Skip to main content
Наврӯзро наметавон танҳо ҳамчун ҷашни қадимии тамаддуни эронитабор ва суннати мардумӣ арзёбӣ кард, зеро он пеш аз ҳама маҳсули ҷаҳонбинии нуҷумӣ ва космологии аҳли бостон буда, ташаккул ва пойдории он бар мушоҳидаҳои муназзами ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ, аз ҷумла ҳаракати зоҳирии солонаи Офтоб ва муайянсозии эътидоли баҳорӣ, такя мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, Наврӯзро наметавон танҳо ҳамчун иди тақвимӣ ё анъанаи этнографӣ маънидод намуд, балки он падидаест, ки дар он донишҳои нуҷумӣ, низоми тақсимоти вақт, шинохти табиат ва тарзи зисти ҷомеаи кишоварзӣ ба ҳам омада, дар қолаби як ҷашни умумифарҳангӣ таҷассум ёфтаанд.

Пояи астрономии Наврӯз дар он ифода меёбад, ки оғози он бо мавқеи нисбии Замин ва Офтоб дар фазои кайҳонӣ мувофиқ меояд, ҳолате, ки дар натиҷа шабу рӯз ба ҳолати баробарӣ мерасанд ва даври нави сол оғоз мегардад. Дар тафаккури бостонӣ ин падида ҳамчун гузариш аз фасли сармо ба фасли гармо ва аз ҳолати хазон ба марҳилаи эҳё маънидод мешуд. Ҳаракати солонаи Замин дар мадори худ дар атрофи Офтоб аз нигоҳи физикаи муосир асоси воқеии ин тағйирот мебошад, дар ҳоле ки дар мушоҳидаи бостонӣ ин раванд ба сурати ҳаракати зоҳирии Офтоб дар доираи бурҷҳои осмонӣ дарк мегардид. Маҳз ҳамин ҳамбастагии қонуниятҳои табиӣ ва таҷрибаи мушоҳидавӣ боис шудааст, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бар пояи нуҷум бунёдёфта то имрӯз пойдор бимонад.

Дар ҷаҳонбинии қадим офтоб ҳамчун сарчашмаи асосии нур, гармӣ ва ҳаёт дарк мешуд ва даври солонаи он ҳамчун қонуни умумии табиат, яъне тартиби ҳамешагӣ ва фарогири равандҳои олам, маънидод мегардид. Бар асоси ҳамин қонуни табиӣ низоми зиндагии инсон, фаъолияти кишоварзӣ ва тақсимоти вақт шакл мегирифт ва танзим мешуд. Аз ҳамин сабаб, Наврӯз ҳамчун оғози сол дар муҳитҳои гуногуни фарҳангии эронитабор аз Бохтару Суғд то Хоразму Фарғона, инчунин дар Порс, Марғиёна ва дигар минтақаҳои олами эронӣ на ба хоҳиш, ташаббус ва тасмимҳои инсон, балки ба ҳаракати воқеии ҷирмҳои осмонӣ вобаста карда мешуд.

Ин иртиботи Наврӯз бо ҳаракати офтоб ҳамзамон бо мафҳуми пирӯзии нур бар торикӣ пайванд дошт, зеро маҳз аз ҳамин рӯз дарозии рӯз тадриҷан афзуда, тӯли шаб коҳиш меёбад. Ин тағйироти табиӣ дар ҷаҳонбинии намодӣ ҳамчун ғалабаи нерӯҳои созанда бар нерӯҳои вайронгар маънидод мешуд.

Ҷанбаи нуҷумии Наврӯзро на танҳо дар сарчашмаҳои хаттӣ ва ойиншиносӣ, балки дар мероси моддӣ низ метавон мушоҳида кард, махсусан дар иконографияи давлатӣ ва нумизматӣ. Дар ин замина, истифодаи намодҳои офтоб, моҳ ва ситорагон ба он ишора менамояд, ки ҳокимият худро ҷузъе аз тартиби кайҳонӣ ва идомадиҳандаи низоми табиии олам мешуморид. Бо ин роҳ, қудрати сиёсӣ на ҳамчун падидаи тасодуфӣ ё сирф инсонӣ, балки ҳамчун ҳокимияте муаррифӣ мешуд, ки бо ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ва гардиши мунтазами вақт ҳамоҳанг аст. Аз ҳамин ҷиҳат, ин намодҳо на танҳо унсурҳои ороишӣ, балки василаи ифодаи ҷаҳонбинии космологӣ ва асосноккунии намодии ҳокимият ба шумор мерафтанд.

Ин ҷаҳонбинӣ ба таври возеҳ дар сиккакӯбии Кушониён таҷассум ёфтааст. Дар сиккаҳои тиллоии Канишка ва Ҳувишка тасвири эзади Митро (Хуршед) ҷой дорад, ки таҷассумгари Офтоб, нур ва қувваи ҳаётбахш ба ҳисоб меравад. Илова бар ин дар сиккаҳои Канишка Ҳелиос, яъне эзади юнонии Хуршед ҳам тасвир шудааст, ки ин далели мустанади нумизматикӣ ва синкретизми фарҳангӣ дар доираи як ҷаҳонбинии ягонаи кайҳонӣ мебошад.

Инъикоси Митро дар иконографияи пулӣ нишон медиҳад, ки ҷаҳонбинии офтобӣ на танҳо унсури мазҳабӣ, балки ҷузъи идеологияи ҳокимият низ будааст, зеро шоҳ худро зери ҳимояти нерӯи офтобӣ ва тартиби кайҳонӣ муаррифӣ мекард. Дар баробари ин, дар сиккаҳои дигари кушонӣ тасвири эзади Мао, яъне Моҳ, ҷой мегирад, ки намоди даврияти вақт ва ҳаракати мунтазами шабонарӯзӣ мебошад. Якҷоя истифода шудани намодҳои офтоб ва моҳ (қамар) дар иконографияи кушонӣ нишон медиҳад, ки низоми вақт ҳамчун падидаи кайҳонӣ дарк мешуд ва ҳамин тасаввурот бо ҷашнҳои марбут ба гардиши сол, аз ҷумла Наврӯз иртиботи маънавӣ дошт.

Дар ҳамин замина, истифодаи намоди свастика дар бархе аз намунаҳои сиккаҳои кушонӣ низ қобили таваҷҷуҳ аст, зеро он дар ҷаҳонбинии қадим ҳамчун ишора ба ҳаракат, даврияти вақт ва гардиши пайвастаи нерӯҳои ҳаётбахш маънидод мешуд. Ҳамин маҷмуи намодҳои офтобӣ, моҳӣ ва даврӣ аз идомаи суннати кайҳонии тафаккури ориёӣ дарак медиҳад.

Ба қавли муҳаққиқи ояндадори тоҷик Сафоев Ф.Б. намодҳо ва анъанаҳои ойини меҳрпарастӣ дар миёни қавмҳои гуногуни ориёӣ густариши фарох доштанд, ки нишонаҳои онҳоро дар рӯй ва пушти сиккаҳои давраи Кушониён, Ашкониён ва Сосониён метавон мушоҳида кард. Шоистаи таъкид аст, ки ин муҳит маҳз ҳамон заминаи ҷаҳонбинӣ мебошад, ки дар он Наврӯз ҳамчун ҷашни вобаста ба гардиши кайҳонӣ шакл гирифтааст.

Дар замони Ашкониён намодгузории космологӣ бештар дар нишонаҳои давлатӣ ва аломатҳои ҳокимият зоҳир мегардад. Намоди офтоб дар парчами мансуб ба Ашкониён, ҳарчанд ба таври мустақим бо Наврӯз айният дода намешавад, ба ҳамон маҷмуи тасаввуроти офтобӣ тааллуқ дорад, ки Наврӯз низ ҷузъи он мебошад. Офтоб дар ин замина ҳамчун намоди қонуниятнокии ҳокимият, фарри шоҳӣ ва тартиби кайҳонӣ маънидод мешуд. Аз ҳамин лиҳоз, гарчанде худи Наврӯз дар нишонаҳои ашконӣ ба таври мустақим бозтоб нашудааст, онҳо метавонанд ҳамчун таҷассумгари ҷаҳонбинии митроӣ арзёбӣ шаванд, ки Наврӯз бар пояи он шакл гирифтааст. Дар муҳити сосонӣ намодҳои нуҷумӣ ба таври густурда ва мураттаб дар иконографияи сиккаҳо ворид мегарданд. Таҳқиқи тағйироти сикказании Ардашери I нишон медиҳад, ки таҳкими ҳокимияти шоҳӣ бо истифода аз намодҳои астралӣ иртиботи зич дорад. Дар ибтидои ҳукмронии ӯ ҳилол ҷойгоҳи намоён мегирад, ки намоди такроршавии вақт ва ҳаракати мунтазами Моҳ мебошад. Бо таҳкими мақоми шоҳаншоҳӣ, ба ин намод ситора ё офтоб илова мегардад, ки таҷассумгари болоравии мақоми кайҳонии ҳокимият аст. Ин тағйирот нишон медиҳад, ки намодҳои осмонӣ ҳамчун воситаи тасдиқи қонунӣ будан ва аз тарафи умум эътироф шудани ҳокимият мавридиарзёбӣ қарор гиранд.

Дар муҳити сосонӣ бошад, намодҳои нуҷумӣ ба таври густурда ва мураттаб дар иконографияи сиккаҳо ворид мегарданд. Таҳқиқи тағйироти сикказании Ардашери I нишон медиҳад, ки таҳкими ҳокимияти шоҳӣ бо истифода аз намодҳои астралӣ иртиботи зич дорад. Дар ибтидои ҳукмронии ӯ ҳилол ҷойгоҳи намоён мегирад, ки намоди такроршавии вақт ва ҳаракати мунтазами Моҳ мебошад. Бо таҳкими мақоми шоҳаншоҳӣ, ба ин намод ситора ё офтоб илова мегардад, ки таҷассумгари болоравии мақоми кайҳонии ҳокимият аст. Ин раванд нишон медиҳад, ки намодҳои осмонӣ ҳамчун воситаи асосноккунии маънавӣ ва қонуниятмандии ҳокимият мавриди истифода қарор мегирифтанд.

Дар марҳилаи баъдӣ, ин вазифаи намодӣ танҳо ба сатҳи сикка маҳдуд намонда, ба аломатҳои шоҳии ҳокимият низ интиқол меёбад.Бо қабули тоҷи сосонӣ бо кураи болои тоҷ (коримбос) вазифаи намодии ситора ва ҳилол тадриҷан ба ҳамин унсур интиқол меёбад, зеро коримбос ҳамчун таҷассумгари фарри шоҳӣ ва қувваи илоҳӣ маънидод мешуд. Бо вуҷуди ин, дар баъзе намунаҳо, аз ҷумла дар давраи Шопури III, ҳилол дар пушти тоҷ боз ҳам дида мешавад, ки идомаи анъанаи намодгузории нуҷумиро нишон медиҳад. Тасвири ин унсурҳо дар сиккаҳои сосонӣ шаҳодат медиҳад, ки ҷаҳонбинии космологӣ на танҳо дар ойинҳо, балки дар низоми иқтисодӣ ва сиёсӣ низ ҷойгоҳи устувор доштааст.

Бо густариши ислом намодҳои тасвирӣ тадриҷан ҷойи худро ба матни хаттӣ медиҳанд, аммо анъанаи нуҷумӣ ва намодшиносӣ пурра аз байн намеравад. Дар фазои маҳаллии эронӣ бисёр унсурҳои пешисломӣ дар шакли нав идома меёбанд. Ин раванд махсусан дар давраи Сомониён мушоҳида мешавад, ки дар он эҳёи унсурҳои фарҳанги эронӣ дар доираи идеологияи исломӣ сурат мегирад. Дар сиккаҳои Сомониён гоҳе намоди ситора ба назар мерасад, ки онро метавон ҳамчун идомаи суннати намодгузории осмонӣ арзёбӣ кард. Ин намод, ҳарчанд дигар маънои мустақими мазҳабии пешисломиро надорад, ҳамоно ба мафҳуми тартиби кайҳонӣ, гардиши мунтазами вақт ва қонуниятмандии ҳокимият ишора мекунад.

Ба ин маънӣ, аз муҳити кушонӣ то ашконӣ, аз сосонӣ то давраи аввали ислом ва сомонӣ, метавон як силсилаи муттасили истифодаи намодҳои офтоб, моҳ ва ситорагонро мушоҳида намуд, ки онҳо на танҳо унсурҳои ороишӣ, балки таҷассумгари ҷаҳонбинии нуҷумӣ мебошанд. Наврӯз дар ҳамин низом ҷой гирифта, ҳамчун ҷашни аз гардиши солонаи Замин дар атрофи Офтоб ва лаҳзаи эътидоли баҳорӣ маншаъгирифта, бар пояи ҳамин тасаввуроти кайҳонӣ ташаккул ёфтааст.

Дар маҷмуъ, Наврӯзро метавон ҳамчун падидаи мураккаби илмӣ-фарҳангӣ арзёбӣ намуд, ки дар он донишҳои нуҷумии қадим, ниёзҳои кишоварзӣ, шинохти табиат ва намодгузории сиёсӣ ба ҳам омадаанд. Пайванди он бо баробаршавии шабу рӯз, оғози афзоиши тӯли рӯз ва таҷдиди даври сол нишон медиҳад, ки Наврӯз бар пояи фаҳмиши қонуниятҳои кайҳонӣ ташаккул ёфтааст. Ин пояҳои нуҷумӣ на танҳо дар тақвим ва ойин, балки дар фарҳанги моддӣ, аз ҷумла дар сиккаҳо ва нишонаҳои давлатӣ, таҷассум ёфтаанд. Аз ҳамин лиҳоз, Наврӯзро метавон намунаи барҷастаи пайвастагии илм, табиат ва фарҳанг дар тамаддуни ориёӣ донист, ки дар он нуҷум ҳамчун пояи назариявии ташаккули ойин ва низоми вақт зуҳур мекунад.

Дар замони муосир низ идомаи суннати намодгузории осмонӣ дар нишонаҳои давлатӣ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой доштани ситораҳо ва тоҷ, инчунин инъикоси ситора дар штандарти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун идомаи анъанаи намодшиносии кайҳонӣ арзёбӣ намуд, ки решаҳои он ба тасаввуроти бостонӣ дар бораи низоми осмонӣ, гардиши мунтазами вақт (даври фалакӣ) ва қонуниятмандии ҳокимият мерасад. Ситора дар ин нишонаҳо на танҳо унсури ороишӣ, балки намоди иртиботи давлат бо низоми кайҳонӣ ва таърихи фарҳангии худ мебошад, зеро дар ҷаҳонбинии эронӣ ситора ҳамчун нишонаи тартиб, роҳнамоӣ ва суботи олам маънидод мешуд. Ба ҳамин маънӣ, ворид гардидани ин намодҳо ба нишонаҳои давлатии муосир нишон медиҳад, ки тасаввуроти нуҷумӣ ва космологӣ, ки Наврӯз бар пояи онҳо ташаккул ёфтааст, дар шакли дигар ба давраи нав интиқол ёфтаанд.

Шарифзода Абдувалӣ Қурбоналӣ, мудири шуъбаи таърихи

илм ва техникаи ИТБМ ба номи Аҳмади Дониши АМИТ