Имрӯз, 21 июл дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи 4- уми комиссияи Тоҷикистон ва Хитой оид ба ҳамкории илмӣ ва техникӣ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва муовини Вазири илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой Чен Жиачанг ва олимону муҳақиқони самтҳои гуногуни илмии тарафайн баргузор гардид.
Ба кори ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида иброз дошт, ки мулоқоти имрӯза на танҳо идомаи ҳамкориҳои судманди мо, балки як қадами муҳим дар самти таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи илм, технология ва инноватсия мебошад.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалин кишварҳое буд, ки беш аз 30 сол пеш Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва дар моҳи марти соли 1992 миёни кишварҳо расман равобити дипломатӣ барқарор шуд. Тайи солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ беш аз 200 созишномаи байнисоҳавӣ ба имзо расид, ки ҷанбаҳои гуногунҷанбаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла дар соҳаи илму техникаро дар бар мегиранд.
Гуфта шуд, ки Ёддошти тафоҳум байни Вазорати илм ва технологияи Чин ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки 31 августи соли 2017 ба имзо расида буд, инчунин протоколҳои ҷаласаҳои комиссияи байниидоравӣ, ки заминаи формати шарикии устувор ва системавиро гузоштанд, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ аҳамияти хоса доштанд.
Зикр шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун мақоми пешбари ҳамоҳангсози соҳаи илм сиёсати давлатиро дар соҳаи илм ва техника тибқи стратегия ва барномаҳои дарозмуддат амалӣ менамояд. То имрӯз дар кишвар зиёда аз 20 самти афзалиятноки илмӣ, аз ҷумла: идоракунии устувори табиат ва ҳифзи муҳити зист, биотехнология ва фармасевтика, амнияти энергетикӣ ва захираҳои об, табдили рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва технологияҳои геоинформатсионӣ, нигахдории тандурустӣ ва тадқиқоти биотиббӣ муайян карда шудааст.
Дар идома муовини Вазири илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой Чен Жиачанг аз ҳамкориҳои илмии вусъатбахши муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Хитой изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ дар оянда андешаҳои худро иброз дошт. Зикр дошт, ки мо бояд ҳамкориҳои худро дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда, дар самти илмҳои дақиқ ва риёзӣ иқдомҳои наҷибро роҳандозӣ намоем, то дар ин самт ба дастовардҳои арзишманд ноил гардем.
Инчнунин, дар ҷаласа президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Салимзода Амонулло Файзулло, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур, сардори Раёсати байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қурбонов Қобилҷон, узви вобастаи АМИТ Саидов Абдусатор ва аз ҷониби Чин як зумра аз олимон доир ба самтҳои афзалиятноки соҳаи илми тарафайн фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Дар анҷоми ҷаласа байни Вазорати илм ва технологияи Чин ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар шакли сифатан нав ба имзо расонида шуд.
23 августи соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиш-рӯнамои асари тозаи таҳқиқии «Академик Муҳаммад Осимӣ ва таҳқиқи масоили фарҳанги бадеии тоҷик», бахшида ба гиромидошти солрӯзи собиқ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти омузиши тамаддуни Осиёи Марказии назди ЮНЕСКО, поягузори Анҷумани тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон “Пайванд”, асосгузори Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи тоҷик, яке аз асосгузорони Академияи илмҳои Афғонистон, аъзо- корреспонденти Академияи илмҳои СССР, Лауреати мукофоти байналмилалии ба номи Ҷаҳирлол Неру, донишманди барҷаста, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, академик Муҳаммад Осимӣ доир ба масоили мубрами камомӯхташудаи фарҳанги бадеии тоҷик,ки олимони 7 кишвар анҷом додаанд ва ба нашр расидааст, баргузор гардид.
Дар баргузории ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва ноибони президенти АМИТ академикону олимон ва ҳаводорони осори академик Муҳаммад Осимӣ иштирок намуданд.
Ба кори ҳамоиш нахуст ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба президенти академия Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.
Мавсуф зимни баромади хеш ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аҳли ҷамъомадагонро ба муносибати устоди зиндаёд академик Муҳаммад Осимӣ муборакбод намуд ва аз бузургию донишмандии собиқ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ ёдовар шуд.
Дар таҳқиқоти дастаҷамъии тоза ба нашр расида гуруҳи олимони саршиноси тоҷик, Амрико, Франсия, Канада, Испания, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва ғайра ширкат намуда, дар навиштаҳои асари мазкур масоили камомӯхташудаю мубрами назариявию консептуалии фарҳанги бадеии тоҷикон аз дирӯз то имрӯз, саҳми донишманди барҷаста, яке аз ташкилдиҳандагон, сарвари илми бунёдии тоҷик академик Муҳаммад Осимӣ, ки сарварии Академияи илмҳои Тоҷикистонро зиёда аз ду даҳсола ба зимма доштанд, ба риштаи таҳқиқ омадааст. Муҳаққиқон дар навиштаҳояшон паҳлӯҳои муҳимми фаъолияти пурбори илмию давлатӣ, ҷамъиятии ин симои бурҷастаро бар пояи санадҳои тоза ба қалам овардаанд. Аз ҷумла , саҳми устоди зиндаёд академик Муҳаммадж Осимӣ дар ташаккулу пешрафт, ҳаллу фасли масоили таърихию назарии фарҳангии бадеии тоҷик корҳои камназири ташкилии илми академӣ, баргузор намудани симпозиум, конгрессҳои бузург дар дохили кишвар ва берун аз он, инчунин навиштани асарҳои таркибан методологию консептуалӣ доир ба фарҳанги бадеии тоҷик ҳам саҳми арзанда доранд.
Дар навиштани ин асари дастаҷамъӣ ,ки олимони ватанию хориҷӣ ширкат намудаанд,мавзуоти мубрами таърихию назарии фарҳанги бадеии тоҷик ва хидмати шоистаи академик Муҳаммад Осимӣ дар омӯзишу густариши он аз дидгоҳи нав баррасӣ шудаанд.
Аз ин рӯ навиштани чунин асарҳои дастаҷамъии академӣ, ҷалби муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни кишварҳои дигар, дар шароити геополитикии имрӯз ва нашру паҳн намудани чунин таҳқиқот аз барномаҳои муҳими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.
https://www.president.tj/event/news/46928
Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва мавзуоти мубрами минтақавию ҷаҳонӣ дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба Қосим-Жомарт Токаев барои таваҷҷуҳи шахсиашон ба таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки асоси онро робитаҳои ошкоро, эътимодбахш ва самимӣ ташкил медиҳанд, изҳори сипос намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика молия ва бонкдорӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳои мавриди манфиатҳои дуҷониба муҳокима гардиданд.
Таъкид карда шуд, ки Қазоқистон дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон мақоми пешсаф дошта, нишондиҳандаҳои гардиши мол миёни ду кишвар дар ҳоли афзоиши устувор қарор дорад. Чунончӣ, ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар нимсолаи соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз афзудааст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми гардиши молро то ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расонанд.
Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон 92 корхонаи муштарак бо ҷалби сармояи Қазоқистон ва дар кишвари дӯст 89 корхона бо иштироки соҳибкорони тоҷик фаъолият дорад. Давоми 5 соли охир ба иқтисоди Тоҷикистон 700 миллион доллари амрикоӣ аз Қазоқистон сармоя ворид гардидааст.
Зимни музокирот иқтидори бузурги мавҷуда барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ таъкид карда шуд.
Аз ин, тавре таъкид гардид, натиҷаҳои форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки 21 август дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Душанбе баргузор шуд, дарак медиҳад.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ ҷонибҳо 14 қарордоди тиҷоратӣ ва созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии 1,2 миллиард доллар ба имзо расониданд.
Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки самаранокии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тақвият бахшида шуда, иқтидори он мавриди истифодаи васеъ қарор гирад.
Таъкид гардид, ки дар соҳаи саноати Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар бахшҳои кимиё ва маъданҳои кӯҳӣ, азхудкунии конҳои нафту газ, ангишт, коркарди алюминий ва дигар металлҳо имкониятҳои зиёд мавҷуд аст.
Зимни вохӯрӣ тезонидани раванди татбиқи лоиҳаи таъсиси се маркази логистикӣ барои интиқоли маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Қазоқистон зарур шумурда шуд.
Гуфта шуд, ки имрӯз беш аз 80 дарсади содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Қазоқистон равона мегардад ва ин раванд дар ҳоли афзоишёбӣ қарор дорад. Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон бошад, ба миқдори калон гандум, орд ва дигар маҳсулоти ғалладонагӣ ворид мегардад.
Танҳо дар соли гузашта ҳиссаи ин намуди маҳсулот дар сохтори умумии воридоти Тоҷикистон аз Қазоқистон қариб 40 фоизро ташкил дод.
Дар мулоқот бо изҳори қаноатмандӣ атрофи татбиқи мувофиқаҳои дар соҳаи рақамикунонӣ бадастомада, таъкид гардид, ки соли равон 100 мутахассиси ин бахш аз Тоҷикистон дар марказҳои муосири технологияҳои иттилоотии Қазоқистон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту транзит, боркашонию мусофирбарӣ ва кушодашавии хатсайрҳои автобусҳо ва парвозҳои мунтазам миёни пойтахтҳои ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар аз мавзуъҳои дигари вохӯрӣ буд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки муносибати байнипарлумонии кишварҳо босуръат таҳким ёфта истодааст. Дар ин самт фаъолияти Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкории палатаҳои болоӣ ва гурӯҳҳои дӯстии палатаҳои поёнии парламентҳо назаррас арзёбӣ карда шуд.
Гуфта шуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон наздики 400 шаҳрванди Тоҷикистон ва дар кишвари мо 100 донишҷӯ аз давлати дӯст таҳсили илм доранд.
Дар ин зимн ҷонибҳо андешидани тадбирҳои муштаракро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат зарур шумурданд.
Таъкид шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар муносибатҳот ду кишвар мавқеи муҳим дорад.
Ҷонибҳо минбаъд низ ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсусро дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ зарур донистанд.
Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро баррасӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
Август 22, 2024
22 август Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии сазовори Сарвари давлати дӯсти Қазоқистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қазоқистон идона ороста шуд.
Ҳамчунин, шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст, бо шиорҳои тараннумгари дӯстӣ ва барномаи махсуси фарҳангӣ меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.
Зимни суҳбати кӯтоҳ дар фурудгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои сафари давлатӣ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдилии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Телевизиони Тоҷикистон
Санаи 20.08.2024 директори Институти ҳимояи растаниҳо ва карантини Академияи миллии илмҳои Қазоқистон Дуйсембеков Бахитжан Алишерович ба Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский-и АМИТ омаданд. Зимни ошнои бо самтҳои фаъолияти илмии Институти зоология ва паразитология барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар самтшои вобаста ба ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ ва карантини растаниҳо тарафҳо ҳавасмандии ба роҳ мондани ҳамкориҳои зичро пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон меҳмон Б. Дуйсембеков аз лабораторияи нави паразитологии Институт, ки бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт муҷаҳаз бо технологияҳои муосир аз нав эҳё карда шуд дидан намуд.
ТАШРИФИ ОЛИМОНИ ҚАЗОҚИСТОН БА ИНСТИТУТИ БОТАНИКА ФИЗИОЛОГИЯ ВА ГЕНЕТИКАИ РАСТАНИИ АМИТ
Санаи 20.08.2024 ҷиҳати ҳамкориҳои судманд миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон бо олимон ва намояндагони Институтҳои тадқиқотии соҳаи илмҳои биологӣ вохӯри баргузор гардид. Меҳмонони олиқадрро Садорат ва аҳли коллективи Институт пазируфтан.
Дар рафти сӯҳбат мудирони озмоишгоҳҳои Институт меҳмононро бо самтҳои асосии фаъолияти худ шинос намуданд. Ҷонибҳо баҳри беҳбуд бахшидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ миёни Институтҳои самти биологию кишоварзӣ ду ҷониб ҳамкориҳои судмандро ба нақша гирифтанд. Инчунин меҳмонон аз баъзаи моддию техникӣ Озмоишгоҳи бехатарии биологи Институт ва аз озмоишгоҳи нав кушодашудаи биотехнологӣ дидан намуданд. Баъд аз нисфирӯзи бошад аз гербарни фонди Институтро низ диданд намуданд.
Маросими ба имзо расонидани меморандуми ҳамкорӣ байни Институти физикаи ядроии Қазоқистон ва Агентии амнияти химиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Тоҷикистон
19 августи соли 2024, Душанбе — Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани меморандуми ҳамкорӣ байни Корхонаи давлатии ҷумҳуриявӣ "Институти физикаи ядроӣ" Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Агентии амнияти химиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (ХБРЯ) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Меморандум аз ҷониби директори генералии Институти физикаи ядроии Ҷумҳурии Қазоқистон Саябек Куанышбекович Сахиев ва муовини аввали директори Агентии ХБРЯ Тоҷикистон Матин Ахмедов имзо гардид. Ин созишнома ба мустаҳкам намудани ҳамкории дарозмуддат ва мутақобилан судманд байни ду муассиса дар соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, тадқиқоти илмӣ ва баланд бардоштани иқтидори минтақа нигаронида шудааст.
Меморандуми имзошуда як қатор самтҳои ҳамкориро дар бар мегирад, аз ҷумла, тадқиқоти муштараки илмӣ, мубодилаи маълумот ва таҷриба, ташкил намудани конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ-амалӣ ва инчунин амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи криминалистикаи ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ. Яке аз ҷанбаҳои асосии ин меморандум омодагӣ ва мубодилаи мутахассисони ҷавон тавассути барномаҳои муштараки магистратура, аспирантура ва докторантура мебошад.
Ҳар ду ҷониб изҳори итминон намуданд, ки ин ҳамкорӣ як қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои илмӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон хоҳад шуд ва ба рушди технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани амният дар минтақа мусоидат хоҳад кард.
Меморандум аз лаҳзаи имзои он эътибор пайдо намуда, дар тӯли панҷ сол амал хоҳад кард ва метавонад тамдид шавад. Ҷонибҳо мувофиқат намуданд, ки ҳар сол рафти татбиқи созишномаро баррасӣ намуда, самтҳои нави ҳамкориро муайян намоянд.
БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ЭКОЛОГИЯ ВА МУҲИТИ ЗИСТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ИНСТИТУТИ ГЕОЛОГИЯ
Нимаи дуюми рӯзи 19 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигулович аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ ва Институти геология боздид намуданд.
Дар ин марказ якчанд озмоишгоҳи замонавӣ барои пешбурди корҳои илмӣ таҳқиқотӣ фаъолият менамоянд, ки зимни ташриф ба марказ меҳмонон аз ин озмоишгоҳҳо дидан намуданд.
19 августи соли равон дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Қазоқистон конференсияи сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигулович, раисони иттифоқҳои нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон, муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорони муассисаҳои олии кишвар, инчунин олимону зиёиёни тарафайн иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз ба кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, бори дигар ташрифи меҳмонони олдиқадрро Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Таъкид гардид, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани Конфронси олимон ва зиёиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз нақши муҳими он шаҳодат медиҳад.
Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсиси давлати соҳибистиқлол илму маориф мавқеи марказиро ишғол намуд. Ҳамин аст, ки олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва зиёиён қувваи созанда ва пешбарандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат мебошанд. Бояд гуфт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон таърихи тӯлонӣ ва пуршарафи ҳамкориҳо доранд.
Дар идома президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигулович суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки , баргузории ин конфронси сатҳи байналмилалӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳа илм, муттаҳид сохтани нурӯи илмии олимони Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии пажӯҳишҳои илмӣ дар доираи як платформа мебошад. Дар ибтидо олимону зиёиёни Тоҷиикстону Қазоқистон дар конфронс доир ба мавзӯҳои илмию таҳқиқотӣ маъруза намуданд.
