Имрӯз, 19 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи ифтитоҳи озмоишгоҳ ҳамзамон аз Боғи ботаникии Помири Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозид намуданд.
Зимни бозид иттилоъ дода шуд, ки Боғи ботаникии Помир дар заминаи Институти биологии Помир буда, соли 1940 таъсис дода шудааст ва асосгузор ва директори дойимии он то соли 1965 доктори илмҳои биологӣ, профессор А.В.Гурский буд, ки имрӯз Боғ номи ӯро дорад.
Бояд гуфт, ки самтҳои асосии таҳқиқот - интродуксия ва акклиматизатсияи растаниҳо, кабудизоргардонии шаҳру деҳаҳо, тайёр кардани маводи шинондании растаниҳои гулдори ороишӣ, муайян кардани соҳа ва захираҳои ашёи хоми растаниҳои табобатӣ мебошад.
Боғи набототи Помир ба сифати лабораторияи табиӣ баҳри омӯзиши фаъолияти ҳаётии растаниҳо дар шароити баландкӯҳ таъсис дода шудааст. Он муассисаи махсусгардонидашудаи илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-маърифатӣ буда, баҳри захира намудани генофонди растаниҳои гуногуни маҳалӣ ва аз ҷойҳои дигар овардашуда, омӯзиши дақиқи хусусиятҳои экологию биологии онҳо, истифодаи пурсамари навъҳои пурқиммати онҳо дар кабудзоркунӣ, хоҷагии кишлоқ, саноати хӯрокворӣ ва тиб хизмат мерасонад.
Боғи наботот ҳамчун музеи зиндаи ба худ хоси табиати Помир буда, дар он намояндагони асосии олами набототи ин кишвари кӯҳсор гирд оварда шуда омӯхта мешаванд.
Гуфта шуд, ки Боғи набототи Помир дар байни боғҳои набототи тамоми дунё мавқеи махсус дорад. Вай ҳамчунин манбаи тухмии набототи баландкӯҳ таваҷҷӯҳи боғҳои мамолики дигарро ба худ ҷалб менамояд. Боғ ҳар сол 200 намунаи тухмӣ аз минтақаҳои гуногуни дунё дастрас менамуд. Мубодилаи тухмӣ бо 25 суроғаи муассисаҳои собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва қариб 40 суроғаи мамлакатҳои хориҷа ба амал бароварда мешавад. Боғи наботот дар ниҳолхонаҳо ва коллексияи наботот зиёда аз 30 ҳазор намуду шакл ва навъи растаниҳоро аз омӯзиш гузаронид.
Таъкид гардид, ки дар ҳудуди Боғи наботот осорхонаи «Табиати Помир» ташкил дода шудааст. Дар он зиёда аз 800 нигора гирд оварда шудаанд, ки шароитҳои табиати Помир, намояндагони асосии олами набототу ҳайвоноти онро шарҳ медиҳанд. Хазинаи растаниҳои Боғ қариб аз 4000 намуду навъҳо иборат аст, ки онҳо дар коллексияҳои наботот ва растаниҳои маҳаллии ҳудуди мамнӯнгоҳ мавҷуданд. Дар коллексияҳо қариб 3000 намуд, шаклу, навъи дарахту буттаҳо ва алафҳо гирд оварда шудаанд.
Нақшаи асосии тармими Боғи ботаникӣ ва сохтмони шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳи обкашӣ тартиб дода шуда, амалӣ гардонида шуд. Дар натиҷа масоҳати боғ то 118 га, масоҳати шӯъбаҳои флоравӣ то 2-4 маротиба зиёд карда шуд. Коллексияи растаниҳои Боғ ар рӯйи принсипи ҷуғрофӣ тартиб дода шудааст. Дар он растаниҳои Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, Ҳимолой ва Ҳиндукуш, Аврупо, Қриму Кавказ ва Амрикои Шимолӣ мавҷуданд.
11 ноябри соли равон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бинои Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки чанд ҳафта қабл бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд, мизи мудаввар бахшида ба 16- ноябр Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст ба кори ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушбахт ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои бузурги дар пешистодаи моҳи ноябр, ки дар ин моҳ чандин ҷашнҳои бузурги давлатӣ Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешаванд таҳният хонд.
Зимни суханронии хеш роҳбарияти академия таъкид дошт, ки дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот дода, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.
Бояд қайд кард, ки давлат пурра фалаҷ гардида буд, ҳатто баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлол ҳукумат артиши худро натавонист ҳифз намояд ва дар ин роҳ масъулин талоше ҳам накарданд. Аз заифии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиши давлатӣ неруҳои сиёсии мухталифи ҳукуматхоҳ истифода намуда, аксар ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Ҳар як гурӯҳи ҳукуматхоҳ худро ҳомии ватану миллат номида, дар зери ин шиор ба зарари ин миллату давлат кор мекард. Дар чунин марҳилаи бениҳоят ҳасос ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик қуввае лозим буд, ки дар фикри истиқлол ва тамомияти арзии ин ватан бошаду хатари мавҷударо дарк намуда, мардумро дар роҳи ваҳдату ягонагӣ ва субот даъват намояд.
Новобаста аз чунин шароити мураккаб шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун нишони баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он муваффақ шуданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад. Дар он вақт Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифт.
Воқеан ҳам бузургии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки дар баробари пешравиҳои дигар соҳаҳо махсусан ба илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таваҷҷуҳи ин марди хирадро ҳар яки мову шумо олимон бараъло мушоҳида менамоем. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ҳар дастуру супорише, ки аз ҷониби ин абармарди сиёсат мешавад, онро сармашқи кори худ намуда, дар пешрафти сиёсати илмии кишвар саҳмгузор бошем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ рафтанд
10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар намуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО РӮНАМОИИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАР ТАРҶУМАИ АРАБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
08 ноябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии китоби "Тоҷикон"- и Бобоҷон Ғаффуров дар тарҷумаи арабӣ баргузор гардид.
Дар сухани ифттитоҳии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намуданд, ки «Китоби Тоҷикон воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар барҳақ китоби рӯимизии ҳар фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст». Воқеан, аз нашри асари фундаменталии илмии «Тоҷикон»-и олими барҷаста академик Бобоҷон Ғафуров зиёда аз ним аср гузашт ва дар ин муддат асари мазкур эътирофи ҷаҳонӣ пайдо карда, сазовори баҳои баланди мутахассисони баландрутба гардид. Китоби «Тоҷикон» на танҳо асари барҷаста, балки як падидаи таърихнигории ҷаҳонӣ буда, аҳамияти он аз доираи илми тоҷикшиносӣ хеле фаротар аст.
Таҳқиқоти Бобоҷон Ғафуров пайдоиш ва таърихи халқи тоҷикро аз замонҳои қадим то ибтидои асри 20 исбот мекунад. Албатта, аз замони нашри «Тоҷикон» то имрўз таърихнигорон дар бораи таърихи тољикон асрањои зиёди бунёдї офариданд. Дар даҳсолаҳои охир чунин асарҳои бунёдӣ ба мисли «Таърихи халқи тоҷик» дар шаш ҷилд, љилди якуми китоби «Этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик» ба табъ расида, айни замон Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи. Аҳмади Дониш таҳия ва нашри китоби 12-ҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик»-ро ба забони тоҷикӣ ба нақша гирифтааст.
Таъкид гардид, ки имрӯз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров яке аз мӯътабартарин сарчашмаҳои соҳаи худ ба ҳисоб меравад. Он барои омӯзандагони таъриху фарҳанги тоҷикон ба сифати китоби рӯимизӣ хизмат карда, дар он ҳама маъхазҳои хаттии то ибтидои солҳои 70-уми садаи 20 пайдошуда ҷалб карда шуда, инчунин маълумоти бостоншиносӣ, забоншиносӣ, антропология, нумизматика ва дигар илмҳо оварда шудаанд. Ҳамин тариқ, Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохиливу хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро истифода кардааст. Ин нахустин асар оид ба таърихи миллати тоҷик мебошад, ки дар асоси консепсияи илми таърихнигорӣ ва риояи даврабандии таърихӣ таҳия шудааст.
Ғояи асосии китоби «Тоҷикон»-ро муттаҳид намудани миллати тоҷик ташкил мекунад, ки он дар тӯли таърих дар асари ҳодисаҳои фоҷиабор аз ҳам ҷудо шуда буд. Ва хидмати аслии Бобоҷон Ғафуров дар назди халқаш дар он аст, ки ӯ бо пажӯҳишҳои худ ба ҷаҳониён мавҷудияти халқи тоҷикро нишон дод, инчунин нишон дод, ки тоҷикон сокинони қадимтарин ва соҳибони ҳақиқии ин минтақа буда, дар раванди пайдоиш, ташаккул ва инкишофи тамаддуни минтақа нақши намоёни таърихӣ бозидаанд.
Дар суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 115-умин солгарди зодрӯзи Бобоҷон Ғафуров, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Ҳадафи мо ҳифз намудани таърихи пуршараф ва мероси пурифтихори илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии халқи тоҷик, то ҳадди имкон ва оқилонатар истифода бурдани ин таърихи пуршараф ва ин мероси гаронбаҳо ба хотири ваҳдату иттиҳод, ифтихори халқамон, ободии Ватани ниёгон ва мустањкам намудани асосњои давлатдории нави миллии мо мебошад».
Албатта, китоби «Тоҷикон»-и академик Б.Ғафуров ба болоравии худшиносии миллии мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшид ва ин раванд дар даврони истиқлолият баҳри пешрафти миллат ва таҳкими давлатдории нави тоҷикон ба самти тозае ворид шуд.
Чорабинии имрӯзаи мо ба муаррифии тарҷумаи арабии китоби "Тоҷикон" бахшида мешавад. Муаллифи тарҷумаи мазкур адиб ва тарҷумони шинохтаи суриягӣ устод доктор Иброҳим Истанбулӣ мебошад. Тарҷумаи мазкур таҳти назорат узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Назруллоҳи Назар ба анҷом расидааст, ки дар ин толор ҳузур доранд.
Чӣ тавре ҳамагон огаҳем, нашри дуюми тарҷумаи китоби "Тоҷикон" ба забони арабӣ 4 ноябри соли 2024 дар Кувайт дар доираи сафари Пешвои миллат ба ин давлат хеле арзанда муаррифӣ карда шуд.
Имрӯз (08.11.2024) бо ташаббуси Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш АМИТ Конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба 120 солагии Ғуломҳайдар Ғуломалиев - ходими намоёни санъати тоҷик режиссиёр, балетмейстер, актёр ва яке аз поягузорони дастаҳои эҷодии санъати мардумию касбӣ, Артисти халқии СССР дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва як қатор олимону академикон, мутахассисони соҳа аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок доштанд: аз ҷумла артисти халқии Тоҷикистон Ҷурабек Муродов, Далер Назаров, Нобовар Чиноров ва намоянда аз Фаронса доктор мусиқишинос Ариана Зевако.
Нахуст ба кори конфронс ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, ҷамъомадагонро аз муҳтавои конфронс шинос намуда, сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт вогузор намуданд.
Сараввал президенти АМИТ иштирокчиёни конфронсро хайрамақдам гуфта, иброз доштанд: Фарҳанги шеър-мусиқии тоҷикон таърихи хеле бостонӣ дошта, ҳамчун арзишҳои эҷодиёти бадеӣ-эстетикии мо ба ҳисоб меравад ва дар масири таърих бо талош ва ҷустуҷӯҳои муттасили эҷодї ва таҳқиқии намояндагони марказҳои фарҳангї то ба имрӯз расидааст. Махсусан, мероси бостонии фарҳанги шеъри мусиқии Бадахшон аз қадимтарин бахшҳои таркибию ҷудонашавандаи мероси фарҳангии тоҷикон буда, дар таърихи тамаддунамон ҷойгоҳи хоса дорад. Фарҳанги шеъру мусиқии тоҷикон хеле таърихи қадима дорад.
Аз ҷумла, ин мероси камназири бадеӣ тавассути ансамбли тарона ва рақс, ки таҳти сарварии донандаи мероси пурғавовати шеърӣ- мусиқӣ, эҷодиёти бадеии тоҷикони Бадахшон, Артисти халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев бо тозакориҳои ҳунарӣ рӯи саҳна омада, дар ҳайати дастаҳои эҷодию иҷроии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекард, дар таърихи фарҳанги асри ХХ-и тоҷик мавқеи басо муҳим дорад.
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистотон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин корномаи ҳунарии санъаткорони Бадахшонро дар таърихи санъат чунин баҳо додаанд: “Мояи ифтихор аст, ки дӯстдорони санъати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарфи назар аз душвориҳои мардуми мо анъанаҳои беҳтарин ва ҳунарҳои халқиро нигоҳ дошта, дар пешрафти маданияти миллӣ саҳми сазовор мегузоранд.” Гуфта бо иқтибос аз суханони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухани хешро ба итмом расонд.
Дар идома намояндаи Фаронса Ариана Зевако бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуда, дарҷ намуд, ки тоҷикон мардуми қадимаи Осиёи Миёна буда, санъати бою ғанӣ доранд, аз ҷумла дар соҳаи суруду мусиқӣ маҳорати беандоза дошта, дӯстдорони санъати хешро на танҳо аз мардуми худ, балки дили хориҷиёнро тасхир кардаанд, Ғуломҳайдар Ғуломалиев аз ҷумлаи ана ҳамин мусиқидонон аст, ки бовар дорам, то абад мухлисону ҳаводорони санъаташ пайравӣ ба сабку услуби он намуда, санъати ӯро давом медиҳанд ва ман хушҳолам, ки роҳбарият ва олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин шахсиятҳоро қадр намуда, бузургдошти онро тантана менамоянд ва хушҳолиям ин аст, ки иштирок дар ин конфронс дорам.
Дар идома Ҷурабек Мурод ва дигар олимону мутахассисони соҳа суханронӣ намуданд.
Имрӯз, дар доираи баргузории ҳамоиши илмӣ назариявӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон олимони ҷавони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз Осорхонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздид намуданд.
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРИИ ЛОИҲАҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ
Аз 4 ноябр то 15 ноябри соли 2024 ҳисоботи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотии Бахши илмҳои биология ва кишоварзии Шурои ҳамоҳангсозии КИТ тибқи ҷадвали корӣ ба нақша гирифта шудааст.
8 ноябри соли 2024 ҳисоботи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотии Институти боғутокпарварию сабзавоткорӣ, Филиали институти боғутокпарварию сабзавоткорӣ дар в. Суғд (ноҳияи Б.Ғафуров) ва Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон арзёбӣ карда шуданд.
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо аъзои 14- уми Кумитаи хоҷагии қишлоқ ва корҳои хоҷагии Кумитаи миллии Ҳизби конмунисти ва котиби Кумитаи ҳизбии Донишгоҳи нақлиёти Сиан Лу Ҷиянҷун мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба самтҳои илмию таҳқиқотӣ, технологияи инноватсионӣ ва ихтирокориву навоварӣ инчунин омода намудани кадрҳои баландихтисос мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ёдовар шуданд, ки солҳои охир ҳамкориҳо дар самти пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ миёни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Чин дар низоми сифатан нав густариш ёфтаанд.
Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки баҳри дар оянда тақвият додани кор дар самти омоданамоии кадрҳои баландихтисос ва табодули таҷриба миёни олимону таҳқиқотчиёни ҳарду кишвар моро зарур аст, ки ҳамкориҳоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем. Инчунин барои магистрантону докторантон шароити хуби таҳсилию иҷрои корҳои илмиро дар ҳарду кишвар омода намуда, баҳри пешрафти кор ва ҷалби ҷавонон ба илмомӯзию таҳқиқотгузаронӣ чораҳои зарурӣ андешем.
Бояд гуфт, ки як самти асосии ҳамкориҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дошишгоҳи нақлиётӣ Сиан ва ширкати масъулияташ маҳдуди Та -Ҷон дар оянда амалисозии “Лоиҳаи табодули кадрҳои баландихтисос” хоҳад буд. Тибқи ин лоиҳа “Маркази байналмилалии интиқоли технологияи Чину Тоҷикистон” Шанду тоҷик таъсис ёфт, ки дар натиҷаи он барои тайёр кардани мутахассисон дар зинаи таҳсилоти магистратура, шакли таҳсили ғоибона бо додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумоти тахассусии намунаи давлатии АМИТ имконият фароҳам оварда мешавад.
Ёдовр шудан ба маврид аст, ки Донишгоҳи мазкур яке аз қадимтарин муассисаҳои таълимии Чин буда, тамаркуз ба илм ва муҳандисӣ мебошад. Донишгоҳ дар сохтори худ 34 мактаб, 9 коллеҷ, 3 беморхона дошта, фаъолияташ тамоми самтҳои илмро дар бар мегирад, ки солҳои 1896 таъсис ёфтааст.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм беҳтар намудани шароити корӣ ва маишии кормандони АМИТ ва инчунин бурдани таҳқиқоти илмӣ миёни олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назар дошта мешавад.
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРИИ ЛОИҲАҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ
Аз 4 ноябр то 15 ноябри соли 2024 ҳисоботи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотии Бахши илмҳои биология ва кишоварзии Шурои ҳамоҳангсозии КИТ тибқи ҷадвали корӣ ба нақша гирифта шудааст.
7 ноябри соли 2024 ҳисоботи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаи муассисҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон шунида шуд. Ҳисоботи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотии Институти зироаткорӣ, Филиали Институти зироаткорӣ дар в.Суғд (ноҳияи Б.Ғафуров), Филиали Институти зироаткорӣ дар в.Хатлон (шаҳри Бохтар) ва Стансияи таҷрибавии Панҷакенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон арзёбӣ карда шуданд.
