(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025
Одатан маҷмуи дониш ва тасаввуроти шахсро дар бораи олам ва муносибати инсонро ба он ҷаҳонбинӣ меноманд. Ҷаҳонбинӣ метавонад илмӣ ва ғайриилмӣ бошад. Ҷаҳонбинии илмӣ гуфта, чунин дидеро дар бораи олам медонанд, ки дар он масъалаҳои пайдоиш, тағйирёбӣ ва инкишофи олам ва тамоми раванди ҳодисаҳои таббию ҷамъиятӣ дар асоси кашфиёти илмӣ шарҳу тавсиф меёбанд. Бе ҷаҳонбинии илмӣ рушду пешрафти ҷомеаро тасаввур кардан ғайри имкон аст, зеро ба андешаи Пешвои миллат “Танҳо илм пеши роҳи хурофоту ҷаҳолатро гирифта метавонад”.
Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон низ, ки имрӯз 16.12.2026 ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, масъалаи илму маорифро дар мадди аввал гузоштанд. Пешвои миллат, бештар ба худшиносии миллӣ ва таърихи бузург доштани миллати тоҷик таваҷҷуҳ намуда, иброз доштанд, ки “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ барои хондан ба ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ туҳфа гардид.
Таваҷҷуҳ ба китоб ва пос доштани хотираи бузургони миллат, аз қабили Борбади Марвазӣ ва Робияи Балхӣ нишонаи арҷ гузоштан ба илм аст. Чун бе илм ва бе ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеа рушд карда наметавонад. Инчунин, Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар ҷаҳон кишварҳое ҳастанд, ки қариб захираҳои табиӣ надоранд, аммо мардуми он бо илм ва ҷаҳонбинии илмӣ кишвари худро яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор додаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки қудрати илм хело бузург аст.
Имрӯзҳо яке аз мушкилоти мо ин хурофотпарастӣ, тақлиди куркурона ва бегонапарастӣ мебошад, ки то андозае ҷомеаро нигарон кардааст. Барои ҳалли чунин мушкилоти ҷомеа олимони ҷумҳуриро зарур аст, ки беш аз пеш ба рушди ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа машғул гарданд ва тавассути таҳқиқоти илмии бунёдию татбиқӣ, оммависозии дастовардҳои илми муосир, барои расидан ба рушди устувори давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузор бошанд.
Пешвои миллат бисёр хуб қайд намуданд, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Дар ҳақиқат инсон тавассути омӯзиш донишманд ва дур аз хурофоту тассуб ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ мегардад. Миллати тоҷик донишмандони зиёдеро, ба монанди Куруши Бузург, Борбади Марвазӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигаронро ба илм ҳадя намудааст, ки ҳар шахси аз шунидани номи онҳо аз тоҷик будани худ ифтихор мекунад. Ин бузургон бо корномаҳою мероси гаронарзиш номи худ ва миллатро мондагор карданд. Аммо тибқи дастури Пешвои миллат, дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.
Пешвои миллат, бори дигар ба хотири арҷ гузоштан ба хиради воло ва бузургии миллати тоҷик соли 2026-ро “соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад”. Дар ҳақиқат таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ танҳо ва танҳо бо рушди ҷаҳонбинии илмӣ ба даст меояд.
Рамазониён А.Б н.и.ф., ходими илмии
Маркази синошиносии ИФСҲ АМИТ
12 ноябри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулдаев Эрлан Бекешович мулоқот доир намуд.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, доир ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои дурнамои рушди фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал манзур намуд.
Дар мулоқот тарафҳо доир ба самти сейсмология таваҷҷуҳи махсус равона намуданд. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт қайд намуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мутахассисон дар самти сейсмалогия кам ба назар мерасанд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар доираи ин ҳамкориҳо аз ҳисоби магистрантон ва докторантони PhD барои таҷриба андухтан дар самти сейсмалогия ба муассисаҳои илмию таҳқиқотии Ҷумҳурии Қирғизистон ҷалб гарданд, то дар ин самт мутахассиси варзида гарданд. Пас аз пурра ба анҷом расонидани таҳсил ба кишвари худ баргарданд ва дар пешбурди илмӣ ватанӣ саҳми арзишманди худро гузоранд.
Дар идома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулдаев Эрлан Бекешович қайд намуд, ки мо ҳамеша омода ҳастем ҳамкориҳои худро бо муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хуб бар роҳ монда, дар пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ноил гардем.
БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОН АЗ МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ БЕХАТАРӢ, АМНИЯТ ВА КАФОЛАТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад. Гуфтан ба маврид аст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Имрӯз (11.11.2024) таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳайати олимону академикон, кормандони Раёсати АМИТ ва роҳбарони ниҳодҳои илмӣ аз бинои Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуданд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бинои мазкур санаи (29.10.2024) бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки марказ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд омода шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин марказ аз соли 2021 оғоз гардида соли 2024 ба анҷом расид.
Марказ дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илм – таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммуннологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд.
Зимни боздид роҳбарият ва ҳайати олимону академикон аз шароити кории Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуданд.
11 ноябри соли равон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бинои Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки чанд ҳафта қабл бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд, мизи мудаввар бахшида ба 16- ноябр Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст ба кори ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушбахт ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои бузурги дар пешистодаи моҳи ноябр, ки дар ин моҳ чандин ҷашнҳои бузурги давлатӣ Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешаванд таҳният хонд.
Зимни суханронии хеш роҳбарияти академия таъкид дошт, ки дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот дода, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.
Бояд қайд кард, ки давлат пурра фалаҷ гардида буд, ҳатто баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлол ҳукумат артиши худро натавонист ҳифз намояд ва дар ин роҳ масъулин талоше ҳам накарданд. Аз заифии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиши давлатӣ неруҳои сиёсии мухталифи ҳукуматхоҳ истифода намуда, аксар ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Ҳар як гурӯҳи ҳукуматхоҳ худро ҳомии ватану миллат номида, дар зери ин шиор ба зарари ин миллату давлат кор мекард. Дар чунин марҳилаи бениҳоят ҳасос ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик қуввае лозим буд, ки дар фикри истиқлол ва тамомияти арзии ин ватан бошаду хатари мавҷударо дарк намуда, мардумро дар роҳи ваҳдату ягонагӣ ва субот даъват намояд.
Новобаста аз чунин шароити мураккаб шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун нишони баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он муваффақ шуданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад. Дар он вақт Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифт.
Воқеан ҳам бузургии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки дар баробари пешравиҳои дигар соҳаҳо махсусан ба илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таваҷҷуҳи ин марди хирадро ҳар яки мову шумо олимон бараъло мушоҳида менамоем. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ҳар дастуру супорише, ки аз ҷониби ин абармарди сиёсат мешавад, онро сармашқи кори худ намуда, дар пешрафти сиёсати илмии кишвар саҳмгузор бошем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ рафтанд
10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар намуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО РӮНАМОИИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАР ТАРҶУМАИ АРАБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
08 ноябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии китоби "Тоҷикон"- и Бобоҷон Ғаффуров дар тарҷумаи арабӣ баргузор гардид.
Дар сухани ифттитоҳии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намуданд, ки «Китоби Тоҷикон воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар барҳақ китоби рӯимизии ҳар фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст». Воқеан, аз нашри асари фундаменталии илмии «Тоҷикон»-и олими барҷаста академик Бобоҷон Ғафуров зиёда аз ним аср гузашт ва дар ин муддат асари мазкур эътирофи ҷаҳонӣ пайдо карда, сазовори баҳои баланди мутахассисони баландрутба гардид. Китоби «Тоҷикон» на танҳо асари барҷаста, балки як падидаи таърихнигории ҷаҳонӣ буда, аҳамияти он аз доираи илми тоҷикшиносӣ хеле фаротар аст.
Таҳқиқоти Бобоҷон Ғафуров пайдоиш ва таърихи халқи тоҷикро аз замонҳои қадим то ибтидои асри 20 исбот мекунад. Албатта, аз замони нашри «Тоҷикон» то имрўз таърихнигорон дар бораи таърихи тољикон асрањои зиёди бунёдї офариданд. Дар даҳсолаҳои охир чунин асарҳои бунёдӣ ба мисли «Таърихи халқи тоҷик» дар шаш ҷилд, љилди якуми китоби «Этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик» ба табъ расида, айни замон Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи. Аҳмади Дониш таҳия ва нашри китоби 12-ҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик»-ро ба забони тоҷикӣ ба нақша гирифтааст.
Таъкид гардид, ки имрӯз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров яке аз мӯътабартарин сарчашмаҳои соҳаи худ ба ҳисоб меравад. Он барои омӯзандагони таъриху фарҳанги тоҷикон ба сифати китоби рӯимизӣ хизмат карда, дар он ҳама маъхазҳои хаттии то ибтидои солҳои 70-уми садаи 20 пайдошуда ҷалб карда шуда, инчунин маълумоти бостоншиносӣ, забоншиносӣ, антропология, нумизматика ва дигар илмҳо оварда шудаанд. Ҳамин тариқ, Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохиливу хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро истифода кардааст. Ин нахустин асар оид ба таърихи миллати тоҷик мебошад, ки дар асоси консепсияи илми таърихнигорӣ ва риояи даврабандии таърихӣ таҳия шудааст.
Ғояи асосии китоби «Тоҷикон»-ро муттаҳид намудани миллати тоҷик ташкил мекунад, ки он дар тӯли таърих дар асари ҳодисаҳои фоҷиабор аз ҳам ҷудо шуда буд. Ва хидмати аслии Бобоҷон Ғафуров дар назди халқаш дар он аст, ки ӯ бо пажӯҳишҳои худ ба ҷаҳониён мавҷудияти халқи тоҷикро нишон дод, инчунин нишон дод, ки тоҷикон сокинони қадимтарин ва соҳибони ҳақиқии ин минтақа буда, дар раванди пайдоиш, ташаккул ва инкишофи тамаддуни минтақа нақши намоёни таърихӣ бозидаанд.
Дар суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 115-умин солгарди зодрӯзи Бобоҷон Ғафуров, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Ҳадафи мо ҳифз намудани таърихи пуршараф ва мероси пурифтихори илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии халқи тоҷик, то ҳадди имкон ва оқилонатар истифода бурдани ин таърихи пуршараф ва ин мероси гаронбаҳо ба хотири ваҳдату иттиҳод, ифтихори халқамон, ободии Ватани ниёгон ва мустањкам намудани асосњои давлатдории нави миллии мо мебошад».
Албатта, китоби «Тоҷикон»-и академик Б.Ғафуров ба болоравии худшиносии миллии мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшид ва ин раванд дар даврони истиқлолият баҳри пешрафти миллат ва таҳкими давлатдории нави тоҷикон ба самти тозае ворид шуд.
Чорабинии имрӯзаи мо ба муаррифии тарҷумаи арабии китоби "Тоҷикон" бахшида мешавад. Муаллифи тарҷумаи мазкур адиб ва тарҷумони шинохтаи суриягӣ устод доктор Иброҳим Истанбулӣ мебошад. Тарҷумаи мазкур таҳти назорат узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Назруллоҳи Назар ба анҷом расидааст, ки дар ин толор ҳузур доранд.
Чӣ тавре ҳамагон огаҳем, нашри дуюми тарҷумаи китоби "Тоҷикон" ба забони арабӣ 4 ноябри соли 2024 дар Кувайт дар доираи сафари Пешвои миллат ба ин давлат хеле арзанда муаррифӣ карда шуд.
Имрӯз (08.11.2024) бо ташаббуси Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш АМИТ Конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба 120 солагии Ғуломҳайдар Ғуломалиев - ходими намоёни санъати тоҷик режиссиёр, балетмейстер, актёр ва яке аз поягузорони дастаҳои эҷодии санъати мардумию касбӣ, Артисти халқии СССР дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва як қатор олимону академикон, мутахассисони соҳа аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок доштанд: аз ҷумла артисти халқии Тоҷикистон Ҷурабек Муродов, Далер Назаров, Нобовар Чиноров ва намоянда аз Фаронса доктор мусиқишинос Ариана Зевако.
Нахуст ба кори конфронс ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, ҷамъомадагонро аз муҳтавои конфронс шинос намуда, сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт вогузор намуданд.
Сараввал президенти АМИТ иштирокчиёни конфронсро хайрамақдам гуфта, иброз доштанд: Фарҳанги шеър-мусиқии тоҷикон таърихи хеле бостонӣ дошта, ҳамчун арзишҳои эҷодиёти бадеӣ-эстетикии мо ба ҳисоб меравад ва дар масири таърих бо талош ва ҷустуҷӯҳои муттасили эҷодї ва таҳқиқии намояндагони марказҳои фарҳангї то ба имрӯз расидааст. Махсусан, мероси бостонии фарҳанги шеъри мусиқии Бадахшон аз қадимтарин бахшҳои таркибию ҷудонашавандаи мероси фарҳангии тоҷикон буда, дар таърихи тамаддунамон ҷойгоҳи хоса дорад. Фарҳанги шеъру мусиқии тоҷикон хеле таърихи қадима дорад.
Аз ҷумла, ин мероси камназири бадеӣ тавассути ансамбли тарона ва рақс, ки таҳти сарварии донандаи мероси пурғавовати шеърӣ- мусиқӣ, эҷодиёти бадеии тоҷикони Бадахшон, Артисти халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев бо тозакориҳои ҳунарӣ рӯи саҳна омада, дар ҳайати дастаҳои эҷодию иҷроии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекард, дар таърихи фарҳанги асри ХХ-и тоҷик мавқеи басо муҳим дорад.
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистотон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин корномаи ҳунарии санъаткорони Бадахшонро дар таърихи санъат чунин баҳо додаанд: “Мояи ифтихор аст, ки дӯстдорони санъати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарфи назар аз душвориҳои мардуми мо анъанаҳои беҳтарин ва ҳунарҳои халқиро нигоҳ дошта, дар пешрафти маданияти миллӣ саҳми сазовор мегузоранд.” Гуфта бо иқтибос аз суханони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухани хешро ба итмом расонд.
Дар идома намояндаи Фаронса Ариана Зевако бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуда, дарҷ намуд, ки тоҷикон мардуми қадимаи Осиёи Миёна буда, санъати бою ғанӣ доранд, аз ҷумла дар соҳаи суруду мусиқӣ маҳорати беандоза дошта, дӯстдорони санъати хешро на танҳо аз мардуми худ, балки дили хориҷиёнро тасхир кардаанд, Ғуломҳайдар Ғуломалиев аз ҷумлаи ана ҳамин мусиқидонон аст, ки бовар дорам, то абад мухлисону ҳаводорони санъаташ пайравӣ ба сабку услуби он намуда, санъати ӯро давом медиҳанд ва ман хушҳолам, ки роҳбарият ва олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин шахсиятҳоро қадр намуда, бузургдошти онро тантана менамоянд ва хушҳолиям ин аст, ки иштирок дар ин конфронс дорам.
Дар идома Ҷурабек Мурод ва дигар олимону мутахассисони соҳа суханронӣ намуданд.
Имрӯз, дар доираи баргузории ҳамоиши илмӣ назариявӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон олимони ҷавони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз Осорхонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздид намуданд.
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРИИ ЛОИҲАҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ
Аз 4 ноябр то 15 ноябри соли 2024 ҳисоботи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотии Бахши илмҳои биология ва кишоварзии Шурои ҳамоҳангсозии КИТ тибқи ҷадвали корӣ ба нақша гирифта шудааст.
8 ноябри соли 2024 ҳисоботи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотии Институти боғутокпарварию сабзавоткорӣ, Филиали институти боғутокпарварию сабзавоткорӣ дар в. Суғд (ноҳияи Б.Ғафуров) ва Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон арзёбӣ карда шуданд.
