Skip to main content

Имрӯз, 13 апрел бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону кормандон, Ганҷинаи фолклори Институт, пас аз солҳои тулонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Зимни ифтитоҳ иттиллоъ дода шуд, ки ганҷинаи мазкур дорои маводи нодири фолклорӣ, аз ҷумла дастхатҳо, сабтҳои овозӣ, матнҳои шифоҳии мардумӣ, намунаҳои эҷодиёти даҳонӣ ва дигар осори арзишманди фарҳангии миллати тоҷик мебошад. Таъмири асосии он бо мақсади ҳифз, нигоҳдорӣ ва муаррифии беҳтари мероси ғайримоддии миллӣ анҷом дода шуда, барои муҳаққиқон ва олимон шароити мусоиди илмӣ фароҳам овард.

Таъкид шуд, ки эҳё ва ба истифода додани чунин ганҷинаҳо дар самти омӯзиш, гирдоварӣ ва таҳқиқи фолклори тоҷик аҳаммияти хос дошта, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ нақши муҳим мегузорад.

Зикр гардид, ки дар доираи корҳои таъмири асосӣ шароити нигоҳдории мавод ба талаботи муосир мутобиқ гардонида шуда, утоқҳои махсус бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла низоми танзими ҳарорат ва намнокӣ, рафҳои махсус барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, инчунин шароити мусоид барои рақамисозӣ ва коркарди илмии мавод фароҳам оварда шудааст. Ин иқдом имкон медиҳад, ки осори нодири фолклорӣ на танҳо ҳифз карда шаванд, балки ба таври васеъ мавриди омӯзиш ва истифодаи муҳаққиқон қарор гиранд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки бо ба истифода додани ганҷинаи таҷдидшуда имкониятҳои нави таҳқиқотӣ барои олимон, магистрантон ва докторантон фароҳам омада, заминаи мусоид барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳияи рисолаҳо ва нашри осори илмӣ муҳайё мегардад.