Skip to main content

3123123Аҳмади Дониш дар китоби арзишманди худ «Наводир - ул - вақоеъ» андар боби фарҳанги оиладорӣ, бастани никоҳ ва тағйирёбии муносибатҳои оиладорӣ зерфасли алоҳидаеро бахшидааст, ки андешаву тавсияҳои пешниҳоднамудааш имрӯз ҳам арзиши амалии худро гум накарда, балки метавонанд ба сифати як дастурамал низоми манзилдориро дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба танзим дароранд. Пеш аз ҳама маорифпарвари тоҷик оиларо асоси ҷамъият, ҳадаф аз бунёди онро тавлид ва бақои насл, солимии онро шукуфоӣ, дурнамои рушди давлат, таълиму тарбияи дурусти фарзандро бошад, маншаи ташаккули неруи зеҳнию ақлӣ меҳисобад.

Аҳмади Дониш дар боби танзими оила ва муносибатҳои оилавӣ волидайнро ғамхору хайрхоҳи фарзандон тавсиф менамояд. Зеро онҳо пайваста мекушанд, ки фарзандонашон аз давраи туфулият тарбияву таълими дуруст гиранд, касбу ҳунар омӯзанд, то бузург шаванд нисбат ба падару модар эҳтиром гузоранд ва онҳоро озору сарзаниш надиҳанд. Аз рӯйи касби худ фаъолият карда, ҷиҳати таъмини оила ба маводи ниёзи аввал ва қонеъ кардани талабот манбаи даромад пайдо намоянд. Барои рушди ҷомеа, ҳифз ва бақои он ҳамеша неруии ақлию зеҳнии худро сарф намоянд. Баръакси ҳол, агар фарзанд аз хурдсолӣ тарбияи дуруст нагирад, ба суханҳои волидайн гӯш надиҳад, ба таҳсил фаро гирифта нашавад, соҳибкасб нагардад, худсарона ба содир кардани амалҳои зишт, аз қабили дӯздию қиморбозӣ, раққосию шоҳидӣ даст занад, барои хушнудии модар зани солеҳаи худро талоқ диҳад, ба фисқу фасод ва зинову ливотат машғул гардад, ин амалҳо боиси нохушнудӣ ва озори падару модар метавонанд гарданд.

Дар робита бо ин, Аҳмади Дониш ба масъалаи иззату эҳтиром доштани падару модар аз ҷониби фарзанд ва омилҳое, ки боиси озору сарзаниш байни волидайну фарзанд мегарданд, аҳаммияти хосса медиҳад. Бавижа, ҷиҳати амалӣ кардани ин тадбир маорифпаврар падарро уҳдадор меҳисобад, ки талабот ва ниёзҳои иҷтимоии фарзандро саривақт қонеъ гардонад, ба сахтию мумсикӣ роҳ надиҳад. Агар падар эҳтиёҷоти фарзандро таъмин накунад ва таъсиргузор ба содир кардани амалҳои номатлуб аз ҷониби ӯ бошад, пас фарзанд бо роҳи қаллобӣ аз паси пайдо кардани маблағ шуда, ба азхуд кардани касбу пеша гардан намедиҳад, аз таълиму тааллум мегурезад. Аз ин рӯ, падар то таълими касбу ҳунар кардан, соҳибкасбу оиладор шудани фарзанд вазифадор аст, ки ба ӯ мадад расонад ва чун соҳиб манбаи даромад гашт ҷиҳати мустақилона зиндагӣ ихтиёр карданаш мусоидат намояд. Дар баробари падар, ҳамзамон, фарзанд низ бояд муваззаф бошад, ки баъди соҳиби касбу ҳунар гаштан ба падару модар ёрӣ диҳад, то дар пиронсолӣ волидайн хору залил нагарданд ва ранҷу машаққати зиёд накшанад.

Иҷрои ҳаққу ҳуқуқ ва уҳдадориҳои волидайн, тарбия ва таълими дурусти фарзанд, иҷрои вазифаю уҳдадориҳои фарзандро нисбат ба волидайн Аҳмади Дониш омилҳои муҳимми устувории оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ меҳисобад, ки имрӯз низ амалӣ намудани онҳо арзиши худро аз даст надода, аз мубрам будани худ дарак медиҳанд. Барои тасдиқи андеша чанд тавсияҳои ҷолиби маорифпарварро зарур мешуморем:

- волидайн фарзандонро бо тарсу ҳарос, муомилаи дурушт бузург накунанд, зеро фарзандон вақте ки чашм ба ҷаҳон кушоданд ва гӯш ба ҳар савту садо, аввал нағмае, ки ба гӯши эшон расад, садои уқуқу ҳуқуқи падар ва модар бошад… Бо ин усул ба роҳ мондани тарбияи фарзанд ҳам барои ташаккули ҷисмонӣ, фикрӣ ва ҳам қобилияти маънидарккунии ӯ халал эҷод мекунад. Аз ин рӯ, бо меҳру муҳаббат, навозиш, алфози наку бузург кардани фарзанд сабаби усутворӣ, мустааҳкамӣ ва якдигарфаҳмӣ дар байни аъзои оила мегардад;

- волидайн муваззафанд, ки эҳтиёҷоти фарзандро ба ғизо, пӯшока, таҳсил ва ғайра таъмин кунанд ва миннат нанамоянд. Дар сурати иҷро накардани ин вазифаи пурмасъулият фарзандон ҷисман заиф бузург шаванд, ба маризиҳои гуногун бипечанд, ё дар ба дар гашта тамаъҷӯӣ намоянд. Чунки «миннати падар барои нон низ аз ҷаҳолати ӯст, набинад, бисёр тифлон аз бенонии падар ва ноҳифозии модар дар масҷидҳо ва роҳҳо лақит (андохташуда) мешавад, халлоқи ҳаким дигареро ба онҳо меҳрубон мегардонад, ки бармедоранд ва тарбият мекунанд»;

- нисбати падару модар фарзанд хайру эҳсонро дареғ надорад. Агар яке аз волидайн, ё ки ҳарду дар назди фарзанд пир шаванду муҳтоҷи хидмат бошанд, эҳтироми онҳоро дорад, дилтанг нашавад ва аз кӯмаки дар ҳаққашон карда, «уф» нагӯяд. Уф гуфтан маънои малоли хотир шудан, безор гаштани ӯро аз волидайни солхӯрдаю барҷомондааш, ифода мекунад. Барои он ки ин амал рух надиҳад волидайн вазифадор мебошанд, ки аз хурдсолӣ бояд фарзандонро дар доираи ахлоқи накӯ тарбия диҳанд то фарзандон роҳи рост, хайру эҳсонро дар зиндагиашон интихоб кунанд. Шароити таҳсилро барояшон созгор кунанд то вобаста ба шавқу ҳавас соҳиби касбу ҳунар ва пешаи мувофиқ шаванд. На ин ки падару модарон аз ҷиҳати эҳтиёҷ, ё коҳилӣ дар касб ба фарзандон аз сарфи маблағ мумсикию хасисӣ карда, монеъа эҷод намоянд ва ғайра.

Ба андешаи маорифпаврари тоҷик ишқу муҳаббати ҳақиқӣ, ки бо бастани никоҳ ба бунёди оила асос мегузорад, барои устуворӣ ва мустаҳкамии он мусоидат менамояд. Ишқу муҳаббати маҷозӣ дар таъсиси оила заминаи боэътимод надорад. Агар оила тавассути ишқи маҷозӣ бунёд шавад устувории он дер напояд ва ҳамеша дар он хонавода ҷангу низоъ, нофаҳмиҳо пайдо шавад ва ин омил боиси носолимии оила гардад. Зеро, асоси ишқи маҷозиро фисқу фасод ташкил дода, дилҳоро ба ҳам наздик намекунад. Дар ин маврид Аҳмади Дониш назди марди ошиқ дар интихоби зан ва бунёди оила ёздаҳ шартро зарур мешуморад, ки муҳтавояшон ба таври зайл аст:

- соҳиби зару мол ва ҳиммати олӣ бошад, агар маъшуқ зару мол талабад назди ӯ гузорад ва бо ин роҳ тавонад дили ӯро мойили худ кунад;

- донишманд бошад ва аз ҳама илму фан бохабар, хосса илмҳои тағаннӣ, алҳон, қиссасу таворих, мусаввирӣ ва наққошӣ, заргарӣ, хайётӣ ва хаттотӣ. Дар сурате, ки маъшуқ майл ба ҳунар дорад, маъшуқ меомӯзад ва ба хидматаш қиём менамояд ё назди куфтагии дилдор ба базлҳои ширин ва ҳикоятҳои рангин ва нуктаҳои намакин занги малол аз табиати маҳбуб зудуда мекуанд, ё ба тағаннӣ ва алҳон масрур тавонад кард;

- дар байни мардум обрӯ ва эътибори хосса дошта бошад;

- зоҳири сураташ аз уюб мубарро бошад, то табъи маъшуқ аз ӯ танаффур накунад ва халқ ӯро ба сабаби дӯстии ӯ сарзаниш нанамоянд;

- марде асилу наҷиб бувад, то риояти муруввату утувватро ба поён тавонад расонид ва ҳуқуқи дӯстию муҳаббатро муроот тавонад кард;

- марди ошиқ он маъшуқеро интихоб кунад, ки олиҳиммат бувад ва наҷибу асл. Агар лаъимзода ва мумсик бувад ва ба ҳар куҷо рафтуой кунад ба маъшуқ фармонҳои бемавқеъ дода, ба ҳоли ӯ нарасад. Агар олиҳиммат бошад, ба дахлу харҷи ошиқ назар ҳамекунад ва мувофиқи он фармон ҳамедиҳад, то сармояи дахли ӯ ба зиён наравад ва қарздору муҳтоҷ нашавад, ки он сабаби бадномии маъшуқ гардад;

- маҳбуб ба балоғат расида бувад ва тамизи неку бад карда. Пас, агар касе маъшуқи хурдсол дорад, то ҳадди булуғ аз ӯ таваққуъи дӯстӣ накунад ва нуқсону ҷароими ӯро муоф дорад ва насиҳату таълим ҳамедиҳад ва одоб, ки мурооти он ба турф ошиқу маъшуқ лозим аст;

- марди ошиқ чун ба касе майли ишқ кунад, аввало ахлоқи ӯ бисанҷад ва бубинад, ки муҳаббат бо ӯ ба саранҷом мерасад, ё на ва аз уҳдаи кафофу бозхости маъшуқ мебарояд, ё на, пас ба ӯ дилбастагӣ кунад;

- ошиқ баъди интихоби маъшуқ бояд асбоби маошу интиоши ӯро мувофиқи ҳоли ӯ мураттаб дорад ва чашму дасти ӯро аз кисаи ағёр баста дорад ва ба қазои мо-яҳтоҷи ӯ қиём намояд аз маскану ҳавлӣ ва зан ва таҳияи асбоби илмӣ, ки мубошири он барои омӯхтан мешавад;

- марди ошиқ агар эҳтиёҷоти занро таъмин карда натавонад дар зиндагӣ сахтӣ кашад ва дуруштӣ бинад, чӣ синни маъшуқӣ ва дилрабоӣ аввали шубоб аст ва овони таҳсили ақлу камол. Ва дар он вақт ақл дар мизоҷи ҷавонон хому норасида ва ноқис бошад ва ба таҷрибат надида. Лошак чун ба худ истиғно бинад, нафси ӯ туғён кунад ва саркашӣ намояд ва аз ҳоли ошиқ ёд наорад;

- марди ошиқро бояд, ки дар ҳузури маъшуқ ҳусну ҷамоли дигаре аз дилрабоёнро таърифу тавсия нафармояд ва хулқу дилҷӯии эшонро тақрир накунад, илло барои таълим, на он қадар, ки маъшуқро рашк ояд, балки ғарази ӯ он бувад, ки маҳбуб он шеваро бипазирояд, чӣ ҳамчунон ки муҳиббро рашку ғайрат аст, маҳбубро зиёдтар бошад, зероки ниёзу фурӯтанӣ ва хушомаду нармзабонӣ ба ҳама ашхоси инсонӣ мулоими табъ аст.

Аҳмади Дониш хиёнати марду занро ба якдигар асоси пайдоиши низоъу хусумат, ҷангу ҷидол дар оила меҳисобад. Бо тавсияи ӯ хиёнати мардон нисбат ба занон ранҷу кулфат ва ғаму надоматро дар одоби оиладорӣ зиёд мекунад. Аммо ӯ мувофиқат ва мурофақате, ки миёни марду зан пайдо мешаванд на зотӣ, балки оризӣ меҳисобад. Яъне як сухани ноҷои аз ҷониби зан ва ё мард баёншуда метавонад зиндагии онҳоро ноором гардонад ва байнашон нотифоқӣ ба вуҷуд оварад. Дар ин ҳол зан аз мард ҷудоӣ талабад ва мард майли ба манзил овардани зани дигарро кунад ё агар зан бо либосу маскан ва нафақа таъмин нагардад зиндагии мардро тира гардонида, доду фиғони худро аз бому дар берун кашад ва то ба маҳкамаи қозӣ барад. Ин амалҳои занро маорифпарвар аз кутоҳақлӣ, нуқсони дин ва сабур набудани ӯ дар гӯш кардан ва таҳаммул нанамудани сухан мебинад.

Аҳмади Дониш никоҳро иттифоқи тарафайни зану мард мешуморад, ки асоси онро меҳру муҳаббат ташкил медиҳад. Бастани никоҳ ин иҷрои як рукни шариати исломӣ дар мавриди бунёди оила аз ҷониби марду зан мебошад. Бастани никоҳ мардро аз дил бастан ба маъшуқаи дигар, дил аз васваса нигоҳ медорад. Ғараз аз тазаввуҷ таваллуду таносул аст ва бо воситаи никоҳ дуои фарзанд ба ҳосил ояд.

Шартҳое, ки ӯ барои занҳо мегузорад, аз инҳо иборатанд:

1) Зан офарандаи вуҷуди шарифи инсон аст. Имрӯз ин амал вазифаи репродуктивии оиларо дар бозтавлидӣ ва бақои насл ифода мекунад.

2) Зан дар муҳити оила боиффат, бо ақлу диёнат ва поксиришт бошад. Айшу ишрат, хурду хоб ва ҷимоъро асоси оиладорӣ напиндорад. Агар зан бедиёнат ва бадсиришт бошад, фарзандони ӯ беақлу бедиёнат мегарданд. Бинобар ин, зан вазифадор аст, ки одоби манзилдориро риоя намояд. Молу сарвати захиракардаи шавҳарро бомақсад сарф намояд ва ба шавҳар хиёнат накунад.

3) Барои мустааҳкам нигоҳ доштани оила зан бояд боҳаё, босабур, таҳаммулгаро ва дурандеш бошад. Аз барои ҳирси молу чиз мушкилоти оилавии худро ба волидайн, хешу пайвандон ва дӯстон изҳор дошта, нотифоқӣ, кулфату коҳиш ва беназмиро дар раванди муносибатҳои хонаводагӣ ба вуҷуд наорад.

4) Барои зан тавлиди ҳам писар ва ҳам духтар бояд азиз бошад. Аммо занонро дар зиндагии хонаводагӣ ҳангоми таваллуди писар як худкомагию мағрурӣ фаро мегирад ва дар ин маврид ба мард фармони зиёд медиҳанд. Агар духтар таваллуд кунанд, хиҷил шаванд ва фармон кам диҳанд.

5) Зан бояд уммӣ ва бесавод бошад ва таламмузи хату иншо накарда ва китоби «Лайлӣ ва Маҷнун» нахонда.

6) Зоҳиран ва ботинан зебо бошад.

7) Зан бояд бандаи мард бошад, на мард бандаи зан ва ғайра.

Дар баробари ин, маорифпарвар сифат ва вазифаҳои зеринро дар боби оиладорӣ барои мард ҳатмӣ мешуморад:

1) Марди муҷаррад пеш аз бунёди оила бояд соҳиби молу сарват бошад. Агар молу сарват надошта бошад, аз рӯзҳои аввали оиладорӣ азият кашад, ба моли зан такя кунад.

2) Мард пеш аз бунёди оила бояд соҳиби манзил бошад, то дар манзили зан оила бунёд карда, доимо зери ранҷу озор ва забондарозии зан қарор гирад. Инчунин, манзили зан аз модар дур дорад, дар сурате, ки модар дар иёли ӯ бошад, асбоби маош, нафақаи модарро тавонад таъмин созад. Дар сурати онҳоро дар як хона нигоҳ доштан носозгории модар ва зан, ки иллати он нафс аст, ривоҷ гирад ва мард сахтӣ кашад.

3) Марди кадхудо бояд сурат ва сирати зебо дошта бошад. Агар сурати зоҳириаш аз уюб холӣ набувад, зани маъюб талабад. Ё худ агар мард зоҳиран зебо набошад ва зани ҷамила талабад мунтазам боиси таҳқири зан шавад.

4) Зан аз ҷое талабад, ки асли шариф дошта, эҳтироми шавҳарро ба ҷо оварад ва фармонбардораш бошад. Ё худ зан соҳиби мулку асбоб набошад, ранҷкашидаву сахтидида, то ба молу амволи шавҳар қаноат карда, нисбат ба ӯ мушфиқу меҳрубон бошад.

5) Зани хоста бояд ба ҳадди булуғ расида бошад.

6) Тарбияти фарзанд ба уҳдаи мардон аст ва онҳо муваззафанд, ки ӯро дар рӯҳияи худошиносӣ ва худшиносӣ тарбия кунанд. Яъне, мард то ба синни балоғат расидан ва оиладор шудани фарзандон онҳоро таълими дуруст диҳад, соҳиби касбу пеша гардонад ва нафақаашонро ҳамеша таъмин намояд.

7) Мард бояд аъзои оилаи худро бо меҳнати ҳалоли худ бо хурду хӯрок ва дигар ҷиҳози муҳим таъмин кунад. Ба молу сарвати зан тамаъ накунад ва фикри зиндагиашро аз ҳисоби сарвату боигарии зан таъмин намудан, иктифо нанамояд.

😎 Мард масъул аст, ки барои тарбияи фарзандонаш дояи хубе интихоб намояд, то он доя фарзандони солеҳу солимро тарбия кунад.

9) Мард бояд, ки занро дар хона танҳо нагузорад ва яке аз маҳорими худро, ё маҳорими занро дидбон дорад, ки зан аз ӯ ҳазар кунад.

10) Он чӣ нафақа мекунад аз ҳалол ба даст оварад, ки ҳеҷ хиёнату ҷафо аз он беш набувад, ки эшонро ҳаром бипарварад.

11) Мард бояд, ки ҳеҷ таоми хуш танҳо нахӯрад ва агар хӯрад, пинҳон дорад ва назди аҳли хонавода тавсиф нанамояд.

12) Мард то тавонад талоқ накунад, ки худованди иззу-исма аз ҷумлаи мубоҳот талоқро душман дорад. Агар ҳоҷат афтод, ки талоқ диҳад, бояд, ки аз яке беш надиҳад ва се талоқ ба якбора макрӯҳ аст.

Воқеан, бештари тавсияву пешниҳодҳо ва шартҳое, ки Аҳмади Дониш дар мавриди бунёди оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ гузоштааст, воқеан арзиши назариявӣ ва амалии худро доранд. Онҳо имрӯз ҳам бо вуҷуди ҷаҳонишваии арзишҳо, ки бар асари онҳо оила дар кишварҳои аврупоӣ вазифаҳои иҷтимоии худро аз даст додааст, истифода ва татбиқашон барои ҷомеаи Тоҷикистон аз аҳаммият холӣ намебошанд. Андар боби бунёди оилаи солим, риояи рукнҳои одоби никоҳ, барасмиятдарории давлатии оила, кам гаштани ҷудошавии оилаҳо, таваллуди фарзанди солим, таълиму тарбияи дурусти ӯ ва ғайра аз рӯзмаррагии худ гувоҳӣ медиҳанд.

Самиев Б.Ҷ. - д.и.ф., профессор, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ