Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 30 январ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада Конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Ҷашни Сада: таърих, моҳият ва рамзҳои миллии он” баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, дар суханронии худ аз арзиши баланди миллӣ ва фарҳангии ҷашни бостонии Сада ёдовар шуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимону кормандонро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ба яке аз ҷашнҳои дустдоштаи миллӣ табдил ёфтааст.

Пешвои миллат дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд, ки "-ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада пояҳои асолати миллии тоҷикон ба шумор мераванд, зеро ҳамаи онҳо маҳз дар марзу буми аҷдодии мо, яъне дар қаламрави таърихии тоҷикон зуҳур карда, ташаккул ёфтаанд”.Аз ин хотир, эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус, ҷашни Сада, арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад.

Таъкид гардид, ки имрӯз дар қатори дигар ҷашну суннатҳои неки ниёгон Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин ҷашн ҳазорон сол қидмат дорад ва аз куҳантарин ҷашнҳои ориёӣ (ҳатто қадимитар аз Наврӯз) ба шумор меравад. Сада рамзе аз куҳан будани фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик аст, ки дар худ маърифат ва шинохти табиату ҷомеаро аз ҷониби ниёгони мо ҳанӯз дар аҳди бостон инъикос кардааст.

Гуфта шуд, ки Сада далели бумӣ, кишоварзу шаҳрнишин ва тамаддунофар будани тоҷикон аст. Ин ҷашн гувоҳи он аст, ки гузаштагони мо кишоварзу муқимӣ буда, дар соҳили дарёҳо ва водиҳои хушманзар ба сар мебурданд. Кишоварзон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, воситаҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои лозима меандешиданд.

Бояд гуфт, ки Сада ҳам монанди ҷашнҳои дигари суннатии сол аз дидгоҳи ниёгони мо ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад. Ин ҷашн тибқи устураҳо дар замони шоҳони қадими пешдодӣ, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола доранд, баргузор мешудааст.

Дар идомаи конференсия як зумра аз олимону муҳаққиқон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, вобаста ба таърих, моҳият ва рамзҳои миллии ҷашни Сада андешаҳои худро баён карданд. Ҳамчунин, мактабачагони Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон доир ба ин ҷашни бостонӣ аз ашъори шоирон порчаҳо қироат намуданд.