевтика Абирова Бахтинисо
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Д
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:
1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2026 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд.
2. Моҳҳои апрел-майи соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола, ки то рӯзи даъват ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.
4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо амалӣ намоянд.
5. Раисони шаҳру ноҳияҳо якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ бо дарки масъулият ба роҳ монанд.
6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намоянд.
7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
28 феврали соли 2026
№1143
Имрӯз, 26 феврал дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Саҳми занону бонувон дар рушди илм” бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ва дигар занону бонувон иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо дар сухани ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ба баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли онҳо дар тамоми соҳаҳо, бахусус илм ва маориф равона гардидааст. Қайд карда шуд, ки дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумат, хоса таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди иқтидори зеҳнии занону бонувон заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Зикр гардид, ки имрӯз занони тоҷик дар бахшҳои гуногуни илм – аз фанҳои дақиқу табиатшиносӣ то илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ – саҳми арзанда гузошта, бо таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар пешрафти илми миллӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ нақши назаррас мебозанд. Таъкид шуд, ки ҷалби бештари духтарон ба таҳсилоти олӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва дастгирии ташаббусҳои инноватсионии бонувон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки имрӯз нақши занон дар пешрафти илм ва технология яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин раванд мавқеи худро дорад. Занони тоҷик бо дониш, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб дар рушди илм, маориф ва инноватсия саҳми назаррас мегузоранд.
Таъкид гардид, ки таърихи тамаддуни тоҷикон собит месозад, ки зан ҳамеша дар ҷомеа мақоми баланд дошт ва дорад. Дар осори мутафаккирони классик, аз ҷумла Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абӯалӣ ибни Сино, ҷойгоҳи дониш ва маърифати занон ба сатҳи воло арзёбӣ гардидааст. Гарчанде дар замонҳои қадим иштироки занон дар фаъолияти расмии илмӣ маҳдуд буд, онҳо ҳамчун омӯзгор, тарбиятгар ва интиқолдиҳандаи фарҳанг саҳми бузург доштанд.
Дар давраи муосир, бахусус дар асри XX, бо рушди низоми маориф имкониятҳои таҳсил барои занон васеъ гардиданд. Ин раванд замина гузошт, ки занон бештар ба фаъолияти касбии илмӣ ворид шаванд.
Қайд гардид, ки конференсияи байналмилалии “Саҳми занон дар рушди илм” аз соли 2013 дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардида, аз соли 2015 маҳз дар моҳи феврал, ба Рузи ҷаҳонии занон ва духтарон дар илм мувофиқ карда шудааст. Шиори Рузи занон ва духтарон дар илмро Созмони милали муттаҳид чунин муайян карда аст: “Ҷаҳон ниёзманди илм, илм ниёзманди иштироки занон аст.”
Дар конфронс Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо маърӯзаи пурмуҳтаво суханронӣ намуда, доир ба нақши занону бонувон дар таҳкими иқтидори илмии кишвар ибрози назар кард.
Зикр гардид, ки имрӯз дар кишвар барои рушди ҳамаҷонибаи занон заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Бонувони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ бо масъулияти баланд фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илм нақши муассир доранд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҳавасмандгардонии духтарони лаёқатманд, дастгирии корҳои таҳқиқотии занон ва тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ бо ниҳодҳои хориҷӣ аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти Кумита ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои занони олим имконияти хуби муаррифии дастовардҳо, мубодилаи таҷриба ва баррасии масъалаҳои муҳими илмиро фароҳам меорад. Зикр шуд, ки саҳми занону бонувон дар рушди илми миллӣ сол аз сол афзоиш ёфта, онҳо бо фаъолияти пурсамар дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим доранд.
Дар идомаи конференсия як зумра аз олимону бонувони фаъол бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, доир ба ҷойгоҳ ва нақши занон дар рушди соҳаҳои гуногуни илм сухан гуфтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба пешрафти илмҳои дақиқ, тиб, кишоварзӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва илмҳои гуманитарӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтанд. Ҳамзамон, дастовардҳои мушаххаси занони муҳаққиқ, татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ дар амалия ва саҳми онҳо дар пешбурди рушди устувори ҷомеа мавриди муҳокима қарор дода шуд.
ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМИТ
Имрӯз, 23 феврал дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 33-юмин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ ва нишони эҳтирому садоқат ба Ватан аз ҷониби курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввал, яъне баробари ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки пояҳои истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намонданд.
Таъкид гардид, ки афсарони содиқ ба Ватану миллат барои ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар, ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд. Артиши миллии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ба шумор меравад, ҳамқадами соҳибистиқлолӣ ва зодаи Истиқлоли давлатӣ буда, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи холӣ, аз сифр таъсис дода шуд.
Гуфта шуд, ки дар пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳо ва илҳом аз корномаи беназири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ афсарону сарбозон тавонистанд, ки мушкилиҳои оғози давлатдории навинро сарбаландона паси сар карда, дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа табдил ёбанд. Воқеан, ҳама гуна пешрафту гулгулшукуфоӣ дар партави сулҳу амният сурат мегирад ва хушбахтона ин саодат барои сарзамини мо таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат бо саъю талоши шабонарӯзӣ ва бедорхобиҳои афсарону сарбозони Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ таъмин гашта истодааст.
Зикр гардид, ки вазъи имрӯзаи сиёсати геополитикии ҷаҳон, хатарҳои воқеии ба минтақа таҳдидкунанда, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, авҷи терроризму экстремизм дар сар то сари ҷаҳон имрӯзҳо зарурияти ба маротиб пурқувват намудани Артиши миллӣ ва мусоидати ҳамаҷонибаро дар тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон тақозо менамояд. Сабақи таърихӣ гувоҳ аст, ки маҳз заъфи давлатдорӣ дар ҳамаи давру замонҳо аз надоштани омодагии ҷангӣ ва ба ин восита ба дасти аҷнабиён гузоштани рукни муҳими давлатдорӣ–артиши миллӣ будааст.
Қайд гардид, ки таҷлили ҳамасолаи 23-юми феврал ба ҳайси Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо арҷгузорӣ ба хизмату ҷонфидоии афсарону сарбозон, балки таҷассумгари масъулияти умумимиллӣ дар самти таҳкими амният ва суботи давлат мебошад. Зеро дар шароити муосир, ки бо таҳдидҳои гуногуни геополитикӣ ва равандҳои печидаи ҷаҳонӣ тавсиф меёбад, мавҷудияти артиши касбӣ ва омодабош омили муҳими пойдории давлатдории миллӣ ба шумор меравад.
Дар идома олимону кормандон доир ба 23-юми феврал — Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз таърихи таъсис, марҳилаҳои ташаккул ва нақши муҳими Артиши миллӣ дар ҳифзи истиқлолу якпорчагии давлат ёдовар шуданд. Қайд гардид, ки таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз қадамҳои муҳимми таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба шумор рафта, имрӯз ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишвар табдил ёфтааст.
Дар фарҷом як зумра аз собиқадорони ҷангу меҳнат ва хизматчиёни фаъоли соҳа барои саҳми арзандаашон дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо медали ҷашнии 30-солагии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Имрӯз, 20 феврал дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ – адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба фаъолиту хизматҳои ходими давлатӣ, муаррихи барҷаста, узви фахрии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзоамин Мирсаидзода бахшида шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба кори маҳфил ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки донишманди маъруф Мирзоамин Мирсаидзода, ки зиндагиномаи ӯ рамзи садоқату вафодорӣ ба обу хоки меҳани аҷдодӣ ва ибрати наслҳост, бо кору пайкор ва хидматҳои камназираш ифтихори Ватану ҳамдиёрон мебошад.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Мирзоамин Мирсаидзода ҳамчун эҷодкори сермаҳсул ва заҳматпеша китобҳои “Душанбе дар шоҳроҳи Ваҳдат”, “Дари кушоди худшиносӣ”, “Душанбе-қалби Тоҷикистон” иборат аз чаҳор ҷилд ва китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” рӯи чоп омадаанд, ки ҳар яке аз ин китобҳо ба хонандаи худ таъсири муҳиме дар худшиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба сулҳу Ваҳдат ва Истиқлоли давлтӣ хоҳанд дошт.
Қайд гардид, ки дар китоби “Душанбе - қалби Тоҷикистон” бисёр мушикофонаву воқеъбинона ба шукуфоию сарсабзиҳо ва зебоиҳои пойтахти тоҷикон шаҳри Душанбе, ки бо заҳмату талошҳои роҳбарияти пойтахти кишвар амалӣ гаштааст, баҳои ҳаққонӣ додашуда, мақоми шаҳри Душанбе ва нақши он ҳамчун маркази сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат бисёр ба таври барҷаста инъикоси хешро ёфтаанд. Тамоми матолибе, ки дар чаҳор қисми китоби “Душанбе-қалби Тоҷикистон” ҷойгир шудаанд, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расида дар таблиғ ва шиносонидани дастовардҳои пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе барои ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам сайёҳон, нақши боризе хоҳад дошт.
Гуфта шуд, ки Мирзоамин Мирсаидзода дар китоби Душанбе-қалби Тоҷикистон афкору андешаи инсонҳои нек ва шахсиятҳои бузург, рӯҳи ҷовидонаи онҳоро ба тасвир додаанд, ки бо мутолиаи он завқи зебоипарастӣ ва эҳсоси Ватандориро дар замири ҳар хонанда бедор намуда, ӯро гоҳе ба сайри таърих ва гоҳи дигар ба олами ранго-ранги табиати дилпазири Душанбе мебарад.
Дар идомаи маҳфил муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар суханронӣ намуда, ба саҳми арзишманд ва хизматҳои шоистаи Мирзоамин Мирсаидзода дар рушди илм ва фарҳанг таъкид кард. Қайд гардид, ки асарҳои муҳими илмӣ ва адабии Мирзоамин Мирсаидзода на танҳо ҳамчун манбаи дониш ва маърифат, балки ҳамчун абзорҳои тарбиявӣ барои тарбияи насли ҷавон ва таҳкими худшиносии миллӣ хизмат менамоянд.
Инчунин, дар идомаи маҳфил академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ, узви вобастаи АМИТ Ҳайдаршо Пирумшоев, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, муовинони ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур ва доктори илмҳои таърих Қурбонова Ширин маъруза намуда, доир ба саҳми арзишманд ва нақши фарҳангиву таърихии Мирзоамин Мирсаидзода дар рушди илм, тарбияи кадрҳои наврас ва баланд бардоштани худшиносӣ ва эҳтироми миллии шаҳрвандон фикру андешаҳои хешро баён карданд.
Имрӯз, 19 феврал дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахт дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки маъракаи мазкур бо ҳадафи ободу зебо гардонидани муҳити атроф, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва тақвияти фарҳанги сабзкорӣ баргузор гардида, саҳми кормандону олимони муассисаро дар татбиқи сиёсати созанда ва рушди устувори пойтахт боз ҳам таҳким мебахшад.
Зимни маъракаи ниҳолшинонӣ масъулин дар назди бинои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 16 адад дарахтони навъи магнолия ва дигар дарахтони ҳамешасабз шинониданд, ки ин иқдом ба ободу зебо гардидани муҳити атроф ва беҳтар шудани вазъи экологии пойтахт мусоидат менамояд.
Имрӯз, 19 феврал президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону кормандон аз сохтмони бинои Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ дидан намуданд.
Зимни боздид таъкид гардид, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи иқдомҳои вобаста ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Академия корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дошта, айни замон сохтмони чандин иншооти илмӣ-таҳқиқотӣ ҷараён дорад.
Гуфта шуд, ки бинои Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ дар масоҳати 384 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 4 ошёна иборат мебошад. Иншоот бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба талаботи замони муосир пешбинӣ шуда, барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар самти энергетикаи гидрогенӣ ва татбиқи технологияҳои навтарин шароити мусоид фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин озмоишгоҳи замонавӣ барои рушди таҳқиқоти илмӣ, татбиқи ихтирооту навовариҳо ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ дар соҳаи энергетика заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани бино дар дохили он 6 озмоишгоҳ бо таҷҳизот ва технологияҳои муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд.
БАРРАСИИ МАВЗУЪҲОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ ДОКТОРАНТОНИ PhD- И КУРСИ 1- УМИ МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ
Имрӯз, 17 феврал дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баррасии мавзуъҳои диссертатсионии докторантони PhD-и курси 1-уми муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки тибқи қарори ҷаласаи Раёсати Академияи миллии илмҳо ва фармоиши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳайати комиссияи шурои ҳамоҳангсозии баррасӣ ва тасдиқи мавзуъҳои корҳои диссертатсионии муассисаҳои илмӣ тасдиқ шудааст, ки дар Шурои мазкур ҳамасола мавзуъҳои аспирантон, докторантони PhD, докторантони анъанавӣ ва постдокторантон баррасӣ ва тасдиқ мешавад. Бояд ёдовар шуд, ки фаъолияти шурои ҳамоҳангсозии Академияи миллии илмҳо оид ба баррасӣ ва тасдиқи мавзуъҳои корҳои диссертатсионӣ дар асоси низомномаи шурои ҳамоҳангсозии Академияи миллии илмҳо ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз мавзуъҳои 48 нафар докторантони PhD аз ҷониби Шурои ҳамоҳангсозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30 майи соли 2024, ки таъкид намуданд: бояд барои унвонҷӯён, аспирантон ва докторантони PhD мавзуъҳои мубрам интихоб карда шаванд, ки барои иқтисодиёти кишвар ва ояндаи мамлакат манфиатовар бошанд. Дар ин замина, таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мустаҳкам намудани мактаби илмии устоду шогирд мавриди баррасӣ низ қарор дода шуд.
Дар робита ба ин, минбаъд фаъолияти роҳбарони илмӣ тавассути имзои шартномаи сетарафа байни Академияи миллии илмҳо, роҳбари илмӣ ва докторанти PhD назорат карда мешавад, то сари вақт рисолаҳои илмии докторантони PhD ба ҳимоя дар шуроҳои диссертатсионӣ пешниҳод карда шаванд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи имрӯза баррасии мутобиқати мавзуъҳои докторантони PhD ба самти илмии муассисаҳои илмӣ ва ихтисосҳое, ки дар таснифоти давлатӣ, равия ва ихтисосҳои Комиссияи олии атестатсионӣ тасдиқ гардиданд мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба ин, ба докторантони PhD барои сари вақт ҳимоя кардани рисолаҳои диссертатсионӣ дастурҳои мушахас дода шуд.
Таҳияи сардори Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмӣ, доктори илмҳои филологӣ Қосимзода С.С.
РӮНАМОИИ КИТОБИ “ЁДНОМА” ВА ГИРОМИДОШТИ ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶШС ТОҶИКИСТОН
Санаи 16 – феврал маҳфили навбатии “Хирад“ - и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили мазкур ба 100-солагии таъсиси милитсияи тоҷик ва фаъолияти пурсамари собиқ Вазири корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон Қурбонов Исмоил бахшида шуда, ҳамзамон дар доираи он рӯнамоии китоби тозанашри доктори илмҳои таърих Қурбонова Ширин таҳти унвони «Ёднома» баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки китоби «Ёднома» ба фаъолияти пурсамар ва зиндагиномаи шодравон Қурбонов Исмоил бахшида шуда, дар он хизматҳои арзандаи ӯ ҳамчун роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ ва шахсияти барҷастаи давлатӣ бозгӯ шудаанд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни баромади худ иброз доштанд, ки ин маҳфил бо ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ташкил гардида, ба ду санаи муҳимми таърихӣ — 100-солагии таъсиси милитсияи тоҷик ва 90-солагии зодрӯзи генерал-майори хизмати дохилӣ, Вазири корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1980–1986 Исмоил Қурбонов бахшида шудааст.
Қайд гардид, ки ин ду сана на танҳо хотираи гузаштаро зинда медоранд, балки барои насли имрӯза ва оянда мактаби бузурги садоқат ба Ватан, масъулиятшиносӣ ва хизмат ба давлат мебошанд. Ба таъкиди суханрон, шахсияти Қурбонов Исмоил дар таърихи мақомоти корҳои дохилӣ бо кордониву ҷасорат, поквиҷдонӣ ва таваҷҷуҳи хос ба тарбияи кадрҳои миллӣ нақши барҷаста гузоштааст.
Дар идомаи маҳфил китоби “Ёднома. Очерки таърихӣ” (Душанбе, 2025), ки муаллифи он доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова — духтари генерал Қурбонов мебошад, муаррифӣ гардид. Таъкид шуд, ки ин асар на танҳо тарҷумаи ҳоли як шахсияти барҷаста, балки бозтоби як давраи муҳими таърихӣ буда, бо такя ба дастхатҳои бойгонӣ, санадҳои расмӣ ва хотироти ҳамсафону шогирдон таҳия шудааст.
Дар китоб хотироти шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла генералҳо Шералӣ Хайруллоев, Абдураҳим Қаҳҳоров, Усмон Ҷумаев, Тағоймурод Маҳмадмуродов, ҳамчунин академикон Улмас Мирсаидов, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ, Муҳиба Ёқубова, Талбак Назаров, Юсуф Нуралиев ва дигар чеҳраҳои маъруф гирдоварӣ гардидаанд. Ин хотирот симои инсонии Қурбонов Исмоилро ҳамчун роҳбари кордон, мураббии сахтгир ва ҳамзамон шахси хоксору мардумӣ бозгӯ менамоянд.
Яке аз паҳлӯҳои барҷастаи фаъолияти ӯ сиёсати кадрӣ арзёбӣ гардид. Қурбонов Исмоил ҳамчун вазир ба ҷалби ҷавонони софдил, серғайрат ва донишманд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои тарбия ва пешрафти кадрҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Маҳз чунин сиёсати дурандешона боис гардид, ки шогирдони ӯ баъдан дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият намоянд.
Дар идома академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва пайвандону шогирдони Қурбонов Исмоил ибрози ақида намуда, аз кордониву тарбия намудани кадрҳо, ватандӯстиву меҳанпарастии ин марди накуном ёдовар шуданд.
