Артиши миллӣ яке аз рукнҳои бунёдӣ ва ҷудонопазири давлатдории ҳар як кишвари соҳибистиқлол ба шумор меравад. Маҳз тавассути неруҳои мусаллаҳ давлат метавонад истиқлолият, тамомияти арзӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллии худро ҳифз намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Дар ин марҳила масъалаи таъсис ва таҳкими Артиши миллӣ ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа табдил ёфтааст.
Бояд гуфт, ки ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бисёр мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ сурат гирифт. Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ, нооромии дохилӣ ва норасоии кадрҳои касбӣ, давлат тавонист пояҳои устувори Артиши миллиро гузорад. Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ кафили сулҳу субот ва амнияти кишвар мебошад.
Аз тарафи дигар пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон мисли дигар ҷумҳуриҳои собиқ ба зарурати таъсиси сохторҳои мустақили давлатӣ рӯ ба рӯ шуд. Яке аз чунин сохторҳои муҳим неруҳои мусаллаҳ буданд. То он замон қисмҳои ҳарбӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ тобеи маркази иттиҳодӣ буданд ва ба манфиатҳои давлати мустақил мутобиқ карда нашуда буданд. Солҳои 1992-1997 барои Тоҷикистон давраи озмоиши ҷиддӣ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфӣ расонд. Дар чунин шароит зарурати ташкили Артиши миллӣ, ки тавонад амнияти давлат ва тартиботи конститутсиониро таъмин намояд, бештар эҳсос мешуд.
Рузи 23 феврали соли 1993 ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърих сабт гардид. Аз ҳамон рӯз инҷониб ҳар сол ин сана бо ифтихор таҷлил карда мешавад. Марҳила ба марҳила қисмҳои ҳарбӣ таъсис ёфта, сохтори мудофиавии давлат шакл гирифт. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 шароити мусоид барои ислоҳоти ҳамаҷониба фароҳам омад. Дар соҳаи мудофиа низ барномаҳои ислоҳотӣ амалӣ гардиданд. Қонунгузории миллӣ дар бораи мудофиа ва хизмати ҳарбӣ такмил дода шуд, сохторҳои фармондеҳӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир ташкил гардиданд. Дар солҳои минбаъда ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ, таъмини иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва навсозии инфрасохтор диққати махсус дода шуд. Бунёди шаҳракҳои ҳарбӣ, таъмири казармаҳо ва фароҳам овардани шароити беҳтари хизмат аз ҷумлаи дастовардҳои ин давра ба ҳисоб мераванд.
Тоҷикистон дар минтақае ҷойгир аст, ки бо таҳдидҳои гуногуни амниятӣ рӯ ба рӯ мебошад. Хавфи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз ҷумлаи чунин таҳдидҳоянд. Дар ин замина Артиши миллӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ барои пешгирӣ ва бартарафсозии чунин хатарҳо фаъолият мекунад. Ҳифзи сарҳадҳои давлатӣ низ яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи мудофиа мебошад. Гарчанде ки қӯшунҳои сарҳадӣ сохтори алоҳида доранд, ҳамоҳангии онҳо бо Қувваҳои Мусаллаҳ дар таъмини амнияти марзҳо нақши муҳим мебозад.
Бояд гуфт, ки ғайр аз вазифаҳои низомӣ, Артиши миллӣ дар ҳолатҳои фавқулода низ ба аҳолӣ ёрӣ мерасонад. Ҳангоми офатҳои табиӣ - заминларза, сел, обхезӣ, тармафароӣ - хизматчиёни ҳарбӣ дар корҳои наҷотдиҳӣ ва барқарорсозӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки ояндаи ҳар як давлат аз насли ҷавон вобаста аст. Аз ин рӯ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, омодагӣ ба ҳифзи истиқлолият бояд дар қалби ҳар ҷавон ҷой дошта бошад. Илова бар ин дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ омӯзонида мешавад. Инчунин, баргузор намудани вохӯриҳо бо хизматчиёни ҳарбӣ, баргузории машқҳои саҳроӣ ва чорабиниҳои ватандӯстона ба баланд гардидани сатҳи худшиносии миллӣ мусоидат мекунад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҷиддии ҳаётӣ мебошад. Дар ин ҷо онҳо интизом, масъулият, эҳтиром ба калонсолон ва ҳисси ҳамдигарфаҳмиро меомӯзанд.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки технология босуръат рушд мекунад, соҳаи мудофиа низ бояд пайваста такмил ёбад. Навсозии техника ва таҷҳизоти ҳарбӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи касбии кадрҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошанд. Баланд бардоштани сатҳи тахассуси афсарон ва сарбозон тавассути курсҳои омӯзишӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар мусоидат мекунад. Иштирок дар машқҳои муштарак ва мубодилаи таҷриба бо кишварҳои дӯст низ аҳамияти калон дорад.
Яке аз омилҳои муҳими рушди неруҳои мусаллаҳ ғамхорӣ нисбати хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Давлат барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии афсарон ва сарбозон тадбирҳои мушаххас меандешад. Таъмини манзил, хизматрасонии тиббӣ, дастгирии иҷтимоии оилаҳои ҳарбиён аз ҷумлаи чунин тадбирҳоянд. Баланд бардоштани нуфузи касби ҳарбӣ дар ҷомеа низ муҳим аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ бояд ҳамчун вазифаи пуршараф ва масъулиятнок арзёбӣ гардад.
Артиши миллӣ сохтори умумимиллӣ буда, намояндагони тамоми минтақаҳо ва миллатҳои сокини кишварро муттаҳид месозад. Ин омил ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва дӯстии байни шаҳрвандон мусоидат менамояд. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонон аз гӯшаву канори гуногуни Тоҷикистон хизмат мекунанд. Онҳо дар як муҳит зиндагӣ намуда, рӯҳияи бародарӣ ва эҳтироми мутақобиларо меомӯзанд. Ин таҷриба барои таҳкими ягонагии миллӣ аҳамияти калон дорад.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолият роҳи рушду такомулро тай намуд. Аз марҳилаи ташаккули ибтидоӣ дар шароити душвор то ба як ниҳоди муназзам ва қобили иҷрои вазифаҳои муҳими давлатӣ табдил ёфтан дастоварди назаррас мебошад. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амният, сулҳу субот ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошанд. Тақвияти иқтидори мудофиавӣ, навсозии доимӣ, тарбияи насли ватандӯст ва таҳкими ваҳдати миллӣ самтҳои асосии фаъолияти Артиши миллӣ ба шумор мераванд.
Хулоса бояд гуфт, ки ҳифзи Ватан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Бо такя ба сулҳ, ваҳдат ва худшиносии миллӣ Артиши миллии Тоҷикистон минбаъд низ посдори амният ва истиқлолияти давлатӣ боқӣ хоҳад монд.
Беков Дидавар-корманди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ
