11 феврали соли равон дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ таҳти унвони «Аҳамияти синошиносӣ ва муаррифии «Осор»- Ибни Сино» мизи муддавар баргузор гардид.
Мизи мудавваро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд оғоз бахшид. Таъкид гардид, ки Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино аз мутафаккирони барҷастаи тоҷик аст, ки бо донишу ҷаҳонбинии фарогираш дар олами тибби ҷаҳон саҳми арзишмандро касб карддаст. Абӯалӣ ибни Сино дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст.
Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва хам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд.
Дар идома директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Маҳмадизода Нозим дар суханронии хеш иброз дошт, ки Абӯалӣ ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри вай пас аз фурӯпошии давлати мутамаркази Сомониён, дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндонӣ умр ба сар бурда, гоҳе чун надими хосси подшоҳону маликон низ рӯзгор паси сар кардааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набудааст.
Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо маълумоти аниқе дастрас нест, санаҳои зиёде аз рӯзгори Абӯалӣ ибни Сино маълум аст. Рӯзгор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Абӯубайд Фақеҳии Ҷузҷонӣ имло шудааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Синоро Абӯубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди рухдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли арабӣ ва тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Падари Абӯалӣ — Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт ва аслан аз аҳли Балх буд. Вай дар замони Нӯҳ ибни Мансур ба Бухоро омада, дар деҳаи Афшона (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл варзид. Вай дар деҳаи Афшона бо Ситорабону ном деҳқондухтар хонадор шуд. 18-августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд.
Соли 985 оилаи Ибни Сино, вақте ки ӯ ба синни панҷсолагӣ мерасад, аз Афшона ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз шахсони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз панҷолагӣ то даҳсолагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро аз худ кард.
Сипас, олимони Маркази синошиносӣ доир ба осори гаронарзиши ин чеҳраи тобноки олими тибби ҷаҳон Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино маъруза намуда, фаъолияти гуногунҷабҳаи ин мутафаккири абадзиндаи форсу тоҷикиро ҷовидона хонданд.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25.11.2024, √770 озмуни "Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат" баргузор гардид, ки дар он ҳудуди беш 560 нафар иштирок намуд.
Дар озмуни мазкур, ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ, номзади илмҳои сиёсӣ Саидова Фазилатмо Сайдамировна сазовори ҷойи аввал дар даври ноҳиявӣ ва дар даври умумишаҳрӣ бошад ҷойи дуюмро ишғол намуд.
Докторант Phd - и Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш Ҳангома Нуруллозода, ки дар озмуни ноҳиявӣ ҷойи сеюмро ишғол намуда буд, дар даври ниҳоӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Бо дастгирии бевосита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Академияи илмҳо ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табдил дода шуд. Ба вазъияти иқтисоди ҷумҳурӣ нигоҳ накарда Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои муаззами миллат сохтори худро пурра нигоҳ дошт.
Илм ва маърифат бузургтарин ва арзандатарин арзиши миллии миллати тамаддунофари тоҷик буда, саҳми фарзандони илмофари тоҷик дар таърих ва тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми баланд дорад. Даврони истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон саҳифаи навтарини таърихи миллат буда, таҳти сарварии Ҷаноби олӣ, Пешвои Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати соҳибистиқлоли мо ба дастовардҳои беназири илмӣ ноил гардида истодааст.
Имрӯз (09.01.2025) дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону муҳақиқони самти биология ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Бар кори ҳамоиш ноиби президенти АМИТ Мирзораҳимзода Акобир ҳусни оғоз бахшида таъкид дошт, ки дар давраи соҳибистиқлолии давлати азизамон дар тамоми самтҳои илмҳои биологӣ пешравиҳо, беҳбудиҳо ба вуқӯъ пайвастанд.
Инчунин, дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии озмоишгоҳҳои Институти оид ба самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмӣ натиҷаҳои муҳимми назариявӣ ва амалӣ ба даст оварда шуданд.
Дар маҷмуъ аз ҷониби кормандони институтҳои ботаника ҷилди якуми китоби «Атласи растаниҳои шифобахши Тоҷикистон» ба нашр расидааст, ки дар он, оид ба хусусиятҳои морфобиологӣ, муҳити рушд, паҳншавӣ, ҳолат, таркиби химиявӣ, усули ҷамъоварӣ, шакли дору ва хусусиятҳои фармакологии 100 намуди растаниҳои шифобахши Тоҷикистон маълумот гирд оварда шудааст.
Имрӯз (09.01.2025) дар толори маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби маҳфили илмии “Хирад”-и Раёсати АМИТ бо ҳузури доираҳои илмию академӣ ва адабию маданӣ нишасти вежаи илмӣ-фалсафӣ таҳти унвони “Файласуфи миллӣ ва мактаби фалсафӣ”, ки ба ифтихори 57-солагии фаъолияти илмию эҷодии файласуфи матраҳи миллӣ устод Комил Бекзода ихтисос дода шуд, баргузор гардид.
Дар маҳфил ба истиснои сухани ифтитоҳию ихтитомии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён, 4 суханронии илмӣ- ихтисосӣ (суханронии директори Маркази антропологияи назди Раёсати АМИТ, доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Маҳмадалӣ Музаффарӣ дар мавзуи “Ҷовидонагӣ ва диди фалсафӣ”, гузориши устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктор (Phd) Нуриддин Шаҳобиддин таҳти унвони “Файласуфи миллӣ ва мактаби фалсафӣ”, гузориши доктори илми фалсафа, мудири кафедраи фалсафаи назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуғаффор Мирзоев бо номи “Бекзода ва масъалаи худшиносии миллӣ”, суханронии ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Ҷамолиддин Саидзода сари мавзуи “Комил Бекзода дар мақоми озодандеш ва файласуфи миллӣ”), мулоҳизоту музокироти ширкаткунандагон, сипосномаи Комил Бекзода дар назар гирифта шуда буд.
Нишасти илмиро ноиби президенти Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён ифтитоҳ карда, роҷеъ ба шахсияти илмӣ-фалсафии Комил Бекзода гузориши илмии ҷолибе ироа намуд. Мавсуф зимни гузориш бар он ишора фармуд, ки устод Бекзода аз соли 1967 интараф дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дақиқан 57 соли ҳаёташро дар муҳити академии ҷумҳурӣ сарфи таҳқиқу пажуҳиш намудааст. Дар ин муддатзамони тулонӣ устод пайи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи миллӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, равоншиносӣ ва маданӣ шуда, то имрӯз дар масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Ҳамчунин Раиси Фарҳангистони миллӣ афзуд, ки аз солҳои донишҷӯйӣ шуруъ намуда, устод Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносии миллиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни вақфаю фосила идома медиҳад. Устод дар асоси манобеъ ва мадорики мавҷуда – бовару асотири бостонӣ, осори мактуби юнонию паҳлавӣ, маохизи асримиёнагӣ ва муосири форсию арабӣ, маводи илмӣ таҳқиқии муосири ба забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, франсавӣ) интишорёфта ба ин натиҷа расидааст, ки Фарҳанги Ҷамшедӣ ба сифати сарандешаи миллӣ тамоми паҳлуҳои зиндагии дунявии қавмию миллиро дар маҳдудаи асотир ва боварҳои бостонӣ таҷассум намудааст, ки метавон аз он фарҳанги решадори миллӣ дар низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмуъ, моддию маънавӣ васеъ истифода кард. Ин нуктаи фалсафиро устод дар тамоми навиштору гуфтораш возеҳу равшан баён доштааст.
Баъдан, бо такя ба барномаи маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён суханро ба гузоришгарони асосӣвогузошт. Ба ин тартиб, директори Маркази антропологияи назди Раёсати АМИТ, доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Маҳмадалӣ Музаффарӣ дар мавзуи “Ҷовидонагӣ ва диди фалсафӣ”, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктор (Phd) Нуриддин Шаҳобиддин сари масъалаи “Файласуфи миллӣ ва мактаби фалсафӣ”, доктори илми фалсафа, мудири кафедраи фалсафаи назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуғаффор Мирзоев дар мавзуи “Бекзода ва масъалаи худшиносии миллӣ”, ва ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Ҷамолиддин Саидзода сари мавзуи “Комил Бекзода дар мақоми озодандеш ва файласуфи миллӣ” гузоришҳои хуби илмӣ ироа карданд. Гузоришгарон, минҷумла бар он таъкид карданд, ки файласуфи миллӣ Комил Бекзода бо равиши махсуси таҳқиқӣ, сабки зебои гуфторӣ ва дидгоҳи вежаи фалсафӣ миёни доираҳои илмию академӣ ва ҷомеаи мадании ҷумҳурӣ ҳанӯз аз замони шуравӣ маълуму машҳур буда, аз тариқи ташаббусоту ибтикороти фардии илмию эҷодӣ дар болоравии сатҳи огоҳии ҷомеа саҳми сазовор гузоштааст. Инчунин, илова гардид, ки устод Бекзода ба сифати як файласуфу рӯшангари миллӣ ва файласуфи соҳибмактаби ватанӣ рисолати илмӣ, иҷтимоӣ ва инсонии худро ба таври бояду шояд анҷом дода, дар шаклгирии ҷаҳонбинии илмӣ, болоравии сатҳи тафаккури фалсафӣ ва биниши миллӣ саҳми шоиста гузоштааст.
Пасон, донишмандону муҳаққиқони маъруф, аз ҷумла муаррихи маъруф, доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи АМИТ Ҳайдаршоҳ Пирумшоҳ, матншинос ва шоири муосири тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, узви вобастаи АМИТ Абдураҳмон Маҳмад, омӯзгори варзидаи ноҳияи Панҷ Мирзодавлат Нидозода ва дигарон перомуни масъалаҳои фалсафӣ ва шахсияти илмию эҷодии устод Комил Бекзода изҳори назар карданд.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён маҳфилро ҷамъбаст намуда, барои ироаи матлаби хулосавӣ суханро ба устод Комил Бекзода вогузор кард. Устод Бекзода барои ироаи гузоришҳои ҷолиби илмӣ ба гузоришгарони асосӣ ва ҳозирони маҳфил изҳори сипос намуда, дар доираи мавзуи “Буҳрони фикрӣ ва зарурати биниши фалсафӣ” иҷмолан тазаккур дод, ки муваззафем, дар шароити бархурдҳои сиёсию мафкуравию тамаддунӣ ва ташаннуҷи буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ аз фарҳангу фалсафи миллӣ дифоъ кунем ва роҳробарои рушди ҷаҳоншиносии илмӣ-фалсафӣ ва тафаккури миллӣ ҳамвор созем. Устод, ҳамчунин афзуд, ки ҷомеа имрӯз ба дониш, фалсафа ва шеъре ниёз дорад, ки руҳияи миллии мардумро боло бубарад ва инсонҳоро ба такопуву ҷустуҷӯву ковишҳо раҳнамун созад.
Пешбаранда ва муаррифкунандаи илм дар дохил ва сатҳи байналмилалӣ ин Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ва аз рӯзҳои нахустини сари ҳокимият омаданашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ниҳоди пешбаранда ва муаррифкунанадаи илм таваҷҷуҳи хоса доранд.
Дар тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ин қишри пешбарандаи илм мароқ зоҳир намуда, сол то сол сатҳи иқтисодиёту иҷтимоиёти ин табақаро беҳ намуда, барои дар амал татбиқ намудани илм, яъне пайвастани илм бо истеҳсолотро мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи хеш қарор дода, иқдомҳои нав ба навро барои пешрафт ва боло бардоштани илми тоҷик ва ояндаи дурахшони ҷавонону наврасон роҳандозӣ намудааст.
Имрӯз (08.01.2025) дар асоси дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби олимону кормандони самти илмҳои дақиқ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ноиби президенти АМИТ сарпарасти Шуъбаи илмҳои дақиқ Амонзода Илҳоим Темур суханронӣ намуда, баҳри пешбурд ва рушди илмҳои дақиқ аз ҷумла оид ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар соҳаи илму маориф ва иқдоми нави Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ибрози андеша намуда, аз олимону кормандони соҳа даъват ба амал овард, ки барои дар амал татбиқ намуданд дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат кушиш ба харҷ дода, дар пешрафти давлату ҷамъият саҳмгузор бошанд.
Имрӯз (08.01.2025) бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҷалби олимону кормандони самти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки дар ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимони самти илмҳои ҷамъиятшиносӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст ба кори ҳамоиш ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшида иброз намуд, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлилу баррасӣ гардида, ҳамзамон барои пешрафти ҳамаи соҳаҳо вазифагузориҳо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон барои рушди ояндаи мамлакат вазифагузориҳо дар самти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва барои рушди самти иқтисодиёти мамлакат, ки асоси зиндагии мардум ба он вобастагӣ дорад, ибрози андеша намуда, солҳои 2025 – 2030 – ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон доштанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки бо гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия давлат рушд намуда, чандин фоидаҳои дигар ба даст меояд, чун ҳамаи мо медонем, ки давлате, ки ба пуррагӣ ба низоми иқтисоди рақамӣ гузарад, коррупсия ба пуррагӣ аз байн меравад, буҷаи давлат бой мегардад, андозҳо ба пуррагӣ муайян мешаванд, буҷаи давлат, ки бой шуд сатҳи зиндагии мардум беҳ мегардад, чун болоравии музди маош, нафақа, стипендия ва дигар намуди иловапулиҳо аз болоравии буҷаи давлат вобастагии амиқ дорад ва ҳамагон медонем, ки гузаштан ба иқтисоди рақамӣ бидуни инноватсия ғайриимкон аст, аз ин лиҳоз барои дар амал татбиқ шудани гузаштан ба иқтисоди рақамӣ тамоми ҷомеаро мебояд инноватсияро бояд рушд диҳанд.
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ
ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
8 январи соли 2025
№911
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
07 январи соли равон бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020 -2040 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳо баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки рушди илм, махсусан илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар замони муосир бо суръати бениҳоят зиёд рӯ ба тарақист. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ба омӯзиш фаро гирифтани наврасону ҷавонон имкониятҳои мавҷударо фароҳам оварданд.
Ҳаминаст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиши ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудааст. Ба ин мақсад дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тадбирҳои муҳим дар ин самт андешида мешаванд.
Дар идома аъзоёни Академияи илмҳои хурд аз ҳисоби мактаббачагон бо маърузаҳои хеш доир ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ суханронӣ намуданд. Инчунин, дар хотима иштирокчиёни фаъоли Академияи илмҳои хурд бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
