Skip to main content

Имрӯз, 14 апрел дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи таҳқиқоти трансформатсияи техногении муҳити геологӣ, назорати радиатсионӣ ва амнияти ядроӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ректори Донишгоҳи миллии техникии Беларус Харитончик Сергей Василевич ва дигар кормандон иштирок намуданд. Зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки таъсиси озмоишгоҳи мазкур дар доираи созишнома миёни Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳандози гардидааст.

Гуфта шуд, ки фаъолияти он ба анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ равона гардида, аз ҷумла таҳияи технологияҳои истихроҷи пайвастагиҳои унсурҳои нодирзаминӣ аз партовҳои саноатии фосфогипс ва партовҳои истеҳсолоти уран, арзёбии хавфҳои садамаҳои техногенӣ дар тӯдаҳои партов ва анборҳои нигоҳдории пасмондаҳо, таҳияи моделҳои геологӣ-иттилоотии ҳудудҳои аз ҷиҳати техногенӣ зери сарборӣ қарордошта, гузаронидани таҳқиқоти ҳисоббарорӣ ва таҷрибавӣ дар соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, инчунин таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии техникӣ дар самти мазкурро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки озмоишгоҳи нав дар ду пойгоҳи илмӣ-таълимӣ дар заминаи Маркази минтақавии бехатари, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар назди Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва дар факултети корҳои кӯҳӣ ва экологияи муҳандисии Донишгоҳи миллии техникии Беларус дар шаҳри Минск фаъолият хоҳад кард.

Дар идома Созишнома оид ба таъсис ва фаъолияти озмоишгоҳи муштараки илмӣ байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус ба имзо расонида шуд.