Skip to main content

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (980–1037), ки дар Ғарб бо номи Авитсенна маъруф аст, яке аз бузургтарин донишмандони асрҳои миёнаи Шарқ ва ҷаҳон мебошад. Вай дар соҳаҳои мухталифи илм, аз қабили тиб, фалсафа, мантиқ, риёзиёт, физика, астрономия ва адабиёт саҳми беназир гузоштааст. Гарчанде ки Абӯалӣ ибни Сино бештар ҳамчун табиб ва файласуф машҳур аст, фаъолияти ӯ ҳамчун фақеҳ (ҳуқуқшинос) ва асосгузори меъёрҳои ҳуқуқи тиббӣ низ дар таърих сабт шудааст.

Абӯалӣ ибни Сино дар давраи Сомониён (асри X–XI) дар шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷик таваллуд шудааст. Падараш Абдуллоҳ, олими исмоилӣ ва мансабдори дарбори Сомониён, барои таълиму тарбияи фарзандаш шароити мусоид фароҳам оварда буд. Абӯалӣ ибни Сино дар синни ҷавонӣ аз устодони барҷастаи замон, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Нотилӣ ва Исмоили Зоҳид, илмҳои мантиқ, фалсафа ва фиқҳро омӯхт. Дар синни 14-солагӣ ӯ аз муаллимони худ пеш гузашт ва дар 17-солагӣ чун олими баркамол шуҳрат ёфт.

Давраи зиндагии Абӯалӣ ибни Сино бо нооромиҳои сиёсӣ ва фурӯпошии давлати Сомониён ҳамроҳ буд. Вай дар дарборҳои гуногуни ҳокимони Хуросон, Хоразм ва Эрон ба ҳайси табиб, вазир ва мушовир хизмат кардааст. Ин фаъолиятҳо ба ӯ имкон доданд, ки бо низоми ҳуқуқӣ, идоракунии давлатӣ ва масъалаҳои ахлоқи касбӣ, аз ҷумла дар соҳаи тиб, аз наздик ошно шавад.

Гарчанде Абӯалӣ ибни Сино бештар бо асарҳои тиббӣ ва фалсафии худ, ба монанди «Китобу-ш-Шифо» ва «Ал-Қонун фи-т-тиб» маъруф аст, вай дар соҳаи ҳуқуқ низ фаъолият доштааст. Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр шудааст, ки ӯ гоҳе ба сифати фақеҳ (ҳуқуқшиноси исломӣ) дар дарборҳои ҳокимон кор мекард. Нақши фақеҳ дар он замон аз донистани қонунҳои шариат, мантиқ ва ахлоқ вобаста буд, ки Абӯалӣ ибни Сино дар ҳамаи ин соҳаҳо маҳорати баланд дошт.

Абӯалӣ ибни Сино дар синни ҷавонӣ аз устодони худ асосҳои фиқҳро омӯхта, дар баҳсҳои ҳуқуқии дарбор ширкат меварзид. Фиқҳ дар он давра на танҳо ба масъалаҳои динӣ, балки ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ низ дахл дошт. Дар асарҳояш, аз ҷумла «Донишнома» ва «Китобу-ш-Шифо», ӯ ба масъалаҳои мантиқ ва ахлоқ, ки асоси ҳуқуқи исломиро ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст. Охирин баёнгари он аст, ки Абӯалӣ ибни Сино ба масъалаҳои адолат, ахлоқи ҳуқуқӣ ва низоми иҷтимоӣ диққати ҷиддӣ додааст.

Абӯалӣ ибни Сино дар чандин дарбор, аз ҷумла дарбори Оли Кокӯя дар Ҳамадон, ба ҳайси вазир кор кардааст. Вазифаи вазир дар он замон на танҳо идоракунии корҳои маъмурӣ, балки таҳияи сиёсатҳои ҳуқуқӣ ва қабули қарорҳои муҳимро низ дар бар мегирифт. Фаъолияти ӯ дар ин мақом нишон медиҳад, ки вай дар масъалаҳои идораи давлатӣ ва танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ таҷрибаи амалӣ доштааст.

Яке аз саҳмҳои муҳими Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи мантиқ аст, ки бевосита ба илми ҳуқуқ таъсир расонидааст. Вай асосгузори мантиқи синоӣ буда, дар асарҳояш ба таҳлили масъалаҳои мантиқии марбут ба далел ва исбот диққат додааст. Ин усулҳо дар фиқҳ барои тафсири қонунҳои шариат ва қабули қарорҳои ҳуқуқӣ истифода мешуданд. Масалан, дар «Китобу-ш-Шифо» ӯ ба таври муфассал ба масъалаҳои мантиқ ва далелҳои ҳуқуқӣ пардохтааст, ки барои фақеҳони замон аҳамияти калон дошт.

Яке аз саҳмҳои барҷастаи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи ҳуқуқ ин таҳияи меъёрҳои ахлоқии касби табибон дар асараш «Китобу-л-Қонун фи-т-тиб» (Қонуни тиб) мебошад. Ин китоб на танҳо як манбаи мукаммали тиббӣ, балки асоси ташаккули ҳуқуқи тиббии ҷаҳонӣ низ ба ҳисоб меравад. Дар ин асар Абӯалӣ ибни Сино ба масъалаҳои зерин диққат додааст, ки барои ҳуқуқи тиббӣ аҳамияти бузург доранд:

1. Ахлоқи касбии табиб. Абӯалӣ ибни Сино дар «Ал-Қонун» меъёрҳои ахлоқии табибро муайян кардааст, ки то имрӯз асоси кодексҳои ахлоқии тиббӣ ба ҳисоб мераванд. Вай таъкид мекунад, ки табиб бояд боэътимод, бовиҷдон ва масъулиятнок бошад. Ин меъёрҳо ба ташаккули қонунҳои марбут ба масъулияти табибон ва ҳуқуқи беморон мусоидат кардаанд.

2. Ҳуқуқи бемор. Дар «Ал-Қонун» Абӯалӣ ибни Сино ба ҳуқуқи беморон, аз қабили эҳтиром ба шахсияти онҳо, махфияти иттилоот ва дастрасӣ ба табобати одилона, таваҷҷуҳ кардааст. Ин принсипҳо асоси ҳуқуқи муосири тиббиро ташкил медиҳанд ва дар таҳияи қонунҳои байналмилалии соҳаи тандурустӣ таъсири амиқ гузоштаанд.

3. Масъулияти табиб. Абӯалӣ ибни Сино дар асараш ба масъулияти табибон дар баробари беморон ва ҷомеа таъкид карда, меъёрҳои ахлоқиро барои пешгирӣ аз хатоҳои тиббӣ ва риояи адолат муқаррар намудааст. Ин меъёрҳо дар ташаккули низоми қонунгузории тандурустӣ дар асрҳои баъдӣ нақши муҳим бозидаанд.

«Ал-Қонун» дар тӯли қариб 800 сол дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун манбаи асосии таълими тиб истифода шуда, ба ташаккули низоми ҳуқуқии соҳаи тиб дар ҷаҳон таъсири бузург расонидааст. Ин асар Абӯалӣ ибни Синоро ҳамчун асосгузори ҳуқуқи тиббии ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст.

Гарчанде Абӯалӣ ибни Сино мустақиман дар таҳияи қонунҳои муосир иштирок накардааст, таъсири ӯ ба илми ҳуқуқ аз тариқи мантиқ, ахлоқ ва фалсафа эҳсос мешавад. Усулҳои мантиқии ӯ дар таҳлили масъалаҳои ҳуқуқӣ ва тафсири қонунҳо то имрӯз аҳамият доранд. Инчунин, меъёрҳои ахлоқии табибон, ки дар «Ал-Қонун» оварда шудаанд, дар ташаккули кодексҳои муосири тандурустӣ ва Принсипҳои ахлоқии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, нақши муҳим бозидаанд.

Абӯалӣ Абӯалӣ ибни Сино на танҳо табиб ва файласуфи бузург, балки олими ҳуқуқшинос ва асосгузори ҳуқуқи тиббии ҷаҳонӣ низ буд. Вай дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, идораи давлатӣ ва таҳияи меъёрҳои ахлоқии касбӣ саҳми арзанда гузоштааст. Фаъолияти ӯ ҳамчун фақеҳ ва вазир, инчунин таълимоти мантиқии ӯ, ба рушди илми ҳуқуқ дар асрҳои миёна мусоидат кардааст. Асарҳои ӯ, ба хусус «Китобу-ш-Шифо» ва «Ал-Қонун фи-т-тиб», на танҳо ба илми тиб, балки ба фалсафаи ҳуқуқ ва ахлоқи касбӣ низ таъсири амиқ расонида, асоси ҳуқуқи тиббии ҷаҳониро гузоштаанд. Абӯалӣ ибни Сино бо мероси ғании худ то имрӯз ҳамчун мутафаккири абадзинда дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ боқӣ мемонад.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

\Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор